Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ПРИНСИПИ КОРИ КОМПЮТЕР ВА СОХТОРИ ОН.

Соли 1945 математики маъруф Ҷон фон Нейман дар маърўзаи худ навишта буд, ки барои самаранок ва универсалӣ шудани компютер он чӣ гуна сохт дошта бошад.МАҚСАДИ ДАРС: Ташаккул додани донишу малакаи донишҷўён оид ба қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Принсипҳои Ҷон Фон Нейман.
Намудҳои хотираҳо.
Қисмҳои асосии компютер.
Микропротсессорҳо ва хотираи фаврӣ.
Компютерҳои фардӣ: конфигуратсияи минималӣ; воситаҳои иловагӣ; сохтор; характеристикаҳои асосӣ.
Соли 1945 математики маъруф Ҷон фон Нейман дар маърўзаи худ навишта буд, ки барои самаранок ва универсалӣ шудани компютер он чӣ гуна сохт дошта бошад.
Пеш аз ҳама компютер бояд чунин қисмҳоро дошта бошад:

Қисми арифметикӣ-мантиқӣ (ҚАМ), ки амалҳои арифметикӣ (ҳисобкунӣ) ва мантиқӣ (муқоисакунии бузургиҳоро) иҷро мекунад.
Қисми идоракунӣ (ҚИ), ки раванди иҷроиши барномаҳоро ташкил мекунад.
Хотираи фаврӣ (ХФ), ё ки хотира барои нигоҳ доштани барнома ва маълумот.
Воситаҳои беруна (ВБ) барои воридот ва содироти информатсия.
Хотираи компютер бояд аз миқдори муайяни ячейкаҳои рақами тартибӣ дошта иборат бошад, ки дар ҳар яки онҳо маълумоти коркардшаванда ё ки дастури барномаҳо нигоҳ дошта шавад. Ҳамаи ячейкаҳо бояд барои қисмҳои дигари компютер якхела ба осонӣ дастрас бошанд.
Схемаи Ҷон фон Нейман (расми 1) алоқаи байни қисмҳои компютерро инъикос менамояд: порчаҳои самтдори бо хати яклухт кашидашуда алоқаҳои идоракунӣ; бо хати пунктир кашидашуда алоқаи информатсионӣ.
Хотираи компютер барои сабт, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот кор фармуда мешавад. Хотира 2 намуд дорад:

Хотираи фаврӣ;
Хотираи доимӣ.
Дар хотираи фаврӣ барномаҳои корӣ ва хизматӣ, маълумоти ибтидоӣ, инчунин натиҷаҳои мобайнӣ ва интиҳоӣ яъне маълумотҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои мушаххас кор фармуда мешаванд, нигоҳ дошта мешаванд. Хотираи фаврӣ маълумотҳоро тезтар, вале хотираи доимӣ суст кор карда мебарорад. Ба хотираи доимӣ чунин қисмҳо ба монанди лентаҳои магнитӣ, дискҳо мансубанд. Дар ҳақиқат ҳам дискҳо ё лентаҳои магнитиро аз техника ҷудо кардан мумкин аст. Лекин хотираи фавриро аз компютер ҷудо кардан мумкин, нест, вай қисми ҷудонашавандаи компютерро ташкил медиҳад.
Хотираи фаврӣ

