Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


БАЗАИ МАЪЛУМОТ. СИБМ MS ACCESS.

Ба сифати чунин объекти омўзиши СИБМ Microsoft Access–ро дида мебароем. Равзанаи асосии MS Access чунин намуд дорад (Пуск=>Прог­раммы=>Ms Access, Пуск=>Выполнить=>MS Access):МАҚСАДИ ДАРС: кор карда тавонистан дар барнома.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Барномаи MS Access.
2.Объектҳои асосии базаи маълумоти MS Access.
3.Майдонҳо. Намудҳои маълумот.
4.Сохтори базаи маълумотҳои оддитарин.

Ҷадвалҳо ва дархостҳо.
Шакл ва ҳисоботҳо.
Макросҳо ва модулҳо.
Барномаи MicrosoftAccess.
Ба сифати чунин объекти омўзиши СИБМ Microsoft Access–ро дида мебароем. Равзанаи асосии MS Access чунин намуд дорад (Пуск=>Прог­раммы=>Ms Access, Пуск=>Выполнить=>MS Access):
Объектҳои асосии базаи маълумот.
Дар равзанаи мазкур объектҳои базаи маълумотҳои Microsoft Access – Ҷадвалҳо (Таблица), Дархостҳо (Запросы), Шаклҳо (Формы), ҳисоботҳо (Отчеты), Саҳифаҳо (Страницы), Макросҳо (Макросы) ва Модулҳо (Модули) инъикос ёфтаанд.Аз тамоми намуди объектҳо танҳо ҷадвалҳо барои нигоҳдории иттилоот пешбинӣ шудаанд. Дигар намуди объектҳо барои азназаргузаронӣ, муҳаррирӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳо пешбинӣ шуда, дастраснамоии маълумотҳоро ба таври аёнӣ таъмин менамоянд.
Майдонҳо.
Майдонҳо ҷузъи асосии базаи маълумотҳои барномаи MS Access мебошанд. Онҳо на танҳо структураи базаи маълумотҳоро муайян менамоянд, балки инчунин, хосиятҳои маълумотҳои ба ҳар як катакчаи майдон дохилшударо низ муайян мекунанд. Майдонҳои ҷадвали СИБМ MS Access дорои чунин хосиятҳо буда метавонанд:
Номи майдон – ҳангоми амалиётҳои автоматикӣ бо база бо ин ном ба маълумотҳои майдон муроҷиат мекунанд (одатан номи майдонҳо ҳамчун сарлавҳаи сутунҳои ҷадвал инъикос меёбанд);
Намуди майдон – намуди қиматҳои майдонро муайян мекунад;
Андозаи майдон – дарозии ниҳоии маълумотҳоро (бо рамзҳо), ки дар майдон ҷойгир шуда метавонанд, муайян менамояд;
Формати майдон – тарзи форматиронии маълумотҳоро дар катакчаҳои майдон муайян менамояд;
Ниқоби дохилнамоӣ – муайянкунандаи шакли дохил намудани маълумотҳо ба майдон (воситаи автоматикунонии дохилкунии маълумотҳо);
Намудхои маълумот.
Матнӣ – намуди маълумотҳо, ки барои нигоҳдории матни дарозии маҳдуд (то 255 рамз) дошта, пешбинӣ шудааст.
Майдони Мемо – намуди маълумотҳои махсус, ки барои нигоҳдории матнҳои ҳаҷми калон дошта (то 65535 рамз) пешбинӣ шудаанд. Дар асл чунин матн дар майдон воқеъ нашуда, дар он танҳо нишондиҳандаи матн воқеъ мешавад.
Ададӣ – намуди маълумотҳо барои нигохдории ададҳои ҳақиқӣ.
Сана/вақт – намуди маълумотҳо барои нигоҳдории сана ва вақти ҷорӣ.
Молиявӣ – намуди маълумотҳо барои нигоҳдории маблағҳои пулӣ. Дар асл барои маблағҳои пулӣ майдонҳои ададиро низ истифода бурдан мумкин аст. Лекин, барои маблағҳои пулӣ амалиётҳои махсуси яклухткунӣ пешбинӣ шудаанд, ки коркарди чунин маълумотҳоро осон мегардонанд.
Ҳисобкунак – намуди махсуси маълумотҳои натуралӣ, ки дар майдон такрор намешаванд ва ба таври автоматикӣ зиёд мешаванд. Одатан, барои рақамгузории тартибии навиштаҷотҳо истифода мешаванд.
Мантиқӣ – намуди маълумотҳо барои нигоҳдории маълумотҳои мантиқӣ, ки танҳо ду қиматро гирифта метавонанд – Дуруст ё Нодуруст.
Сохтори базаи маълумоти оддитарин. Ҷадвалҳо.
