Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Системаи оператсионии LINUX

Дар ибтидо Л.Торвалдс ба таҳияи Linux ҳамчун машғулияти дўстдошта муносибат менамуд. Ўро системаи оператсионии Minix – UNIX-системаи хурд, рўҳбаланд…Маълумотҳои умумӣ
Unix яке аз системаҳои оператсионӣ мебошад, ки аз тарафи аксарияти ширкатҳо дастгирӣ шуда, хеле паҳн шудааст. Хусусияти хоси системаҳои оператсионии оилаи Unix дар он аст, ки системаҳои мазкур интерфейсҳои гуногун дошта, стандартикунонии онҳо марказонида нашудааст. Бо вуҷуди он, системаҳои UNIX аз тарафи истифодабарандаҳои зиёде дастгирӣ ва истифода мешаванд. Чӣ тавре ки маълум аст, дар ибтидо системаҳои оператсионии Unix барои миникомпютерҳо ва мэйнфреймҳо, миёнаҳои солҳои 70-ум кор карда баромада шуда буданд.
Навъҳои зиёди Unix – барои компютерҳои фардӣ то суперкомпютерҳо кор карда баромада шудаанд.
Linux навъи озодона паҳншавандаи Unix буда, аввалин маротиба аз тарафи Линус Торвалдс (Linus Torvalds) дар Донишгоҳи Хелсинки (Финляндия) кор карда баромада шудааст. Дар оянда Linux бо ёрии маҷмўи калони барноманависон-хоҳишмандон, ки маҳорати кофии тараққӣ додани системаро доранд, мукаммал гардонида шудааст. Ядрои Linux кодҳои AT&T ё дигар манбаи хусусиро истифода намебарад ва аксарияти барномаҳои Linux дар чорчўбаи лоиҳаи GNU аз Free Software Foundation дар Кембриҷ, Массачусетс, ИМА кор карда баромада шудаанд. Лекин, ба он саҳми барноманависон аз тамоми ҷаҳон низ гузошта шудааст.
Дар ибтидо Л.Торвалдс ба таҳияи Linux ҳамчун машғулияти дўстдошта муносибат менамуд. Ўро системаи оператсионии Minix – UNIX-системаи хурд, рўҳбаланд намудааст, ки аз тарафи Andy Tanenbaum тартиб дода шудааст. Зеро дар шабакаи компютерӣ дар чорчўбаи USENET newsgroup comp.os.minix Linux аввалин маротиба ҳамчун маҳсулоти барномавии мустақил мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Дар муҳокимарониҳои мазкур асосан истифодабарандагони Minix аз муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, иштирок мекарданд.
Тараққиёти барвақти Linux қабл аз ҳама, бо масъалаи ба реҷаи ҳифзшуда гузаронидани иҷроиши барномаҳо барои IBM 80386 алоқаманд буд. Л.Торвалдс аз ҷумла менависад:
«Баъд аз ин, фаъолияти оромона оғоз мешавад: мисли ҳарвақта кодгузориҳои мураккаб моро хамроҳӣ мекунанд, лекин ман якчанд барномаҳои ёрирасон дорам, ки ҷараёни санҷиши барномаҳоро осонтар мегардонанд. Дар ин давра ман Си-ро истифода намудам ва ин ба пешравии кор ба таври назаррас мусоидат намуд. Бо баробари он, ман ба фикри мукаммалгардонии Minix ба таври ҷиддӣ муносибат намудам. Ман умед доштам, ки рўзе gcc-ро зери Linux компилятсия намоям…
\”Ду моҳ барои навиштани барномаҳои асосӣ сарф шуданд, баъдан, вақти зиёдтар барои навиштани драйвери диски сахт (хатогиҳои зиёд дошта бошад, ҳам дар мошини ман кор мекард) ва системаи файлии оддӣ сарф мешавад. Дар натиҷа, ман навъи 0.01-ро (тақрибан охири августи 1991с.) тайёр намудам. Ин навъ на он қадар қавӣ буда, драйвери дискҳои қаишро надошт ва ғайр аз ин, аксарияти корҳоро иҷро карда наметавонист. Вале, ман аллакай истода наметавонистам, то он даме, ки Minix-и худро насохтам\”.
Оиди пайдоиши навъи Linux 0.01 маълумотҳои расмӣ дастрас нашудаанд. Матнҳои ибтидоии он амалан аз ҷузъҳои ядро таркиб ёфта, ба таври муқаррарӣ мавҷуд будани Minix-мошинро барои компилятсия ва мукаммал намудани онҳо дар назар медоштанд.
Навъи аввалини расмии Linux-ро Л.Торвалдс 5-уми октябри соли 1991 пешниҳод намуд. Он вақт Linux аллакай bash (the GNU Bourne Again Shell) ва gcc (the GNU C compiler)-ро иҷро намуда метавонист, вале аксарияти имкониятҳои стандартӣ ҳоло татбиқ нашуда буданд. Қайд менамоем, ки системаи мазкур он вақт ҳамчун воситаи мушаххаси мутахассисон фаҳмида мешуд. Диққати асосӣ ба тартибдиҳии ядро равон гашта, ташкили интерфейси муоширатӣ бо истифодабарандагон, истеҳсоли нусхаҳои зиёд, тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои шарҳдиҳанда ва ғ. пешбинӣ нашуда буд. Чунин ба назар мерасад, ки мутахассисони Linux то ҳол чунин ҷиҳатҳоро нисбати «барноманависии ҳақиқӣ\”-и мукаммалнамоии ядро, дуюмдараҷа меҳисобанд.
