Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Воситаҳои техникии графикаи компютерӣ

Воситаҳои техникӣ ва таъминоти барномавии умуми-системавӣ доираи инструменталии системаи графикӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо муҳити физикиеро, ки дар он методҳои математикӣ, алгоритмҳо, моделҳои математикиро дар доираи таъминоти барномавии махсуси графикаи компютерӣ ташкил медиҳандВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИИ ГРАФИКАИ КОМПЮТЕРӢ

Воситаҳои техникӣ ва таъминоти барномавии умуми-системавӣ доираи инструменталии системаи графикӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо муҳити физикиеро, ки дар он методҳои математикӣ, алгоритмҳо, моделҳои математикиро дар доираи таъминоти барномавии махсуси графикаи компютерӣ ташкил медиҳанд.
Истифодабаранда (муҳандис, дизайнер, рассом, муҳаррир) бо ин муҳит доду гирифт мекунад ва воситаҳои графикаи компютериро истифода намуда, объектҳои графики мураккабиашон гуногунро месозад. Воситаҳои техникӣ ва таъминоти барномавии умумии системавӣ вазифаҳои гуногун, вале алоқамандро оид ба сохтани иттилооти графикӣ, тағйирдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва бароварданро ба амал мебароранд.
Бо ёрии воситаҳои техникӣ графикаи компютерӣ масъалаҳои зерин ҳал карда мешаванд:
• даровардани иттилооти графики ниҳоӣ ;
• муоширати фаврии истифодабаранда бо системаи графикӣ ;
• дигаргунии иттилооти графикӣ ;
• нигоҳдории иттилооти графикӣ дар форматҳои гуногун;
• инъикоси иттилооти графикӣ ;
• ҳуҷҷаткунии иттилооти графикӣ .
Асоси воситаҳои техникии ГК-ро, ки масъалаҳои гуфташударо ҳал месозанд, системаҳои ҳисоббарор ташкил медиҳад, ки ба он: протссесорҳо, хотираҳои оперативӣ, таҷҳизоти нигоҳдорандаи беруна, таҷҳизоти дохилкунӣ, таҷҳизоти чопкунанда, таҷҳизоти алоқамандкунандаи истифодабаранда бо компютер, таҷҳизотҳои телекомуникатсионӣ ва шабакавӣ дохил мешавад. ВТ (вос.техникӣ) –и дар боло оварда шударо якҷояи бо системаҳои умумии ТБ (таъминоти барномавӣ), ки таҳти он одатан системаи оператсионии МЭҲ фаҳмида мешавад, ҳал мекунад

Таснифоти МЭҲ
МЭҲ-ро бо нишонаҳои гуногун тасниф кардан мумкин аст. МЭҲ-ро барои коркарди иттилооти графикӣ тавсияшударо ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст: универсалӣ ва махсусгардонидашуда Аксарияти МЭҲ ба гурӯҳи универсалӣ дохил мешаванд. МЭҲ-ҳои махсус гардонидашуда бошанд барои ҳалли масъалаҳои хеле мураккаби графикаи компютерӣ пешбинӣ шудаанд. Намунаи МЭҲ-ро графики махсус ин супер МЭҲ-и бисёр протсессораи Onyx 4 Ultimate Visionu фирмаи Silicon Graphics аст, ки аз 2 то 64 ва аз 2 то 32 протсессорҳои графикиро дарбар мегирад, ба ҳисоб меравад
Бисёр вақт МЭҲ-ҳоро аз рӯи миқдори гурӯҳи фармонҳо ва гурӯҳи маълумотҳо тасниф мекунанд. Ин таснифот соли 1955 аз тарафи Флинн пешниҳод шудааст, вале он дар замони ҳозира кӯҳна шудааст. Аммо онро ҳангоми фаҳмонидани тарзи кори МЭҲ истифода мебаранд, зеро компютерҳои муосир элементҳои бисёри он сохторро дарбар мегиранд. Мутобиқи ин таснифот чор намуди сохти компютерҳоро фарқ мекунанд:
SISD- компютери якпротсессора, ки ҳар лаҳза бо ҷараёни ягонаи фармонҳо идора карда мешаванд ва онҳо ҷараёни ягонаи маълумотҳоро коркард мекунанд. Сохтори чунин компютер дар расми 1. нишон дода шудааст;

