Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


ФУНКСИЯҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ MS Excel.

Дар барномаи MS Excel маҷмўи хеле калони функсияҳои истифода бурда мешавад. Мафҳуми функсия низ дар MS Excel низ айнан бо ҳамон мазмун, ки дар математика истифода бурда мешавад, функсияҳо ном дорад ва аргументҳои онҳо пас аз ном дар дохили қавси доиравӣ навишта мешавад.МАҚСАДИ ДАРС: Инкишофи дониши донишҷӯён оид ба функсияҳо.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Мафҳуми функсияҳо.
Функсияҳои стандартӣ «Мастер функсия».
Аргументҳои функсияҳо.
Дар барномаи MS Excel маҷмўи хеле калони функсияҳои истифода бурда мешавад. Мафҳуми функсия низ дар MS Excel низ айнан бо ҳамон мазмун, ки дар математика истифода бурда мешавад, функсияҳо ном дорад ва аргументҳои онҳо пас аз ном дар дохили қавси доиравӣ навишта мешавад. Қавсҳо ҳатто дар вақти мавҷуд набудани аргумент ҳатман гузошта мешавад. Агар аргумент бисёр бошад, пас онро аз ҳамдигар бо вергул ҷудо карда мешавад. Бо сифати аргумент функсия адреси ячейкаҳо, диапазони ячейкаҳо, ифодаҳои арифметикӣ, функсияҳо истифода бурда мешавад. Мазмун ва тартиби аргументҳо ба таври якқимата муайян карда мешавад. Дар вақти истифода бурдани функсияҳо нусхабардорӣ дар назар доштан мумкин аст:
1). Функсияи дар формула навишташуда одатан қимати ягонаро ҳосил менамояд.
2). Функсияҳое, мавҷуданд, ки ягон қиматро ҳосил накарда амалро иҷро менамояд, масалан сатрҳои матниро пайваст менамояд.
3). Функсияҳое, мавҷуданд, ки аргумент надоранд, масалан, функсияи P().
Дар ҷадвали электронии MS Excel зиёда аз 400 функсия истифода бурда мешавад, ки ба якчанд категорияҳо тақсим карда шудааст. Масалан, математикӣ, мантиқӣ, матнӣ, статистикӣ, молиявӣ, сана ва вақтвағ.
Барои осон кардани дохилкунии функсия дар ҷадвали электронии MS Excel Мастер функсия ном замима пешбинӣ шудааст, ки бо ёрии тугмачаи fx дар панели стандартӣ ба кор дароварда мешавад. Пешаки барои дохилкунии функсия ягон ячейка қайд карда мешавад. Мастер функсия 2 – равзана ва 2- қадам дорад. Аз рўйхати тарафи чапи Мастер функсия категорияи функсияро интихоб кардан мумкин аст. Дар равзанаи тарафи рост маҷмўи функсияҳои ҳамин категория пайдо мешавад. Яке функсияҳоро интихоб намуда равзанаи ҳосил шуда аргументҳои онро дохил кардан мумкин аст. Дар вақти интихоби ин ё он функсия худи Мастер функсия дар бораи ин функсия ва формати он маълумот медиҳад.
Функсия СУММ дар ҷадвали электронии MS Excel хеле бисёр истифода бурда мешавад. Бинобар ин дар панели стандартӣ барои он тугмачаи махсуси ∑ ҷудо карда шудааст. Мисол, як ячейкаро интихоб карда дар тугмачаи ∑ ақрабаки мушро гузошта, тугмачаи чапи онро пахш кунем, пас дар ячейкаи қайдшуда қолаби формулаи =СУММ(D6:D9) пайдо мешавад.
Дар ҷадвали электронии MS Excel имконияти ҳосил кардани нусхаи формулаи дар ячекаҳои ҳамсоя мавҷуд аст, ки дар ин вақт адреси ячейкаҳо автоматӣ иваз мешаванд, зеро адресҳо дар ин маврид нисбӣ мебошанд. Барои ин ячейкаи формула навишташударо қайд карда, нишондиҳандаи мушро ба квадратчаи сиёҳ, ки дар кунҷи рости поёни ин ячейка мавҷуд аст мегузорем. Тугмачаи чапи мушро пахш карда мушро ба самти лозимӣ (рост ё поён) ҳаракат медиҳем.
Вақте ки тугмачаи муш сад дода мешавад формулаи мазкур дар ячейкаҳои мувофиқ пайдо мешавад. Чунин тарзи ҳосилкунии нусхаи формулаҳо танҳо бо ду самти асосӣ имконпазир мебошад.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Мастер функсияро чӣ тавр истифода мебаранд?
2.Истифодабарии функсияи ∑ дар MS Excel.
3.Қоидаҳои дохилкунии функсияҳо ба ячейкаҳои ҷадвалҳои электронӣ чи гуна мебошад?
4. Дар барномаи MS Excel кадом намуди категорияҳо гурҳбандӣ карда мешавад?

ФУНКСИЯҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ MS Excel

МАҚСАДИ ДАРС: Инкишофи дониши донишҷӯён оид ба функсияҳо.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Функсияҳои стандартӣ.
Функсияҳои матнӣ.
Функсияҳои иловагии кор бо сана.
Вақт. Вақт дар ҳисобкуниҳои молиявӣ.
Ҳисобкуниҳои оморӣ ва молиявӣ.
Функсияҳои стандартӣ.
Функсияҳои стандартӣ гуфта функсияеро меноманд, ки он қисми таркибии барномаи Excel баҳисоб рафта, тарзи истифодабарии он дар ҳамаи мавридҳо якхела аст. Функсияҳои стандарӣ дар Excel танҳо дар формулаҳо истифода бурда мешаванд. Ба ин функсияҳо ба восиати ном ва аргументҳояшон муроҷиат мекунанд. Аргументҳои функсияҳо дар қавс гирифта шуда, аз ҳамдигар бо ёрии символи нуқта-вергул (;) ҷудо карда мешаванд.
Истифодабарии функсияҳо.
Дар қисмати «Кор бо рақамҳо» барои дастрас намудани натиҷаи ҷамъбастии истифода барандаи функсия СУММ, бо пахши тугмаи «Автосумма» (AutoSum) пайдо менамояд. Excel боз садҳо функсияро дорост, ки дар ҳисоббарории оморӣ, молиявӣ, риёзӣ, муҳандисӣ истифода мешавад. Функсия – ин барномаест, ки бузургиҳои махсусро ҳисоб мекунад: бузургии ҷамъбастӣ, миёна, фоизи ҳармоҳаи ҳисоббаробаркунӣ ё гурҳи рақамҳои геометрӣ.
Функсияҳои матнӣ.
Ин намуди функсияҳо барои гузаронидани ягон амал бо матни дар ячейка буда истифода бурда мешавад. Масалан, ёфтани қисми матн, ҳарфҳои калонро ба хурд ё баръакс иваз намудан, шумораи символои матнро муайян намудан ва ҳоказо. Масалан, функсияҳои СТРОЧН ва ПРПИСН ва ПРОПНАЧ, мувофиқан барои иваз намудани ҳарфҳои калон ба хурд ва хурд ба калон, ҳарфи калон намудани ҳарфи аввали матн истифода бурда мешавад.
Функсияҳои сатр.
Функсияҳои сатр – ин функсияҳои матнӣ мебошад. Дар ин категория функсияҳои бисёре мавҷуд аст. Ба мисоли =СИМВОЛ( )
Функсияи зерин символи додашударо ( хоҳ вай адад бошад, хоҳ ҳарф ё символи дигар) бо коди ANSI ишорат мекунанд. Интервали ин функсия аз 1 то 255 мебошад. Аз ин мебарояд, ки танҳо чунин ададҳоро қабул намуда, ба коди ANSI мегардонад.
Функсияҳои сана ва вақт.
Функсияи асосие, ки барои инъикоси рӯзи ҷорӣ хизмат мекунад, ин функсияи =СЕГОДНЯ мебошад. Ин яке аз функсияҳоест, ки аргумент талаб намекунад. Мисол: =СЕГОДНЯ() санаи имрӯза, моҳ ва солро бармегардонад.
Функсияи ДАТА бошад, ифодаи соати системавиро нишон медҳиад. (бо соат, дақиқа ва сония).
Функсияҳои оморӣ ва молиявӣ.
MS Excel дорои зиёда аст 250 функсияҳои молиявӣ иборат буда барои истифодаи он зарур нест, ки мо муҳосиб бошем. Бо ёрии функсияҳои моливӣ ҳаҷми моҳонаи ҳаққи автомобил, вақти пардохти қарз, ҳаҷми маблағи сохтмони иморат ва ғайраро иҷро намудан мумкин аст.
Агар мо соҳиби фирмаи хурд бошем, функсия имконият медиҳад, ки ба 5 тарз ҳисоббаробаркунӣ амортизатсиониро истифода барем, ҳамчунин асбоби ҳисобкунии фоидаи аксия ва захираҳо низ мавҷуд мебошанд.

Функсияи молиявии MSExcel.
Функсияи молиявӣ параметрҳои зиёд дорад, вале бисъёртар аз параметрҳои зерин истифода мебаранд:

Бе (fv) –нархи оянда, баъди ҳисоббаробаркунӣ нархи заём ва маблағгузорӣ ҳамин қадар меистад.
Кпер (nреr)- миқдори давраҳо, санаи моҳо, сол ва дигар давраҳои пардохт.
Выплата (pmt) – суммае ки шумо аз ҳисоби маблағгузорӣ мегирад ё барои пардохти қарз сарф мешавад.
Кор бо функсияҳои оморӣ.
Excel барои омӯзандагони омор як сатр функсияҳои мураккаби омориро дорад. Қисми зиёди муштариён функсияҳои омории соддаро ба мисли СРЗНАЧ (AVERADGE), МИН (MIN), МАКС (MAX) – ро истифода мебаранд. Ҳамчунин, функсияҳои зерин истифода мешаванд:

СЧЕТ(COUNT) – миқдори рақамҳоро дар диапазони интихоб карда бар мегардонад
МЕДИАНА(MEDIAN) – қисми миёнаи дигар, барои ҳисобкунии бузургиҳое, ки дар миёнаи диапазон ҷойгир аст.
МОДА (MODE) – бузургиҳои тез-тез вохӯрандаро бар мегиад.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Функсияҳои стандарӣ.
Истифодабарии функсия чӣ гуна сурат мегирад?
Функсияро чӣ тарз ворид менамоянд?
Функсияҳои матнӣ чӣ гуна функсия аст?
Функсияҳои сатрро номбар намоед?
Функсияҳои сана чӣ гуна функсия аст?
Функсияи вақтро номбар намоед?
Вақтро аз рӯи функсияи молиявӣ чӣ тавр ҳисоб менамоянд?
Функсияи сана ва вақт аз ҳамдигар бо чӣ фарқ доранд?
Функсияи молиявии MS Excel.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.