Дар comp.os.minix Л.Торвалдс менавишт:
«Оё шумо он рўзҳои нағзи давраи Minix-1.1-ро ёд мекунед, ки дар он вақт барноманависон дар ҳақиқат барноманависӣ карда драйверҳои хоси худро барои тамоми таҷҳизотҳо менавиштанд? Дар зери дасти худ ягон лоиҳаи ҳақиқӣ надоред, ки тамоми истеъдоди худро дар он татбиқ намуда, мувофиқи хоҳишҳои худ мукаммал намоед? Оё шумо пай намебаред, ки агар дар Minix ҳамаи ҷузъҳо кор кунанд, ҳолати ногувор ба вуҷуд меояд? Дигар он шабҳои бехобӣ нестанд, ки барномаҳои ҳиллагарро ба дуруст кор кардан маҷбур мекарданд? Пас ин ҷо барои шумо аст».
\”Чӣ тавре, ки як моҳ қабл қайд намуда будам, ҳоло ман барои тартибдиҳии системаи оператсионии ғайритиҷоратии ба Minix монанд, барои компютери 386-ум кор карда истодаам. Система ба ҳолате оварда шудааст, ки онро истифода намудан мумкин аст (гарчанде, он ба шумо на он қадар маъқул шуда метавонад) ва ман мехоҳам матнҳои ибтидоиро барои муҳокимаи васеъ пешниҳод намоям. Ин навъи 0.02 мебошад, вале дар он аллакай bash, gcc, gnu-make, gnu-sed, compress ва ғ. бомуваффақият кор карда истодаанд.
Пас аз навъи 0.03 якбора навъи 0.10 ба вуҷуд омад, зеро дар лоиҳа аллакай нафарони зиёд кор мекарданд. Баъдан, ба навъи навбатӣ (тахминан, марти соли 1992) рақами 0.95 гузошта шуда, бо ин ба интиҳо наздик шудани мўҳлати баромадани навъи мукаммали 1.0 ишора карда мешавад. Пас аз якуним сол, декабри соли 1993 мўҳлати мазкур боз ҳам наздиктар шуда, навъи Linux 0.99.pl14 мебарояд.
Ҳоло, Linux системаи оператсионии бисёрмасъалагӣ ва бисёристифодабаранда мебошад. Яъне, дар як вақт истифодабарандагони зиёд як компютерро истифода намуда, масъалаҳои гуногунро иҷро намуда метавонанд. Дар Linux истифодабарандагон бояд ҳангоми дохилшавӣ ба система худро шинос намоянд ва чунин амал аз ду қадам иборат аст: дохилнамоии ном (номе, ки бо он шумо дар система қайд шудед) ва сирркалима (пароль), ки барои ба система дохил шудан иҷозат медиҳад. Азбаски сирркалимаро танҳо шумо медонед, ҳеҷ кас (одатан) ба система бо номи шумо даромада наметавонад.
Ғайр аз ин, ҳар як мошине, ки ба он Linux насб шудааст, бояд ном – hostname (номи хост) дошта бошад. Hostname барои дар шабака қайд намудани мошинҳои алоҳида истифода мешавад.
Дар оянда, ба сифати намуна ҳамчун номи истифодабаранда – user1 ва ҳамчун номи мошини шабака – station1-ро истифода мебарем.
Қайдшавӣ ба система
Қабл аз истифода намудани система, дар он ҳамчун истифодабарандаи муқаррарӣ қайд шудан лозим аст. Чунин амал зарур аст, зеро барои корҳои муқаррарӣ истифода намудани имкониятҳои истифодабарандаи олӣ (root) мувофиқи мақсад намебошад. Истифодабарандаи олӣ – root барои иҷро намудани фармонҳои муҳим ва асосии система лозим аст.
Дохилшавӣ ба система
Ҳангоми дохилшавӣ ба система масалан, номи қайдшударо (дар ҳолати мо – user1) дохил намуда, пас аз он чунин сирркалимаро (password) дохил намудан лозим аст. Ҳангоми дохилнамоӣ сирркалима дар экран инъикос намешавад, бинобар он сирркалимаро бодиққат дохил намудан лозим аст. Агар он нодуруст бошад, дар экран чунин ахборт пайдо мешавад:
Login incorrect
ва бояд чунин амалро такрор намуд.
Агар сирркалима фаромўш шуда бошад, он гоҳ ба система ҳамчун root дохил шуда, сирркалимаи истифодабарандаи мувофиқро тоза намудан лозим аст. Вале, агар сирркалимаи root ҳам фаромўш шуда бошад, он гоҳ ба кор даровардани система нисбатан мураккаб мегардад.
Агар ном ва сирркалима дуруст дохил карда шаванд, пас система пурра барои истифодабарӣ омода мешавад.

