Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Компютерҳои фардӣ ва қисмҳои таркибии он

Компютер – ин як таҷҳизоти универсалие мебошад, ки қобилияти иҷрокунии кори мантиқиро дорад. Вай миллион ва миллиардҳо бор тезтар нисбати одам амалҳои математикию мантиқии вазнинро иҷро мекунад. Масалан, компютерҳои ҳозиразамон дар як сония даҳҳо миллиард амалҳои вазнинро иҷро мекунанд. Ин миқдори амалҳоро бо ёрии калкулятори руи мизӣ дар даҳсолаҳо иҷро карда шуданашон мумкин аст. Ҳоло бошад дар лабораторияҳои махсус мутахассисон суръати кории компютерҳоро дар як сония аз миллиард ба триллионҳо амал расонданианд.
Компютер чун инсон дорои системаи хос мебошад, ки ба таври ҳайратангез «Ҷисм»«Ҷон»-ро бо ҳам мепайвандад.
«Ҷисмӣ» – «Hardware» сахтафзор – компютер ин қисми таxҳизотии оҳанин аст. Васоити таҷҳизотии компютерҳои ҳозиразамон дорои механизми электронӣ, электромеханикӣ ва оптикӣ-электронӣ мебошанд. Ҳар як механизми он вазифаи муайян дорад. Дар мавриди зарурӣ кадом амалиётро иҷро намудани он аз фаъолияти барориши сигналҳои идоракунандаи электрикӣ бармеояд. Чунин фаъолият фармон номида мешавад.
«Ҷон» – «Software» нормафзор – ин системаи барномаҳои амалиест, ки тудаи оҳанинро руҳ мебахшад.
Компютерҳои фардӣ аз чор қисми асосӣ иборат аст :
– Монитор;
– Клавиатура;
– Блоки системавӣ;
– Муш ё ин ки манипулятор.
Инчунин ба компютерҳои фардӣ чунин таҷҳизотҳо метавонанд, илова шаванд:
– Принтер;
– Сканер;
– Садобарор (колонки) ;
– Вебкамера;
– Суратгираки ададӣ;
– UPS;
– Модем;
– Факс модем ва ғайра.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.