Расми 1. Сохтори компютерҳои якпротсессора-SISD

SIMD-компютери бисёрпротсессори бо ҷараёни ягонаи фармонҳо идорашаванда ва якчанд ҷараёни маълумотҳоро коркардкунанда. Дар чунин компютерҳо протсессорҳо дар намуди матритса пайваст шудаанд. Дар системаҳои фармонҳои бисёр протсессорҳои муосир ҷамъи SIMD- амалиётҳо, ки барои кор бо векторҳо ва барои коркарди иттилооти графикӣ истифодашаванда мавҷуд аст. Сохтори компютери матритсагӣ дар расми 2.2. тасвир шудааст. MISD- компютери бисёр протсессораи бо якчанд ҷараёни фармонҳо идорашаванда ва ҷараёни ягонаи маълумотҳоро коркардкунанда. Дар чунин компютерҳо протсессорҳо ба конвеер пайваст шудаанд ва натиҷаҳо аз баромади як протсессор ба даромади дигараш мегузаранд. Гурӯҳи қисмҳои протсессорҳои муосир дар намуди конвейер сохта шудаанд.

Расми 2. Компютерҳои бисёрпротсессори SIMD,MISD

Мэйнфреймҳои конструктивӣ дар корпуси ягона дар намуди ҷевон, ки ба он метавонанд терминалҳои зиёд пайваст шаванд, иҷро мешаванд. Ҳамчун қоида мэйнфреймҳо бо эътимоднокии баланди худ афзалият доранд.
Мэйнфреймҳо одатан барои нигаҳдорӣ ва коркарди базаи зиёди маълумотҳо ва ҳамчунин барои таҳияи web қисмҳои бузург бо миқдори зиёди муштариён истифода бурда мешаванд.
Серверҳо–компютерҳое, ки дар шабакаҳои ҳисобкунӣ идоракунандаи марказӣ ва қисмҳои иттилоотӣ ба ҳисоб мераванд. Дар серверҳо миқдори зиёди иттилоот нигоҳ дошта мешавад. Сервер коршоямии ҳамаи шабака, муҳофизати базаи маълумотҳо ва дигар иттилоотро муайян мекунад.
Стансияҳои персоналии корӣ – стансияҳои графики кори дар платформаҳои ҳисобкунӣ иҷрошудаи дар МЭҲ-ҳои персоналӣ истифодашаванда. Платформаи ҳисобкунӣ маҷмӯи протсессори марказӣ. Одатан ба сифати стансияҳои персоналии корӣ МЭҲ-ҳои персоналии баландистеҳсол истифода мешаванд.
Компютерҳои персоналӣ – компютерҳои барои истифодаи шахсӣ тавсияшуда мебошад. Компютерҳои персоналӣ рӯимизӣ, гузаронанда ва кисагӣ мешаванд. Аз нуқтаи назари ғунҷоиши аппаратӣ ва барномавӣ бисёрии компютерҳои персоналӣ бо IBM РС мувофиқат доранд.
Компютерхои персоналии мобилӣ дар радифи компютерҳои рӯимизӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Онҳоро бисёр вақт ноутбук ном мебаранд. Вазифаи ноутбук ҳамчун компютери персоналии рӯимизӣ аст ва аз он бо андозаҳои техникӣ қариб ки фарқ намекунад. Хосияти асосии аз он иборат аст, ки он ба тариқи мухтасар бо аккумулятор кор мекунад. Ин имконият медиҳад, ки ноутбук дар шароитҳои гуногун ба шабакаи қувватдиҳанда истифода бурда шавад. Ноутбук аз дисплейи моъеи кристаллӣ, клавиатура ибора блоки системавӣ муттаҳидшуда, диски сохт ва дискдохилкунандаи оптикӣ иборат аст. Дар назди клавиатура манипулятор барои идоракунии курсор ҷойгир карда шудааст. Андозаи ноутбукҳо бо портфелҳо ва сумкаҳои на он қадар калон мувофиқ аст
Мултимедӣ – бо ҳосилкунии кофӣ ва имкониятҳои функсионалии барои ҳалли бисёр масъалаҳои мултимедиа зарур; ҳосилкунии сифатноки филмҳо аз DVD бо овози бисёрканала; ҳосилкунии мусиқиҳо дар сатҳи Hi-Fi; таҳриркунӣ ва таҳияи видеофайлҳо; 3D бозиҳо дар ҳалли баланд; экрани калон бо кунҷҳои васеъ; клавиатураи пурраандозаи қулай