Қайд менамоем, ки агар дар базаи маълумот ягон маълумот нигоҳ дошта нашуда бошад ҳам, он базаи маълумотҳои мукаммал ҳисобида мешавад. Гарчанде, чунин базаи маълумотҳо маълумотҳоро дар бар надорад, вале он дорои структура, яъне иттилоот мебошад. Сохтори база тарзҳои дохилнамоии маълумотҳоро ба база ва нигоҳдории маълумотҳоро муайян менамояд.
Ҷадвалҳо.
Дар базаи маълумотҳо ҷадвалҳо мақоми марказӣ доранд – маълумотҳо маҳз дар ҷадвалҳо нигоҳ дошта мешаванд. Базаи маълумотҳо ҳазорҳо ҷадвалҳоро дар бар гирифта метавонад ва миқдори ҷадвалҳо танҳо бо андозаҳои ғункунандаи дискӣ маҳдуд шуда метавонад.
Объектҳои MS Access дар режимҳои гуногун инъикос ёфта метавонанд: барои ҷадвалҳо одатан режими ҷадвалӣ – барои дохилнамоии маълумотҳо ва режими конструктор – барои азназаргузаронӣ ва мукаммалнамоии структураи ҷадвал истифода мешавад. Гузариш аз як режим ба режими дигар тавассути тугмачаи Намуд (Вид) – гузариш ба режими конструктор, – гузариш ба режими ҷадвалӣ, амалӣ мегардад. Инчунин, ба тирчаи секунҷашакли тугмачаи Намуд пахш карда, аз рўйхат режими лозимиро интихоб намудан мумкин аст.
Дархостҳо.
Дархостҳо барои дар базаи маълумотҳо ҷустуҷў намудани иттилооти ба шартҳои муайян қаноаткунанда пешбинӣ шудаанд. Иттилооти ёфташударо бо якчанд роҳо дида баромадан, тағйир додан ва таҳлил намудан мумкин аст. Ғайр аз ин, натиҷаҳои дархостҳо барои тартибдиҳии дигар объектҳои Access ҳамчун асос истифода шуда метавонанд.
Шаклҳо.
Дар ҷадвалҳо иттилоот бо он намуде, ки дохил карда шудааст нигоҳ дошта мешавад. Чунин намуди оддии маълумот на ҳама вақт қулай буда метавонад. Масалан, агар ҷадвал аз 10 майдон иборат бошад, илова намудани маълумот ба чунин ҷадвал дақиқкории баландро талаб намуда, эҳтимолияти ба вуҷуд омадани хатогӣ нисбатан калон мешавад. Дар чунин ҳолатҳо истифодабарии шаклҳо мувофиқи мақсад мешавад.
Ҳисоботҳо.
Аз рўи хосиятҳои худ ҳисоботҳо бештар ба шаклҳо монанд буда, вале танҳо барои баровардани маълумотҳо пешбинӣ шудаанд. Қайд менамоем, ки ҳисоботҳо одатан маълумотҳоро барои таҷҳизоти чопкунӣ омода менамоянд. Ғайр аз маълумотҳое, ки аз ҷадвалҳо ва дархостҳо гирифта мешаванд, ҳисоботҳо инчунин, элементҳои форматиронии ҳуҷҷатҳои чопиро низ дошта метавонанд (сарлавҳа, колонтитулҳо, рақами саҳифа ва ғ.).
Саҳифаҳо.
Саҳифаҳо объектҳои махсуси барномаи Access буда, дар навъҳои охирини он амалӣ гаштаанд. Онҳо барои ба истифодабарандагон пешниҳод намудани дастрасшавӣ ба иттилооти базаи маълумотҳо пешбинӣ шудаанд. Бинобар он, онҳоро саҳифаҳои дастрасшавӣ ба маълумотҳо номидан саҳеҳтар мебошад.
Макросҳо ва модулҳо.
Чунин намуди объектҳои MS Access ҳангоми кор бо СИБМ барои автоматикунонии амалиётҳои такроршаванда ва ҳам барои бо роҳи барноманависӣ тартибдиии функсияҳои нав пешбинӣ шудаанд. Дар барномаи MS Access макросҳо аз пайдарпаии фармонҳои дохилии СИБМ иборат буда, яке аз воситаҳои автоматикунонии кор бо базаи маълумотҳо мебошанд. Модулҳо бо воситаҳои забони берунии барноманависӣ – Visual Basicfor Applications тартиб дода мешаванд. Ин яке аз воситаҳое мебошад, ки бо ёрии онҳо тартибдиҳандаи базаи маълумотҳо ба он имкониятҳои ғайристандартиро мувофиқи талаботҳои ҷорӣ татбиқ намуда метавонад.

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Намудҳои асосии маълумоти дар база нигоҳдошташаванда.
2. Барномаи MS Access чӣ гуна барнома аст?
3. Маълумоти ҳамвор чист?
4. Объектҳои асосии базаи маълумоти MS Access-ро номбар намоед?
5. Майдонро дар MS Access чӣ гуна мефаҳмед?
6. Хосиятҳои майдон дар MS Access кадомҳоянд?
7. Намудҳои маълумотро номбар намоед?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.