Контактная информация
1. Мошинаҳои насли якум гуфта мошинаҳоеро меноманд, ки дар сохтани онҳо лампаҳои электронӣ истифода бурда шудаанд. Хотираи ин гуна мошинаҳо хеле ҳам хурд ва суръати кориашон низ суст буданд. Дар як сония ҳамагӣ 10-20 ҳазор амалро иҷро мекарду халос. Барнома дар ин мошинаҳо бо забони коди мошинӣ навишта мешуд, ки кори барномасозро хеле душвор месохт. Дар байни мошинаҳои насли якум мошинаҳои М-3, М-20, МИНСК-2, 12, 14, БЭСМ, Стрела, Урал-1 паҳн шуда буд, ки истеҳсоли собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд.
2. Аввали солҳои 60-ум ба сохтани мошинаҳои насли дуюм шуруъ карданд. Дар ин мошинаҳо нимноқилҳоро истифода бурданд, ки дар асоси онҳо транзисторҳо сохта шудаанд. Транзисторҳо лампаҳои электрониро иваз карданд, ки як қатор бартариҳо доштанд. Бартарии онҳо дар он буд, ки ин гуна мошинаҳо аз ҷиҳати вазн сабук, бадошт, камҳаҷм ва ҷараёни электирикиро камтар сарф мекарданд. Суръати кории ин гуна мошинҳо баландтар буда, дар як сония аз 100 ҳазор то 500 ҳазор амалро иҷро мекарданд. Инчунин дар ин насли МЭҲ диски магнитӣ (ДМ) ва экран (дисплей) ба вуҷуд омад. Ба ин насл чунин МЭҲ-ҳо дохил мешуд: IBM 701(ШМА), БЭСМ-4, БЕСМ-6 (ИШ). Бо ёрии ин гуна мошинаҳо асосан ҳисобкуниҳои муҳандисӣ, масъалаҳои илмӣ ва иқтисодӣ ҳал карда мешуд.
3. МЭҲ насли сеюм мошинаҳоеро меноманд, ки дар технологияи саноатии онҳо схемаҳои интегралӣ пайдо шуд. Ин схемаҳои интегралӣ истифодаи ҷараёни электирикиро кам ва системаи хунуккуниро содда, ҳаҷми мошинҳоро хурд ва эътимоднокии кори онҳоро баланд намуд. Суръати кории чунин мошинҳо дар як сония аз 1 то 10 миллион амалро ташкил мекарданд. Инчунин хотираи онҳо тезамалкунанда буд. Ба мошинаҳои электронии насли сеюм чунин мошинҳо дохил мешаванд: IBM 360(ШМА), ЕС-1030, ЕС-1060 (ИШ).
4. Таркиби асосии МЭҲ-и насли чорум аз схемаҳои интегралии калон ва схемаҳои интегралии ниҳоят калон ташкил шуданд. Дар солҳои 1970 барои истеҳсоли МЭҲ-и насли чорум шуруъ карданд. Ҳаҷми ин мошинаҳо хурд ва суръати кориашон баланд гардид. Ин гуна мошинҳо дар як сония то 100 миллион амалро иҷро мекарданд.Ба ин насл чунин мошинаҳо таалуқ дошт: ILLIAC – 4. IBM HC XN/AT (ШМА), Элбрус-2, ИСКРА-226, ЕС-1841 (ИШ).
5. Дар солҳои 80-уми асри 20-ум мошинаҳои электронии ҳисоббарори насли панҷум пайдо шуданд. Дар асоси ин мошинаҳои насли панҷум роботҳо сохта шуданд, ки заводу фабрикаҳо бо воситаи онҳо кор мекунанд.
Мошинаҳои насли панҷум бояд чунин корҳоро иҷро кунанд:
– Информатсияҳои калонро нигоҳ доштан, ҷамъ кардан, дигаргун сохтан ва доимиҳои заруриро ба таври фаврӣ аз байни онҳо гирифта тавонистан;
– Бо ёрии овоз дар забони истифодабар алоқа кардан, қабул кардан, информатсияи матнӣ ва графикиро кор карда баромадан;
– Барои кор кардан дар шабакаҳои компютерӣ ва истифодаи намудҳои гуногуни мошинаҳо дар масофаҳои дур ва ғайра.
Ба ин насл компютерҳои фардии ширкати IBM 286, 386, 486 дохил мешаванд.
Компютерҳои фардии Pentium I, II, III, IV насли шашум ва ҳафтум ба ҳисоб мераванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.