Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Сохти объектҳои графикӣ. Амалҳо бо объектҳо

Структураи асосии воҳиди тасвир дар Corel Draw ин объектҳо мебошад. Дар раванди коркарди тасвир истифодабаранда фикри худро анализ мекунад, фикран тасвири ояндаро бунёд мекунад, онро ба объектҳо ҷудо мекунад, бояд бо ин кор мекунад. То ки натиҷаи хостагиашро ба даст орад. Аз дарсҳои пештара аён гашт, ки Corel Draw тасвирҳоро аз объектҳо месозад. Хар як объект ба ин ё он синф таалуқ дорадСОХТИ ОБЪЕКТХОИ ГРАФИКӢ. АМАЛҲО БО ОБЪЕКТҲО.
1. Интихобии объект.
2. Сохти хати каҷ.
3. Ҳосияти хати каҷ. Контур. Узлҳо. «Кривые Безье».
4. Росткунҷаҳо. Эллипсҳо. Бисёркунҷаҳо. Спирал. Турҳо.

Структураи асосии вохиди тасвир дар Corel Draw ин объектхо мебошад. Дар раванди коркарди тасвир истифодабаранда фикри худро анализ мекунад, фикран тасвири ояндаро бунёд мекунад, онро ба объектҳо ҷудо мекунад, бояд бо ин кор мекунад. То ки натиҷаи хостагиашро ба даст орад.
Аз дарсҳои пештара аён гашт, ки Corel Draw тасвирҳоро аз объектҳо месозад. Хар як объект ба ин ё он синф таалуқ дорад. Аз ин рӯ пеш аз иҷро карданӣ хастед. Чунин нишондиҳӣ дар Corel Draw бо воситаи ҷудокуни сурат мегардад.
Чун дигар амалҳо дар Corel Draw, ҷудокунии ё интихоби объектҳо бо якчанд роҳ амалӣ мешавад:
Бо ёрии нишондиҳандаи асбоб, клавиатура, меню ё даричаи Object Manager (Диспетчер объектов).Росткунҷаҳо. Эллипсхо. Бисёркунчахо. Спиралхо Турхо.
Ростҳо
Ҳамаи объектҳои графикиро ба ду категория – хат ва примитивхо (текстро холо ҳисоб намекунем.) ҷудо мешаванд. Оиди хатҳо дар дарсҳои оянда мегӯем. Қайд мекунем, ки шакли хатҳо дилҳоханд, бемахдуд. Барои интихоби ягон порчаи тасвир ба намуди росткунҷа кифоя аст, ки қимати атрибутҳои дарози ва баландиро дихем.
Дар ин дарс мо примитивҳо, ҳосиятҳо ва роҳҳои сохтани расм бо онҳоро меомузем.
Истифодаи нави Corel Draw бояд донад, ки баъзе чизҳои дар Corel Draw истифода мешуда дар ҳаёт во мехуранд. Ва хангоми кор бо Corel Draw аспектҳои ғайриоддии онҳо аён мешавад. Дар зери мафхуми росткунҷа ин ду кунҷ масалан даврашакл аст.
Дар ҷаҳон Corel Draw якчанд дигаркуниҳо, тағирдиҳии шакли аввалаи росткунҷаҳо дар рамкаи модели Corel Draw онҳо мисли пештара чоркунҷаҳо ҳисобида мешавад. Дар расми – 3.1 якчанд намудҳои объектҳои, ки ба синфи росткунҷаҳо тааллуқ доранд. оварда шудааст.

Расми – 3.1 Экземплярҳои синфи росткунҷаҳо.

Объекти аввала – росткунчаи классикӣ аст. Баъди сохтани он чунин намудро мегирад. Объекти дуюм баъди сохтан ба 45° гардиш хурда буд ва унвони росткунҷаро аз даст надод. Аз ин рӯ на ҳамавақт росткунҷаро аз дигар фигураҳо фарқ кардан осон аст. Вале роҳи қулай мавҷуд аст. Объектро интихоб карда бо нишондиҳандаи муш онро интихоб кунеду ба сатри ҳолат нигаред. Агар дар он ҷо маълумоти Rectangle on Layer1 (Прямоугольник на Слое1) бошад, пас шумо бовари ҳосил мекунед, ки он росткунҷа аст.
Дар Corel Draw ҳамаи примитивҳо бо воситаи асобҳои мувофиқ сохта мешавад. Дар дарсҳои пештара оиди якчанд асбобҳо ҳарф задем, ки дар байни онҳо тугмаи Rectangle (Прямоугольник) –низ буд. Холо кӯшиш мекунем, ки бо истифодаи ин асбоб объекти нахустини худро созем.

