Контактная информация
Суроғаи электронӣ ё ки E-mail (Electronic mail) яке аз намудҳои паҳншудатарини доду гирифти иформатсия дар ҷаҳони интернет маҳсуб мешавад. Агар мо ба фарқиятҳои почтаи қадима ва почтаи имрӯза истифодамешуда назар кунем дар онҳо фарқиятҳои зиёдеро дида мметавонем:
Агар почтаҳои қадима мактубро дар тӯли моҳҳо ба воситаи хаткашонҳо аз як ҷо ба ҷои дигар рафта мерасид, вале он ҳам ба ҳама дастрас набуд, бо вуҷуди ин танҳо барои дороёну шоҳон ва сохтори давлатӣ хос буд. Баъдтар дар Аврупо ин хизматрасониро умумӣ карданд, ки ҳамагон аз он истифода мебурданд. Ин навъи хизматрасонӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ маъмул буд вале бо вуҷуди давлати пешрафта буданаш ва инқилобҳои илмӣ-техникӣ ба вуҷуд омада буд, мактуб аз як канор ба канори дигар баъди як ҳафта рафта мерасид, ки ин хизматрасонӣ дар замонаш пешрата маҳсуб мешуд.
Интиҳои солҳои 60-ум ва бахусус миёнаи солҳои 80-уми асри сипаригашта, ки инқилобҳои техникӣ ба дараҷаи баландтарини худ расид ва низоми сохти бозорӣ инро тақозо мекард, ки бояд технологияи фиристонандаи мактубҳое ба вуҷуд ояд, то номаҳоро ба тарзи оҷиливу нархи арзон интиқол диҳад. Ин баъди пайдоиши интернет ба роҳ монда шуд. Ин тарзи хизматрасонӣ хело қулай арзон ва босуръат буда, онро мо метавонем дар чанд дақиқа нависему боз аз он тараф ҷавоб гирем. Аҳамияти ин хизматрасонӣ дар тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа бахусус тиҷорату илм хело муҳим аст.
Нишонаҳои суроғаи электронӣ аз ду қисм, ки бо at ”@” ҷудо карда мешавад, user name (номи истифодабаранда) ва server name (номи серверӣ) иборат аст, ки ҳар як аз инҳо маъно дорад. Мо мехоҳем оиди аломати сагчаи русӣ маълумот диҳем. Таърихан ин аломат аввалин бор дар мошинҳои чопкунӣ солҳои 80-и асри 19 пайдо шуда, асосан, барои ҳисоб истифода мешудааст.
“10( дафтар) @ 2 (сент) = 20 сент”
Яъне, «10 дона дафтар бо нархи 2 сенти барои ҳар 1 адад = 20 сент.»
Дар суроғаи e-mail бошад, аломати @ чун пешоянди англисии “at”, ба тоҷикӣ “дар” истифода мешавад. Масалан: James@hotmail.com = (Ҷеймс “дар” hotmail.com).
Ин ҷо пешниҳодҳое ҳам дар ассоси шаклу сурат ва ҳам мазмуну вазифаи аломати @, дар якчанд ҷойҳо оиди тарҷумаи ин ном пешниҳод шудааст, ки онро ҳангоми дар шабакаи иҷтимоии Facebook (руҳнома ё китоби чеҳраҳо) дохил шудан вомехурем, ки муаллимони гимназияи Тоҷикистон (Сабоҳат Қаландарова, Ҳафиз Қаландаров, мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ) гунаи тоҷикии ин аломатро вобаста ба фарҳанги мо пешниҳод кардаанд. Гунаи тоҷикии онро қулфак, буҷулак ва асо ном ниҳодааст, ки бо хоҳиши истифодабарандаи он вобаста аст. Ин аломат дар форсӣ чун англисӣ эт (at), дар ҳоландӣ “думи маймун”, дар финнӣ “думи муш”, дар итолиёвӣ “санҷобча” ва дар забонҳои дигар “кирмча”, даҳони хартуми фил” ва ғайра истифода мебаранд.
