Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Саpчашмаи маълумот ва интихоби формати файли барои маълумот

Истифодабарандаи муосир бо компютер тавассути интерфейси графикӣ муносибат мекунад. Интерфейси графикӣ ҳамчун миёнрави байни инсон ва мошин ғайримустақил дар тамоми роҳандозии технологӣ чи информатсионӣ иштирок мекунадСАPЧАШМАИ МАЪЛУМОТ ВА ИНТИХОБИ ФОРМАТИ ФАЙЛИ БАРОИ МАЪЛУМОТ

Муайянкунии маълумот
Мавзӯъ оиди интихоби расм ва хамрох намудани он ба хотираи КФ; Дуруст истифодаи тачхизотхои муайянкунии расмхо ва форматхои файли маълумот.

Соҳаҳои истифодаи графикаи компютерӣ
Истифодабарандаи муосир бо компютер тавассути интерфейси графикӣ муносибат мекунад. Интерфейси графикӣ ҳамчун миёнрави байни инсон ва мошин ғайримустақил дар тамоми роҳандозии технологӣ чи информатсионӣ иштирок мекунад. Ғайр аз ин самтҳои зиёде вуҷуд доранд, ки дастовардҳои графикаи компютерӣ ва геометрӣ роли созандаю принсипалиро мебозад:
Системаҳои автоматии тадқиқотҳои илмӣ, системаҳои автоматии ба лоиҳагирӣ, системаҳои автоматии тайёрии технологии истеҳсолот, системаҳои автоматии ташкил ва идораи равандҳои истеҳсолӣ, системаҳои геоиттилоотӣ ва монанди инҳо;
Системаҳои ташкил ва идораи равандҳои тиҷоратӣ;
Моделиронии геометрии обектҳои ҷаҳони воқеӣ;
Тасвири компютерӣ ва графика барои чоп ва нашри онлайнӣ ;
Сохтани тасвирҳои статикӣ ва динамикӣ барои интернет;
Системаҳои нашрию полиграфӣ, компютерӣ ва дигар замимаҳои дар соҳаи воситаҳои ахбори умум;
Моделсозӣ ва тайёр намудани либосҳо;
Балоиҳагирии меъморӣ ва сохтмонӣ;
Системаҳои воқеии виртуалӣ: тренажорҳо ва симуляторҳои барои тайёрии мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифодамешуда;
Бозиҳои копютерӣ ва дигар замимаҳо дар соҳаи вақтхушӣ

Асосҳои назариявии рақамгузорӣ
Таҷҳизоти сканерҳо ва асбобҳои рақамӣ чунон бо ҳам наздиканд, ки инимконият медиҳад ин асбобҳо ба синфи ягонаи системаи техникӣ дохил кунем.
Фарқияти назаррас танҳо дар соҳаи истифодаи ин таҷҳизотҳо ва афзалияти истифодабарандагон ба назар мерасад. Чун қоида дорандагон ё соҳибони камераҳо аз техника дуранд, соҳаи ин манфиатҳо бо самтҳои бадеии суратгирӣ алоқаманд аст. Аз ҳамин сабаб минбаъд намуди ягонаи дастгоҳҳои рақамгузаранда-сканерҳоро дида мебарем.
Натиҷаҳои рақамгузорӣ аз миқдори зиёди факторҳои гуногун, ки ба қисм тақсим кардан мумкин аст, вобастаанд:
• намуди дастгоҳи сканиронӣ ;
• иҷозат;
• реҷаи сканиронӣ ;
• коркарди пешазпротсессорӣ ва баъди протсессории коркарди асл.

Намудҳои дастгоҳҳои сканиронӣ
Номгӯи масъалаҳои касбӣ ва ҳаваскорона, ки барои ҳалли онҳо ин асбобҳо истифода мешаванд хеле бузург ба назар мерасад: рақамгузории тасвир, таҳияи архивҳо ва комплексҳои электронӣ , шинохтани рамзҳо, нусхабардории саҳифаҳои чопӣ ва дастнавис пур кардани базаи маълумотҳо ва ғайра. Пештар сканерҳо дар полиграфия, реклама ва Web дизайнҳо истифода мешуд.
Ҳоло бошад ҳатто дар хурдтарин тиҷорат ва таълим ба чунин таҷҳизот пешрафтан ғаӣри имкон аст. Сканирондан ва банаворгирии рақамӣ хусусияти оммавиро соҳибанд ва ҳамчун ҳамагуна соҳаи касбу кор технология ва сирри худро доранд