Файлу бастаҳо
Дар системаи Linux файл гуфта, маҷмўи иттилооти номгузорӣ шударо мефаҳманд. Ба сифати намунаи файл – барномае, ки иҷро шуда метавонад, ҳуҷҷати тартибдодашуда, мактуби тавассути почтаи электронӣ гирифташуда ва ғ. овардан мумкин аст. Муҳим он аст, ки тамоми сабтҳои диск дар файлҳои алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.
Номи файлҳо то 256 рамзро дар бар гирифта, аз рамзҳои гуногун (ғайр аз «/») иборат буда метавонад. Дарозии номи пурраи файл (номи файл ва роҳ ба он) то 4096 рамзро дар бар гирифта метавонад.
Бо баробари мафҳуми файл, мафҳуми баста (каталог)-ро дида баромадан мумкин аст. Баста – ин маҷмўи файлҳо мебошад. Онро ҳамчун бастае, ки файлҳоро дар бар дорад, дида баромадан мумкин аст. Бастаҳо структураи дарахтмонандро ташкил медиҳанд, яъне бастаҳо дигар бастаҳоро дар бар дошта метавонанд.
Ба ҳар як файл тавассути роҳ ба он (pathname) мурочиат намудан мумкин аст. Бигзор файли истифодабарандаи мо (user1) book_inf ном дошта, дар бастаи my_lib воқеъ бошад. Он гоҳ, барои ба файл муроҷиат намудан истифодабарандаи мо роҳи онро ишора намуданаш лозим аст:
my_lib / book_inf
Чӣ тавре, ки мебинед, номи файлу бастаҳо бо аломати « / « (слэш) ҷудо карда мешаванд. Дар MS DOS ба сифати чунин ҷудокунанда аломати « \\ « (слэши баръакс) истифода мешавад. Ғайр аз ин, барои Linux фармонҳои асосии MS DOS, ба монанди cd, dir, help ва ғ. низ ба таври монанд иҷро шуда метавонанд. Умуман, барои нафароне, ки бо системаи оператсионии MS DOS кор кардаанд, омўзиши фармонҳо ва хусусиятҳои кори Linux на он қадар мураккаб мешавад.
Ҳоло, ба таври мухтасар имкониятҳо ва хусусиятҳои асосии Linux-и имрўза-ро меорем.
Имкониятҳо ва хусусиятҳои асосии Linux
Linux – ин системаи оператсионии муосири POSIX-ҳамҷоя ва UNIX-монанд, барои компютерҳои фардӣ ва стансияҳои корӣ мебошад. Linux – ин системаи оператсионии шабакавии бисёристифодабаранда бо системаи оинавии шабакавии графикии X Window System мебошад. Системаи оператсионии Linux системаҳои кушод ва тамоми протоколҳои шабакаи Интернетро дастгирӣ намуда, бо системаҳои UNIX, DOS, MS Windows ҳамҷоя мебошад. Тамоми ҷузъҳои он, аз ҷумла матнҳои ибтидоӣ бо литсензия барои нусхагирӣ ва насбнамоӣ барои миқдори номаҳдуди истифодабарандагон паҳн карда мешавад.

Системаи оператсионии Linux барои платформаҳои Intel PC 386/486/Pentium… васеъ паҳн шуда, мавқеи худро барои дигар платформаҳо (масалан, DEC AXP, Power Mcintosh ва ғ.) ёфта истодааст.
Системаи оператсионии мазкур барои истифодабарандагони худ чунин имкониятҳоро пешкаш менамояд:

озодона истифода намудани системаи оператсионии муосир;
кори устувор – яъне, фалаҷшавии кори дилхоҳ барнома ба фалаҷшавии кори система намеорад ва ҳамин тавр кори система устувор мегардад;
барои истифодабарандагон ва хусусан барноманависон ҳамчун маводи таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ хизмат намуда метавонад, зеро тамоми матнҳои ибтидоӣ, аз ҷумла ядрои СО пурра пешниҳод мешаванд;
барои тамоми хоҳишмандон имконияти санҷидани қувваи худ, ташкили муошират ва тадқиқоти ҳамҷоя тавассути Интернет бо дилхоҳ тартибдиҳандаи СО Linux ва гузоштани саҳми худро бо гирифтани унвони ҳаммуаллифӣ медиҳад.
Баъзе хусусиятҳои хоси Linux ҳамчун системаи оператсионӣ

