Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


СИСТЕМАҲОИ АМАЛИЁТӢ.

Системаи амалиётӣ – маҷмўи барномаҳои ба ҳам алоқаманд буда, ҳангоми ба кор даровардани компютер кори худро оғоз менамояд.МАҚСАДИ ДАРС: Инкишоф додани донишу малакаи донишҷўён оид ба объектҳои системаи амалиётии Windows ва менюҳои асосии он.
НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Системаи амалиётӣ – восита барои идоракунии компютер.
Маълумоти умумӣ оид ба системаи амалиётии MS DOS.
Хусусиятҳои хоси системаи амалиётии MS Windows.
Объектҳо ва вазифаҳои асосии системаи амалиётии MS Windows.
Системаи амалиётӣ – маҷмўи барномаҳои ба ҳам алоқаманд буда, ҳангоми ба кор даровардани компютер кори худро оғоз менамояд.
Системаи амалиётӣ чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:

Ба кор тайёр кардани системаи компютерӣ.
Таъмин кардани интерфейси байни компютер ва истифодабаранда
Таъмини интерфейси байни қисмҳои компютер ва барномаҳои компютерӣ.
Системаи амалиётӣ (СА) имконият медиҳад, ки фармон бо ёрии клавиатура ё муш ба компютер дохил карда шаванд, матни ҳуҷҷатҳо, расмҳо ва дигар информатсия бо номҳои муайян дар диск сабт карда шаванд, барномаи амалӣ аз винчестер, флешкаҳо ё воситаҳои дигар ба хотира даъват шуда, ба кор омода шаванд.

Маълумоти умумӣ дар бораи СА MS DOS.

MS DOS ҳамчун системаи амалиётии дискӣ фаҳмида мешавад. MS DOS системаи амалиётие аст, ки дар дискҳо воқеъ мебошад. Системаи амалиётии MS DOS аз тарафи ширкати Microsoft кор карда баромада шудааст. Системаи амалиётии MS DOS дар як вақт бо компютерҳои навъи IBM PC тартиб дода шуда, ҳамроҳи он шўҳрати умумиҷаҳонӣ пайдо намудааст. Навъи якуми системаи амалиётии MS DOS соли 1981 аз тарафи ширкати Microsoft бо фармоиши IВM кор карда баромада шудааст. Ин системаи амалиётие мебошад, ки дар он фармонҳо асосан ба намуди матнӣ дода мешуд. Интерфейси (воситаи мукотибаи) истифодабаранда фақат сатри фармонӣ буд. Ин хеле ноқулай буд, зеро ки ҳангоми хато кардан фақат ба як ҳарф фармон иҷро намешуд. Фақат пас аз коркарди барнома-қабати Norton Commander истифодабаран-дагон аз системаи меню истифода мебурдагӣ шуданд ва бо ин иҷрои корҳо хеле осон гардид.

ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ MS WlNDOWS
Системаи оператсионии MS Windows системаи графикӣ буда, барои компютерҳои фардии IВM PC системаи стандартӣ ба ҳисоб меравад. Воситаҳои графикии интерфейс ин мизи корӣ, нишон (значок), ярлик, равзана, тугма, хомўшкунак ва ғайра мебошад.
Дар MS Windows ҳар як фармон аз рўйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати фармонро аз ёд донистан аз байн меравад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.