Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


БАЗАИ МАЪЛУМОТ

Базаи маълумот – ин сохтори муташаккил мебошад, ки барои нигоҳдории иттилоот пешбинӣ шудааст. Базаи маълумот – ин намуди компютерии иттилооти муташаккил мебошад. Базаи маълумот – ин ҳуҷҷатест (файл ё гурўҳи файлҳо), ки дар он маълумот (қиматҳо) дар намуди махсус нигоҳ дошта мешаванд. Аз ибтидои ташкилшавии техникаи ҳисоббарор ду самти асосии истифодабарии базаи маълумотҳо муайян гаштааст.НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Базаи маълумот.
Мафҳум дар бораи базаи маълумот.
Системаҳои идоракунии базаи маълумот (СИБМ).
Структураи базаи маълумот.
Тартибдиии лоиҳаи базаи маълумотҳо.
Намудҳои асосии маълумоти дар база нигоҳ дошташаванда.
Базаи маълумот
Базаи маълумот – ин сохтори муташаккил мебошад, ки барои нигоҳдории иттилоот пешбинӣ шудааст. Базаи маълумот – ин намуди компютерии иттилооти муташаккил мебошад. Базаи маълумот – ин ҳуҷҷатест (файл ё гурўҳи файлҳо), ки дар он маълумот (қиматҳо) дар намуди махсус нигоҳ дошта мешаванд. Аз ибтидои ташкилшавии техникаи ҳисоббарор ду самти асосии истифодабарии базаи маълумотҳо муайян гаштааст.
Самти якум – ин истифодабарии техникаи ҳисоббарор барои иҷроиши ҳисобкуниҳои ададӣ мебошад, ки ба таври дастӣ иҷро намудани онҳо хеле мураккаб ё умуман номумкин аст. Муайян шудани чунин самт ба интиенсивнокии тарзҳои ҳалҳои ададии масъалаҳои мураккаби математикӣ, тараққиёти синфи забонҳои барноманависии махсус мусоидат намуд.
Самти дуюм, ки бевосита ба мавзўъ дахл дорад, ин истифодабарии техникаи ҳисоббарор дар системаҳои автоматӣ ё иттилоотии автоматӣ мебошад. Умуман, системаи иттилооти комплекси барномавӣ мебошад, ки вазифаи он аз дастгири намудани нигоҳдории мўътамади иттилоот дар хотираи компютер, иҷроиши табдилдииҳои мушаххаси барномаи ҷорӣ, ба истифодабарандагон пешниҳод намудани интерфейси қулай ва фаҳмо иборат мебошад. Одатан, ҳаҷми он иттилооте, ки чунин системаҳо идора менамоянд, хеле калон буда, структураи онҳо низ мураккаб мебошад.

Системаи идоракунии базаи маълумот (СИБМ).
СИБМ – ин барномае, ки бо ёрии он иттилоот ба базаи маълумот дохил карда мешавад, дида баромада мешавад, ба тартиб дароварда мешавад, ҷудо карда мешавад, ҷустуҷў мешавад, экспорт (ба намуди дигар СИБМ оварда мешавад) ё импорт мешавад.
Сохтори базаи маълумот.
Барои фаҳмидани моҳияти базаи маълумот структураи онро ба намуди ҷадвал, ки миқдори муайяни сутунҳо ва миқдори кифоя зиёди сатрҳоро дар бар мегирад тасаввур намудан беҳтар аст. Дар базаи маълумотҳо сутунҳо – майдон номида шуда, сатрҳо – сабт (навиштаҷот) номида мешаванд. Масалан, маълумотномаи телефони намунаи оддии базаи маълумотҳо мебошад. Он аз майдонҳои Насаб, Ном, Номи падар, Рақами телефон иборат буда, сабтҳои он зиёданд ва бо гузашти вақт пурра ва мукаммал мешаванд. Агар аз базаи маълумотҳо тамоми маълумотҳо хориҷ карда шаванд, номи майдонҳо боқӣ монда структураи он ба намуди холис аён мешавад.
Тартибдиҳии лоиҳаи базаи маълумот.
Тартибдиҳии базаи маълумотҳо аз майдонҳо ва хосиятҳои майдонҳои он оғоз мешавад. Чунин зинаи ҷараёни тартибдиҳии базаи маълумотҳо лоиҳагирии базаи маълумотҳо номида мешавад. Тартибдиҳии лоиаи базаи маълумотҳоро бо қаламу коғаз иҷро намудан мумкин буда, мавҷудияти компютер зарур намебошад. Гарчанде, воситаҳои тартибдиҳии лоиҳаи базаи маълумотҳо оддӣ мебошанд, ин зинаи ҷараёни тартибдиҳии базаи маълумотҳо аз ҳама душвор ва масъулиятнок мебошад. Зеро, нодуруст тартиб дода шудани лоиҳа дар ниояҳти кор ба базаи маълумотҳои корношоям оварда расонида, меҳнати тамоми нафарони ба тартибдиҳии он алоқаманд бударо барбод медиҳад.

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Базаи маълумот чист?
Базами маълумот барои чӣ истифода бурда мешавад?
Базаи маълумот кадомсамтҳоро дар бар мегирад?
Системаҳои идоракунии базаи маълумот (СИБМ) гуфта чиро мефаҳмед?
Сохтори базаи маълумот чӣ гуна аст?
Лоиҳаи базаи маълумот чист?
Лоиҳаи базаи маълумотро чӣ тавр тартиб медиҳанд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.