Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Графикаи векторӣ ва растровӣ, мундариҷа ба графикаи компютерӣ

Бо графикаи компютерӣ мо қариб, ки ҳар рўз сару кор дорем, ё ки во мехўрем – дар филмҳо, барномаҳои телевизионӣ дар Internet ва ҳатто дар кўчаҳо, яъне рекламавӣ ва эълонҳо. Аз ҳамин сабаб саволи таҳриркунии нақшаҳо расмҳо, тайёр намудани Web- графикаҳо ва ҳар гуна плакатҳо беш аз беш актуалӣ шуда истодаастМУНДАРИҶА БА ГРАФИКАИ КОМПЮТЕРӢ, ГРАФИКАИ ВЕКТОРӢ ВА РАСТРОВӢ

Муқаддима
Бо графикаи компютерӣ мо қариб, ки ҳар рўз сару кор дорем, ё ки во мехўрем – дар филмҳо, барномаҳои телевизионӣ дар Internet ва ҳатто дар кўчаҳо, яъне рекламавӣ ва эълонҳо. Аз ҳамин сабаб саволи таҳриркунии нақшаҳо расмҳо, тайёр намудани Web- графикаҳо ва ҳар гуна плакатҳо беш аз беш актуалӣ шуда истодааст.
Яке аз барномаҳои графики компютерӣ, ки он таҳриргари растрови аст, Adobe Photoshop мебошад.

Графикаи компютерӣ
Ҳар як нақша ё ин ки расм дар экран бо ёрии барномаҳои графики махсус сохта мешавад. Ин гуна барномаҳо одатан ба се котегория тақсим мешавад.
1. Барномаҳои таҳрири расмҳо (расровӣ).
2. Барномаҳо барои сохтани намоишҳо (векторӣ).
3. Барномаҳо барои сохтани расм ё нақшаҳои сеченака.

Расмҳои растровӣ
Расмҳои растровӣ ҳамчун- ҷамъи нуқтаҳои хело хурд, ки онро пиксел мегуянд, сохта мешавад. Расми растровӣ ба монанди варақи катакчадоре, ки ҳар як катакчаи он ранги муайянеро дорад, мебошад.
Принсипи графикаи растровӣ содда буда, онро одамон бо пайдо шудани компютер якчанд асрҳо пештар исттифода мебурданд. Он ба монанди “искуства”- ҳои мазайка ва кашидадӯзӣ мебошад. Техника сохтани онҳо якхела аст, яъне расм аз элементҳои дискрети иборат аст. Дар дигар ҳолат ин расмкаши “аз рӯи катакча” –роҳи беҳтарини кашидан ё нусхагирии расм аз картон ба деворе, ки барои фреска пешбини шудааст.
Ҳангоми сохтани расм дар таҳриргарҳои графикаи растровӣ (Paint, fractal Design Painter, Corel fhoto-Paint, Adobe Photoshop) истифодабаранда роли расмро мебозад, вақте ки он расмро дар ҳолати ҳақиқи бо расмҳои ҳақиқи мекашад.

Графикаи растровӣ
Графикаи растровӣ иборат аз садҳо ва ҳазорҳо пикселҳо кор мекунад, ки онҳо ташкилдиҳандаи расм мебошад. Пикселҳо “намедонад”-ки чи гуна обектро ташкил медиҳанд.
“Видеопиксел”-элементи хурдтарини экран мебошад.
“Пиксел”- элементи алоҳидаи расми растровӣ мебошад.
“Нуқта”- элементи хурдтарине, ки принтер месозад ё чоп мекунад.
Дар як пиксели экрани компютерӣ як ё якчанд видеопиксел истифода бурда шавад. Экрани монитор ба якчанд видеопикселҳо тақсим карда шудааст, ки онҳо сетка (растров)-ӣ графикиро ташкил медиҳад. Андозаи сеткаҳои графики ҳозира гуногун мешаванд.
400×480, 800×600, 1024×768, 1240×1024

Дастовардҳои графики растровӣ
1. Агар андозаи пикселҳо хурд бошад, пас расми растровӣ ҳамон қадар сифаташ хуб мегардад.
2. Компютер имконияти хуби идора намудани таҷҳизоти чопкуниро пайдо мекунад, зеро барои тасвири расм нуқтаҳо истифода мешавад. Аз ҳамин сабаб расмҳои растровӣ тезтар ва осонтар чоп карда мешаванд.