Дар ҷаҳони имруза, ки саросар аз воқеаву ҳодиссаҳост, густариши техника хеле амиқ ба назар мерасад. Ҳоло мо дар бораи суроғаҳои электронии пешрафта ва ё сермаҳсул, ки қисми зиёди корбарони сомонавиро ба худ ҷазб намудаанд, маълумот медиҳем.
Суроғаи электронии (gmail.com) аз ҷониби ширкати Google барои пешбурди тиҷорат сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло миқдори корбарони ин суроға ба зиёда аз 500 000 000 (панҷсад миллион нафар) расидааст.
Ин суроға дорои чунин имкониятҳо мебошад:
– Метавонед маълумотҳои худро барои муҳофизат ба ин суроға гузоред.
– Бо дустон муошират кунед.
– Савдои худро васеъ кунед.
Ҳоло барои сохтани суроғаи электронӣ дар (mail.ru) чунин корҳоро иҷро мекунем:
1. Аз мизи кории Windows нишонаи шабакаро интихоб карда шабакаи Интернетро ба кор омода месозем.
2. Дар сатри суроға: «mail.ru» навишта тугмачаи Enter-ро пахш мекунем, равзанаи нав кушода мешавад.
3. Аз равзанаи пешниҳодшуда «Регистрация в почте»-ро пахш мекунем, равзанаи дар боло буда пешниҳод мешавад.
4. Бад аз он дар сатри «Имя» – ном, дар сатри «Фамилия» – насаб ва дар сатри «Дата рождения» – рӯз, моҳ ва соли таваллуди худро менависем.
5. Дар сатри «Пол» яъне ҷинс, ҷинси худро интихоб мекунем.
6. Дар сатри «Желаемый почтовый адрес» – номи суроғаи дилхоҳро менависем ё интихоб мекунем.
7. Дар сатри «Пароль ва Пароль ещё раз» – рамзи махфии худро менависем.
8. Дар сатри «Телефон» – рақами телефони худро ворид мекунем ва дар охир тугмачаи “Зарегистрироваться» – ро пахш мекунем.
Барои кор бо суроғаи электронӣ миқдори зиёди барномаҳо мураттаб шудаанд. Онҳоро бо номи умумии Mail якҷоя кардан мумкин аст. Масалан барои истифодабарандагони MS DOS – барномаи eml, барои системаҳои амалиётии Unix барномаи elm, барои системаи амалиётии Windows кор бо суроғаи электрониро барномаи Microsoft Exchange таъмин мекунад.
Яке аз барномаҳои қулай ва на он қадар мураккаб барои кор бо суроғаи электронӣ дастаи барномавии Eudora барои Microsoft Windows мебошад. Аксари барномаҳои ин даста мазмуни саҳеҳ дошта, мантиқан байни ҳам алоқаманданд. Масалан, менюи Mailbox (қуттии почтавӣ), фармони In (почтаи воридшаванда), Out (почтаи фиристодашаванда (хориҷшаванда)), Trach (сабад), New (почтаи нав) ва руйхати қуттиҳои почтавиро дорад.
Бо ёрии барномаи Eudora хабарҳои на танҳо матнӣ, балки видео ва аудиоро низ фиристодан, гирифтан нигоҳ доштан мумкин аст.
Барномаи Eudora – ро тарзе ҷур кардан мумкин аст, ки ҳар як истифодабаранда имконияти дастрас бо рамзи шахсро дар даст дошта бошад.
Хулоса технологияи муосири иттилоотӣ бахусус хизматрасониҳои интернетӣ яке аз воситаҳои осонсозии доду гирифти информатсия маҳсуб мешавад ва ҳар нафар бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, то аз ин технологияи замонавӣ бархурдор шавад, чунки ҳамқадами замон будан аз тақозои ҷаҳонишавӣ, бархурдор будан аз он бархурдор шудан аз илму тараққиёти ҷаҳонӣ муосир ва худогоҳии ҳар инсонро нишон медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.