Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Муҳаррири графикии Adobe Photoshop

Ҳар як амалиётро бо якчанд роҳҳо иҷро намудан мумкин аст ва интихоби онҳо аз худи мо вобаста мебошад. Интихоб, аз майлу рағбати ҳар як шахс ва имконияту хусусиятҳои ин ё он восита вобаста мебошадМуҳаррири графикии Adobe Photoshop
Муқаддима
Ҳар як амалиётро бо якчанд роҳҳо иҷро намудан мумкин аст ва интихоби онҳо аз худи мо вобаста мебошад. Интихоб, аз майлу рағбати ҳар як шахс ва имконияту хусусиятҳои ин ё он восита вобаста мебошад.

Масъалаи мазкур, хусусан барои нафароне, ки дар соҳаҳои бо компютер алоқаманд кор мекунанд, муҳим аст, зеро маҳз дар ин ҷо миқдори воситаҳои барои иҷро намудани як амалиёт пешбинишуда, хеле зиёд мебошад. Аз сабаби баланд будани рақобатнокии соҳаи истеҳсоли барномаҳои компютерӣ, ба истифодабаранда барои интихобнамоӣ миқдори зиёди маҳсулотҳои барномавӣ пешниҳод мешаванд. Барои ҳар як соҳаи мушаххаси фаъолият масалан, кор бо графика, матн, тарҷуманамоӣ, коркарди мусиқӣ ва ғ. барномаҳои зиёдро дарёфт намудан мумкин аст, ки дар баъзе ҷиҳатҳо якдигарро пурра намуда, дар дигар ҳолатҳо имкониятҳои ҳамдигарро такрор менамоянд. Вобаста аз масъалаи асосӣ барномаи мувофиқ интихоб карда шуда, дар ҳолати зарурӣ барномаҳои пуркунанда низ истифода бурда мешаванд.
Ҳар як зеббахши таҷрибадор ё ҳаводори графикаи компютерӣ муҳаррири графикии дўстдоштаи худро дорад ва асосан бо он кор мекунад. Аниқтар баён намоем, на як барномаи дўстдошта, балки якчанд барномаҳое, ки барои кор кардан дар якчанд самтҳои графика – векторӣ, графикӣ ва 3D пешбинӣ шудаанд, интихоб мешаванд. Маҷмўи барномаҳое мавҷуданд, ки барои ҳар як самтҳои мазкур пешбинӣ шуда, бо баробари он, дар аксарияти ҳолатҳо ҳар яке имкониятҳои ҳамдигарро иҷро карда метавонанд. Ин аз он сабаб аст, ки аллакай мафҳумҳои универсалӣ ва ҳолатҳои умумӣ мавҷуд мебошанд, ки тамоми барномаҳоро муттаҳид месозанд. Чунин ҳолат барои истифодабаранда қулай мебошад, зеро омўзиши хусусиятҳои кори як барнома барои омўзиши барномаи дигар ёрӣ расонида метавонад.