Намудҳои дастгоҳҳои сканиронӣ
Асбоб барои ахбори графикӣ бисёр иҷрокунии техникӣ аст, байни худ бо ҳосилгардонӣ соҳаи истифода ва намуди аслҳои коркардашуда фарқ мекунад. Сканерҳои дастӣ , сканерҳои планшетӣ , сканерҳои барабанӣ , слайд-сканерҳо, асбобҳои баландистеҳсолкунандаи нимавтоматии ҳисобкунанда инҳоанд номгӯи нопурраи намудҳои асбобҳои рақамгузаранда. Дар дараҷаи принсипҳои физики амалиёт ҳамаи онҳо бо як схемаи функионалӣ баён мегардад, аммо бо намуди зоҳирӣ хосиятҳои техникӣ ва усули тарзҳои кор фарқ мекунад
Амикии ранг, ё дараҷанокии тасвири битӣ, адади умумии дараҷаҳои ранг (равшани ё дурахш)-ро, ки дастгоҳи сканери дарёфта метавонад, нишон медиҳад. Диапазони зичиҳои оптикӣ суфтагии гузариши байни тобишҳои ҳамсарҳадро дар тасвири рақамӣ муайян мекунад.
Хамин тавр барои ба хотира нигох доштани расм ва хар гуна файлхои графики бояд тачхизоти муайян истифода шавад. Хангоми истифодаи тачхизот хосиятхои он низ бояд ба назар гирифта шуданаш лозим аст.

Масштабиронӣ
Дар бисёр муҳаррирони растрӣ андозаҳои ҳолати чопӣ бо васегии нусхаи асли сканершуда мувофиқат мекунад. Бигзор чопи тасвири андозаи 600х600 пиксел талаб карда шавад. Агар андозаи ҳолати чопии 10дюм дода шавад, он гоҳ ҳалли нусхаи асл ба 600dot/10inch=60dpi баробар мешавад. Якчанд маъноҳои ҳал барои андозаҳои гуногун нақши чопиро мисол мебиёрем:
• 600/5=120;
• 600/3=200;
• 600/2=300.
Ҳамаи ин тағйиротҳо ҳолати экраниро таъсир расонида наметавонад. Ҳамаи дастоварду камудиҳои он дар марҳилаи сканеркунӣ рӯӣ медиҳанд ва тағйири соҳи чоп ба сифати нусхаи асли рақамонидашуда таъсир намерасонад. Аммо ба сифати ҳолати чопӣ он таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Тақсимкунӣ (Дискретизатсия)
Тағйирдиҳии миқдори нуқтаҳоро дар тасвирӣ растрӣ дискретизатсия номида мешавад. Ин амалиёт ба андозаи намунаи экрании тасвирот таъсир мерасонад, зеро ки он андозаи майдони росткунҷаи растриро иваз мекунад. Ҳоло рафти дискретизатсияро дар мисоли тасвире, ки дар расми зерин оварда шудааст, муайян мекунем.
Дар расм намунаи чашми паранда бо андозабандии якчандкарата оварда шудааст. Версияи аслии расм, ки ҳолати миёнаи иҷозати 72 dpi –ро дорад, мебошад. Ҳангоми 2 баробар андозабандӣ намудан ҳаҷми миқдори нуқтаҳоро ва андозаи хатии асли экрании тасвирро зиёд мекунад.
Амалиёти тағйирдиҳии миқдори нуқтаҳои растриро дар баъзе ҳолатҳо интихоби такрорӣ меноманд (передискретизатсия).
Дискретизатсия назар ба масштабиронӣ – ин амал аз нуқтаи назари ҳисобкунӣ осон нест, зеро он сохтори тасвирро тағйир медихад. Бигзор тасвири андозааш 400Х400 нуқта мавҷуд аст. Агар андозаи экрании онро то ба 300х300 нуқта кам кунем, ба назари аввал аз аслаш на он қадар фарқ мекунад-камкунӣ танҳо ба як чоряк.
Акнун дигар ҳолат, агар микдори нуқтаҳо то ва баъди амалиёт ҳисоб кунем чунин ҳолат ба миён меояд. 400х400 =160000, баъди мубаддал кардан он 300х300=90000, қариб ду баробар камтар мегардад. фахмост, ки чунин масштабиронӣ аз натиҷаии амалиёт ба сифати тасвир таъсир наросида наметавонад.
Боз дигар масъалаҳои мушкилро бо зиёд намудани миқдори нуқтаҳо ҳал намудан мумкин аст. Ҳамрохкунии нуқтаҳои нав бо воситаи алгоритмҳои махсуси интерполятсия ба амал оварда мешавад.

