Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ДИАГРАММАҲО.

Диаграмма гуфта, намуди тасвири графики маълумотҳои ададиро меноманд. Диаграммаҳоро барои аёнияти тасвири малумотҳо истифода мебаранд. Миқдори зиёди намудҳои диаграмма мавҷуд аст ва онҳоро барои ҳалли мисъалаҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст.НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Диаграммаҳо.
Сохтани диаграммаҳо.
Диаграммаҳои ғайристандартӣ.
Диаграммахои расмдор.
Диаграммаҳо дар MS Excel.
Диаграмма гуфта, намуди тасвири графики маълумотҳои ададиро меноманд. Диаграммаҳоро барои аёнияти тасвири малумотҳо истифода мебаранд. Миқдори зиёди намудҳои диаграмма мавҷуд аст ва онҳоро барои ҳалли мисъалаҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст.
Барои он ки диаграммаро созим, маълумоти зарурӣ лозим аст. Он маълумотҳое, ки дар таблитсаи MS Excel ҷойгир аст. Ба намуди диаграмма тасвир кардан мумкин аст.
Барои диаграммаро сохтани кифоя аст, ки яке аз ячейкаи таблитсаро кайд намуд, тугмаи Enter-ро пахш кунем. Чӣ хеле, ки қайд намудем намуди диаграммаҳо гуногунанд. Барои намуди дилхоро сохтан имконияти Мастер диаграммро истифода бурдан мумкин аст. Барои ин яке аз ячейкаҳои ҷадвалро қайд намуда, амали Вставка диаграмма – ро иҷро намудан мумкин аст.

Сохтани диаграммаҳои ғайристандартӣ.
Барои сохтани диаграммаҳои ғайристандартӣ низ пешакӣ яке аз ячейкаи таблитсаро қайд намуда, амали Вставка /диаграмма/-ро иҷро мекунем. Акнун аз тирезаи кушодашуда тугмаи Нестандартные –ро интихоб мекунем, номгӯи диаграммаҳои ғайристандартӣ ва намуди интихобшуда намоён мешавад.
Ба номгўи диаграммаҳои ғайристандартӣ намуди навро илова намудан намудан мумкин аст. Тарзи иловакунии намуди нав чунин мешавад:
1.Бо воситаи Мастер диаграмм намуди мувофиқи диаграммаро месозем.

Нишонгари мушро ба болои диаграмма гузашта тугмаи рости онро пахш мекунем ва тирезаи Тип диаграммы кушода мешавад.
3.Тугмаи Нестандартные тирезаро бо нишонгари муш пахш мекунем.
4.Аз тирезаи кушода шуда, аз калиди (переключател) Вывести дополнителные –ро интихоб намуд (ду ҳолат: Дополнителные ва Встроенные), тугмаи Добавить – ро пахш мекунем.

Тугмаи Ok – ро пахш мекунем.
Ба диаграммаҳо илова намудани маълумотҳо.
Барои ба диаграммаҳо илова намудани маълумотҳо амалҳои зеринро иҷро мекунем:

Диапазони ячейкаҳоеро, ки дар диаграмма тасвир шудаанд, қайд мекунем. Шарт – лист, ки онҳо ячейкаҳои ҳамсоя бошанд.
Амали Правка/Копирват-ро иҷро мекунем.
Нишонгари мушро ба болои диаграмма (қисми графикӣ) мегузорем.
Амали Правка/Вставка – ро иҷро мекунем.
Тағъир додани элементҳои диаграмма ва намуди он.
Диаграмма элементҳои зеринро дорост:

Сарлаваҳои диаграмма;
Соҳаи диаграмма;
Легенда;
Тири қиматҳо ва сарлаваи тири қиматҳо;
Тири категорияҳо ва номи он тир;
Соҳаи сохтани диаграмма ва хатҳои тирҳо;
Қатори маълумотҳо;
Диаграммаҳои расмдор.
Барои диаграммаи мавҷуд бударо ба диаграммаи расмдор табдил додан амалҳои зеринро иҷро мекунем.

Диаграммаро сохта, беҳтарин диаграмма намуди диаграммаи гистограммаро дошта бошад.
Объекти графикиро муайян мекунем, онҳоро ба ҷои сутунҳо истифода мебарем.
Дар барномаи MS Excel ё дигар замимаҳо объекти графикии муайян шударо қайд намуда, онро нусхабардорӣ менамоем.
Дар диаграмма қатори маълумотҳоро бевоситаи расм тасвир карданӣ бошем, онро аз менюи Правка фармони Вставит-ро интихоб мекунем.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Ба Мастер диаграмма чи тавр дохил шудан мумкин?
Диаграммаҳо бо воситаи MS Excel чӣ тавр сохта мешавад?
Сохтани диаграммаҳои ғайри стандартӣ ва расмдор чӣ тавр аст?
Диаграммаҳои ғайри стандартӣ аз диаграмммаҳои расмдор бо чӣ фарқ мекунад?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.