Фарқияти асосии барномаҳо асосан дар интерфейс дида мешавад ва маҳз ҷиҳати мазкур одатан, сабаби асосии интихоб шудани ин ё он барнома мебошад. Бо баробари он, имкониятҳо ва воситаҳое, ки аз тарафи муҳаррирони гуногуни графикӣ пешниҳод карда мешаванд, барои аз тарафи истифодабарандагон интихоб шудани барнома аҳамияти калон доранд.
Бо графикаи компютерӣ мо қариб, ки ҳар рўз сару кор дорем, ё ки во мехўрем – дар филмҳо, барномаҳои телевизионӣ дар Internet ва ҳатто дар кўчаҳо, яъне рекламавӣ ва эълонҳо. Аз ҳамин сабаб саволи таҳриркунии нақшаҳо расмҳо, тайёр намудани Web- графикаҳо ва ҳар гуна плакатҳо беш аз беш актуалӣ шуда истодааст. Яке аз барномаҳои графики компютерӣ, ки он таҳриргари растрови аст, Adobe Photoshop мебошад.
Таърихи Photoshop
Дар соҳаи нашриёти муосир нафареро дарёфт намудан душвор аст, ки оиди барномаи Photoshop нашунида бошад. Ба назар мерасад, ки гуё барномаи мазкур доимо мавҷуд буд. Вале, ҳар як барнома таърихи пайдоиши худро дорад.
Ба наздикӣ ширкати Adobe Systems дар яке аз намудҳои тиҷорати маҳсулотҳои барномавӣ бо даромади яксолаи 1,2 млрд. доллар дар ИМА ҷои дуюмро ишғол намудааст. Дар ширкати мазкур зиёда аз 3 ҳазор мутахассисон кор мекунанд, ки бо тартибдиҳӣ ва тараққӣ додани маҳсулотҳои барномавӣ машғул мебошанд. Новобаста аз тараққиёти пуршиддати технологияҳо ва барномаҳои иттилоотӣ, аз солҳои 90-уми асри гузашта инҷониб, ширкати мазкур дар соҳаи корҳои нашриётӣ ҷои аввалинро ишғол намуда истодааст. Яке аз сабабҳои муваффақияти молиявии ширкати мазкур, ин маҳсулоти нотакрори он – Photoshop мебошад.
Маълум аст, ки Photoshop – беҳтарин барномаи коркарди тасвирҳои растрӣ дар компютерҳои PC ва Macintosh мебошад. Бо рақибони наздики он, ба монанди Corel PhotoPAINT ва Jasc PaintShop Pro қисми камтари «ҷамъияти графикӣ» кор карда, одатан, ба чунин барномаҳо навомўзон муроҷиат мекунанд. Барои мутахассисон бошад, танҳо Photoshop мавҷуд мебошад. Ҳоло, мувофиқи маълумотҳои дастрасшуда, чунин барномае, ки аз ҷиҳати имкониятҳо ва тарзи корбарӣ ба Photoshop баробар аст, мавҷуд намебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб сатҳи фурўши Photoshop дар тамоми ҷаҳон нисбати дигар муҳаррирони графикӣ баландтар аст. Ҳоло, барои боз ҳам мукаммал намудани барномаи мазкур гурўҳи калони мутахассисон машғул буда, 16-17 сол муқаддам он аз тарафи як нафар хоҳишманд оғоз шуда буд.

Тирамоҳи соли 1987 дар Анн-Арбор (шт.Мичиган) хатмкунандаи Донишгоҳи Мичиган (University of Michigan) Томас Кнолл (Thomas Knoll) ҳангоми ба ҳимоя пешниҳод намудани кори илмии худ, якчанд қатори кодҳоро менависад, ки дар мониторҳои сиёҳу-сафед тасвирҳоро мебароварданд. Барномаи мазкур бевосита бо мавзўи кори илмӣ алоқаманд набуда, онро Томас Кнолл дар вақтҳои холӣ дар компютери оддии худ ҳамчун таҷрибаи шахсӣ тартиб дода буд. Он вақт ў тасаввур ҳам карда наметавонист, ки сатрҳои мазкур асоси муҳаррири графикии тавонотарини Photoshop мешаванд.