Бисёрмасъалагӣ – яъне, якчанд масъалаҳо дар як вақт иҷро шуда метавонанд;
реҷаи бисёристифодабаранда – дар як мошин, дар як вақт якчанд истифодабарандагон кор карда метавонанд;
реҷаи ҳифзшудаи протсессор (386 protected mode);
истифодаи самараноки захираҳои хотиравӣ – Linux танҳо кисмҳои истифодашавандаи барномаро аз диск мехонад;
тақсимоти саҳифаҳои хотира мувофиқи сабтҳо байни намунаҳои барномаи иҷрошаванда;
хотираи виртуалӣ бо ташкили саҳифагии он – аз хотира ба диск на тамоми раванди ғайрифаъол, балки саҳифаи лозимӣ гузаронида мешавад;
хотираи умумии барномаҳо ва кэши дискӣ – тамоми хотираи озод барои буферонии мубодила бо диск истифода мешавад;
мавҷудияти матни ибтидоии тамоми барномаҳо;
дастгирии аксарияти системаҳои файлии паҳншуда;
дастгирии шабакаи TCP/IP, аз ҷумла ftp, telnet, nfs ва ғ.
Таъминоти барномавӣ, ки Linux дастгирӣ менамояд
Дар таркиби Linux кор мекунанд:

ядрои системаи оператсионӣ;
драйверҳо;
фармонҳои асосии UNIX, ба монанди ls, tr, sed, awk ва ғ.;
маҷмўи муҳаррирон, ба монанди GNU Emacs, Lucid Emacs, MicroEmacs, jove, ez, epoch, elvis (GNU vi), vim, vile, joe, pico, jed ва ғ.;
системаҳои барноманависӣ барои миқдори зиёди забонҳо, ба монанди C, C++, Objective C, Pascal, Fortran, Tcl/tk, Perl, Common Lisp, ML, scheme, ADA, Modula-3, Modula-2, Prolog, Smalltalk, Java, Oberon, Python, Sather ва ғ.;
воситаҳои таҳиянамоӣ ва ислоҳнамоӣ, ба монанди gdb, xxgdb, ddd, make, bison, flex, perl, rcs, cvs, prof ва ғ.;
китобхонаҳои тақсимшавандаи динамикӣ;
иҷрокунандаи (эмулятори) барномаҳои DOS;
шабака, дар асоси протоколҳои TCP/IP;
аксарияти системаҳои файлӣ, аз ҷумла DOS, VFAT, OS/2, системаи файлии CDROM, системаи файлии шабакавии NFS ва ғ.;
почтаи электронӣ;
системаҳои идоракунии базаи маълумотҳо, ба монанди Exodus, Shore, Ingres, Postgres 95, mSQL, OBST, Onyx ва ғ.;
системаи коркарди барномаҳо барои X Window System, ба монанди Tcl/Tk, Interviews, OI ва ғ.;
системаи нашриётии TeX;
WYSIWYG-муҳаррири матнии LyX, дар асоси TeX;
дигар воситаҳои коркарди матнӣ, ба монанди groff, doc, ez, Linuxdoc-SGML ва ғ.;
системаи мултимедиавии Andrew User Interface System (ez қисми он аст);
ва дигар садҳо барномаҳо ва бастаҳое, ки дар Linux сохта шудаанд ё ба он гузаронида шудаанд. Аз ҷумла системаи картографии GRASS, системаи таҳлилӣ бо методҳои элементҳои ниҳоии FElt, системаи автоматикунонии лоиҳагирии микросхемаҳои Magic, бастаи лоиҳагирии платаҳои чопии PCB, оссилографи компютерии Scope, системаи автоматикунонии лоиҳагирии SISCAD, системаи рендеринги Radiance, бастаи коркарди маълумотҳои радиоастрономии AIPS ва дигар имкониятҳои зиёд.
Кор дар шабакаи глобалии Интернет
Шабака дар Linux ба монанди шабакаи Интернет ташкил ёфтааст ва дар протоколҳои одатии TCP/IP кор карда, ҳамон имкониятҳо ва воситаҳоро дорад. Бинобар он, компютер бо системаи оператсионии Linux ба таври муқаррарӣ ба шабака пайваст мешавад.

