Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


ТАРЗҲОИ ПЕШНИҲОДИ ИНФОРМАТСИЯ БА КОМПЮТЕР.

Ҳамаи намуди информатсияи ба компютер пешниҳодшаванда ба информатсияи ададӣ табдил дода мешавад, ки аз ададҳои оддии истифодашавандаамон фарқ мекунанд. Аз ин сабаб дар навбати аввал системаи ҳисобро дида мебароем.МАҚСАДИ ДАРС: Ташаккул додани донишу малакаи
донишҷўён оид ба системаҳои ҳисоб ва воҳидҳои ченкунии информатсия.
НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Системаҳои ҳисоб.
Системаҳои ҳисоби позитсионӣ ва ғайри позитсионӣ.
Ҷадвалҳои системаи ҳисоб.
Воҳидҳои ченкунии информатсия.
Намудҳои информатсияи дар хотираи КФ нигоҳ дошташаванда.
Системаи Unicode (Юникод)
1.Системаҳои ҳисоб.
Ҳамаи намуди информатсияи ба компютер пешниҳодшаванда ба информатсияи ададӣ табдил дода мешавад, ки аз ададҳои оддии истифодашавандаамон фарқ мекунанд. Аз ин сабаб дар навбати аввал системаи ҳисобро дида мебароем.
Системаи ҳисоб – ин тарзи навишти ададҳо ва ҳисобкунии бо он алоқаманд мебошад. Системаҳои ҳисоб позитсионӣ ва иероглифӣ (ғайрипозитсионӣ) мешавад.
2.Системаҳои ҳисоби позитсионӣ ва ѓайрипозитсионӣ.
Системаи ҳисоби позитсионӣ ин бо ягон асоси ададӣ ба дараҷаҳо паҳн намудани адад мебошад, ки тартиби ҷойгиршавии рақамҳо дар адад нишондиҳандаи дараҷаи аъзоҳои паҳншавиро ифода мекунанд. Яъне қимати ҳар як рақами адад аз мавқеи ҷойгиршавиашон вобаста аст. Масалан дар адади 123 рақами 1 як садӣ, рақами 2 ду даҳӣ ва рақами 3 се воҳидро ифода мекунанд:
12310 = 1*100 + 2*10 + 3*1 = 1*102 + 2*101 + 1*100.

Системаи ҳисоби ғайрипозитсионӣ. Дар системаи ҳисоби ѓайрипозитсионӣ қимати рақамҳо аз мавқеи ҷойгиршавиашон вобаста намебошад. Ба чунин системаи ҳисоб ададҳои римӣ дохил мешаванд. Масалан дар адади римии ХХХ рақами якум, дуюм ва сеюм байни ҳамдигар баробар буда, қимати 10-ро ифода мекунанд:
ХХХ = 10 + 10 + 10 = 30.
Инсоният барои ҳисобкунӣ асосан системаи даҳиро истифода мебарад, ки дар он даҳ рақам аз 0 то 9 мавҷуд аст. Эҳтимол ин одат аз он сабаб бошад, ки мо дар ду дастҳоямон 10 панҷа дорем ва бо онҳо шуморидан қулай аст. Ҳамин тавр, агар лозим шавад, мо метавонем бо дигар системаҳои ҳисоб ба монанди дуӣ, сеӣ, чорӣ, панҷӣ, ҳаштӣ ва ҳоказо кор кунем. Ҳар яки онҳо ба худ мувофиқ миқдори рақамҳоро (алфавити рақамҳоро) доранд, ки аз ҷадвали 1 дидан мумкин аст.

