Контактная информация
Истифодабарии информатсия
Информатсияро сохтан, додан, истифода кардан, дар ёд доштан, қабул кардан, нусхабардорӣ кардан, паҳн кардан, дигаргун кардан, якҷоя кардан, ба қисмҳо ҷудо кардан, кам кардан, ҷамъ кардан, нигоҳ доштан, ҷустуҷу кардан, чен кардан, нест кардан мумкин аст.
Ҳамаи ин амалҳо ба мафҳуми амалиётҳо бо информатсия алоқаманд мебошанд ва онҳоро робитаҳои информатсияӣ меноманд.
Коркарди информатсия
Коркарди информатсия – гирифтани як объекти информатсионӣ аз объекти дигари информатсионӣ мувофиқи алгоритми муайян мебошад.
Коркарди информатсия яке аз амалиёти асосӣ ба шумор меравад.
Воситаи коркарди информатсия – ин одам, таҷҳизот ва системае, ки одам онро сохтааст, дар навбати аввал компютер, ки мошинаи унверсалии коркарди информатсия аст, мебошад.
Компютер бо воситаи иҷро кардани кодҳои объектҳо информатсияро коркард мекунад.
Намудҳои информатсия
Информатсия дар намуд ва шаклҳои гуногун пешниҳод шуда метавонад.
– матнӣ, расмӣ, аксӣ, нақшагӣ;
– рушноиҳо ё ин ки сигналҳои садодор;
– мавҷҳои радиоӣ;
– электрикӣ ё импулсҳои асаб;
– сабтҳои магнитӣ;
– ишораҳо ё нишонагузорӣ;
– буйҳо ва ҳис кардани лаззатҳо;
– хромосомаҳое, ки аз авлод ба авлод мегузаранд, нишонаҳо ва хосияти организмҳо ва ғайра.
Кодгузории аломатҳо (символ)
Барои коркарди информатсияи матнӣ ба ҳар як аломат ададҳои муайяни мувофиқ мегузоранд. Мувофиқагузории байни аломатҳо ва ададҳо кодгузории аломатҳо номида мешавад. Ҳангоми дохил кардани информатсия дар компютер онҳо кодбандӣ карда шуда ҳангоми хориҷ кардан, баръакс аз рӯи кодҳо ба аломатҳо табдил дода мешавад. Намудҳои зиёди кодбандӣ вуҷуд дорад. Бисёртар кодгузории ададҳо ба ҳаштбита ё ин ки як байта гардонида мешавад. Дар ғунҷоиши як байт 256-то ададҳои гуногуни бутун сабт кардан мумкин аст. Ин ба ҳамаи ҳарфҳои алифбои кириллӣ ва лотинӣ, рақамҳои арабӣ ва аломатҳо, инчунин баъзе аломатҳои дигар кифоят мекунад. Барои пурратар гардонидани кодгузории аломатҳо ҷадвали онҳоро пешниҳод мекунем. Ин ҷадвал аз 16 сатр ва 16 сутун иборат аст. Ҳар як сатр ва сутун аз ададҳои чорразрядаи дуӣ, рақамҳои аз 0000 то 1111 (ё ин ки шонздаҳразряда аз 0 то F ) иборат аст. Ин ададҳои дуӣ ба ададҳои даҳии аз 0 то 255 мувофиқ меоянд.
То пайдо шудани системаи оператсионии MS Windows асосан кодҳои ҷадвали аломатҳои ASCII (American Standard Code For Information Interchange) – кодҳои стандарти америкоии ивазкунии информатсия шуморида мешуд. Қисми аввали ҷадвали ASCII (кодҳо аз 0 то 127) аломатҳо, ададҳо, аломатҳои амалҳои математикӣ ва ҳарфҳои алифбои лотиниро дарбар мегирад. Кодҳои аз 128 то 255 ва секунонида номида мешавад ва барои аломатҳои алифбои миллӣ истифода бурда мешавад. Дар ҷадвали ASCII ҳарфҳои кириллӣ вуxуд надорад. Барои гардондан ба кириллӣ дар DOS саҳифаи кодии СР866 дар асоси ҷадвали ASCII сохта шудааст. Дар ҷадвали пешниҳодшуда намунаи он акс шудааст. Дар ҷадвал ҳарфҳои кириллӣ ба кодҳои даҳии аз 128 то 175 ва аз 224 то 239 мувофиқ кунонида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.