Системаи файлии Linux
Системаи файлии Linux аз ташкили системаи файлии Windows ва DOS бо якчанд хусусиятҳои худ фарқ мекунад.
Дар Windows файлҳои асосӣ дар бастаҳо воқеъ мебошанд, ки дар навбати худ ин бастаҳо ба бастаи \\Windows дохил мешаванд. Ҳангоми насбнамоӣ бошад, бастаи \\Program Files тартиб дода мешавад, ки ба он одатан, тамоми барномаҳои иловагӣ (почта, барномаҳои зиддивирусӣ ва ғ.) насб карда мешаванд. Ғайр аз ин, бастаи \\Мои документы тартиб дода мешавад.
Дар системаи DOS тамоми объектҳо дар як баста ҷойгир карда мешаванд.
Дар Linux структураи бастаҳо аз структураи системаҳои қайдшуда фарқ намуда, дар назари аввал нофаҳмо менамояд. Лекин, чунин хулоса танҳо дар ибтидо ба вуҷуд омада, ҳангоми омўхтани структураи ташкили файлҳои Linux, тамоми саволҳо ҷавоби худро меёбанд.
Структураи системаи файлии Linux иерархияи қатъӣ дорад. Ба монанди дигар системаҳо, ба сифати бастаи асосӣ бастаи сатҳи аз ҳама болоӣ қабул шуда, он бо аломати « / « ишора мешавад.
Умуман, структураи системаи файлии Linux–ро чунин тасаввур намудан мумкин аст:
/ – бастаи асосӣ;
/bin – барномаҳои асосӣ;
/boot – ҳангоми ба кор даромадани система истифода мешавад;
/dev – дар ин баста таҷхизотҳо қайд шудаанд (модем, мушак, клавиатура ва ғ.);
/etc – файлҳои конфигуратсия;
/home – бастаҳои хоси (хонагии) истифодабарандагони дар система қайдшуда;
/lib – китобхонаҳо ва модулҳои ядро;
/mnt – нуқтаҳои насбнамоии таҷҳизотҳо (CDRom, диски қаиш, дискҳои системаи Windows, дискҳои шабака);
/root – бастаи маъмури система;
/sbin – барномаҳои системавии асосӣ;
/tmp – файлҳои муваққатӣ;
/usr – бастаи файлҳои муқаррарӣ;
/var – маълумотҳои гуногун.
Тамоми бастаҳо, зербастаҳо ва файлҳои дигарро дар бар дошта метавонанд.
Дар система бояд маъмури системавӣ бошад, ки ҳуқуқи омоданамоӣ, тағйирдиҳӣ ва идоракунии умумии системаро дорад. Агар, истифодабаранда дар компютери тобеи худ Linux–ро насб намояд, ў маъмури системавӣ мешавад. Ҳангоми бо номи root ба система дохил шудан, истифодабаранда ҳуқуқҳои номаҳдудро соҳиб мешавад. Ў метавонад хусусиятҳои системаро бо хоҳиши худ тағйир диҳад, файлҳоро насб ё хориҷ намояд ва ғ. Дар ин ҳолат, ба сифати бастаи хос (хонагӣ) бастаи /root истифода мешавад.
Лекин, пас аз омода намудани система, доимо ба сифати маъмури системавӣ кор кардан мувофиқи мақсад нест, зеро root ҳуқуқҳои номаҳдуд дошта, тасодуфан ба кори мўътадили система таъсири манфӣ расонида метавонад. Одатан, ба сифати истифодабарандаи муқаррарӣ кор кардан беҳтар аст, зеро чунин истифодабаранда метавонад бе хавфи дахолат намудан ба хусусиятҳои коршоямии система, дилхоҳ амалиётҳоро иҷро намояд. Ҳангоми, тасодуфан ё надониста ба хориҷнамоии файлҳои муҳим фармон додан, система ба амалиёти мазкур монеъ мешавад, зеро истифодабарандаи муқаррарӣ ба ин ҳуқуқҳои кифоя надорад. Агар, бо вуҷуди он, зарурати тағйирдиҳии омоданамоии система ба вуҷуд ояд, ба система аз нав, ҳамчун маъмур (root) дохил шудан лозим аст.
Ҷамъоварии маълумот оиди компютер
Инак, қабл аз насб намудани системаи оператсионии Linux, қабл аз амалиёти насбнамоӣ, бояд маълумотҳои зарурӣ оиди хусусиятҳо ва имкониятҳои компютер ҷамъ оварда шавад. Одатан, хусусиятҳои компютер ҳангоми насбнамоӣ ба таври автоматикӣ шинохта мешаванд, лекин дар аксарияти ҳолатҳо маълумотҳои қаблан ҷамъовардашуда низ лозим мешаванд. Масалан, муайян намудани хусусиятҳои монитор, видеокарта, мушак, принтер, модем, картаи овозӣ ва ғ. лозим шуда метавонанд.
Муайян намудани ҷои насбнамоӣ
Акнун, пас аз он, ки оиди компютер маълумотҳои зарурӣ ҷамъ оварда шудаанд, ба кадом диск насб намудани Linux–ро муайян намудан лозим аст. Агар компютер дорои ду ё зиёда диски сахт бошад, он гоҳ, системаи оператсионии мазкурро ба яке аз дискҳои холӣ насб намудан мумкин аст. Лекин, одатан аксарияти компютерҳо бо як диски сахт муҷаҳҳаз мебошанд. Дар чунин ҳолат, Linux ба сифати системаи оператсионии ягонаи компютер насб шуда метавонад, зеро ҳангоми насбнамоии Linux диски сахт «тоза» карда мешавад.
Ба компютерҳои дорои як диски сахт ва таҳти системаи оператсионии Windows коркунанда, ҳангоми насб намудани системаи оператсионии мазкур диски сахтро (одатан) ба ду диски мантиқӣ тақсим менамоянд. Амалиёти ба дискҳои мантиқӣ тақсимнамоии диск тавассути барномаҳои махсус автоматикунонида шудаанд. Масалан, барномаҳои оилаи Partition Magic-ро тавсия намудан мумкин аст. Барои намуна, истифодабарии барномаи Norton PartitionMagic 8.0–ро ба таври мушаххас дида мебароем.

