Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


ИНФОРМАТСИЯИ ГРАФИКӢ

Умуман, протсессори матнии Word ду намуди объектҳои графикиро истифода мебарад – объектҳои графикии векторӣ ва растрӣ.МАҚСАДИ ДАРС: Инкишофи маҳорату малакаи донишҷўён оид ба протссесори матнӣ.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Намудҳои информатсияи графикӣ – растрӣ ва графикӣ.
Маълумотҳои умумӣ оид ба объектҳои графикӣ ва растрӣ.
Муҳаррири графикии Adobe Photoshop. Таърихи Photoshop.
Photoshop чист? Имкониятҳои асосии Photoshop.
Графикаи векторӣ – Adobe Illustrator.
Муҳаррири графикии Corel Draw.
Умуман, протсессори матнии Word ду намуди объектҳои графикиро истифода мебарад – объектҳои графикии векторӣ ва растрӣ.
Ба қатори намуди вектории объектҳои графикӣ асосан хатҳои рост, порчаҳо ва умуман фигураҳои геометрӣ дохил мешаванд. Чунин объектҳоро тавассути имкониятҳои барнома Word низ тартиб додан мумкин аст. Асоси чунин объектҳоро хосиятҳои векторӣ ташкил медиҳанд.
Ба қатори намуди растрии объектҳои графикӣ асосан расмҳои аксбардоришуда ва тасвирҳо дохил мешаванд. Чунин объектҳо асосан аз нуқтаҳои алоҳида иборат мебошанд.
Таҳриргари графикии Adobe Photoshop
Таърихи Photoshop .
Дар соҳаи нашриёти муосир нафареро дарёфт намудан душвор аст, ки оиди барномаи Photoshop нашунида бошад. Ба назар мерасад, ки гўё барномаи мазкур доимо мавҷуд буд. Вале, ҳар як барнома таърихи пайдоиши худро дорад.
Ба наздикӣ ширкати Adobe Systems дар яке аз намудҳои тиҷорати маҳсулотои барномавӣ бо даромади яксолаи 1,2 млрд. доллар дар ИМА ҷои дуюмро ишғол намудааст. Дар ширкати мазкур зиёда аз 3 ҳазор мутахассисон кор мекунанд, ки бо тартибдиҳӣ ва тараққӣ додани маҳсулотҳои барномавӣ машғул мебошанд. Яке аз сабабҳои муваффақияти молиявии ширкати мазкур, ин маҳсулоти нотакрори он – Photoshop мебошад.
Маълум аст, ки Photoshop – беҳтарин барномаи коркарди тасвирҳои растрӣ дар компютерҳои PC ва Macintosh мебошад.
Photoshop чист?
Photoshop – ин барномаи графикаи растрӣ мебошад, яъне ҳар як элементи тасвир аз рўи нуқтаҳо сохта мешавад. Adobe Photoshop – ин муҳаррири графикии касбӣ буда, бо баробари он, барои азхуднамоӣ ва истифодабарӣ на он қадар мураккаб мебошад. Дар ниҳоят Adobe Photoshop – ин дунёи идеалӣ мебошад, ки дорои тамоми имкониятҳои амалигардонии эҷодиётҳои олитарини рассомон мебошад.
Имкониятҳои асосии Photoshop .
Photoshop барои кор бо тамоми намудҳои графикаи растрӣ пешбинӣ шуда, доираи татбиқоти он кифоя васеъ ва тамоми соҳаҳоро аз полиграфия то Интернет дар бар мегирад.Photoshop дилхоҳ тасвирҳоро саҳеҳ ва босуръат ба тамоми намудҳои графикаи растрӣ бе паст намудани сифати онҳо табдил дода метавонад. Ғайр аз ин, ҳамчун барномаи сканиронии тасвиро хеле самаранок истифода шуда, бо тамоми намуди сканерҳо ҳамҷоя мебошад. Чунин имконият хеле қулай аст, зеро тасвирро сканиронӣ намуда, дар ҳамон барнома онро коркард намудан мумкин мебошад.
Таҳриргари графикии CorelDraw .
Ҳоло, ба таври мухтасар муҳаррири графикие дида баромада мешавад, ки ба як навъ, ивазкунанда ва рақиби асосии барномаҳои ширкати Adobe мебошад, зеро маҳз ҳамин барнома чунин истифодабарандагони зиёдро дорад.
Таҳриргари Corel Draw барои тартибдиҳи ва муҳарририи графикаи векторӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо тасвир аз объектҳои алоҳида иборат мебошад, ки оноро ҳам ба таври алоҳида ва ҳам дар муттаҳидӣ муҳаррирӣ намудан мумкин аст. Ҳар яке аз объектҳо бо модели математикӣ шарҳ дода шуда, новобаста аз дигар объектҳое, ки тасвирро ташкил медиҳанд, мавҷуд мебошанд.

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Намудҳои информатсияи графикиро номбар намоед?
Информатсияи графикӣ – растриро шарҳ диҳед?
Оид ба объектҳои графикӣ ва растрӣ маълумот диҳед?
Муҳаррири графикии Adobe Photoshop барои чӣ хизмат мекунад?
Таърихи пайдоиши Photoshop –ро гуфта диҳед?
Photoshop чист?
Вазифаи асосии Photoshop аз чӣ иборат аст?
Имкониятҳои асосии Photoshop кадомҳоанд?
Графикаи векторӣ – Adobe Illustrator-ро гуфта диҳед?
Таҳриргари графикии Corel Draw барои чӣ лозим аст?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.