Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


ЯЧЕЙКАҲОИ ҶАДВАЛИИ ЭЛЕКТРОНИИ MS EXCEL.

Дар ҳолати аз як ячейка ба ячейкаи дигар кӯчонидани формулаҳо MS Excel ба таври автоматӣ дар ҳар як ячейка суроғабандии онро ислоҳ мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо ҳамин кифоя аст. Вале ҳолатҳое мешаванд, ки суроғабандии он бояд бетайир монад.МАҚСАДИ ДАРС: Инкишоф додани маҳорату малакаи донишҷӯён оид ба протссесори ҷадвалӣ.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Суроғабандӣ дар MS Excel.
Истифодабарии сикл.
Истифодабарии адресхои мутлақ ва нисбӣ.
Ҳисобу китоб дар MS Excel.
Суроғабандӣ дар MS Excel.
Дар ҳолати аз як ячейка ба ячейкаи дигар кӯчонидани формулаҳо MS Excel ба таври автоматӣ дар ҳар як ячейка суроғабандии онро ислоҳ мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо ҳамин кифоя аст. Вале ҳолатҳое мешаванд, ки суроғабандии он бояд бетайир монад.
Истифодабарии цикл.
Дар баъзе ҳолатхо ба мо лозим меояд, ки ба ягон формула якчанд маротиба муроҷиат намоем , ё тасодуфан ба ячейкаи муроҷиат мекунем, ки дар он формула ҷойгир шудааст. Масалан, фарз мекунем, ки ба ячейкаи А1 формулаи =А1+А2- ро гузаштанием. Дар ин ҳолат барои аз рўи ин формула ҳисоб кардан маълумоти дар ячейкаи А1 буда лозим аст, аммо аз баски дар ин ячейка формула навишта шудааст ва он ҳисоб карда мешавад ва ин холат такрор ёфтан мегирад , яъне сикл ба вуқўъ меояд.
Дар аксар ҳолатхо сикл тасодуфан гузашта мешавад. Ҳангоми пайдо шудани сикл, MS Excel аз он хобар медиҳад ва агар Ms сикл тасодуфан набошад, тугмаи Отмена – и тирезаи кушодашударо бо нишонгари муш зер мекунем . Дар ин ҳолат MS Excel такрораи ҳисобкуниро 100 маротиба давом медиҳад ё такрор ҳисобкуни то даме, ки фарқи қимати оянда аз пешинааст аз 0,001 хурд шудани давом меёбад.
Шахс метавонад ин қиматҳоро тағйир дихад. Барои ин амали Сервис/Параметры /Вычисление – ро иҷро намуда қимати марзҳои Предельная числа итерасии ва относительная погрешность – и тирезаи кушодашударо иваз мекунем.
Истифодабарии адресҳои мутлақ ва нисбӣ.
Ишораи ячейка ки аз литери сутун ва рақами сатри ячейка тартиб дода шудааст, адреси нисбии ячейкаҳо номида мешавад. Дар вақти шудани баъзе амалҳои нусхабардорӣ дар формулаҳои ин адрес ёфта метавонад. Дар баъзе мавридҳо ин сарчашмаи хатогиҳо мебошад. Барои гирифтани пеши чунин хатогиҳо ба ячейкаҳо адреси мутлақ таъин кардан мумкин аст. Барои ин пеш аз номери сатр ё ҳарфи сутуни ячейка аломати $ гузоштан лозим аст. Мисол: дар адреси $А5 номери сутун иваз намешавад ва дар адреси В$7-номери сатр иваз намешавад ва дар адреси $С$12 –на номери сатр ва на номери сутун иваз намешавад.
Дар ҷадвали электронии MS Excel амалҳоро бо гурўҳи ячейкаҳо ҳамсоя диапазони ячейкаҳо иҷро кардан мумкин аст. Барои муроҷиат кардан ба диапазони ячейкаҳо адреси ячейкаҳои аввал ва охири ячейкаҳоро гирифта дар байни онҳо аломати : (ду нуқта ) гузоштан лозим аст.
Мисол: А5: А10, В1:Д1, А1:С6.
Дар раванди кор бо барномаи MS Excel, ба ғайр аз мафҳуми ячейка, боз аз мафҳуми диапазони ячейкаҳои варақ истифода мебаранд.
Се намуди диапазони MS Excel мавҷуданд:
• сатрӣ.
• сутунӣ.
• росткунҷавӣ.
Диапазони сатрӣ аз пайдарпайии ячейкаҳои дар як сатр ҷойгиршуда иборат мебошад. Диапазони сатрӣ ба воситаи суроғаи ячейкаҳои аввалин ва охирини он, ки бо ёрии аломати : (ду нуқта) аз ҳамдигар ҷудо карда шудаанд, ишорат карда мешавад. Масалан, диапазони A1, F1 ячейкаҳои Al, Bl, Cl ,D1, El, F1-ро дарбар мегирад.