Дидан карданд: 4160

Мавзӯъҳои нав:

Банакшагири
Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон
Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира
Ба намудҳои шиновари дохил мешавад
Намудҳои туризми экологӣ
Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: asliddin34@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2014-10-22

Ташаккур барои маълумотҳо. Ман аз шумо минатдорам.

Каментарй дохил кард: Mr Larry
Санаи дохилгардида: 2015-02-21

Салом- Ин аст, ки ба иттилоотонии љомеа Умуман, ки оқои Larry Браун қарздиҳанда қарз хусусӣ кушодани имконият барои тамоми эҳтиёҷоти молиявии ягон кӯмаки молиявӣ. Мо берун аз меъёри фоизи қарз 2% барои шахсони алоҳида, тоҷирон ва ширкатҳои таҳти шартҳои ва ҳолати равшан ва фаҳмо. Тамос бо мо имрӯз тавассути почтаи электронӣ: larrybrowninvestment@gmail.com

Каментарй дохил кард: Mr Larry
Санаи дохилгардида: 2015-02-21

Салом- Ин аст, ки ба иттилоотонии љомеа Умуман, ки оқои Larry Браун қарздиҳанда қарз хусусӣ кушодани имконият барои тамоми эҳтиёҷоти молиявии ягон кӯмаки молиявӣ. Мо берун аз меъёри фоизи қарз 2% барои шахсони алоҳида, тоҷирон ва ширкатҳои таҳти шартҳои ва ҳолати равшан ва фаҳмо. Тамос бо мо имрӯз тавассути почтаи электронӣ: larrybrowninvestment@gmail.com

Каментарй дохил кард: michael scot
Санаи дохилгардида: 2015-06-10

Салом, Оё шумо барои гирифтани қарз корӣ, қарзи шахсӣ, қарзи хона, худкор ҷустуҷӯ қарз, қарз хонанда, қарз ба таҳкими қарз, қарз unsecured, корхонаи сармоя ва ғ … Ё ки ту қарз аз тарафи бонк ё ягон молиявӣ рад муассисаи барои як ё якчанд reasons.You дар ҷои ҳуқуқ барои доранд ҳалли қарзи худ! Ман як қарздиҳанда хусусӣ ҳастам, ман ато қарзҳо ба ширкатҳои ва шахсони алоҳида дар фоизҳо паст ва дастрас Меъёри аз 2%. Манфиатдор? Тамос бо тавассути почтаи электронӣ michaelscotloanfirm@gmail.com барои пайравӣ то коркарди қарз ва интиқол дар давоми 48 соат; ТАТБИҚ тафсилот ном Санаи таваллуд: гендерї: Аҳволи оилавӣ: Нишонӣ: Шахр: Давлат / вилояти: Индекси почта / коди почта: кишвар: телефон: E-почтаи электронӣ: Мақсади давлатии қарзӣ: Қарз Маблаѓ: Қарз ва анљомёбии лоиња: Даромади моҳонаи холиси. Баргаштан ба ман ҳарчи зудтар бо маълумоти дар боло зикргардида барои маълумоти бештар. Ман умедворам, ки аз шумо мешунавед. мавриди CONTACT ба мо гаронқимат Майкл

Каментарй дохил кард: james.smithfundsloan@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2015-06-12