Хотираи доимӣ

Қисми арифметикӣ ва мантиқӣ

Қисми идоракунӣ

ПРОТСЕССОР

Қисми барориш

Қисми дохилкунӣ

Расми 2. Қисмҳои асосии компютер

Компютерҳои фардии рўимизӣ аз чунин қисмҳои асосӣ иборат аст: блоки системавӣ, монитор, клавиатура ва муш.
Блоки системавӣ – қисми асосии компютер буда, дар дохили он ҷузъҳои нисбатан зарур ҷойгир шудаанд: платаи модарӣ, винчестер (диски сахти магнитӣ), ҷузъи таъминкунанда бо ҷараёни барқ (блок питания), муҳаррики компакт-дискҳо. Шакли қуттии блоки системавӣ уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ) мешаванд. Шаклҳои онро аз рўи андозаҳояш фарқ мекунанд: хурд (minitower), миёна (miditower) ва калон (bigtower).
Дар платаи модарӣ микропротсессор, хотираи асосӣ, адаптерҳо (портҳо), видеокарта, картаи овоз ва ғайра ҷойгиранд.
Монитор – барои ба экран баровардани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мекунад;
Клавиатура – барои дохилкунии фармонҳо ва информатсия хизмат мекунад;
Монитор – яке аз қисмҳои хеле муҳими компютер ба шумор рафта, барои ба экран баровардани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад. Раванди ба хотираи компютер дохилкунии информатсия низ бо ёрии монитор назорат карда мешавад. Мониторро дисплей (display – намоиш) ҳам мегўянд.
Монитор ба телевизор хеле монанд аст. Мониторҳо тасвирҳоро нисбат ба телевизорҳо саҳеҳтар ва дақиқтар намоиш медиҳанд. Монитор аз экран ва видеоплата иборат аст. Видеоплата сигналҳои электрикиро дар экран ба тасвир табдил медиҳад. Андозаи экрани мониторҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Андозаи экранро аз рўи бузургии диагонали монитор муайян месозанд ва бо дюймҳо чен мекунанд. Дюйм – ченаки дарозӣ буда, ба 2,54 смбаробар аст. Мониторҳои компютерҳои фардӣ аз 14 то 24 дюймро ташкил медиҳанд. Барои шахсоне, ки дар назди экран бисёр менишинанд, монитори 17-дюймагӣ монитори хуб ба шумор меравад. Бо принсипи кор мониторҳо намудҳои зиёд доранд ва аз ҳама паҳшудатаринашон кристалли моеъгӣ, сенсорӣ, электронию нурӣ ва плазмавӣ мебошанд.
Сифати тасвири монитор аз миқдори нуқтаҳои он вобаста аст, ки пиксел номида мешавад. Миқдори пикселҳо бо самти уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ) нишон дода мешаванд: 640х480, 800х600, 1024х768, 1280х1024, 1600х768 ва ғайра.
Клавиатура – таҷҳизотест, ки барои дохил кардани информатсия ва идоракунии системаи компютер истифода мешавад. Клавиатураи стандартии муосир зиёда аз 100 тугма (клавиш) дошта, тугмаҳои он ба 4 гурўҳи асосӣ ҷудо мешаванд: 1) Тугмаҳои ҳарфӣ, рақамӣ ва аломатҳои китобатӣ, 2) Тугмаҳои функсионалӣ (вазифагӣ) – F1-Ғ12, 3) Тугмаҳои хидматӣ – Alt, CapsLocr, Enter, Ctrl ва ғайраҳо, 4) Тугмаҳои рақамие, ки дар тарафи рост мавҷуданд. Ба ғайр аз ин боз як гурўҳи дигари тугмаҳо вуҷуд доранд, ки онро тугмаҳои идоракунии курсор меноманд. Ба монанди
Муш (Муш – Мouse) – манипуляторест, ки кори компютерҳоро осон мегардонад. Вай барои ба таври фаврӣ дохил намудани фармонҳо
ва идоракунии барномаҳо хизмат мекунад.
Муш – чунин таҷҳизотест, ки қариб ҳамаи барномаҳои муосир аз имкониятҳои он ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар баъзе компютерҳо ба ҷои муш баъзе таҷҳизоти дигар – трекбол, панели сенсорӣ, трекпойнт ва ғайра истифода бурда мешаванд, ки онҳо аслан ивазкунандагони вазифаҳои муш ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи ин таҷҳизот дар якчоягӣ механизм-нишондиҳандаҳо ном доранд, чунки ба воситаи онҳо ин ё он элементи экран нишон дода мешавад.
Мушҳои беноқил низ мавҷуданд, ки дар онҳо бо мавҷи радио ё тавассути нури инфрасурх алоқа бо блоки системавӣ амалӣ мегардад.
Микропротсессор – элементи аз ҳама муҳимтарин ва марказии компютер ба шумор меравад. Онро баъзан «майнаи» компютер ҳам мегўянд.