Воситахои таҷҳизотии МЭҲ
Одатан, воситахои таҷҳизотии МЭҲ ба ду гурух ҷудо мешаванд: асоси ва иловаги. Ба таҷҳизоти асоси, ки дар коркарди маълумот бевосита иштирок мекунанд, протсессори маркази, хотираи фаври, зерсистемаи вуруду хорич мансубанд.
Протсессори маркази(ПМ) табдили маълумотро вобаста ба барномаи иҷрошаванда, идора кардани ҷараёни ҳисоб ва дастгоҳҳоеро, ки ба ПМ ҳамроҳанд, амалӣ мекунад.
Хотираи фаври(ХФ) барои ҳифз, қабул ва боздоди маълумоту барномаҳо пешбини шудааст. Вазифахои ХФ дар компютерхои муосир тариқи системаҳои мураккаби бисёрзинаи дастгоҳҳои ҳифзкунанда амали мегарданд.
Вазифаи махзани асосии маълумотро таҷҳизоти фаврии хотира(ТФХ) иҷро мекунад, ки калонҳаҷм ва хеле тезкор аст. Вале тезкории ТФХ имкон намедиҳад, ки кор бо суръати тактии ПМ иҷро шавад, бинобар ин барои мувофикати кори ПМ ва ТФХ кэш- хотираи бисёрзина истифода мешавад. Дар айни хол зинаи баландтарини кэш- хотира одатан мувофики суръати тактии ПМ амал мекунад ва бевосита дар булури(кристалл) ПМ ҷойгир мешавад. Шумораи зинахои кэш- хотираро тафовути байни дараҷаи тезкории ПМ ва ТФХ мукаррар мекунад ва одатан дуто мебошад.

Воситахои техникии графикаи компютерии ТИ-ро, ки дар системаҳои ГК(графика компютери) истифода мешаванд, ба якчанд гурух тақсим кардан мумкин аст:
• – таҷҳизоти берунаи дар хотир ҳифзкунанда;
• – таҷҳизоти инъикоси ТГ(тасвирҳои графики);
• – таҷҳизот барои мубодилаи фаврии истифодабаранда бо МЭҲ дар режими графики;
• – таҷҳизот барои хуччати кардани ТГ;
• – таҷҳизот барои ворид кардани ТГ;
• – таҷҳизоти ташкили шабакаҳои ҳисоббарори махдуд.
• – cохтор ва кори компютерхо ба ду принсипи асоси такя мекунад:
• – идораи барномавии ҷараёни ҳисоб;
• – ҳифзи барномаҳо ва маълумот дар хотираи умуми.
Ҳамин тавр, протсессор ва хотира мунтазам мубодилаву якҷоя амал карда, хамагуна барномаро иҷро мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ ба ТИ мурочиат менамоянд.

Расми 3. Схемаи структурии ЭВМ дар базаи чипсети i915 Express

Бозиҳои компютерӣ
Дар бозиҳо бояд пеш аз ҳама воқеияти объектҳо бо имкониятҳои қисми аппаратии компютерҳои паҳншуда ба ҳисоб гирифта шавад. Ҳамчунин суръати дилхоҳи мувафиқро ба сифати хуби инъикоси саҳна дар видеозерсистемаҳои оммавӣ таъмин карда шавад. Чӣ хеле ки таҷриба нишон медиҳад талаботҳо ба захираҳои аппаратй, ки ба бозиҳои компютерӣ дахлдошта яке аз сабабҳои асосии тараққии адаптерҳои графикӣ ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди видеоадаптерҳои дар Дунё истеҳсолшуда ба барномаҳои бозӣ таъин шудаанд.
Дар бозиҳои муосир баъзан моделиронии аниқи геометрии саҳнаҳои сеченака ва визуализатсияи фотореалӣ истифода мебаранд. Бозиҳои талаботашон ба самаранокӣ зиёд бисёр вақт ба сифати барномаҳои тестӣ истифода мешаванд.

Принсипҳои кори адаптери графикӣ
Видеосистемаи компютер барои инъикоси тасвирҳои графики дар хотираи компютер нигоҳдошташуда ё тасвирҳои дар асоси моделҳои геометрӣ таҳияшуда дар экрани монитор таъин шудааст. Мониторҳои муосир дастгоҳҳои растрӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо тасвир дар экран аз ҳазорҳо пикселҳо сохта мешавад.
Пиксел – элементи хурдтарини тасвир дар экран аст, ки бо компютер ба ҳаракат дароварда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.