Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Принтерҳо

Принтер барои дар қоғаз чоп намудани натиҷаи коркарди информатсияҳо хизмат мерасонад. Принтерҳо вобаста ба тарзи корашон ба матрисавӣ рангпошанда ва лазерӣ чудо мешаванд.Принтерҳо
Принтер барои дар қоғаз чоп намудани натиҷаи коркарди информатсияҳо хизмат мерасонад. Принтерҳо вобаста ба тарзи корашон ба матрисавӣ рангпошанда ва лазерӣ чудо мешаванд.

Принтерҳои матрисавӣ бо задании нўги сўзанашон ба болои лентаи рангмолидашуда амал мекунанд. Онҳо суст кор мекунанд ва одатан садои баланд доранд. Принтерҳои матрисавӣ одатан якранга ё дуранга мешаванд.
Принтерҳои рангпошанда нисбатан босифат буда, барои чопи расмҳо муфид аст.
Дар принтерҳои лазерӣ тасвири ҳуҷҷате, ки бояд чоп шавад ба воситаи лазер аввал дар барабани махсус кашида мешавад. Дар ҳамон қитъаҳое, ки лазер аз болои барабан гузаштааст, заряди электростатистӣ ба амал меояд. Сипас ба болои барабан хокаи ранг пош мехўрад ва ҳамин ранг ба қитъаҳои зарядноки барабан мечаспад. Минбаъд барабан аз болои варақи қоғаз мегузарад ва рангҳояшро ба болои он мечаспонад. Барои мустаҳкам шудани ранг қоғаз аз печкаи махсус мегузарад ва ҳиссачаҳои хокаи ранг дар он обутоб ёфта дигар пок намешавад.
Агар ба шумо миқдори зиёд чоп кардани матн, расм ё дигар ҳуҷҷатҳо лозим бошад, пас беҳтараш аз принтери лазерӣ истифода кунед. Зеро принтерҳои лезерӣ нисбатан босифаттар ва суръати чопи онҳо зиёдтар аст.
Хусусияти муҳимтарини принтерҳо имкониятҳои чопии онҳо мебошад. Имконияти чопкунии принтерҳо бо нуқтаҳо дар як дюйм (dot per inch – dpi) чен карда мешавад.
Хусусияти дуюм, суръати чопи принтерҳо – миқдори варақҳое мебошад ки дар воҳиди вақт аз принтер мегузарад.
Ҳаҷми хотираи дар принтерҳо гузошташуда ҳам яке аз хусусияти муҳими принтерҳо мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.