Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Барномаҳои тайёр намудани презентатсияҳо.

Барномаҳои сохтани презентатсияҳои электронии таълимӣ хеле гуногун мебошанд. Лекин дар байни онҳо барномаи MS Power Point аз ҳама ҳам паҳншудатарин буда, дастраси аксари истифодабарандагон мебошад, ки дар дастаи барномаҳои MS Offise мавҷуд аст ва қариб ҳамаи имкониятҳои барномаҳои сохтани презентатсияи муосирро дорост.Нақшаи назариявии дарс.

Мафҳуми презентатсия ва презентатсияи электронӣ.
Барномаҳои тайёр кардани презентатсияҳои электронӣ. Барномаи PowerPoint.
Талаботҳои асосӣ ба презентатсияҳои электронӣ.
Барномаҳои сохтани презентатсияҳои электронии таълимӣ хеле гуногун мебошанд. Лекин дар байни онҳо барномаи MS Power Point аз ҳама ҳам паҳншудатарин буда, дастраси аксари истифодабарандагон мебошад, ки дар дастаи барномаҳои MS Offise мавҷуд аст ва қариб ҳамаи имкониятҳои барномаҳои сохтани презентатсияи муосирро дорост. Аз дигар тараф ба он маводҳои гуногуни бо дигар барномаҳои тайёркунии ҳуҷҷатҳо сохташударо гузошта, истифода бурдан мумкин аст. Ғайр аз инҳо ҳангоми истифодаи шабакаи компютерии локалии синфхонаи компютерӣ идоракунии масофагии намоиши презентатсияро аз ҷои кории омўзгор иҷро намудан мумкин аст. Аз ин сабаб барои сохтани презентатсияҳои электронии таълимӣ истифодаи ин барнома тавсия карда мешавад.
Презентатсияи электронӣ аз саҳифаҳо иборат аст, ки слайдҳо номида мешавад. Воҳиди асосии презентатсияи электронӣ дар муҳити Power Point ин слайд мебошад. Ҳар як презентатсияи электронии таълимии тайёршуда аз як тараф маҳсули барномавии алоҳида шуданаш лозим аст. Аз дигар тараф бошад ба талаботҳои умумии сохтор, формат, ороиш мувофиқ бошад. Инимкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ аз якчанд презентатсияҳо як презентатсияи калони умумӣ тайёр намоем, ки барои омўзиши як боби фан мувофиқ бошад.
Элементҳои ҳатмии сохтории презентатсия чунин шуданаш лозим аст:

муқова;
слайди сарлавҳагӣ;
мундариҷа;
маводи таълимӣ (матн, схемаҳо, ҷадвалҳо, расмҳо, элементҳои дигари графикӣ);
луғати мафҳумҳо;
системаи маълумотномагӣ оиди кор бо элементҳои идоракунӣ;
системаи назорати донишҳо;
захираҳои информатсионии мувофиқи мавзўъ.
Муқова бояд то ҳадди имкон рангоранги диққат ҷалбкунанда бошад. Онро бо ёрии имкониятҳои графикӣ (ба монанди WordArt) ва интихоби ранги асос (фон) тайёр намудан лозим аст. Ороиши муқова бояд ба беҳтаршавии ҳолати толибилмон ва баланд шудани шавқу рағбати онҳо ба омўзиши мавзўъ мусоидат намояд.
Слайди муқовагӣ инҳоро доштанаш лозим аст:

номи мавзўъ;
маълумот дар бораи муассисаи таълимӣ;
маълумот дар бораи муаллиф;
санаи коркард;
маълумот дар бораи ҷойгиршавии маводи пурраи мавзўъ дар шабакаи компютерӣ, компютери локалӣ ва номи файл.
Мундариҷа элементи муҳими презентатсия мебошад. Аз як тараф вай бояд бақадри имкон мавзўъро пурра дар бар гирад ва аз дигар тараф дар як слайд ҷойгир шавад, яъне ҷои камро банд кунад. Аз ин сабаб тавсия карда мешавад, ки он ба намуди гипермуроҷиат сохта шуда, дусатҳа, яъне аз мавзўъҳо ва зермавзўъҳо иборат бошад. Мундариҷа тасвирҳои мухтасари матнию графикиро доштанаш мумкин аст, ки ба фаҳмидани сохтори маводи таълимӣ, ақидаҳои дар он буда ёрӣ мерасонад. Элементҳои графикии он барои ба хотир нигоҳ доштан кўмак мерасонад.
Маводи таълимӣ дар презентатсияи электронӣ одатан ба намуди мухтасар оварда мешавад. Ин тарзи пешниҳод барои дар бар гирифтани маводи таълимии калон ҳаҷм дар марҳилаи оғози дарс, барои баёни марҳилаҳои хулосабарорӣ ва ҷамъбасткунӣ кўмак мерасонад.
Маводҳои таълимӣ ба намуди матн, расмҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғайра тайёр шуданаш мумкин аст. Дар он элементҳои аниматсия, видеогузориш, порчаҳои овозӣ истифода шуданаш мумкин аст, ки барои пешниҳоди ҳаҷми лозимии информатсия кўмак мерасонанд.
Таъминоти информатсионии презентатсияро ба намуди системаи гиперматн тайёр намудан қулай мебошад, ки порчаҳои матн бо элементҳои графикӣ бо ёрии гипералоқаи махсуси шабака бо ҳамдигар пайваст мешаванд. Бо ёрии гипермуроҷиатҳо дар экран маълумоти иловагӣ ё фаҳмондашавандаро гирифтан мумкин аст, ба як объекти информатсионӣ аз ҷойҳои гуногуни презентатсия муроҷиат намудан мумкин аст. Лекин гипермуроҷиатро барои гузаштан ба дигар слайдҳо истифода набаред, зеро онҳо низ гипермуроҷиатҳои худро доранд ва пай дар паии баёни мавзўъро вайрон мекунанд. Дар навбати худ мундариҷа ва ташкили презентатсияҳои электронӣ толибилмонро ба роҳи пешакӣ муайяншудаи омўзиш равона намояд.
Ҳар як слайди маводҳои таълимиро пешниҳодкунанда одатан инҳоро доштанашон лозим аст:

соҳаи нишон додани ҷойгиршавии саҳифа дар презентатсия;
як ё якчанд ҷойҳои матнӣ. Матн бояд элементҳои на он қадар калони графикӣ дошта бошад (формулаҳо, диаграммаҳо, ҷадвалҳо ва ғайра);
ҷой барои ҷойгиркунии элементҳои идоракунӣ дар саҳифа.
Талаботҳои умумӣ ба воситаҳо, шаклҳо ва тарзи пешниҳоди мундариҷаи маводи таълимии презентатсияҳои электрониро қайд намудан лозим аст:

фишурдагӣ ва кўтоҳии матни баён, то ҳадди баландтарин доштани мазмуни мавзўъ;
муттаҳидшавии элементҳои информатсионӣ дар гурўҳҳо барои нишон додани мазмуни пурраи мавзўъ;
баёни ҳар як ақида дар матн бо абзатси алоҳида нишон додашавад;
ақидаи асосии абзатс бояд дар аввали он (дар сатри аввал) ҷойгир шавад. Ин бо он алоқаманд аст, ки одатан ақидаи дар аввал ва охири абзатс баёншуда дар хотир хубтар нақш мебандад.
пешниҳод дар намуди ҷадвал ба тарзи ихчам ҷойгиршавии маводҳо мусоидат менамояд ва аёнияти намоишро бо нишон додани алоқамандии мафҳумҳои гуногун баланд мебардорад;
дар лоиҳасозии пай дар паигии маводи таълимӣ принсипи марҳилагӣ риоя шуданаш лозим аст: информатсия дар фазо (дар як вақт дар ҷойҳои гуногуни як слайд намоиш додан) ё дар вақт (ҷойгиршавии информатсия дар слайдҳои пай дар пай намоиш шаванда) тақсим карда мешавад;
ҳамаи информатсияи баён шаванда бояд бодиққат аз хатогиҳои орфографӣ, грамматикӣ ва сабкӣ тоза карда шавад;
элементҳои графикӣ бояд ба пурратар ифода кардани матн мусоидат намоянд. Ивазшавии муносибатҳои байни ҳамдигарии элементҳои аёнӣ ва баёнӣ ва миқдори онҳо бо самтнокии маводи таълимӣ муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат аёниятҳои миқдоран зиёд дар албоми алоҳидаи расмҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки ба намуди модули алоҳида тайёр карда шудаанд. Ба элементҳои ин албом бо воситаи гипермуроҷиатҳо ё тугмаҳои махсус аз слайдҳои гуногун муроҷиат намудан мумкин аст.
Луғати мафҳумҳо. Мавҷудияти ин гуна луғат хеле муҳим аст. Албатта, мо метавонем бо ёрии гипермуроҷиатҳо ба мафҳумҳои дар матни маводи таълимӣ буда муроҷиат намоем. Лекин дар матни мавод ғайр аз таърифи мафҳум боз дигар маълумот ҷойгир аст, ки ҳангоми намоиш додан диққати толибилмонро ба дигар самт равона карданашон мумкин аст. Аз ин сабаб хуб мешуд, ки луғати мафҳумҳоро дар слайди алоҳида ҷойгир кунонем ва барои муроҷиаткунӣ тугмаҳои мувофиқ гузорем.
Системаи маълумотномагии кор бо элементҳои идоракунии презентатсия бояд дар слайди алоҳида бо навиштаҷоти ҳамаи тугмаҳои экрании истифодашаванда барои муайян намудани вазифаашон пешниҳод карда шавад. Талаботҳои асосӣба элементҳои идоракунӣ – фаҳмогӣ, дар экран мавҷуд будани ишораҳо (подсказки) дар лаҳзаи зарурӣ ва аз ҳама муҳимаш то ҳадди имкон кам намудани элементҳои идоракунӣ дар ҳар саҳифа (фақат заруриашон).
Элементҳои асосии идоракунӣ инҳоянд:

тугмаҳои гузариш аз мундариҷа ба саршавии мавзӯъҳо;
тугмаҳои гузариш аз як слайд ба дигараш ба пеш ва қафо;
тугмаҳои баргаштан ба мундариҷа;
тугмаҳои даъвати ишораҳо;
тугмаҳои гузариш ба луғати мафҳумҳо;
гипермуроҷиатҳо барои ба экран баровардани аёниятҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо вағайра.
Элементҳои идоракунии презентатсияҳое, ки ишораи матнӣ надоранд, бояд бо ишораҳои дар ҳолати истифодашавӣ пайдошаванда (всплыающие подсказки) таъмин карда шаванд. Системаи маълумотномагии кор бо элементҳои идоракунии презентатсия бояд аз слайди дилхоҳ даъват карда шавад.
Системаи назорати дониш дар муҳити MS Power Point ҳамчун воситаи тестгузаронии фаврӣ (барои санҷиши фаврии азхудкунии маводи лексионӣ) ё ин, ки бо воситаи системаи гипермуроҷиатҳо (барои ташкили худназораткунӣ ҳангоми кор бо презентатсия ҳамчун конспекти мухтасар) ташкил карда шавад.
Дар тестгузаронии фаврӣ пешниҳоди супоришҳои матнӣ дар режими автоматӣ дар вақти маҳдуд (вобаста аз мушкилии саволҳо) шуданаш мумкин аст. Ҷавоби толибилмон дар қоғаз қайд шуданаш мумкин аст (бо нишон додани ному насаб ё бе ном, вобаста аз мақсади тестгузаронӣ), ки омӯзгор пас аз дарс имкони таҳлил пайдо намояд.
Захираҳои информатсионӣ оид ба мавзӯъ пеш аз ҳама номгӯи манбаъҳои информатсия дар намуди коғазӣ ё электронӣ (компакт-диск, Интернет-захира) шуданаш мумкин аст, ки омӯзгор дар раванди тайёркунии презентатсия истифода мебарад. Рӯихати захираҳо манбаъҳои ҳатмӣ ва иловагиро дар бар гирифтанаш мумкин аст, ки толибилмон дар ҳолати омӯзиши мустақилона истифода баранд.
Акнун дар бораи ороиши презентатсияҳо тавсияҳои умумиро дида мебароем. Ороиши (дизайни) презентатсия ба далеловарии мавод, суръати қабули мавод, мондашавӣ ва як қатор дигар нишондодҳои раванди таълим таъсири бевосита дорад. Аз ин сабаб ба ороиши презентатсияҳо диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Ба ин кор муносибати системавии ҳаматарафа хуб фикршуда ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок лозим аст. Ақидае мавҷуд аст, ки маводи аёнӣ ин на фақат як информатсияи ба шакли пешниҳоди ҳиссиётӣ, балки модели информатсионии таҷрибаи муайяни педагогӣ мебошад, ки бояд ба талаботҳои эстетикӣ, эргономикӣ ва ороиш ҷавобгӯ бошад.
Дар ороиши презентатсияҳои педагогӣ дар навбати аввал ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои физиологии дар ки рангҳо ва шаклҳо муҳим мебошад. Ба хусусиятҳои нисбатан муҳим инҳо дохил мешаванд:

рангҳои ҳавас мандкунӣ (гарм) ба барангезиш мусоидат намуда, ҳамчун ангезанда таъсир мерасонанд (бо тартиби камшавии таъсир): сурх, норинҷӣ, зард;
рангҳои акси ҷамъшавӣ (хунук) ором менамоянд, ҳолати хобро ба вуҷуд меоранд (дар ҳамон тартиб): бунафш, кабуд, кабуди осмонӣ, кабуди сабзтоб; сабз;
рангҳои нейтралӣ (миёна): гулобии паст (светло-розовқй), кабуди хокистарӣ, зарди сабзтоб, ҷигарранг;
якҷоякунии ду рангҳо — ранги тасвир ва ранги замина (фон) — ба ҳузуру ҳаловати биноӣ таъсири қатъӣ доранд, алалхусус баъзе аз ҷуфти рангҳона фақат бинишро хаста мекунанд, балки ба ҳаяҷон (стресс) меоранд (масалан, ҳарфҳои сабз дар заминаи сурх);
тартиб додани схемаҳои презентатсияҳо аз интихоби се рангҳои асосии вазифагӣ сар мешаванд, ки барои пешниҳоди матни оддӣ, гипермуроҷиатҳо ва ишораҳои ташрифӣ истифода мешаванд. Схемаи рангӣ бояд дар ҳамаи слайдҳо якхела бошанд. Ин дар толибилмон ҳиссиёти алоқамандӣ, муттасилӣ, услубнокӣ, ҳаловатнокиро ба вуҷуд меорад;
дар интихоби шрифтҳои информатсияи баёнӣ бояд ба ҳисоб гирифта шавад, ки ҳарфҳои калон нисбат ба ҳарфҳои хурд мушкилтар дарк карда мешаванд; нисбати ғафсии шрифт ба баландиаш тахминан ба таносуби 1:5 мувофиқ бошад; таносуби аз ҳамаҳам ба хониш мувофиқи байни андозаи шрифт ба масофаи байни ҳарфҳо чунинанд: аз 1:0,375 то 1:0,75;
чунин якҷояшавии байни рангҳои шрифт ва замина аз ҳама ҳам хубтар мувофиқанд: сафед бо кабуди баланд, лимӯгии зардтоб дар сурхи қирмизӣ (баланд), сиёҳ дар сафед, зард дар кабуд;
фазои сафед яке аз воситаҳои пурзӯртарини намоиши пурмаъноӣ буда, ҳарфчинии гарнитурааш кам — аломати доштани услуби муайян мебошад;
ҳар як расми заминагӣ (фоновый) хасташавии чашмони толибилмонро афзун намуда самаранокии қабули маводи таълимиро паст менамояд;
замина элементи плани қафо (дуюм) мебошад ва бояд информатсияи дар слайд бударо ҷудо намояд, ба назар намоёнтар намояд, таъкид намояд, аммо рӯйпӯш нанамояд;
мулҳти пликатсия ба тасаввуроти норавшани (подсознание) шахс таъсири калон мерасонад. Таъсири он нисбат ба таъсири видеои оддӣ пурзӯртар мебошад. Расмҳои возеҳ, равшан ва тез ивазшаванда ба осонӣ ба тасаввуроти норавшан нақш мебанданд. Илова бар ин ин таъсир чӣқадар кӯтоҳтар бошад, ҳамон қадар хубтар нақш мебандад;
ҳар як объекти ҳаракатнок (аниматсия) сатҳи қабули маводро паст менамояд, таъсири сахти ба дигар тараф кашандаи диққатро дорад, ҷараёни инкишофи диққатро вайрон менамояд;
ба тариқи иловаи заминагии садогӣ истифодаи суруду мусиқӣ ба тез хасташавии толибилмон, вайроншавии диққат ва паст шудани маҳсулнокии омӯзиш сабаб мегардад.
Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои нишон додашуда иороиш ба самаранокии аз худ намудани информатсияи пешниҳодшаванда таъсири калон мерасонад.
Ҳамин тавр, тавсияҳои методии асосии тайёр намудани презентатсияҳои электронии таълимӣ аз истифодаи элементҳои ҳатмии сохтории презентатсияҳо, элементҳои идоракунӣ ва риоя намудани хусусиятҳои хоси ороиши слайдҳо иборат аст.

Дидан карданд: 1644

Мавзӯъҳои нав:

Банакшагири
Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон
Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира
Ба намудҳои шиновари дохил мешавад
Намудҳои туризми экологӣ
Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Бехруз behruz.khidirov@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2016-04-18

Оли бехтарин

Каментарй дохил кард: zai_shod@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2016-05-05

i want to download


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.