Салом, Оё ба шумо лозим аст қарз пардохт векселҳои кунед ва тоза қарзи кунед? доранд ту шуда, барои як қарздиҳанда Legit ќарз ҷустуҷӯи? Оё ба шумо лозим аст қарзи таъхирнопазир ё соҳибкорӣ Қарз? Оё шумо бошад, як қарз аз бонк Шумо ва ё ягон устувор молиявӣ рад? меҳрубонона бо мо тамос гиред Email: james.smithfundsloan@gmail.com Пур кунед ва бозгашт … ном: кишвар: Рақами мобилӣ: Маблағи лозим ҳамчун қарз: Давомнокии қарз: синну сол: Sex: лутфан ҷавоб зер кунед, то ки ин почтаи электронӣ, балки аз пеш чизе ҳамаи ҷавобҳо ба ин почтаи электронӣ барои тамос: james.smithfundsloan@gmail.com

Каментарй дохил кард: michael stacy
Санаи дохилгардида: 2015-06-21

Салом, Оё шумо барои гирифтани қарз корӣ, қарзи шахсӣ, қарзи хона, худкор ҷустуҷӯ қарз, қарз хонанда, қарз ба таҳкими қарз, қарз unsecured, корхонаи сармоя ва ғ … Ё ки ту қарз аз тарафи бонк ё ягон молиявӣ рад муассисаи барои як ё якчанд reasons.You дар ҷои ҳуқуқ барои доранд ҳалли қарзи худ! Ман як қарздиҳанда хусусӣ ҳастам, ман ато қарзҳо ба ширкатҳои ва шахсони алоҳида дар фоизҳо паст ва дастрас Меъёри аз 2%. Манфиатдор? Тамос бо тавассути почтаи электронӣ michaelstacyloancompany@gmail.com барои пайравӣ то коркарди қарз ва интиқол дар давоми 48 соат; ТАТБИҚ тафсилот ном Санаи таваллуд: гендерї: Аҳволи оилавӣ: Нишонӣ: Шахр: Давлат / вилояти: Индекси почта / коди почта: кишвар: телефон: E-почтаи электронӣ: Мақсади давлатии қарзӣ: Қарз Маблаѓ: Қарз ва анљомёбии лоиња: Даромади моҳонаи холиси. Баргаштан ба ман ҳарчи зудтар бо маълумоти дар боло зикргардида барои маълумоти бештар. Ман умедворам, ки аз шумо мешунавед. мавриди CONTACT ба мо Майкл stacy

Каментарй дохил кард: kelvintony39@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2015-07-12

Оё ба шумо лозим аст қарз? Агар ҳа мо почтаи электронӣ оид ба [kelvintony39@gmail.com]

Каментарй дохил кард: Williams Andres
Санаи дохилгардида: 2015-07-14

Шаби Рӯзи Қарз Finder Шумо ниез ба қарз ? Мо қарз аккредитатсияшуда ширкат. мо пешниҳод қарз ба шахсони инфиродӣ оид ба паст будани меъери фоизӣ меъери 2 фоиз, Мо пешниҳод шахсӣ қарз, бизнес-кредит, ипотека. қарзӣ таҳти гарави амволи ғайриманқул ин аст, ки ба шумо кӯмак ба иҷро худ ӯҳдадории молиявӣ, махсусан бо продолжающимся ҷаҳонӣ молиявӣ кризисом. Мо шуморо аз хуб қарз ҳамаи намудҳои хеле босуръат ва роҳи осонтарини, шахсӣ қарз, ипотека, донишҷӯи қарз, бизнес-кредит, сармоягузор қарз, автокредит, қарз муттаҳидсозӣ. Барои идомаи тафтишот, лутфан бо мо дар тамос тавассути почтаи электронӣ (andresloanfirm07@live.com бо эҳтиром. умедворам шунидани аз шумо ҳарчи зудтар. ҳамаи ҷавобгар бояд ҳидоят andresloanfirm07@live.com барои гирифтани маълумоти иловагӣ. Пур Кардани Маълумот Дар Бораи Заемщиках}; Номи Пурра:.. Ҷинсӣ:…. Вазъи Оилавӣ:.. Pin Суроға:.. Шаҳр / Индекси: Кишвар:.. Санаи таваллуд:.. Маблағи Қарз Бояд:.. Истилоҳи:.. Даромади:.. Касб:.. Мақсади қарз:.. Телефон:.. Факс:.. ту дархост барои қарз онлайн пеш аз он? Email:………andresloanfirm07@live.com Беҳтарин алоқа Williams Андрес

Каментарй дохил кард: anandkrusija@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2015-07-17

Оё шумо дар ранҷ молиявӣ? Мо ҳалли. Зуд ва Реестри ҷиддӣ. Меъёри фоизӣ мо 2% аст. Ҳама чиз осон ва scam озод хоҳад шуд. Барои маълумоти бештар дар бораи барномаҳои қарз онлайн дар тамос шавед Агент мо дар: anandkrusija@gmail.com Шумо метавонед баъд аз ба охир расидани амалиёти қарз ба даст 60 кунед.

