Контактная информация
Ба компютер насб кардани барномаҳои зиддивирус ҳатмист. Аз руи баъзе баҳодиҳиҳо зарари вирусҳо ба компютерҳо ба якчанд миллиард доллар баробар аст. Ба нобудсозии вирусҳо нигоҳ накарда, ҳар сол қариб 9% компютерҳо аз вирусҳо осеб мебинанд.
Вирусҳои компютерӣ – барномаҳои кодӣ мебошанд, ки мустақилона метавонад шумораашон зиёд шаванд. Яъне, ба файлҳо якҷоя шуда, дар папкаҳо аз нав нусхабардорӣ мешаванд. Вирусҳо зараррасон ва безарар мешаванд. Вирусҳои безарар дар вақти кор овозҳо ё тасвирҳоро ба файлҳо ҳамроҳ намуда, суръати кории компютерро суст мекунанд. Вирусҳои зараррасон маълумотҳоро метавонанд аз дискҳо, дискетаҳо нест кунанд. Баъзе вирусҳо якбора фаъол шуда, баъзеи онҳо пас аз якчанд вақт фаъол мегарданд. Дар коди барнома вирусӣ санаи тасодуфӣ ё ҳисобкунак ё ин ки сана ҷой дода шудааст. Ин санаҳо корӣ вирусҳоро дар вақти таъиншуда фаъол мегардонанд.
Навъҳои вирус
Вирусҳо ба чунин навъҳо ҷудо карда шудаанд:
Вирусҳои боркунанда «Загрузочные вирусы» – коди чунин вирусҳо барои секторҳои дискҳои қайиш, дискетаҳо навишта шудааст, ки дар вақти ба кор омода шудани системаҳои амалиётӣ кори онҳо фаъол мегардад. Сирояти онҳо дар вақти кушодани дискҳо ва дискетаҳо ба вуқуъ меояд.
Вирусҳои файлӣ «Файловый вирус» – чунин вирусҳо ба файлҳои иҷрошавандаи илованоми COM, EXE ва ғайра дошта ҳамроҳ мешаванд. Зарари онҳо дар вақти ба кор даровардани файлҳои иҷрошаванда мерасад. Масалан, зарари онҳо ба файлҳои иҷрошавандаи бозиҳо, барномаҳо таъсир карда онҳоро аз кор мебарорад.
Макровирусҳо «Макровирус» – вирусҳое, ки дар макрозабонҳои барномасозӣ сохта шудаанд. Одатан дар забонӣ барномасозии Visғal Basic, ки дар файлҳо, ҳуҷҷатҳо, қолабҳо ва саҳифаҳои Интернет нигоҳ дошта мешавад. Чунин вирусҳо дар вақти кушодани файлҳо, ҳуҷҷатҳо ва саҳифаҳои Интернет ба кор медароянд.
Аспҳои Троянӣ «Троянский конь» – чунин ном доранд кодҳои зараррасон, ки ба барномаҳои истифодабаранда ворид мешаванд, одатан барои иҷозат надодани кори истифодабаранда ба компютерҳо. Яъне онҳо монанди ҷосусҳо ба барномаҳои истифодабаранда ворид шуда, паролҳои онҳоро дарёфт карда ва ба суроғаҳои муайян равон мекунанд.
Барномаҳои ҷосусӣ «Программы – шпионы» – чунин вирусҳо монанди аспҳои троянӣ он қадар зараррасон намебошанд. Дар ҳолати воридшавӣ, фаъолияти сирояткунии онҳо на он қадар зиёд аст. Танҳо информатсияро гирифта баъзе хабарҳоро ба истифодабаранда дар бораи хоҳишҳои худ мерасонад.
Кирмҳо «Червь» – чунин ном дорад вирусе, ки дар шабакҳои компютерӣ шуморашон зиёд мешаванд. Масалан худро дар дохили папкаи истифодабарандаи умумӣ нусхабардорӣ мекунад. Ин гуна кодҳо монанди файлҳо дар дискетаву дискҳо нигоҳ дошта намешаванд. Амммо хелоҳам бо суръати баланд паҳн мешаванд.
Вирусҳои Вандал «Вандал» – кодҳои ба таври автоматӣ фаъолшаванда мебошанд. Онҳо бо истифодаи технологияҳои ActiveX, Java applets, Dynamic Hypertext Markup Language (DHTML) ва ғайраҳо навишта мешаванд.
Вирусҳои муштарак ё ин ки мураккаб «Комбинированный вирус» – чунин вирусҳо характерҳои якчанд навъҳои вирусҳои дар боло қайдкардашударо доранд.