Эллипсҳо
Ҳангоми кор бо Corel Draw элипсро ҳамчун фигураи яке аз диаметрҳои худро дарозкардашуда фахмидан мумкин аст. Чун мо аллакай сохтани росткунҷаро медонем, сохтани эллипс душвори намеорад.
Чун синфи объектҳои «росткунҷа» мафҳуми геометрии «росткунча»-низ хеле васе аст . Синфи объектҳои эллипс, объектҳое, ки аз нуқтаи назари геометрии он фигураҳое, ки сектор ва камони росткунҷа тағир дода шуда мебошад, низ дар бар мегардад.
Дар геометрия андозаи эллипс ба андозаи нимкамон фахмида мешавад, аммо дар Corel Draw андозаи росткунчае. ки гирди эллипсро ихта кардааст, фахмида мешавад. Дар расми – 3.2 эллипс нишон дода шудааст.

Расми 3.2 – Эллипс, рамкаи интихоби, нишондиҳаи асбоби Ellipse ва маълумот дар сатри ҳолат.

Бисёркунҷаҳо ва ситораҳо. Ба гуруҳи объектҳои «бисёркунча» дар Corel Draw на ҳамаи фигураҳои геометрӣ таалуқ доранд – танҳо аз рӯи қоида. Дар Corel Draw бисёркунҷаи қоидавӣ ин фигурае, ки он аз парчҳои хати рост ташкил шудааст. Дар росткунчаҳои ситорашакл порчаҳо бо нуқтаҳои кулаҳо пайваст шуда, хатто ҳамдигарро мебуранд. Чун росткунча ва эллипс бисёркунҷа метавонад чунон сохта шавад, ки хатто онро фахмидан душвор мегардад, вале хамон объекти синф боқи мемонад. Мисолҳои бисёркунча дар Corel Draw дар расми – 3.3 гирд оварда шудаанд.

Расми – 3.3 Объектхое, ки ба синфи «бисёркунҷаҳо» тааллуқ доранд.

Барои сохтани бисёркунҷа, ба монанди примитивҳо, дар Corel Draw асбоби махсус пешбинӣ шудааст. Тугмаи дар панели асбобҳои Polygon (Многугольник) бо тугмаи дигар ҷойгир аст.

Расми 3.4. Расми тугмаҳои панели асбобҳои Polygon.

Барои интихоби асбоб панели асбобҳоро кушоед. (расми 2.9) ва тугмаҳо пайдо мешаванд. Инструмент, ки барои шумо даркор аст, бо ёрии тугмаи муш интихоб кунед.
Бо муқоиса бо приёмҳои сохтани примитивҳои барои мо шинос, ҳангоми кор бо бисёркунҷа дар бисёри ҳолатҳо элементҳои панели атрибутҳоро истифода кунед. Пеш аз сохтани бисёркунҷа. Аз ин рӯ аввал ин элементҳоро дида мебароем (Расми – 3.5).

Расми – 3.5 Бисёркунҷаи ситорашакл ва панели атрибутҳои ба он мувофиқ аст.

Бисёри элементҳои идоракунии дар панели атрибутҳо пайдогашта. Баъди интиходи асбоби Polygon ба мо алакай шиносанд. Боқимонда элементҳои идоракуни, ки ба синфи «Бисёркунҷа» тааллуқ доранд:
Қимати ҳисобкунак Numder of Points of Polygon (Колиество узлов многоугольника) чӣ қадар узлҳо то худуди эллипс, ки дар асоси он бисёркунҷа сохта мешавад, муайян мекунад. Бо ин роҳ миқдори тарафҳои бисёркунҷа муайян карда мешавад. Қимати максимуми ба 500 ва минумими ба 3 баробар аст.
Тугмаи Star/Polygon (Звезда/многоугольник) реҷими сохтани бисёркунҷаи ситорашаклро хомуш фаъол мегардем. Намуди бисёркунҷа месохтаги ба намуде, ки дар тугма кашида шудааст, ҳамонро мегирем.
Элементи комбиниронии идоракуни (майдона) Sharpness of Polygon (Зостроеие углов многоуголника). Танҳо ҳангоми кор бо бисёркунҷа ситорашакл имконпазир аст, ки миқдори тарафҳо на кам аз 7-то мебошад.
Тағирдиҳии қимати элементҳо дар панели атрибутҳо ба бозозии параметрҳои нави примитив «бисёркунҷа» оварда мерасонад.
Баъди сохтани бисёркунҷа ба он узлҳои иловагӣ нишон дода мешавад.

