Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳуми фанни технологияи компютерӣ. Мафҳумҳои сигнал, хабар ва маълумот

Фанни технологияи компютерӣ ҳамчун фанни мустақил пас аз пайдоиши компютер дар охири солҳои 40-уми асри гузашта ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо мафҳуми компютер аллакай мо шинос ҳастем, ки мақсади ибтидоии сохтани он ин гузаронидани ҳисобкуниҳо буд. Дар замони имрӯза соҳаеро ёфтан мушки ласт, ки дар он компютер татбиқи худро наёфта бошад.Фанни технологияи компютерӣ ҳамчун фанни мустақил пас аз пайдоиши компютер дар охири солҳои 40-уми асри гузашта ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо мафҳуми компютер аллакай мо шинос ҳастем, ки мақсади ибтидоии сохтани он ин гузаронидани ҳисобкуниҳо буд. Дар замони имрӯза соҳаеро ёфтан мушки ласт, ки дар он компютер татбиқи худро наёфта бошад.
Яке аз мафҳумҳои асосии ин фан мафҳуми ахборот (информатсия) мебошад. Ҳар як объект дар табиат нисбати худ ахбороти муайянеро дорад, ки дар асоси он мо объектро дарк менамоем. Инсон ҳама вақт бо ахборот сару кор дорад, ӯ онро дар тамоми фаъолияти ҳаёташ ҷамъ менамояд, дар ҳолати зарурӣ онро коркард намуда аз натиҷаҳои коркард истифода мебарад. Ахборотро ҳамчун ҷамъи донишҳо низ фаҳмидан мумкин аст. Инсон онро дар мағзи сари худ нигоҳ медорад ва бо ёрии майнааш коркард менамояд.
Мафҳуми ахборот таърифи аниқ надорад. Ин термин аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, онро ҳамчун фаҳмондадиҳи, нақлкунӣ, хабардоштан тарҷума намудан мумкин аст. Таърифи аз ҳама васеъи ахборот дар фалсафа оварда шудааст, ки онро ҳамчун инъикоси олами реалӣ (моро иҳотакунанда) мефаҳманд. Таърифи нисбатан кутоҳ ва мукаммали ахборот дар техника оварда шудааст, ки ин мафҳумро ҳамчун маълумот мефаҳманд, ки (хабар) вай объекти нигоҳдорӣ, коркард ва табдилдиҳӣ мебошад. Ба мафҳуми ахборот мафҳумҳои сигнал (бонг), хабар ва маълумот (данние) зич алоқаманд мебошанд.
Сигнал – ин проссеси барандаи ахборот мебошад.
Хабар (сведение) – ин ахборотест, ки ба шакли муайян оварда шудааст ва барои интиқол муайян карда шудааст.
Маълумот (данние) – ин ахборотест, ки ба шакли муайяни формалӣ дароварда шуда барои коркард бо ёрии таҷҳизотҳои техникӣ (масалан компютер) пешниҳод карда мешавад.
Чи хеле, ки дар боло қайд карда шуд ахборот калимаи сермаъно мебошад. Яке аз мафҳумҳои фанн, ки роли калонро мебозад, ин мафҳуми техникаи итилоотӣ мебошад вай заминаи материалии технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Инсон ҳама вақт кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таҷҳизотҳои гуногуни техникиро сохта, як қисми вазифаҳои худро ба дӯши онҳо гузорад. То пайдошавии таҷҳиҳотҳои техникӣ ин асосан давраи ғун кунии ахборот буд. Инсон қисми ночизи онро коркард мекарду халос ва ба сифати техникаи информатсионӣ ручка, рангдон ва қоғаз баромад менамуданд. Дар солҳои 70 – уми асри XIX ба шарофати пайдоиши як қатор воситаҳои техникӣ ба монанди мошинкаи чопкунӣ, телефон, телеграф ва ғайра ки зинаи навӣ (аввалини) тараққиёти техникаи иттилоотӣ оғоз гардид ва аз он вақт марҳилаи «механикикунонидашуда» коркарди ахборот оғоз гардид.
То пайдоиши компютерҳои аввалин ин марҳилаи техникаи информасионӣ идома ёфт ва аз солҳои 40 – уми асри ХХ пас аз сохтани компютерҳо эраи (давраи) технологияи комютерӣ оғоз гардид.
Акнун инсон имконият пайдо намуд ки барои коркарди ахборот барнома бо забони компютерӣ тартиб дода, онро ба ҳотираи компютер сабт намояд ва бо ёрии ин программа коркарди ахборотро пурра ба амал барорад. Худи ӯ бевосита дар проссеси коркард иштирок намекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.