Роҳҳои паҳншавии вирусҳо
Истифодабарии шабакпи умумиҷаҳонии Интернет роҳҳои паҳншавии вирусҳоро хеле зиёд мекунад. Сарчашмаҳои хатарноки паҳншавии вирусҳо инҳо мебошанд:
– Системаи доду гирифти хабарҳо, почтаи электронӣ, ICQ ва ғайра;
– Таъминоти барномавие, ки аз тарафи истифодабаранда дар компютерҳо шинонда мешавад;
– Дискҳо ва дискетаҳое, ки вирусҳои гузаранда дар онҳо сабт шудаанд.
Вирусҳо метавонанд дар вақти гузаронидани чунин амалиётҳо ба компютерҳо гузаранд: дар вақти гирифтани информатсия аз сарчашмаҳои вирусҳои зараррасон дошта, кушодани файлҳое, ки макровирусҳо доранд, даромадан ба саҳифаҳои информатсияҳои серверӣ ва ғайра.
Принсипҳои ҳимоякунӣ аз вирусҳо
Барои ҳимоя кардан аз вирусҳо барномаҳои махсус сохта мешаванд, ки онҳоро муайян ва нест мекунанд. Ва ҳамаруза навкунии барномаҳои зиддивирусӣ гузаронида мешавад. Аммо дар ёд дошта бошед, ки барномаҳои зиддивирусӣ кафолати садфоиза дода наметавонад. Барои он, ки аввал барномаҳои кодҳои зараррасон сохта мешаванд ва баъд аз он барномаҳои зидди кодҳои зараррасон. Дар шароите, ки гуруҳи компютерҳо ба шабакаҳо байни ҳам пайвастанд, суръати сирояткунии вирусҳо ба соатҳо ва дақиқаҳо баробар мешавад. Масалан, моҳи майи соли 2000-ум вирус бо номи I Love You!, дар муддати якчанд соат миллионҳо компютерҳоро аз кор баровард. Тафтишҳо муайян карданд, ки ин вирусро донишҷуи филипинӣ сохтааст. Ӯро барои ин ҷинояти содиркардаш ягон хел ҷазо надоданд, чунки дар он ҷо қонун дар бораи чунин ҷиноят вуҷуд надорад. Худи ҳамон сол созишномаи байналхалқӣ бар зидди чунин вирусҳо баста шуд. Моҳи январи соли 2003 вируси «Червы – Slammer» дар 10 дақиқа зиёда аз 90%- компютерҳои дар алоқа бударо сироят кард. Ин шумораи сирояти вирусҳо баъди ҳар як 8,5 сония ду баробар зиёд шудан гирифт.
Барномаҳои зиддивирусӣ
Бар зидди барномаҳои коди зараррасон барномаҳои бисёре сохта шудаанд. Дар компютерҳои шахсӣ насби яке аз чунин барномаҳои зиддивирусӣ ҳатмӣ шуморида мешавад.
Аз рӯи анъана чунин барномаҳо ба ду компонент ҷудо мешаванд. Механизмҳои кофтукобӣ ва додани маълумотҳо дар бораи вирусҳо. Механизумҳои кофтукобии барномаҳои зиддивирусии файлҳо ва дискҳоро барои дарёфт кардани вирусҳо ташхис менамояд ва дар бораи онҳо маълумот медиҳад. Барои дилпурона кор кардан дар компютерҳо, барномҳои зиддивирусиро дар давоми на беш аз ду ҳафта аз нав кардан (обновить) лозим аст.
Барномаҳои зиддивирусӣ зиёданд. Истифодабаранда метавонад яке аз онҳоро истифода намояд. Масалан: Symantec AntiVirus, Doctor Web, Kaspersky Antivirus (KAV), Panda, Nod32 ва ғайра.
Тарзи истифодабарии барномаҳои зиддивирусӣ
Пас аз он, ки яке аз он барномаҳои зиддивирусии дар боло қайдгардида дар компютер насб карда мешавад, нишонаи он дар панели масъалаҳои мизи корӣ пайдо мешавад.
Барои тафтиш кардани дискета ва дискҳо аз кодҳои зараррасон, бо барномаи зиддивирусии «Касперский», чунин рафтор мекунем:
– Аз панели вазифавӣ нишонаи барномаи зиддивирусиро интихоб карда, тугмачаи чапи мушро пахш мекунем.
– Аз равзанаи пешниҳодшуда «Проверить объекты»-ро интихоб мекунем.
– Аз равзана «Диск 3,5 (А:)»-ро интихоб карда, тугмачаи «Проверить» –ро пахш мекунем, тафтишоти диски А: сар мешавад.
Агар хоҳем, ки компютеро пурра тафтиш кунем, аз равзана буда «Проверить Мой Компьютер»-ро интихоб мекунем. Дар ҳолати дарёфт кардани ягон коди зараррасон ном ва ҷойи ҷойгиршавии он пешниҳод мешавад. Дар охири кор маълумотҳои оморӣ пешниҳод мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.