Микропротсессор схемаи электронии начандон калон (ҳамагӣ якчанд сантиметр) буда, ба воситаи он ҳамаи қисмҳои компютер идора, амалҳои арифметикию мантиқӣ иҷро ва информатсия кор карда баромада мешаванд. Микропротсессор метавонад садҳо намуд амалиётро, аз қабили ҷамъу тарҳкунӣ, зарбу тақсимкунӣ, муқоисакунӣ, дохилкунӣ, хориҷкунӣ ва ғайра бо суръати ниҳоят тез – садҳо ва ҳазорҳо миллион амал дар як сония, иҷро намояд.
Хотираи компютер – пас аз микропротсессор элементи дуюми асосӣ ҳисобида мешавад. Вазифаи асосии хотира аз нигоҳ доштани информатсия иборат аст. Компютер якчанд намуди хотираро дорад. Хотираи асосии он, ки ягон компютер бе он кор карда наметавонад, дар шакли микросхема (чип) сохта шудааст. Хотираи асосиро ба хотираҳои фаврӣ ва доимӣ тақсим мекунанд.
Хотираи фаврии компютер – хотираест, ки доимо бевосита бо микропротсессор сару кор дорад. Микропротсессор барномаҳо ва маълумотҳои заруриро аз хотираи фаврӣ гирифта, онҳоро кор карда мебарояд ва натиҷаҳои ҳосилшударо боз ба он равон месозад. Унвони «фаврӣ» гирифтани ин хотира беҳуда нест. Суръати кори ин хотира бениҳоят баланд буда, ҳангоми хондан ва сабти информатсия протсессор интизорӣ намекашад. Вале ҳамин ки компютер хомўш карда шуд, ҳамаи информатсияи дар он маҳфузбуда хориҷ мегардад. Хотираи фавриро бо калимаи RAM (Random access memory – хотирае, ки ҳамеша дастрас аст) ишорат мекунанд.
BIOS-Basic Input-Output System – Системаи базавии дохилкунӣ-хориҷкунӣ. Ба ғайр аз RAM ва ROM дар компютерҳои фардӣ хотираи начандон калоне мавҷуд аст, ки он барои нигоҳдории параметрҳои конфигуратсияи компютер хизмат мерасонад. Ин хотира нимдоимӣ буда, онро баъзан ҳамчун CMOS-xomupaном мебаранд. CMOS ном гирифтани ин хотира ба он вобаста аст, ки он аз рўи технологияи CMOS (Complement arymatal-oxide semiconductor) сохта шуда, қобилияти истеъмоли энергияи шиддаташ хеле пастро дорад.
Акнун қисмҳои иловагии КФ-ро дида мебароем.
Принтер – барои дар қоғаз ё дигар барандаи информатсия чоп намудани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мекунад. Мувофиқи принсипи кор намудҳои зиёди принтерҳо вуҷуд доранд. Дар замони ҳозира принтерҳои паҳншудатарин лазерӣ, фавворагӣ ва матритсагӣ мебошанд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳоло принтерҳои фазогӣ яъне сеченака (3D) паҳн шуда истодааст, ки имконияти бо саҳеҳии калон тайёр намудани деталҳои пластмассагиро доранд ва ин деталҳоро дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҷои оригинал истифода бурдан мумкин аст.
Инчунин дигар воситаҳои иловагии КФ-ро бо вазифаашон номбар мекунем:
Ҷойстик – манипулятор, барои идоракунии бозиҳои компютерӣ хизмат мекунад;
Модем – барои мубодилаи информатсионии байни компютерҳо, бо ёрии шабакаи телефонӣ ё таҷҳизоти дигар хизмат мекунад.
Картаҳои овозӣ – барои сабт ва шунидани садо хизмат мекунад.
хизмат мекунад.
Контроллёрҳо – схемаҳои электроние, мебошанд, ки онҳо кори таҷҳизоти компютери фардиро идора менамоянд. Ҳар як таҷҳизот усули махсуси ба контроллёри худ пайваст шуданро доранд.

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Кори КФ аз рўи принсипи Ҷон Фон Нейман чӣ гуна аст?
Компютерҳои дар асоси принсипи Ҷон фон Нейман сохташуда аз кадом кисмҳо иборатанд?
Сохти хотираи компютер чй гуна аст?
Блоки системавӣ барои иҷрои кадом вазифаҳо хизмат мерасонад?
Кадом таҷизот дар дохили блоки системавии компютер ҷойгиранд?
Ба блоки системавӣ кадом таҷизотро аз берун пайваст кардан мумкин аст?
Ба блоки системавӣ кадом таҷизотро аз дохил илова кардан мумкин аст?
Контроллер гуфта чиро мефаҳмед?
Корпуси блоки системавӣ дар кадом шаклҳо истеҳсол карда мешавад?
Андозаи экрани мониторро бо кадом ченак чен мекунанд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.