Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


ОБЪЕКТҲО ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ MS WINDOWS

Файл гуфта, ягон соҳаи номдори дискро меноманд, ки дар он ягон миқдори информатсия сабт ёфтааст. Файлҳо бо ягон нишонаи умумиашон ба папкаҳо (ҷузъдонҳо) нигоҳ дошта мешаванд.Файлҳо ва папкаҳо:
Файл гуфта, ягон соҳаи номдори дискро меноманд, ки дар он ягон миқдори информатсия сабт ёфтааст. Файлҳо бо ягон нишонаи умумиашон ба папкаҳо (ҷузъдонҳо) нигоҳ дошта мешаванд. Дар хотираи компютер папка низ файле мебошад, ки дар он ном ва суроғаи файлҳо ва зерпапкаҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми Ба папкаҳои системавӣ ҳамаи папкаҳои файлҳои системаҳои оператсионӣ дохил мешаванд. Масалан, папкаи MS Windows ҳамаи файлҳои системаи оператсионии MS Windows-po дар бар гирифтааст.
Папкаҳо бошанд, барои ба танзим овардани файлҳо истифода бурда мешаванд. Папкаҳо низ ба мисли файлҳо номгузорӣ карда мешаванд, вале онҳо дар номашон қисми иловагӣ надоранд. Папкаҳои MS Windows, дар навбати худ, метавонанд боз зерпапкаҳоро дар бар гиранд.
Нишонаҳо ва ярликҳо:
Нишона гуфта, тасвири графикии объекти MS Windows-po меноманд. Объектҳои асосии MS Windows-po барномаҳо, файлҳо ва папкаҳо ташкил медиҳанд. Ҳар он амалиёте, ки гўё бо нишонаи объект гузаронида мешавад, дар асл бо худи объект иҷро карда мешавад.
Ярлик низ як навъ нишона аст, яъне он низ гўё тасвири графикии ягон объекти MS Windows аст. Вале фарқи ярлик аз нишона дар он аст, ки агар нишона худи объектро тасвир кунад, он гоҳ ярлик танҳо сояи объект ё худ суроғаи онро тасвир мекунад.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӣ:
1.Маълумоти умумӣ дар бораи системаҳои оператсионӣ.
2.Системаи оператсионӣ чист?
3. Системаҳои оператсионии MS WINDOWS.
4. Файл гуфта чиро мефаҳмед?
5. Фарқияти пака аз файл фаҳмонед.
6. Нишона чист?
7. Объектҳои асосии MS Windows-po номбар кунед.
8. Системаи оператсионии MS Windows аз MS DOS чӣ бартарӣ дорад?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.