Камбудиҳои графикаи растровӣ
1. Дар файлҳои расмҳои растровӣ маълумот оиди ҳар як ранги видеопиксел ҳамчун комбинатсияҳои битҳо сабт мегарданд. Аз ҳамин сабаб барои нигоҳ доштани расмҳои растровӣ хотираи зиёд талаб карда мешавад.
а) андозаи таҷхизотҳои нигоҳдоранда бояд зиёд карда мешавад.
б) хурдкунии андозаи файлҳои расми- истифодаи барномаи хурдкунии ҳаҷми маълумотҳо. Методи LZW-lempel, Ziv,Welch.-насаби ихтиро кунанда.
2. Расмҳои растровӣ ҳангоми хурд ё тағир додани андоза ки сифаташон бад мегардад. Сабаб дар он аст, ки тағирдиҳии андозаи расмҳои растровӣ бо ду роҳ ба амал оварда мешавад:
Андозаи ҳамаи пикселҳо якбора ва як хел тағир дода шавад.
Пикселҳо ҳамроҳ ё ки бояд хорич карда шавад аз расм (интихоби пикселҳои нақша ё расм).
Нақшаҳои растровӣ маҳдудиятҳои зиёдеро ҳангоми тағир додани андоза доарнд.

Графикаи векторӣ
Дар графикаи векторӣ нақша ё расмҳо аз обектҳои содда ташкил карда шудааст, ки ин обектҳо- хати рост, нимдоира, давра, элипсҳо, росткунҷахо, қисматҳои якранга ё ҳарранга, ки онро примитива мегуянд, мебошад.
Графикаи векторӣ бо ёрии фармон дода мешавад.
Мисол: кашидани хат аз рӯи нуқтаи А то В-кашидани элипс, росткунҷаҳо…
Фармонҳои символи, ки барои нишон додани фармонҳо истифода мешавад, дар формати WMF (Windows Meta file) чунин мешавад.
MOVE TO X1;Y1
LINE TO X2;Y2
ELLIPSE X3,Y3,X4,Y4
Маълумот оиди ранги обект ҳамчун як фармони вектори сабт карда мешавад.
Барои ба даст овардани расми векторӣ, барномаи илмостройсиони графикии (Adobe Macromedia freehand,CorelDraw) истифода бурда мешавад.
Ин барномаҳои векторӣ барои истифодабаранда гуруҳи асбобҳо ва фармонҳоро пеш меоварад, ки бо ёрии онҳо расмҳо сохта мешаванд.
Истифодабарандагони ин гуна барномаҳо мушкил аст, ки фармонҳои векториро набинанд. Лекин донистани ин фармонҳо имконият медиҳад, ки дастовардҳо ва камбудии графикаи векториро донанд.
Файлҳои графикаи векторӣ дар худ расми растровиро дошта метавонанд, ҳамчун яке аз намудҳои обектҳо.
Дастовадҳои графики векторӣ.
1. Расмҳои векторӣ нисбатан хотираи хурди компютерро талаб мекунад.
2. Ҳангоми тағир додани андозаи ин гуна расмҳо, сифати расм тағир намеёбад.

Камбудиҳои графикаи векторӣ
1. Графикаи векторӣ сифати хуби расмро ба монанди расм надорад.
2. Расмҳои векторӣ бо ёрии даҳҳо ва садҳо фармонҳо сохта мешавад. Ҳангоми чопи ин гуна расмҳо ин гунна фармонҳо ба таҷҳизоти чопкунанда дода мешавад, ки дар натиҷа расм дар намуди дилхоҳ чоп нашуданаш мумкин аст.

Муқоисаи графикаи векторӣ ва растровӣ
Барномаҳои гуногуни графикаи мавҷуд аст ва аз ҳамин сабаб бояд истифода донад, ки кадоме аз онҳо барои ҳалли масъала дар наздаш гузошта шуда, мувофиқ меояд.
Сифати баланди расм ва ҳамчунин таҳрири суратҳо бо воситаи барномаҳои растровӣ иҷро карда мешавад.
Барои сохтани намоишҳо одатан барномаҳои вектори истифода мешаванд.
Гарчанде, ки барномаҳои растровӣ ва векторӣ асбобҳои якхела доранд, аммо роҳҳои сохтани расм бо онҳо гуногун мебошад.
Зеро ки асоси графикаи растровӣ-пиксел (нуқта), аз ҳамин сабаб асбобҳо ва фармонҳои он бештар оиди ранг ва амалҳо бо рангҳо мебошад.
Асоси графикаи векторӣ – обект мебошад. Аз ҳамин сабаб бар векторӣ аз фармонҳои пай дар пай, ба ҳам мувофиқори, буриши обект, ва ҷудо намудани обект аз дигар обект, иборат мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.