Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


АСОСҲОИ АЛГОРИТМСОЗӢ. НАМУДҲО ВА ХОСИЯТҲОИ АЛГОРИТМҲО. АСОСҲОИ БАРНОМАСОЗӢ.

Мафҳуми алгоритм пеш аз пайдоиши компютер ба қатори мафҳумҳои асосии математикӣ ҳамроҳ шуда, яке аз қисмҳои асосии информатикаро ташкил медиҳад. Мафҳуми алгоритм аз калимаи лотинии algoritm номи математикӣ бузурги асри IX Ал-Хоразмӣ пайдо шудааст. Зина ба зина иҷрошавии масъалаҳои гузошташударо алгоритм меноманд.МАҚСАДИ ДАРС: Омўхтани сохта тавонистани алгоритм.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Мафҳуми алгортм.
Хосиятҳои алгоритм.
Намудҳои алгоритм – хаттӣ, даврӣ (сиклӣ) ва шоханок.
Тасвири графикии алгоритмҳо. Блок-схемаҳо.
Мафҳуми алгоритм пеш аз пайдоиши компютер ба қатори мафҳумҳои асосии математикӣ ҳамроҳ шуда, яке аз қисмҳои асосии информатикаро ташкил медиҳад. Мафҳуми алгоритм аз калимаи лотинии algoritm номи математикӣ бузурги асри IX Ал-Хоразмӣ пайдо шудааст. Зина ба зина иҷрошавии масъалаҳои гузошташударо алгоритм меноманд.
Хосиятҳои алгоритм.

Пурра будани алгоритм (а) алгоритм бояд интиҳои мантиқӣ дошта бошад, б) алгоритм интиҳои мантиқӣ дорад, агар ҳалли мисол новобаста аз қиматҳои аввала бо шумораи охирноки амалиёт ба даст оварда шавад);
Дар ҳар як қадам муайян будани алгоритм (алгоритм ҳамон вақт кор мекунад, агар ҳамаи фармонҳои он кор кунанд)
Мавҷудияти қиматҳои дохилшаванда ва хориҷшаванда дар алгоритм (қиматҳои дохилшаванда на танҳо аз клавиатура, балки мумкин аст, аз дигар барнома, аз файл ё блоки қиматҳо дохил шаванд);
Самаранок будани алгоритм (ҳамон вақт самаранок мешавад, агар ба ҳалли масъала бо роҳи содда ва кўтоҳтарин бурда расонад).
Намудҳои алгоритм.
Барои ҳал ва натиҷагирии дилхоҳ аз ҳар як масъалаи алоҳида бояд усули ҳалли махсус истифода бурда шавад, ки онро намуди алгоритм меноманд. Алгоритм аз рўи намуд аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Намудҳои алгоритм:
1) Хаттӣ. Алгоритме, ки дар он ҳалли масъала аз рўи нақша паси ҳам ба таври зина ба зина иҷро мегардад.
2) Шоханок. Алгоритме, ки дар он иҷрои ягон амал (қадам) аз иҷро шудан, ё иҷро нашудани ягон шарт вобаста мебошад.
3) Даврӣ. Алгоритме, ки ҳангоми он як амал пайдарҳам чанд маротиба такрор мешавад.
Усулҳои навиштани алгоритм.
1. Тасвири калимагию формулавӣ (бо забони муқаррарӣ бо истифода аз формулаҳои математикӣ).
2. Тасвири графики дар шакли блок-схемаҳо (маҷмўи баҳам алоқаманди фигураҳои геометрӣ).
3. Тавсиф бо ягон забони барномасозӣ (оператор).
Фигураҳое, ки дар блок-схемаҳо истифода мешаванд.

Тасвири графики алгоритмҳо.

– барои ишора намудани ибтидо ё интиҳои барнома;
– барои ишора намудани амали воридкунӣ ва барориш;
– барои ишора намудани амали операторҳои бахшиш;
– барои ишора намудани амали операторои шартӣ;
– барои ишора намудани тартиби пайдарпайии иҷроиши
операторҳои барнома.
Блок-схема гуфта, навишти графикии алоритмро меноманд, ки дар он ҳар як қадам ва мантиқи коркарди маълумотҳо тавассути фигураҳои геометрии ҳамвор (росткунҷа, параллелограмм ва ромб), ки бо хатҳои равишнок пайваст шудаанд, инъикос меёбад. Масалан, бо фигураҳои геометрии қайдшуда асосан чунин амалиёторо ишора мекунанд:

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Алгортм чист?
Хосиятҳои алгоритмро гуфта диҳед?
Намудҳои алгоритм кадомҳоанд?
Алгоритми хаттӣ чист?
Алгоритми сиклӣ чист?
Алгоритми шоханок чист?
Алгоритмро ба намуди грификӣ чӣ гуна тасвир намудан мумкин аст?
Блок-схемаҳо гуфта чиро мефаҳмед?
Забонои барномасозӣ барои чӣ лозим аст?
Намудои забонҳои барномасозӣ кадомҳоанд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.