Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


ШАБАКАИ КОМПЮТЕРӢ. СИСТЕМАҲОИ ҶУСТУҶЎӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА ТАТБИҚИ ОН.

Шабакаи компютерӣ инпайвастшавии ду ё якчанд компютерҳо бо мақсади самаранок истифода бурдани имкониятҳо ва захираҳояшон мебошад. Шабакаи компютерӣ имкон медиҳад, ки чунин воситаҳои иловагӣ ба монанди принтер, сканер, плоттер, стример ва дигарон коллективона истифода шаванд.Санаи дохилгардида: 2015-10-06

МАҚСАДИ ДАРС: шинос шудан бо шабакаҳо ва намудҳои он.
НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Шабакаи компютерӣ.
Системаҳои ҷустуҷўии Интернет.
Моҳияти мошинҳои ҷустуҷўии Интернет.
Каталогҳо ва мошинҳои ҷустуҷўӣ.
Системаи ҷустуҷўии Яndex.
Почтаи электронӣ.
Шабакаи компютерӣ.
Шабакаи компютерӣ инпайвастшавии ду ё якчанд компютерҳо бо мақсади самаранок истифода бурдани имкониятҳо ва захираҳояшон мебошад. Шабакаи компютерӣ имкон медиҳад, ки чунин воситаҳои иловагӣ ба монанди принтер, сканер, плоттер, стример ва дигарон коллективона истифода шаванд. Инчунин таъминоти информатсионӣ ё барномавии умумӣ имкон медиҳанд, ки хотираи компютерҳо сарфа карда шаванд. Шабакаи компютерӣ – воситаи пуриқтидори мубодилаи информатсияи байни компютерҳо мебошад. Дар амалия вобаста аз ҳаҷми информатсияи барои ҳалли масъалаҳо зарурӣ аз шабакаҳои компютерии локалӣ, корпоративӣ (минтақавӣ) ва глобалӣ истифода мебаранд. Шабакаҳои локалӣ одатан барои ташкил намудани алоқаи байни компютерҳои як ҳуҷра, бино, ё якчанд бинои корхона хизмат менамоянд. Агар компютерҳои якчанд корхонаҳои ягон маҳал бо ҳамдигар алоқаманд шаванд, он гоҳ мегўянд, ки онҳо дар шабакаи корпоративӣ пайвастанд. Шабакаи глобалӣ алоқаи компютерҳои тамоми кураи Замин мебошад. Ба он Интернет, Интранет, Фидонет ва дигар шабакаҳо дохил мешаванд. Дар байни онҳо шабакаи глобалии аввалин ва паҳншудатарин Интернет мебошад, ки он бо истифодаи бепул бо тезӣ паҳн шудааст. Телекоммуникатсия аз калимаҳои теле – масофа ва коммуникатсия – мубодилаи информатсия гирифта шуда, мубодилаи информатсиониро дар масофаҳои гуногун бо воситаҳои ноқилӣ ва беноқил таъмин менамояд.
Системаҳои ҷустуҷўи Интернет.
Моҳияти мошинҳои ҷустуҷўи Интернет.
Ҳар як истифодабарандаи компютер, ки каму беш дар шабакаи Интернет кор кардааст, оиди мошинҳои ҷустуҷўии Интернет тасаввурот ҳосил менамояд. Барои нафароне, ки ҳоло имкониятҳои шабакаи глобалии Интернетро истифода накардаанд, қайд менамоем, ки мошинҳои ҷустуҷўӣ яке аз воситаҳои барномавии хеле паҳншудаи Интернет мебошанд. Тавассути мошинҳои мазкур ҷустуҷўи маълумоти зарурӣ дар олами Web-саҳифаҳои шабакаи глобалӣ хеле қулай ва осон мегардад. Қайд менамоем, ки ҷараёни кор дар Интернет, хусусан саёҳат аз як саҳифа ба саҳифаи дигар хеле машғулияти диққатҷалбкунанда аст.