Диапазони сутуни бошад, аз пайдарпайии ячейкаҳои дар як сутун ҷойгиршуда иборат мебошад. Масалан, диапазони В2 :В6 – ячейкаҳои В2, ВЗ, В4, В5, В6-ро дарбар мегирад.
Диапазони росткунҷавӣ аз мавқеъи ячейкаҳои Варақи корӣ, ки дар як қисми росткунҷа шакли варақ ҷойгир шудаанд, иборат мебошад. Диапазони росткунҷавӣ ба воситаи суроғаи ячейкаҳои дар аввал ва охири диагоналӣ асосии он ҷойгирбуда ишорат карда мешавад. Масалан, диапазони А3:D5 – ячейкаҳои A3, B3, C3, D3, A4, B4, G4, D4, A5, B5, С5, D5-po дарбар мегирад.
Дар ячейкаҳои Варақи корӣ чунин маълумотҳо дохил карда мешавад:
1- ҷойгир намудани ададҳо:
a) нишондиҳандаи ячейкаҳоро ба ячейкаи лозима мегузорем;
б) ададро ба клавиатура дохил менамоем;
в) тугмаи Enter-po пaxш менамоем.
2. ҷойгир намудани матнҳо:
a) нишондиҳандаи ячейкаҳоро ба ячейкаи лозимӣ мегузорем;
б) матнро аз клавиатура дохил менамоем;
в) тугмаи Enter-ро пахш менамоем.
3. ҷойгир намудани формулаҳо:
a) нишондиҳандаи ячейкаҳоро ба ячейкаи лозимӣ мегузорем;
б) тугмаи = – ро пахш менамоем;
в) формуларо аз клавиатура дохил менамоем;
d) тугмаи Enter –ро пахш менамоем.
Ҳисобу китоб дар MS Excel.
Ҳангоми ба ягон ячейка дохил намудани формула, барномаи MS Excel ба таври автоматӣ қимати ин ифодаи формулавиро ҳисоб менамояд ва натиҷаашро дар ҳамон ячейка нишон медиҳад. Ҳангоми тағйир ёфтани қимати ячейкаҳои бо ин формула вобастабуда натиҷаи ҳисобкунӣ низ тағйир меёбад. Тавре ки қайд карда шуд дар формулаҳо ба ғайр аз ададҳо ва суроғаи ячейкаҳо, хамчунин функсияхои стандартиро низ истифода бурдан мумкин аст. Дар таркиби барномаи MS Excel зиёда аз 100 функсияи стандартӣ ба монанди sin(x) , cos (х) , Ln(x), Sqrt(x) ва ғайра мавҷуданд. Яке аз функсияҳое, ки дар ҷадвалҳои бо ёрии Excel сохташуда зуд-зуд истифода бурда мешавад, ин функсияи Сумм (диапазони ячейкаҳо) мебошад. Ин функсия суммаи ададҳои дар ячейкаҳои диапазон мавҷуд бударо ҳисоб намуда, натиҷаро дар ячейкае нишон медиҳад, ки дар он ин функсия ҷойгир карда шудааст.
Мисол, бигузор дар ячейкаи Al адади 234, дар ячейкаи А2 адади 456 ва дар «Сумм (А1:A3) –ро дохил карда, тугмаи Enter-ро пахш намоем, онгоҳ ададҳои дар ячейкаҳои А1, А2 ва A3 чойгир буда ҷамъ кардашуда, натиҷа дар ячейкаи А4 нишон дода мешавад.
Мисоли дигар, бигузор дар ячейкаи В2 адади 456.24, дар С2 адади 378.54, дар А2 адади 1234.45 ва дар СЗ адади 4567.25 мавҷуд бошанд. Дар ҳолати ба ячейкаи А2 ҷойгир намудани формулаи =Сумм(В2:СЗ) қимати ячейкаҳои В2, С2, В3, С3 ҷамъ карда шуда, натиҷа дар ячейкаи А2 нишон дода мешавад.

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Суроғабандӣ дар MS Excel чӣ гуна сурат мегирад?
Матнро дар ячейка чӣ хел дохил мекунанд?
3. Сиклро дар MS Excel чӣ гуна истифода бурда мешавад?
4. Ячейкаҳоро бо кадом тарзҳо ҷудо мекунанд?
5. Дар ячейкаҳо чанд намуди маълумотҳо ҷойгир шуданаш мумкин аст?
6. Истифодабарии адресҳои мутлак ва нисбӣ аз ҳамдигар чӣ фарқ дорад?
7. Ҳисобкунӣ дар MS Excel чӣ тавр иҷро карда мешавад?
8. Адреси нисбӣ аз адреси мутлақ бо чӣ фарқ мекунад?
9. Чанд намуди диапазони Excel мавҷуда аст?
10. Кадом амалҳоро дар формула иҷро кардан мумкин аст?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.