Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ФАННИ «Асосҳои фаъолияти тиҷоратӣ»

Фанни «Асосҳои фаъолияти тиҷоратӣ» ҳамчун илм, ташкили босамари равандҳои тиҷоратӣ дар савдо, бо мақсади зуд расонидани молҳо то ба истеъмолгарони охирин ба воситаи амалиётҳои хариду фурўш, меомўзад.Фанни «Асосҳои фаъолияти тиҷоратӣ» ҳамчун илм, ташкили босамари равандҳои тиҷоратӣ дар савдо, бо мақсади зуд расонидани молҳо то ба истеъмолгарони охирин ба воситаи амалиётҳои хариду фурўш, меомўзад.
Предмети фанро амалиётҳои тиҷоратие, ки дар савдои яклухту чаканаи соҳаи муомилот иҷро мешаванд, ташкил менамояд.
Объекти омўзиши фани «Асосҳои фаъолияти тиҷоратӣ» ин ташкилотҳои савдо, миёнаравӣ, маркетингӣ ва сохторҳое, ки амалиётҳои тиҷоратӣ ташкил карда мешаванд, мебошад.
Мақсад ва вазифаҳои фан: Пайдо намудани қонуниятҳо ва тамоюлоти рушди фаъолияти тиҷоратӣ дар шароити душвори гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ, бо мақсади истифодаи ин қонуниятҳо ва тамоюлотҳо барои иҷроиши босамари амалиётҳои тиҷоратӣ дар соҳаи муомилот мебошад.
Масъалаҳои ташкил ва мукаммалгардонии фаъолияти тиҷоратӣ дар савдо ва дигар соҳаҳои фаъолияти кооператсияи матлубот дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ аҳамияти аввалиндараҷаро аз худ менамояд.
Вазифаи аввалиндараҷаи савдо ба тариқи куллӣ тағйир додан ва баланд бардоштани дараҷаи фаъолияти тиҷоратӣ дар ҳамаи зиннаҳои сохтори он мебошад. Корхонаҳои савдо дар қонеъгардонии талаботи аҳолӣ, рушди алоқаҳои шартномавии бевосита бо молистеҳсолкунандагон, ташаккули номгўи савдоӣ ва рекломнигории молҳо мақоми хосеро иҷро мекунад.
Амалиётҳои тиҷоратӣ рўз- ба рўз объекти меҳнати аксари категорияҳои кормандони соҳаи савдо мегарданд. Бинобар ин мақоми омодагии касбии муттахассисон дар соҳаи фаъолияти тиҷоратӣ ва маркетинг меафзояд.
Омўзиши фан бо чунин илмҳо ва фанҳо аз қабили ҳуқуқ, молшиносӣ, стандартизатсия, молия ва фаъолияти бонкӣ, фаъолияти биржавӣ ва суғурта, маркетинг, логистика, менеҷмент, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ғайраҳо зич алоқаманд аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.