Спиралҳо
Спиралҳо хеле кам дар таркиби тасвир истифода мешаванд, вале истифодаи онхо ба сифати траекторияи самтдор имконияти пайдо гашни эффектҳои шавқовари графикиро медихад.
Дар Corel Draw ду намуди спирал мавҷуд аст: симметрики (ки дар математика архимедӣ номида мешавад) ва логарифмиӣ. Барои якум намуд – масофаи байни шохаҳои спирал то радиус тағир меёбад ва барои ҳамаи шохаҳо якхела аст. Дар спирали логарифмӣ дорои шохаҳоест, ки масофаи байни онҳо бо ягон рақами доимӣ пропорсионали калон шуда рафтан мегирад – коэффициенти васеъшавии спирал.
Коэффициенти васеъшавии спирал бо фоиз ифода меёбад.
Дар расми 3.6 се спиралҳои гуногун оварда шудаанд.

Расми – 3.6 Спирали се шоха.

Аз чап – спирали симметри, аз рост спирали логарифмӣ бо коэффициенти васеъшавии 0,5 ва 1 фоиз.
Дағал карда гӯем, спирал примитиви Corel Draw ҳисоб нашуда ба синфи «спирал» доҳил мешавад. Онҳо аз зермаҷмӯҳои синфи хаткаҷ таркиб ёфтаанд, ки ва он дарси алоҳида бахшида шудааст. Тағирдиҳии қиммат бо ёрии элементҳои идоракунии панели атрибутҳо ҳонгоми интихоби спирал таъсир намерасед.
Спиралҳо бо ёрии асбоби Spiral (Спирал), ки дар панели асбобҳои Polygon ҷойгир аст, сохта мешавад.
Панели атрибутҳо баъди интихоби ин асбоб дар расми 3.7 оварда шудаанд.

Расми 3.7 Панели атрибутҳо баъди интихоби асбоби ва спирали.

Ба сатри ҳолат нигаред. Дар он маълумоти Curve on Layer on Layer (Кривая на слое1) оварда шудааст. Он маънои онро дорад, ки спирал ба синфи хаткаҷ доил мешавад. Аз ин рӯ дар оянда бо спирали сохташуда ягон модификатсия гузаронидан ғайриимконпазир аст. Вале спиралро бо ёрии асбоби Shape (Форма) редактиронидан мумкин аст.
Ба сифати машкҳо максади омузиши имкон кор бо спирал ба Corel Draw боз як саҳифаи навро гузаред ва ба он спирале, ки дар расми 3.6 оварда шудааст, созед.

Сеткаҳо
Сеткаҳо чун спирал объекти ҷудогонаи ягон классро ташкил намедиҳад. Сохтани гуруҳи росткунҷаҳои асбоби Graph Paper (Сеткаи диаграмма) пешбинӣ шудааст.
Тугмаи ин асбоб дар панели асбобҳои Polygon ҷойгиранд. Панели атрибутҳое, ки баъди пахши ин тугма пайдо мешавад, дар расми – 3.8 оварда шудааст.

Расми 3.8 Панели атрибутҳо баъди интихоби асбоби Graph Paper ва сеткаи бо он сохташуда.

Сетка бо пайдарпайи мазкур сохта мешавад: асбоби Graph Paper-ро гиред, дар панели асбобҳо миқдори сатр ва сутуни сеткаро гуфта, бо нишондихандаи муш дар саҳифа сархаде, и дохили он сетка кашида мешавад, созед.
Сеткае, ки бо асбоби Graph Paper сохта шудааст, боз о он сеткаро модификатсия кардан мумкин аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.