Дарозӣ + Ичозат = Миқдор расмҳо
Бигзор рақамгузории асл бояд иҷро карда шавад, ки васегии 3 дюйма дар сканер бо иҷозати оптималии максималӣ дар 600dpi дорад. Бо амалиёти соддаи зарб миқдори элементҳои равшаниэҳсоскунандаро ёфтан мумкин аст, ки ҳангоми ин амалиёт истифода бурда мешавад. Он 600х3=1800 аст. Агар ҳудуд гузошта шуда бошад, ки он ба нисфи максималӣ баробар аст (300dpi), пас дар ҷараёни рақамгузорӣ 900 ҳисобкунакҳо ҳисоб карда мешавад, яъне ҳар дуюм. Кор дар ин реҷа бо воситаҳои элементарӣ ташкил намудан мумкин аст, ки он бо тағйироти на он қадар назаррасро ба алгоритми идораи таҷҳизот мерасонад.
Агар сканер имконият кор карданро бо иҷозати 300 dpi дошта бошад, пас ададҳои каратии 75, 100, 150 dpi беҳтар аст, назар ба гузориши сканироние, ки қисми бутуни 300, мисол 120 ё 170 dpi, нестанд.
Фарқи баёни масштабирони ва дискретизатсияро пурра мекунем. Масштабиронӣ танҳо ба намунаи чопии тасвир таъсир мерасонад, он ба пикселҳо таъсир намерасонад, аз ҳамин сабаб намунаи экрании расм ягон тағйиротро, ҳатто ҳангоми мубаддалкунии масштаб, ҷой намедиҳад. Натиҷаи онро танҳо баъди чоп дидан мумкин аст. Амалиёти дуюм назар ба аввала аз ҷиҳати техники мушкилтар ва натиҷааш фарқкунанда аст. Он дигаркунии пурраи тасвирро, ҳангоми муайянкунии шарти таъсиррасонӣ ба ҳар як пиксел ба амал меорад
Бо баробари муайнякунии расмхо масъалаи дигаре ба миён меояд ки он аниккунии формати файлии расми сканершуда ба хисоб меравад.
Барои дуруст муайян намудани андоза ва ранги расмхо формати файли роли калонро мебозад. Хамчунин натичаи истифодаи тасвирхо низ бо ин восита хал карда мешавад.

Форматҳои асосии файлҳои растрӣ
Бо назардошти он ки асоси графикаи растриро матритсаи пикселхо ташкил медихад, форматхое, ки барои ин гуна тасвирхо пешбини шудааст бисёранд. Якчанд форматхои файлие, ки пахншудатарин ба хисоб меравад дида мебароем.

CPT (CorelPhoto-PaintImage)-Формати стандарти барои нигох доштани файлхои растри ба хисоб меравад. Барномаи Corel PHOTO-PAINT ва CorelDRAW бо чунин формат файлхоро сабт карда метавонад. Камбудии асоси- дастгири ин формат аз тарафи дигар тахриргархои графики, мисол Photoshop. Лекин истифодабаранда бо барномахои фирмаи Corel бисёр кор барад, пас ин формат CPT — интихоби дуруст аст.

PSD (Photoshop Document)-Формати худи барномаи Photoshop мебошад. Бартарии асосиаш — имконияти саб ва нигох доштани хамаи объектхое, ки дар барнома сохта мешавад, дорад.(кабат, каналхо, роххо). Дар PSD стандарти компрессии RLE истифода бурда мешавад, ки имконияти хурд намудани андозаи расмро бо талафоти кам дорад.RLE (Run Length Encoding)— яке аз методхои фишурдани файлхои графики мебошад. ОН дар асоси чустучуи мувофиковари дар сатрхои расм сохта шудааст. Мисол: агар дар расм паи хам 40 пикселхои сиёх ояд, пас он дар хотира на дарамуди сиёх, сиёх…., балки 40 сиёх.