Ҳамин тавр, таҷрибаи тасодуфӣ бо мурури замон ба яке аз ширкатҳои бонуфузи маҳсулотҳои барномавӣ табдил меёбад. Мувофиқи маълумотҳои дастрасшуда, худи Томас ба мисли аксарияти кормандони илмӣ шахси нисбатан ором ва босабр буда, бародари ў – Ҷон Кнолл (John Knoll) баръакс, хеле серҳаракат ва тоҷири бомаҳорат будааст. Маҳз сифатҳои кории шахсияти Ҷон сабаб мешаванд, ки дар муддати кўтоҳ сатрҳои Томас диққати сарватмандони соҳаи тиҷорати маҳсулотҳои барномавиро ба худ ҷалб намуда, то самти алоҳидаи тараққиёти соҳаи нашриётӣ мерасад. Ҷон дар ширкати калифорниягии Industrial Light and Magic (ILM), ки барои студияи Lucasfilm эффектҳои аёниро тартиб медод, кор мекард. Мувофиқи ақидаи соҳиби студия Ҷорч Лукас, муваффақияти калони филми машҳури «Звездные войны» -ро маҳз эффектҳои махсуси компютерӣ таъмин намудаанд. Бинобар он, пас аз баромадани филми мазкур ба ширкати ILM фармоишҳои зиёде меоянд ва ба Ҷон лозим меояд, ки дар назди компютер қариб тамоми вақти худро гузаронад. Барои тартиб додани эффекти махсус расми ҳар як тасвири кадрро кашидан лозим буд. Пас аз тасодуфан бо «эҷодиёти» Томас дучор шудан, Ҷон дарҳол мефаҳмад, ки маҳз ҳамин восита ба кори ў зарур аст.
Пас аз баромадани компютерҳои Macintosh II бо дисплейи ранга, Ҷон бо кўмаки падар – профессори донишгоҳи Мичиган, онро дастрас менамояд. Пас аз каму беш мукаммал намудани Display (Томас барномаи худро чунин номидааст), ки қаблан танҳо бо палитраи сиёҳу-сафед кор мекард, он рангҳоро низ «мефаҳмидагӣ» мешавад. Пас аз ин, тараққиёти мунтазами Photoshop-и оянда оғоз мешавад.
Тахминан аз ҳамон солҳо аксарияти нашриётҳо ба технологияҳои компютерӣ мегузаранд. Истифодабарии технологияҳои компютерӣ имконияти баланд бардоштани сифати маҳсулот ва камтар сарф шудани вақти коркарди онро таъмин менамуд.
Ҷон ба конфронси SIGGRAPH меравад, ки дар он имкониятҳои муҳаррири графикии PhotoMac намоиш дода мешуд. Дар конфронс ў ба тааҷҷуб меояд, зеро барномае, ки дар он аксарияти имкониятҳои Display мавҷуд набуданд, ҳамчун муҳаррири мукаммал маънидод карда мешуд. Дигар имкониятҳо бошанд, нисбатан бо сифати пасттар амалӣ шуда буданд. Чунин сабабҳо хоҳиши аз Display тартиб додани маҳсулоти тиҷоратии Ҷонро қувват медиҳад.
Пеш аз ҳама, барои барномаи Display номи мувофиқ лозим буд. Пас аз ҷустуҷўҳои зиёд, касе номи Photoshop-ро маслиҳат медиҳад. Бародарон чунин номро маъқул менамоянд ва аз он вақт масъалаи тағйирдиҳии номи барнома дигар ба вуҷуд наомадааст. Масъалаи асосии бародарон – ин дарёфт намудани сарпараст буд, ки барои дар давраи ибтидоӣ паҳн намудани барнома кўмаки моддӣ расонида метавонист. Пас аз ҷустуҷўҳои зиёд истеҳсолкунандаи сканер – ширкати Barneyscan розигии худро барои истеҳсоли 200 нусхаи барнома, таҳти номи тиҷоратии Barneyscan ХР медиҳад, ки ҳамроҳи сканерҳо ба харидорон дастрас карда мешуд. Он навъи Photoshop 0.87 буд. Лекин, Ҷон боварии комил дошт, ки барнома имкониятҳои зиёдтар дорад ва бо баробари ҳамкорӣ бо ширкати Barneyscan, ў Photoshop-ро ба ширкати Apple Computer пешниҳод менамояд. Ширкати мазкур, ки дар он вақт муҳаррири графикии худро тартиб дода истода буд, ба пешниҳоди Ҷон аҳамияти лозимӣ намедиҳад. Ҷон рўҳафтода намешавад ва барои намоиши маҳсулоти худ бо ширкати Adobe алоқа менамояд ва дар ниҳоят тақдир ба бародарон – Ҷон ва Томас хайрхоҳӣ мекунад. Арт-директори он вақтаи ширкати Adobe – Рассед Браун пешниҳоди онҳоро бо хоҳиши том қабул менамояд.
Photoshop чист?
Photoshop – ин барномаи графикаи растрӣ мебошад, яъне ҳар як элементи тасвир аз рўи нуқтаҳо сохта мешавад. Adobe Photoshop – ин муҳаррири графикии касбӣ буда, бо баробари он, барои азхуднамоӣ ва истифодабарӣ на он қадар мураккаб мебошад. Дар ниҳоят Adobe Photoshop – ин дунёи идеалӣ мебошад, ки дорои тамоми имкониятҳои амалигардонии эҷодиётҳои олитарини рассомон мебошад. Муҳаррири графикии Adobe Photoshop

