Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


АСОСҲОИ АРИФМЕТИКИИ МЭҲ.

Ҳама намуди информатсия ба намуди коди дуӣ ба компютер пешниҳод карда мешавад. Ададҳои системаи даҳиро одамон дар ҳаёти ҳаррўзаамон истифода мебаранд.НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Системаҳои ҳисоби дуӣ, ҳаштӣ, даҳӣ ва шонздаҳӣ.
Методҳои (усулҳои) гузариш аз аз як системаи ҳисоб ба системаи ҳисоби дигар.
Методҳои зарб, тақсим, паҳнкунӣ ба қатори дараҷагӣ, сегона, чоргона.
Аз мавзўи гузашта маълум шуд, ки принсипи кори компютер ба системаи ҳисоби дуӣ асос карда шудааст. Ҳама намуди информатсия ба намуди коди дуӣ ба компютер пешниҳод карда мешавад. Ададҳои системаи даҳиро одамон дар ҳаёти ҳаррўзаамон истифода мебаранд. Ададҳои системаҳои ҳаштӣ ва шонздаҳиро дар технологияи информатсионӣ барои хурд (архив) кардани ҳаҷми информатсияи нигоҳдошташаванда ва фиристодашаванда истифода мебаранд.
Барои гузаштан аз як системаи ҳисоб ба дигараш аз 5 намуд методҳо истифода мебаранд:
1. Методи тақсимкунӣ ба асоси система барои қисми бутуни адади даҳиро ба дигар системаи ҳисоб гузаронидан истифода мешавад. Адади тақсимшавандаро ба асоси системаи гузаронанда тақсим намуда, натиҷа ва бақияашро муайян мекунем, баъд натиҷаашро боз ба асоси система тақсим намуда бақия ва натиҷаи навбатиро муайян мекунем ва ҳамин тавр то аз асоси система хурдтар шудани натиҷа тақсимкуниро давом медиҳем. Бақияҳоро ба тартиби баръакси ҷойгириашон навишта, адади системаи навро пайдо мекунем. Масалан адади 67 ба дигар системаҳо чунин гузаронида мешавад:

2. Методи зарб ба асоси система барои қисми касрии адади даҳиро ба дигар системаи ҳисоб гузаронидан истифода мешавад. Адади касрии даҳиро ба намуди касри даҳӣ навишта, ба асоси системаи гузаронанда зарб мекунем. Натиҷаашро аз нав ба асоси система зарб мекунем. Агар натиҷа аз як калон шавад, он гоҳ қисми бутунашро ҳамчун натиҷа ба ҳисоб гирифта, баъд ба сифр баробар намуда, қисми касриашро аз нав ба асоси система зарб мекунем. Ҳамин тавр камаш 5-6 маротиба зарб намуда, қисми бутуни натиҷаҳои зарбкуниро бо тартибаш навишта, ададро дар системаи нав менависем. Масалан:

3. Методи паҳнкунӣ ба қатори дараҷагӣ барои ададҳои дигар системаи ҳисобро ба системаи даҳӣ гузаронидан истифода бурда мешавад. Ададро ба қатори дараҷагӣ паҳн намуда, ҳар як аъзои қаторро бо дараҷаи мувофиқаш ҳисоб намуда, байни ҳамдигар ҷамъ мекунем ва адади даҳии ба он мувофиқро меёбем. Масалан:

Методи сегона (триада) барои аз системаи ҳисоби дуӣ баҳаштӣ ва баръакс гузаронидани ададҳо истифода мешавад. Барои адади дуиро ба системаи ҳаштӣ гузаронидан аз ҷои вергули ҷудокунандаи қисмҳои бутун ва касрӣ сар карда аввал ба тарафи чап ва баъд ба тарафи рост рақамҳоро сетогӣ ҷудо намуда, аз ҷадвали 2 рақами мувофиқи ҳаштиро муайян карда ба ҷояш мегузорем.
Масалан:
Барои адади ҳаштиро ба системаи дуӣ гузаронидан ба ҳар як рақами он сетогӣ рақами адади дуиро муайян карда, ба ҷояш мегузорем. Масалан:
5. Методи чоргона (тетрад) барои аз системаи ҳисоби дуӣ ба шонздаҳӣ гузаронидан ва баръакс истифода мешавад. Барои адади дуиро ба системаи шонздаҳӣ гузаронидан аз ҷои вергули ҷудокунандаи қисмҳои бутун ва касрӣ сар карда аввал ба тарафи чап ва баъд ба тарафи рост рақамҳоро чортогӣ ҷудо намуда, аз ҷадвали 2 рақами мувофиқи шонздаҳиро муайян карда ба ҷояш мегузорем. Масалан:

Барои адади шонздаҳиро ба системаи дуӣ гузаронидан ба ҳар як рақами он чортогӣ рақами адади дуиро муайян карда, ба ҷояш мегузорем. Масалан:

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Ададҳои системаи дуиро бо чӣ мақсад истифода мебаранд?
Ададҳои системаи даҳиро бо чӣ мақсад истифода мебаранд?
Ададҳои системаи ҳаштӣ ва шонздаҳиро бо чӣ мақсад истифода мебаранд?
Чанд намуди методҳои гузариш аз як система ба дигар система вуҷуд дорад?
Методи тақсимкунӣ ба асоси системаро фаҳмонед?
Методи зарбкунӣ ба асоси системаро фаҳмонед?
Методи паҳнкунӣ ба қатори дараҷагӣ бо асоси системаро фаҳмонед?
Методи сегонаро фаҳмонед?
Методи чоргонаро фаҳмонед?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.