Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Маълумот дар бораи вирус

Вируси компютери чист ва чи гуна бо он мубориза бояд кард? Пеш аз он ки ба ин пурсиш посух бигуем, бояд худи мафхуми «Вируси компютер»-ро шарху тафсир бидихем.Вируси компютери чист ва чи гуна бо он мубориза бояд кард? Пеш аз он ки ба ин пурсиш посух бигуем, бояд худи мафхуми «Вируси компютер»-ро шарху тафсир бидихем.
Вирус — программаи махсус тартибдодашудаи зараррасони хачман начандон калоне мебошад, ки ба раванди мукаррарии кори компютер даҳолат намуда, ноаён ба таркиби диску файлҳои системавии компютер дохил мешаванд ва программаю хуччатҳоро несту хароб месозад. Кариб хар сол намудҳои нави вирусҳо, ки дарачаҳои гуногуни сирояткунй доранд, ихтироъ карда мешаванд ва ба воситаи барандагони гуногуни информатсия бо рохҳои мухталиф ба компютерҳо пахн карда мешаванд. Имруз микдори зиёди вирусҳо маълум ва мавчуданд. Проблемаи вирусҳои компютерй яке аз проблемаҳои раками якуми асри нав гаштааст.
Яке аз ҳосиятҳои асосии вирусҳои компютерй аз он иборат аст, ки онҳо хангоми сирояткунй хар дафъа нусхаашонро афзун менамоянд ва ба таври махфй ба дохили файлҳои дискҳои компютерҳо ва махсусан ба секторҳои боркунандаи дискҳояшон ворид мегарданд.
Махз бо сабаби ҳосияти худафзуншавии ин программаҳо ба онҳо «вирус» ном гузошта шудааст.
Агар вирус аллакай дар ҳотираи компютер мавчуд бошад, вай метавонад дар лахзаи дилҳохи барояш кулай фаъол гардад ва компютерро ба ичрои хар гуна амалиёти барои истифодабарандагон номаълум мачбур созад. Фаъолшавии вирусҳо метавонад бо ҳодисаҳои гуногун, аз кобили вакти муайяни ягон руз, рузи муайяни хафта, ба кор омодасозии программаҳо, кушодани хуччатҳо ва гайра алокаманд карда шуда бошад.
Дангоми ба кор омода сохтани программаи сироятёфта, аввал вирус зуд идоракуниро ба ихтиёри худ мегирад. Баъд вай программаю объектҳои дигарро кофта меёбад ва ба сирояткунии онҳо шуруъ менамояд. Пас аз он вирус идоракуниро аз нав ба программае медихад, ки худ дар он чой гирифтааст. Ин программа бошад, ба таври муккаррари кори худро давом додан мегирад ва истифодабарандаи компютер дар аввал пай намебарад, ки бо программам сироятёфта кор карда истодааст. Окибатҳои амалиёти (сирояти) вирусҳо хеле гуногуну рангинанд.
Аз руйи дарачаи зараррасониашон вирусҳоро ба намудҳон зерин чудо менамоянд:
•Вирусҳои бехатар. Чунин вирусҳо ба раванди кори компютер таъсир нарасонида, танҳо аз хисоби зудафзуншавиашон кисми озоди ҳотираи дискро ишгол менамоянд, ки ин ба сустшавии суръати кори компютер оварда мерасонад.
•Вирусҳои дарацаи хатарнокиашон паст. Ин вирусҳо низ ба раванди асосии кори комютер таъсир намерасонанд. Онҳо ба экран хар гуна маълумотҳои нолозим ва расму графикҳои гуногунро бароварда ба асаби истифодабарандаи компютер мерасанд. Баъзеашон садою мусикй мебароранд, баъзеашон функсияи тугмаҳои клавиатураро тагйир медиханд ва баъзеашон компютерро ҳомуш мекунанд, вале онҳо информатсияи хуччату программаҳоро хароб намесозанд.
•Вирусҳои дарацаи хатарнокиашон миёна. Ин намуди вирусҳо сабабгори бозистй ва кори нодурусти компютер ва программаҳо шуда метавоианд. Онҳо махсусан информатсияи дар дискҳо махфузбударо кисмаи хароб месозанд. Аксарияташон файлҳои кисми иловагии номашон .com-бударо, ки дарозиашон 64000 байт аст, вайрон мекунанд.
•Вирус^ои дарацаи хатарнокиашон баланд. Фаъолшавии чунин вирусҳо ба зуд-зуд аз кор баромадан ва нест шудани программаю додашудаҳо, тагйирёбй ё нестшавии файлу папкаҳо ва Faftpa оварда мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо винчестер ё дигар дискҳои компютерро аз нав форма!1 кардан лозим меояд.
Аз руйи намуди объектной сирояткунанда, мухит ва мавкеи чойгиршавй вирусҳоро ба вирусҳои файлй, боркунанда, макро-(Вирусҳо ва шабакавй чудо мекунанд.
