Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


СИСТЕМАИ ОПЕРАТ­СИОНИИ MS WINDOWS.

Панели масъалаҳо (Панел задач – Taskbar) яке элементи асосии идоракунии системаи оператсионии MS Windows ба шумор меравад. Ин панел дар қисми поёнии Мизи корӣ ҷойгир буда, дар он элементҳои зиёди идоракунӣ ё информатсионӣ ҷорӣ дода шудаанд. Яке аз элементҳои хеле муҳими Панели масъалаҳо тугмаи Пуск (Oғоз- Start) ба ҳисоб меравад, ки бо ёрии он Менюи асосии система кушода мешавад.МАҚСАДИ ДАРС: Инкишоф додани маҳорату малакаи донишҷўён оиди замимаҳои навигатсионии муҳити MS Windows.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

Панели масъалаҳо. Тугмаи“Пуск”.
Менюи асосии MS Windows.
Файлҳо, папкаҳо ва номи онҳо.
Ба кор андохтани Проводник. Намуди зоҳирии Проводник. Панелҳои Проводник.
ПАНЕЛИ МАСЪАЛАҲО.
Панели масъалаҳо (Панел задач – Taskbar) яке элементи асосии идоракунии системаи оператсионии MS Windows ба шумор меравад. Ин панел дар қисми поёнии Мизи корӣ ҷойгир буда, дар он элементҳои зиёди идоракунӣ ё информатсионӣ ҷорӣ дода шудаанд. Яке аз элементҳои хеле муҳими Панели масъалаҳо тугмаи Пуск (Oғоз- Start) ба ҳисоб меравад, ки бо ёрии он Менюи асосии система кушода мешавад.
нишондиандаи мушро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати ками вақт рўйхати зербандҳои банди меню ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню Менюи асосии системавӣ мегўянд.

Завершение работы (Анҷоми кор). Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows ба охир расонида шуда, компютер хомўш карда мешавад.
Выполнить (Иҷрокунӣ). Ин сатри меню имконият медиҳад, ки ба воситаи он барномаи лозимӣ якбора ба иҷрошавӣ равона карда шавад.
Справка (Маълумотнома). Бо ёрии ин сатри менюи асосӣ истифодабарандаи КФ оиди паҳлўҳои гуногуни системаи Windows маълумотҳои ёрирасонро дастрас менамояд.
Найти (Кофтуков). Азбаски дар дискҳои магнитӣ миқдори хеле зиёди информатсияи табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар ҳамин ҳам ин сатри меню барои ба осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка, ҳуҷҷат ё барномаҳо пешбинӣ карда шудааст.
Настройка (Танзимкунӣ). Пас аз интихоби ин сатр дар экран зерменюи зерин пайдо мешавад, ки ба воситаи он истифодабарандаи КФ имкониятҳои мавҷудаи компютерро бо талаботҳо ва завқи худ мувофиқ менамояд.
Документы (ҳуҷҷатҳо). Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз маҷмўи ҳуҷҷатҳои дар хотираи компютер мавҷуд буда, экран танҳо рўйхати 15 ҳуҷҷате пешниҳод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер дар сеансҳои охирин маҳз онҳо кор кардаанд.
Избранное (Интихобшуда). Ҳангоми интихоби ин сатр зерменюи силсиладоре кушода мешавад, ки дар он истифодабарандагони компютер ҳуҷҷатҳои заруртарини худро ҷойгир карда метавонанд.
Программы (Барномаҳо). Ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рўйхати барномаҳое пайдо мешавад, ки онҳо дар системаи Windows ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор даровардани ягон барнома кифоя аст, ки номи он аз рўйхат интихоб карда шуда, тугмаи чапи муш пахш карда шавад.
Ба кор андохтани Роҳбалад (Проводник). Намуди зоҳирии Провод­ник. Панелҳои Проводник.
Роҳбалад (Проводник Explorer) яке аз барномаҳои асосии хидматии системаи MS Windows ба шумор рафта, барои навигатсияи сохтори файлии компютер ва хизматрасонии он пешбинӣ карда шудааст. Ба воситаи Рохбалад папкаҳо, ҳуҷҷатҳо ва барномаҳо бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд.

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Вазифаҳои асосии системаи оператсионӣ кадомҳоянд?
Дар кори системаи оператсионӣ чанд марҳиларо ҷудо намудан мумкин аст?
Марҳилаҳои дар системаи оператсионӣ буда чӣ ном доранд?
Кадом системаҳои оператсиониро медонед?
Windows чӣ гуна системаи оператсионӣ аст?
Кадом вариантҳои системаи оператсионии MS Windows-po медонед?
Номгузории файлҳо ва папкаҳои MS Windows аз номгузории файлҳо ва каталогои MS DOS ягон фарқе дорад?
Системаи файлӣ гуфта чиро мефаҳмед?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.