BMP (WindowsDeviceIndependentBitmap)-Формати махсуси системаи оператсионии Windows мебошад, ки он аз тарафи барномасозони фирмаи Microsoft пешниход шудааст. Дастгирии индексиронии(256 рангхо) ва RGB-рангро дорад. ИН форматро кариб ки хамаи тахриргархое, ки дар Windows дастгири меёбад, хонда метавонад.
Лекин ба хамаи ин бартарихо нигох накарда, ин формат камбудихои зиёдро низ дорад:
Ба Интернет номувофик;
Интихоби нодуруст хангоми чопкунии расмхо;
Формати аз тачхизот вобаста ба хисоб меравад;
Фишурдашавии -RLE-и нопурра;
Дар хотира хачми зиёдро банд мекунад.
Истифодаи BMP ба хар холат хатоги хисоб мешавад, ба гайр аз он ки агар истифодабарнда танхо бо тахриргархои ин формат сарукор барад

GIF (CompuServeGraphicsInterchangeFormat)- яке аз форматхои файлии пахншудатарин ба хисоб меравад, ки имрузхо асосан дар Интернет ин формат истифода мебаранд. GIF соли 1987 аз тарафи фирмаи CompuServe ихтироъ шуда буд, ки максади асосии сохтани ин формат, ин тез додугирифт кардани расмхо бо воситаи шабака мебошад.Дар аввал ин формат танхо 256 рангро дастгири мекард. Лекин дар тули вакти начандон зиёд маълум гашт ки ин формат дар як файл якчанд расмхоро нигоз дошта метавонад GIF шаффофияти баланди расмхоро дорад, ва хамчунин аниматсияхоро бо воситаи ин формат нигох доштан мумкин аст. Камбудии асоси ин — нишон додани танхо 256 рангхост

JPEG (JointPhotographicExpertsGroup) — ин на танхо формати графики балки яке аз технологияхои пахншудатарини фишурдани файлхо ба хисоб меравад. JPEG —ин формати на он кадар бехтари нигохдори ба хисоб меравад. Хангоми кушодан ва махкамкунии расми дар ин формат сабт карда шуда, сифати расм дар хар як сабткуни паст шуда дар охир умуман корношоям шуданаш мумкин аст. Лекин JPEG — формати асосии додугирифти файлхои графики дар Интернет ба хисоб меравад. Сабабаш — дигар форматхо имконияти дуруст ва тез додугирифти файлхо ва тез кушодани файлхоро надорад

PICT (Macintosh QuickDraw Picture Format) Асосан дар компютерхои Macintosh истифода бурда мешавад. Дар тамоми барномахои ин гуна компютер кушода ва хонда мешавад. Хангоми сабт дар PICT имконияти истифодаи речахои расмии Bitmap, Grayscale,Indexed colors, RGB, CMYK мавчуд аст. Дар RGB-файл альфа-канал нигох дошта мешавад. PICT имконияти нигох доштани маълумоти вектори, матн ва овоз.

PNG (Portable Network Graphics)-Пахншудатарин формати файлие (первые два — это JPEG и GIF), ки дар он графика дар Интернет дастгири меёбад. Яке аз форматхои бехтарини шабакави мебошад. PNG — ин формати навтарин, ки махсус барои ивазкунандаи формати GIF пешбини шудааст. PNG микдори дилхохи рангхоро дастгири мекунад. Имконияти гамма -тахрир дар намудхои гуногуни компютерхои рамсхоро бо ранги аслиаш нишон медихад. Формати PNG он шахсонеро ки файлхояшон дар интеренет истифода мешавад. Хело хам муфид мебошад

RAW -яке аз форматхои бехтарини додугирифти расмхо дар платформаи гуногун мебошад. Бо воситаи ин формат дилхох ранг, каналхоро нигох доштан мумкин Самый гибкий формат для обмена изображениями между компьютерами разных платформ. Можно сохранять изображения в любой цветовой модели, включая Lab и многоканальный, поддерживает альфа-каналы. На сегодняшний день RAW переживает второе рождение, так как это основной формат для многих цифровых фотоаппаратов.

TIFF (TaggedImageFileFormat)- формати аз ҳама паҳншудаи формати растровии графики имрӯза барои корҳои издатели мебошад. Ҷиҳатҳои асосии хуби ӯ:
Бо компютери на он қадар боқувват кор карда метавонад, барои ҳамин онро барои аз PC ба Macintosh ва аз Maicintosh ба PC гузаронидан зиёд истифода мебаранд;
Амалан қариб ҳамаи программаҳо ин форматро бе ягон шубҳа мефаҳмад;
Ҳаммаи моделҳои рангҳоро қабул мекунад, хамчунин CMYK ва PANTONE-ро;
Бо худ маълумотҳои изофиро низ гирифта метавонад, масалан, дар бораи контурҳо ё, ки алфа каналҳо;
Копрессияи LZW-ро қабул мекунад;
Формати TIFF — интихоби беҳтарин барои одамоне ки кори онҳо аз чоп кардани ҳуҷҷатҳо иборат аст .


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.