■Вирусҳои файлй. Ин гурухи вирусҳо бо рохҳои гуногун ба файлҳои ичрошаванда (.ехе ё .com) дохил мешаванд ва хангоми ба кор андохтани онҳо фаъол мегарданд. Баъди шуруй кори программаи «сироятшуда» вирус ба ҳотираи фаврй мегузарад ва то итмоми кори компютер дигар файлҳоро сироят кардан мегирад. Муҳофизати профилактикии вирусҳои файлй аз он иборат аст, ки аз истифодаи дискетҳои шубханок е бо программаҳои зиддивирусй (аитивирусй) тафтишиашуда даст каши дан лозим аст.
■Вирусҳои боркунанда. Ин намуди вирусҳо нусхаҳои худро дар сектори боркунандаи (омодасозандаи кор) диски системавй зиёд менамоянд. Дангоми аз диски вирусдор ба кор омода сохтани системам оператсионй, вирусҳо ба ҳотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусҳои файлй рафтор мекунанд. Муҳофизати профилактики аз вирусҳои боркунанда аз истифода набурдани дискетҳои системавй иборат аст.
■Макро-вирус^о. Ин намуди вирусҳо файлҳои хуччатҳои протсессори матнии MS Word ва китобҳои чадвали электронии MS Excel-po сироят мекунанд. Онҳо хамчун макрокомандаҳо (макросҳо) дар таркиби хуччат чой мегиранд ва раванди корро бо он душвор мегардонанд. Баъди кушодани хуччати сироятёфта, вирусҳо дар ҳотираи компютер «саёхат» менамоянд ва дигар хуччатҳои кушодашударо низ сироят мекунанд. Хатари сироят танҳо пас аз бастани хуччат бартарафёфта хисобида мешавад. Муҳофизати профилактики аз макро-вирусҳо танҳо нест кардани онҳост.
■Вирусной шабакавй. Ин намуди вирусҳо ба воситаи шабакаҳои компютери пахн шуда, метавонанд хамаи компютерҳои бо онҳо пайвастро сироят кунанд. Чунин вирусҳо бештар ба воситаи почтам элекронй ва шабакаи чаҳонии Интернет пахн карда мешаванд. Масалан, 5 майи соли 2000 миллионҳо иетифодабарандагони Интернет маьлумоти дорой сарлавхаи дик; к, атчалбкунандаи I LOVE YOU-po гирифтанд, ки он аз як файлй вирусдор иборат буд. Ин файл баъди фаъолшавиаш цисми иловагии номи хамаи файлҳои компютерро дигаргун месохт ва тамоми системаи файлии онро вайрон менамуд. Бинобарон хангоми кор бо Интернет ва почтам элсктронй, ягона муҳофизати профилактики зхтиёткор будан аст.
Хатар — ин имконияти бо ягон восита вайрон кардани бехатарии информатсионй мебошад.
Ичроиши хатар хамла (атака) номида мешавад ва он шахсе, ки чунин амал менамояд бадҳохчинояткор номида мешавад. Маркази ичрои хатарро манбаи хатар номида мешавад.
Дар бисёр маврид хатар бо мавчуд будани чои суст дар химояи системаи информатсионй ташкил карда мешаванд (ба монанди хатоги дар таъминоти барномавй….).
Давомнокии аз вакти истифодаи чои сусти химоя то тамомшавии вакти истифодаро оинаи хатар меноманд. То он вакте, ки ингуна оинаҳои хатарнок мавчуданд, эхтимолияти хамлаҳо ба системаи информатсионй зиёд мешаванд.
Дар бештари чойҳои суст оинаи хатар вакти нисбатан зиёд фаъолият менамояд(якчанд руз, баъзан хафтаҳо), зеро дар ин вакт бояд ҳодисаҳои зерин ба вучуд ояд:
бояд воситаи муайян кунии нуксон, камбудии химояро интиҳоб кард; бояд дарбехҳо(заплаты) сохта шаванд;
дарбех бояд дар химояи системаи информатсиони гузошта шавад.
Мафхуми «Хатар» аксаран хато фахмида мешавад. Масалан барои муассисаҳои кушода (мактабҳо, донишгоҳо..) махфй будани маълумот шарт нест, зеро хамаи маълумот омавй ба хисоб меравад. Аммо дастрасшавии гайрилегалй(зараровар) ба хатари чиддй оварда мерасонад. Яъне хатар аз тарафи шахсоне, ки ба маълумот дасрас мебошанд ба вучуд меояд.
Хатарҳоро бо чунин меъёрҳо таснифот кардан мумкин аст:
Бо чанбаи(аспект) бехатарии информатсионй, ки ба мукобили он хамаи хатарҳо дар навбати аввал равона карда шудааст;
Бо кисматҳои системаи информатсиони (маълумот, барномаҳо, аппаратура);
Бо воситаи ичрокунй;
Бо чойгиршавии манбаи хатар.
Хатари бештар пахн шуда ин дастрас шави мебошад.
Бештар хатарҳо аз тарафи коргарони муассиса, яъне ичро кунандагони системаи информатсиони мебошад. Дангоми ичрои кор онҳо метавонанд бегаразона маълумотро бо хатогии худ аз базаи маълумот нест кунанд.
Чунин хатогиҳо аз тарафи коргарони муассиса аз руи хисоботи оморй аз хатарй сухтор ва дигар офатҳо хам баландтар аст, ки ба 65% омада расидааст.
Эхтимол, чораҳои катъи барои ба хатоги рох надодан ин автоматизатсия кардан ва назорати чидди намудан мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.