Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Моҳият ва мафҳуми фаъолияти тиҷоратӣ

«Тиҷорат» аз калимаи арабӣ гирифта шуда маънояш савдо мебошад.
«Коммерция» аз калимаи лотинии commercium гирифта шуда, маънояш савдо мебошад.«Тиҷорат» аз калимаи арабӣ гирифта шуда маънояш савдо мебошад.
«Коммерция» аз калимаи лотинии commercium гирифта шуда, маънояш савдо мебошад.
«Савдо»-ро бо ду маъно фаҳмидан мумкин аст:
1. савдо- ҳамчун як соҳаи мустақили хоҷагии халқ
хариду фурўши молҳо то ба кадом дараҷа дуруст ташкил карда шудааст. 2. савдо – ҳамчун ҷараёнҳои савдо оид ба хариду фурўши молҳо
Савдо яке аз соҳаҳои мустақили хоҷагии халқ ба шумор меравад.
Самаранок амал кардани ин соҳа пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки хариду фурўши молҳо то ба кадом дараҷа дуруст ташкил карда шудааст. Ҳамаи ҷараёнҳо ва амалиётҳое, ки дар савдо ташкил карда мешаванд, ба се намуд ҷудо кардан мумкин аст:
– ҷараёнҳои технологӣ ё истеҳсолӣ:
– ҷараёнҳои тиҷоратӣ
– ҷараёнҳои хизматрасонӣ
Ҷараёнҳои технологӣ бо ҳаракати мол алоқаманд буда, ҳамчун арзиши истеҳсолӣ ва давоми ҷараёни истеҳсолӣ дар соҳаи муомилоти молӣ ба шумор мераванд, ки аз кашондани мол, анборкунӣ, борҷомабандӣ, ба навъҳо ҷудо кардани молҳо ва ғ. иборат мебошад. Ин ҷараён ба воситаи се унсур (элемент), яъне меҳнати зинда, воситаи меҳнат(олоти меҳнат) ва предмети меҳнат(мол) ба амал бароварда мешавад. Ҷараёнҳои технологиро низ истеҳсолӣ меноманд, барои он, ки
ин амалиётҳоро ҳам дар истеҳсолот, ҳам дар савдо иҷро менамоянд.
Ба ҷараёнҳои тиҷорат чунин ҷараёнҳои савдо дохил мешаванд, ки барои таъмини амалиёти хариду-фурўши молҳо оид ба муомилоти молӣ равона карда шудаанд, ки аз омўзиши талаботи бозору харидорон, ташкили реклама, яклухтхаридкуни ва фурўши молҳо ва ғ. иборат аст.
Ҷараёни хизматрасонӣ ин амалиётҳои иловагӣ ба ҷараёни хариду фурўш мебошад, ки аз расонидани мол ба хона, ҷобаҷогузории он, пешкаши мўҳлатҳои кафолатӣ ва ғ. иборат мебошад. Амалиётҳои хизматрасонӣ рақобатпазирии корхонаҳои тиҷоратиро баланд мебардорад.
Дар савдо мубодила, яъне ивазшавии шакли арзиш ба вуҷуд меояд(пул ба мол, мол ба пул).
Вазифаи асосии савдо қонеъ гардонидани талаботи аҳоли мебошад.
Фаъолияти тиҷоратӣ бо мафҳуми дуюми савдо яъне ҷараёнҳои савдо оид ба хариду-фурўши молҳо бо мақсади гирифтани фоида, алоқаманд мебошад.
Фаъолияти тиҷоратӣ – як соҳаи соҳибкорӣ буда оид ба ташкили хариду фурўши молу хадамот бо мақсади гирифтани фоида, дар меъёрҳои вуҷуддоштаи ҳуқуқӣ (чорчўбаи қонун) мебошад.
Барои фаҳмидани ин мафҳум мо бояд сараввал муайн намоем, ки соҳибкорӣ чист ва намудҳои он чи гуна ҳастанд.
Соҳибкорӣ- ҳамаи намуди фаъолияти ташабускорона ва таваккалкорона, ки бо мақсади ба даст овардани фоида ташкил карда мешавад.
Намудҳои соҳибкорӣ:
– истеҳсолӣ
-тиҷоратӣ
-молиявӣ
-хадамот
-машварати мебошад.
Вазифа ва мақсади асосии фаъолияти тиҷоратӣ – ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо молҳои хушсифат, қонеъ гардонидани талаботи истеъмолгарон ва ба даст овардани фоида мебошад.

Фаъолияти тиҷоратии ташкилотҳо ва корхонаҳои савдо мафҳумҳои омезиши талаботи аҳолӣ ва бозори фурўши молҳо, муайян намудан ва омезиши сарчашмаҳои воридшавии молҳо, ташкили алокаҳои хоҷагӣ бо молтаъминкунандагон, бастани шартномаҳои молтаъминкунӣ, ташкили ҳисобот ва назорат оиди иҷроиши шартномаҳои молтаъминкунӣ ва ғ. дар бар мегирад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.