Каталогҳо ва мошинҳои ҷустуҷўӣ.
Маълум аст, ки дар Интернет қариб тамоми намуди маълумотҳо мавҷуд мебошанд. Интернет ба китобхонаи калон монанд мебошад, ки дар рафҳои он Web-саҳифаҳои зиёд бе тартиби аниқ ҷойгир карда шудаанд. Пас, саволе пайдо мешавад, ки – кадом маълумот дар куҷо ҷойгир шудааст? Барои ҷавоб гирифтан ба саволи мазкур тасаввур намудани кори китобхонаи ҳақиқӣ кифоя мебошад. Чӣ тавре, ки маълум аст, барои аз китобхона дарёфт намудани китоби мушаххас, ба каталоги (рўйхати) китобҳо муроҷиат мекунанд. Ба монанди ин, дар Интернет захираҳои махсуси иттилоотӣ мавҷуданд, ки ба мисли каталогҳои китобхона руйхати таснифии маълумотҳои Интернетро тартиб медиҳанд. Чунин руйхатҳо каталогҳои захираҳои Интернет ва Мошинҳои ҷустуҷўӣ мебошанд.
Бо баробари он, байни ду воситаҳои номбаршуда фарқияти калон мавҷуд аст. Каталогҳо, чи тавре, ки аз номи онҳо бармеояд, ин маҷмўи калимаҳо‑ишораҳои асосии аз рўи мавзўъ батартибовардашуда мебошанд, ки ба саҳифаҳои электронии сершумори Интернет ишора мекунанд. Чунин ишораҳо одатан, аз тарафи мутахассисони хадамотҳои техникии гуногун тартиб дода мешаванд, ки мустақилона ё бо хоҳиши соҳибони Web-саҳифаҳо рўйхати ишораҳои аз тарафи мошинҳои ҷустуҷўӣ истифодашавандаи Интернет-каталогҳоро пурра менамоянд.
Дар фарқият аз каталог, мошинҳои ҷустуҷўӣ аз одам вобаста намебошанд. Мошинҳои ҷустуҷўӣ (ё ҷуяндаҳо) се ҷузъи асосиро дар бар мегиранд.

Барнома-робот, ки шабака ё қисми онро дар ҷустуҷўи саҳифаҳои нав ва бо мақсади санҷиши мавҷудияти захираҳои қаблан дарёфтшуда, бефосила дида мебарояд.
Базаи қиматҳо (ё индекс), ки дар онҳо маълумот оиди захираҳои дарёфтшудаи Интернет нигоҳ дошта мешаванд.
Худи системаи ҷустуҷўӣ. Маҳз барномаи ҷустуҷўӣ бо назардошти дархости истифодабаранда амалиёти ҷустуҷўиро аз рўи индекс амалӣ мегардонад.
Ҷўяндаҳои Рунет. Таърихи Rambler.
Соли 1989 гурўҳи барномасозони ширкати Демос (дар собиқ ИҶШС) ба татбиқи дастовардҳои шабакавии ҷаҳонӣ шурўъ намуда, аввалин алоқаҳои телефонии шабакавиро ташкил мекунанд.
Соли 1990 ҷамъияти махсуси SovietUnixUsersGroup ташкил карда мешавад. Аз ҳамин вақт алоқаи шабакавӣ бо тамоми нуқтаҳои ҷаҳон мунтазам оғоз меёбад. Тахминан ҳамин солҳо бақайдгирии домени .SU низ оғоз меёбад. 19 сентябри ҳамин сол домени .SU ба таври расмӣ қайд мешавад.
Соли 1991 алоқаи почтаи электронӣ тараққӣ меёбад. Суръати мубодилаи маълумот аввал ба 9.600 баъдан ба 19.200 бит/сон. расонида мешавад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ моҳи августи ҳамин сол ширкати Релком дорои 3000 мизоҷ мегардад. Моҳи сентябр рамзи тиҷоратии Релком ба қайд гирифта мешавад.
Таснифи ҷўяндаҳои Рунет -ро (http://www.rambler.ru) оғоз намуда, ки яке аз аввалин ҷўяндаҳои Рунет мебошад. Масалан, мутахассисони Россия тасдиқ менамоянд, ки то 90% истифодабарандагони русзабон моҳе ақаллан як маротиба аз имкониятҳои Рунет истифода мебаранд.
Равзанаи асосии системаи ҷустуҷўии Rambler
Қайд менамоем, ки Rambler ғайр аз ҷустуҷўи оддии маълумотҳои дархостшуда инчунин, дорои воситаи ҷустуҷўии васеъ мебошад (Расширенный поиск – http://www.rambler.ru/doc/advanced.shtml).