Имкониятҳои асосии Photoshop
Photoshop барои кор бо тамоми намудҳои графикаи растрӣ пешбинӣ шуда, доираи татбиқоти он кифоя васеъ ва тамоми соҳаҳоро аз полиграфия то Интернет дар бар мегирад. Photoshop дилхоҳ тасвирҳоро саҳеҳ ва босуръат ба тамоми намудҳои графикаи растрӣ бе паст намудани сифати онҳо табдил дода метавонад. Ғайр аз ин, ҳамчун барномаи сканиронии тасвирҳо хеле самаранок истифода шуда, бо тамоми намуди сканерҳо ҳамҷоя мебошад. Чунин имконият хеле қулай аст, зеро тасвирро сканиронӣ намуда, дар ҳамон барнома онро коркард намудан мумкин мебошад. Инчунин, дар ин ҷо барқарорнамоии тасвирҳои кўҳна мумкин аст. Дар навъҳои ҳозираи Photoshop якҷоя бо он барномаи Adobe ImageReady истифода мешавад, ки барои муайян намудани нисбати андоза ва сифати файл пешбинӣ шуда, барои Web-графика хеле муҳим мебошад. Барномаи мазкур инчунин, бо истифодабарии тамоми имкониятҳои Photoshop тайёр намудани тасвирҳои аниматсиониро осон мегардонад. Ғайр аз ин, барнома имконияти тартибдиҳии саҳифаҳои электронӣ барои Интернет, бо графикаи шинам ва мукаммалнамоии ояндаи онро медиҳад. Яъне, гуфтан мумкин аст, ки истифодабарандаи Adobe Photoshop амалан дорои имкониятҳои номаҳдуд мегардад.
Китоби мазкур иборат аз чор қисм буда, ҳар як қисми он мафҳуми муайяни кори барномаро гуфта мегузарад.

Дар қисми якум “Агар шумо дар Photoshop бори нахуст кор карда истода бошед” баёноти қисми асосии сохта шудаи интерфейси барнома, манбаи мафҳум дар бораи тасвири растровӣ ва ба монанди ҳамин хел мавзӯъҳо, ҳодиса, ҳаракат ва автоматикунониро мафҳум пайдо карда метавонед.
Дар қисми дуюм “Кор бо файл ва созкунии Photoshop” ошно кардан бо функсияҳои барнома, ки дар қадами аввалин кор бо тасвирҳо ва коркарди онҳо лозим меояд.
Дар қисми сеюм “Таҳриркунии расмҳо ва тасвирҳо” ҳамаи воситаҳо, ки барои шумо лозим меояд- кор бо қабатҳо (слойҳо), рангуборкуни таҳриркуни ва ғайраҳо дида мешавад.

Дар қисми чорум “Тасвиркуни дар Photoshop” асбобҳои векторӣ ва растровии тасвиркуни, кор бо матн ва қабули ҳар гуна филтрҳо навишта мешавад. Бо ин асбобҳо дар нақшаи “Руқъаи Иди Писҳо”, ки қадам ба қадам аз саршави то охир шиносои пайдо мекунед.
Photoshop барои кор бо тамоми намудҳои графикаи растрӣ пешбинӣ шуда, доираи татбиқоти он кифоя васеъ ва тамоми соҳаҳоро аз полиграфия то Интернет дар бар мегирад. Photoshop дилхоҳ тасвирҳоро саҳеҳ ва босуръат ба тамоми намудҳои графикаи растрӣ бе паст намудани сифати онҳо табдил дода метавонад. Ғайр аз ин, ҳамчун барномаи сканиронии тасвирҳо хеле самаранок истифода шуда, бо тамоми намуди сканерҳо ҳамҷоя мебошад. Чунин имконият хеле қулай аст, зеро тасвирро сканиронӣ намуда, дар ҳамон барнома онро коркард намудан мумкин мебошад.
Инчунин, дар ин ҷо барқарорнамоии тасвирҳои кўҳна мумкин аст. Дар навъҳои ҳозираи Photoshop якҷоя бо он барномаи Adobe ImageReady истифода мешавад, ки барои муайян намудани нисбати андоза ва сифати файл пешбинӣ шуда, барои Web-графика хеле муҳим мебошад. Барномаи мазкур инчунин, бо истифодабарии тамоми имкониятҳои Photoshop тайёр намудани тасвирҳои аниматсионро осон мегардонад. Ғайр аз ин, барнома имконияти тартибдиҳии саҳифаҳои электронӣ барои Интернет, бо графикаи шинам ва мукаммалнамоии ояндаи онро медиҳад. Яъне, гуфтан мумкин аст, ки истифодабарандаи Adobe Photoshop амалан дорои имкониятҳои номаҳдуд мегардад.

Лекин, бо ҳамин имкониятҳои Photoshop ба охир намерасанд – Photoshop бо графикаи векторӣ низ кор карда метавонад. Бояд қайд намоем, ки чунин имконият воситаи олитарини коркарди графикаи векторӣ намебошад, вале бо вуҷуди он, тартибдиҳии дилхоҳ нақшаи мураккаб ва саҳеҳи векторӣ имконпазир мебошанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.