3.Ҷадвалҳои системаи ҳисоб
Ҷадвали 1.
Системаи ҳисоб

Системаи ҳисоб

Асос

Алфавити рақамҳо

Позитсионӣ

Даҳӣ

10

0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9

Дуӣ

2

0, 1

Ҳаштӣ

8

0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7

шонздаҳӣ

16

0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, А, B, C, D, E, F

Ғайрипозитсионӣ

Римӣ

I(1), V(5), X(10), L(50), C(100),
D(500), M(1000)

Қоидаи навишт дар системаи ҳисоби дилхоҳ маълум аст – 1-ро ҷамъ намуда, натиҷаашро ба намуди рақами навбатӣ менависем, то он ҳолате, ки дар система миқдори рақам тамом нашавад, он гоҳ 0-ро навишта дар пешаш 1-ро мегузорем ва ҳоказо (Ҷадвали 2).
Адади дилхоҳи даҳиро дида мебароем, масалан 327 дар дигар системаҳои ҳисоб чунин мешавад:
(327)10 = 3*102 + 2*101 +7*100,
(327)10 = 5*82 + 0*81 + 7*80 = (507)8,
(327)10 = 1*28 + 0*27 + 1*26 + 0*25 + 0*24 + 0*23 + 1*22 + 1*21 + 1*20 = (101000111)2.
Ҳангоми дар системаи даҳӣ навиштани адад мо онро бо асоси 10 ба аъзоҳои дараҷанок ҷудо мекунем, дар системаи ҳаштӣ бо асоси ҳашт, дар системаи дуӣ бо асоси ду ва ѓайра. Дар систе­маи дуӣ мавқеи охирин аз чап – миқдор дар паҳнкунии 20, дуюм аз чап – миқдор дар паҳнкунии 21 ва ҳоказо.
Дар мисоли овардашуда рақамҳои адад бо разрядашон навишта мешаванд: адади даҳии 327 аз 3 разряд, аммо адади дуии 101000111 – аз 9 разряд иборат аст.
Афзалияти истифодаи 2 ҳамчун асоси система бешубҳа маълум аст – барои навишти адади дилхоҳ ҳамагӣ ду рақам кифоя аст. Ду адад – ду ҳолат. Одам даҳ панҷа дорад ва барои ҳисоб дар системаи даҳӣ қулай аст, аммо дар компютер сигнали электрикӣ агар бошад, он гоҳ – 1, ё ки агар набошад, он гоҳ – 0. Ана барои чӣ системаи дуӣ дар компютер истифода мешавад.
Дар ҷадвали 2 барои муқоиса аввалин 18 ададҳо дар системаҳои ҳисоби гуногун оварда шудааст.
Ҷадвали 2
Ҷадвали мувофиқатӣ байни ададҳои системаҳои ҳисоби гуногун

даҳӣ

дуӣ

ҳаштӣ

шонздаҳӣ

0

0

0

0

1

1

1

1

2

10

2

2

3

11

3

3

4

100

4

4

5

101

5

5

6

110

6

6

7

111

7

7

8

1000

10

8

9

1001

11

9

10

1010

12

A

11

1011

13

B

12

1100

14

C

13

1101

15

D

14

1110

16

E

15

1111

17

F

16

10000

20

10

17

10001

21

11

18

10010

22

12

Воҳидҳои ченкунии информатсия.
Бит ин воҳиди хурдтарини ченкунии миқдори информатсия мебошад. Як символи дуӣ – ин бит аст. Бо як бит ду намуд символ коднок мешавад, ки ду бузургиро нишон диҳад: воҳид (1) ё ки сифр (0), доимиҳои мантиқии Ҳа ё Не, Ҳақ ё Дурўғ. Дар компютер як бит ин ячейкаи хотира ё як сигнали шиддаташ ба 0 ё 3 В баробар мебошад. Агар миқдори битҳо дуто шаванд, он гоҳ чор ҳолатро нишон додан мумкин аст: 00, 01, 10, 11.
Байт ин воҳиди камтарини ба хотираи компютер бо суроға муроҷиатшаванда мебошад, ки аз 8 бит иборат аст. Бо як байт 28 = 256 символҳо коднок карда мешаванд.