Системаи ҷустуҷўи Яndex .
Дигар системаи ҷустуҷўии машҳур Rambler – Яndex (http://www.yandex.ru) мебошад. Афзалияти асосии он дар забони табиии тартиб додани дархостҳо мебошад. Албатта, дар ин ҳолат набояд фаромўш намуд, ки амалиётҳои ҷустуҷўиро мошин иҷро менамояд ва хатогиҳои мантиқӣ имконпазир мебошанд.

Равзанаи асосии системаи ҷустуҷўии Яndex
ғайр аз имкониятҳои муқаррарии ҷустуҷўӣ, Яndex имконияти ҷустуҷўии васеи маълумотҳоро (http://www.yandex.ru/advanced.html) дастгирӣ менамояд. Реҷими мазкур имконияти ба таври аниқ муайян намудани хусусиятҳои дархостро таъмин намуда, умуман ба ҷустуҷўи васеи системаи Rambler монанд аст. Имконияти дар ҳудуди як саҳифа дарёфт намудани калимаи лозимӣ илова шудааст. Инчунин, имконияти аз фазои ҷустуҷўӣ хориҷ намудани саҳифаи алоҳида низ мавҷуд аст.

Системаи ҷустуҷўи Апорт.
Системаи ҷустуҷўии Апорт http://aport.ru/ боз як ҷўяндаи машҳури русзабон мебошад. Хусусияти Апорт – имконияти истифодабарии on-line тарҷумаи англисӣ-русӣ ва русӣ-англисии дархостҳо мебошад. Истифодабарандагон метавонанд забони манбаи маълумоти дархостшавандаро надониста, онро ҷустуҷў намоянд. Бо баробари он, қайд менамоем, ки воситаҳои тарҷуманамоӣ ҳоло на он қадар мукаммал мебошанд ва ҳангоми ҳосил намудани натиҷаҳои ҷустуҷў саҳеҳии онҳоро санҷидан лозим аст. Одатан, барои дархостҳои содда натиҷаҳои саҳеҳ дарёфт карда мешаванд.

Почтаи электронӣ.
Почтаи электронӣ – яке аз имкониятҳои қадимаи Интернет мебошад. Дар ибтидо, аксарияти шабакаҳо, танҳо чунин имкониятро пешниҳод менамуданд. Тавассути почтаи электронӣ қариб тамоми намуди маълумотҳоро ирсол намудан мумкин аст. Ба матни навишташуда файли андозааш кифоя калонро низ ҳамроҳ намудан мумкин аст. Масалан, агар шумо ба рафиқатон мактуб навиштанӣ бошед, ба он расми худ ё иттилооти овозиро ҳамроҳ намуда метавонед.
Истифодабарандагони ботаҷриба одатан, якчанд суроғаҳои почта доранд – яке барои кор, дуюмин барои мактубҳои шахсӣ ва ғ. Қуттиҳои бемаблағи почта инчунин, барои нигоҳ доштани сирри истифодабаранда низ истифода шуда метавонанд ва масалан, аз рўи суроғаи почта муайян намудани шахсияти истифодабаранда номумкин мешавад.
Як қатор чунин саҳифаҳоро номбар намудан мумкин аст, ки имконияти бе маблағ кушодани қуттии почтаро медиҳанд:

Mail.ru
Narod.ru
Newmail.ru
Rambler. ru
Yandex. ru ва ғ.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Таърихи пайдоиши Интернет кай ба вуқўъ омадааст?
Шабакаи компютерӣ чист?
Кадом намуди шабакаҳо маъмул гаштаанд?
Системаҳои ҷустуҷўи Интернет чӣ гуна аст?
Моҳияти мошинҳои ҷустуҷўи Интернет дар чист?
Каталогҳо аз мошинҳои ҷустуҷўӣ бо чӣ фарқ дорад?
Таърихи Rambler-ро шарҳ диҳед?
Системаи ҷустуҷўи Яndex аз системаи ҷустуҷўи Апорт чӣ фарқият дорад?
Почтаи электронӣ чист?
Почтаи электрониро чӣ тавр кушодан мумкин аст?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.