00000000
00000001
00000010
***
256) 11111111
16 бит – ин калима дар хотираи компютер, бо он 216 символҳо, 32 бит – ин ду калима, бо он 232 символҳо, 64 бит – ин чор калима, бо он 264 символҳо коднок мешаванд.
Барои ченкунии миқдори информатсия аз воҳидҳои ҳосилавии дигар низ истифода мебаранд:
Килобайт (1 Кбайт, Кб) – 210 = 1024 байт.
Мегабайт (1 Мбайт, Мб) – 210 Кбайт = 1024 Кб = 1048576 байт.
Гигабайт (1 Гбайт, Гб) – 210 Мбайт = 1024 Мб = 1073741824 байт.
Терабайт (1 Тбайт, Тб) – 210 Гбайт = 1024 Гб = 1099511627776 байт.

5.Намудҳои информатсияи дар хотираи КФ нигоҳдошташаванда
Ададҳои бутун. Ададҳои ҳақиқӣ. Маълумоти символӣ. Информатсияи графикӣ
Дар компютерҳои наслҳои 2, 3 ва 4 системаҳои рамзии гуногун ба монанди ASCII, КОИ – 8 истифода мебурданд, ки барои нигоҳ доштани як символ як як байт хотираи компютер банд мешуд. Дар замони ҳозира бисёртар системаи Unicode (Юникод)-ро истифода мебаранд, ки имконияти нигоҳдории символҳои алфавитҳои миллии мамлакатҳои гуногунро дорад. 8 бит барои худи символ ва 8 бит – информатсия оиди ҳуруфчинии символ. Бо инкишофи базаи элементии компютер масъалаи иқтисодии хотира он қадар муҳим намегардад ва аз ин сабаб системаи Юникод торафт оммавӣ шуда истодааст.
Ҳангоми дохил намудани информатсия ягон клавишро пахш кунед, барномаи махсус рақами клавиши пахшшударо мефиристад, барнома ҷадвали кодиро дида баромада, коди символи клавишро меёбад. Баъд барнома коди символро ба видеокарта медиҳад, ки он тасвири символро бо нуқтаҳо ба экрани монитор мебарорад.
Информатсияи графикӣ ба намуди қартаи битӣ, яъне маҷмўаи нуқтаҳо нигоҳ дошта мешавад, ки пиксел номида мешавад. Ба ҳар як нуқта дар ин вақт як байт мувофиқ меояд. Тобишҳои ранг бо ёрии палитра дода мешавад. Информатсияи графикӣ ба ғайр аз ин ба намуди векторӣ ва нигоҳдории образҳои графикӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар намуди векторӣ тасвирро барнома бо ёрии формулаҳои математикӣ ҳисоб намуда, бо порчаҳои хат месозад.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Информатсия ба компютер ба кадом намуд пешниҳод мегардад?
Системаҳои ҳисоб чист?
Системаҳои ҳисоби позитсионӣ чист?
Системаҳои ҳисоби ғайрипозитсионӣ чист?
Асоси системаи ҳисоби дуӣ чанд аст ва чанд рақам барои навишти ададҳо истифода мешавад?
Асоси системаи ҳисоби ҳаштӣ чанд аст ва чанд рақам барои навишти ададҳо истифода мешавад?
Асоси системаи ҳисоби даҳӣ чанд аст ва чанд рақам барои навишти ададҳо истифода мешавад?
Асоси системаи ҳисоби шонздаҳӣ чанд аст ва чанд рақам барои навишти ададҳо истифода мешавад?
Воҳидҳои асосии ченкунии информатсияро фаҳмонед.
Воҳидҳои ҳосилавии ченкунии информатсияро фаҳмонед.
Хурдтарин воҳиди ченкунии миқдори информатсия кадом аст?
Хурдтарин воҳиди ченкунии миқдори информатсияи бо суроѓа муроҷиатшаванда кадом аст?
Намудҳои информатсияи дар хотираи КФ нигоҳ дошташавандаро номбар кунед.
Системаи Unicode (Юникод)-ро фаҳмонед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.