Каментарй дохил кард: gabriellaeleanorloanfirm@gmail
Санаи дохилгардида: 2015-09-02

Салом ба шумо лозим қарзи фаврӣ ба пардохти қарзи худ ва ё ба шумо лозим аст, ки қарз барои беҳтар намудани кори шумо? ба шумо аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии рад? Оё ба шумо лозим аст қарз муттаҳидсозӣ ва ё қарзи ипотека ва қарзи мошин доред? нест лозим аст, ки ба назар боз, зеро мо дар ин ҷо ба ҳамаи мушкилоти молиявии худ чизе аз гузашта. Мо ба шахсони воқеӣ ва ташкилоти корпоративӣ қарз эњтиёљ кӯмаки молиявӣ, ки ба як қарзӣ бад ва ё пул пардохти векселҳои, ки ба сармоягузорӣ дар тиҷорат дар сатҳи 2%. Ман мехоҳам, ки барои истифода бурдани ин миёна ба иттилои Шумо, ки ба мо кӯмаки боэътимод ва гиранда оварда мерасонад ва бо омодагӣ пешниҳод қарзҳо хоҳад буд. То имрӯз бо мо дар тамос тавассути почтаи электронӣ: gabriellaeleanorloanfirm@gmail.com

Каментарй дохил кард: franklinosayandescott@gmail.co
Санаи дохилгардида: 2015-09-19

Салом ба ҳама, Ман хонум Элизабет Лиза аз Огайо ИМА ҳастам, ман зуд мехоҳед истифода баред, ин миёна барои тела додан як шаҳодати ки чӣ тавр Худо ба ман ба қарздиҳанда қарз Legit ва воқеӣ, ки ҷони ман аз алаф табдил ба файз, аз камбизоат будан ба зан сарватманд равона ки акнун метавонад аз як зиндагии солим ва сарватманд фахр бе фишори ё мушкилоти молиявӣ. Баъд аз чанд моҳ аз кӯшиши ба даст қарз дар интернет ва маблағи $ 5.200 scammed буд, ман ноумед, дар ба даст овардани қарз аз қарздиҳанда қарз legit онлайн, ки на ба дарди ман илова шуданд, он гоҳ ман қарор тамос дӯсти Ман, ки чанде пеш гирифта қарз онлайн, мо дар бораи ин масъала баррасӣ ва ба хулосаи мо ӯ ба ман дар бораи марде ном оқои Франклин Osayande Scott, ки CEO аз Франклин osayande Скот ширкати қарзӣ Email аст, гуфт: franklinosayandescott@gmail.com Пас, ман барои як бурда маблағи қарз ($ 320,000.00 доллари ИМА), ки бо меъёри фоизи паст аз 2%, то ба қарз ба осонӣ бе стресс тасдиќ карда шудааст ва ҳамаи омодагӣ ки дод дар бораи интиқоли қарз ва дар камтар аз ду (2) рӯз қарз ба бонк ман супорида шуд Пас ман мехоҳам ба маслиҳати ҳеҷ кас ниёз қарз ба зудӣ ӯро ба воситаи почтаи электронӣ дар тамос шавед: franklinosayandescott@gmail.com вай надонад; шудаам, ки ин корро ман дуо мекунам, ки Худо ба ӯ барои чизе хушхабар, ки ӯ дар life.Thank ман чӣ баракат Худо ба ман метавонанд аз нав табассум тавсия ман ин ширкат ба ҳамаи онҳое, ки гумроҳ шудаанд ва онҳое, ки фиреб шуданд, боэътимод ва боваринок аст. Дар сурати ба шумо лозим аст, ки бештар дар, почтаи электронӣ ширкат оид ба franklinosayandescott@gmail.com онҳо нависед имрӯз ва шумо хурсанд ки мекардаед, хоҳад буд. Хонум Элизабет Лиза Худованд мададгорат.

Каментарй дохил кард: Оқои Кеннет Смит kennethsmith
Санаи дохилгардида: 2015-10-09

– Оқои Кеннет Смит Қарз HOME Хуш омадед Мо мехоҳем ба иттилои Шумо, ки мо пешниҳод ҳар гуна қарзи аз қабили Қарзи хусусӣ, қарзи тиҷоратӣ, қарз бизнес, қарз хона Меъёри бозтамвил қарз, қарз ва идораи қарзи шахсӣ бо бисёр Нархҳо ҳадди ақал солона фоизӣ кам аз 3% дар давоми 1 сол ба 10 соли давраи давомнокии Пардохти ба ягон қисми ин ҷаҳон нагарданд. Мо медиҳад қарзҳо дар доираи аз 5000 доллари ИМА то 500.000 доллари ИМА Қарзҳои мо хуб суғурта ва ҳадди амнияти афзалиятноки мо аст, Илтимос дар хотир гиред, ки агар шумо дар поён 18 шумо лозим нест, ки ба кор бурдани Шахсоне, ки манфиатдор бояд ба мо имрӯз тавассути почтаи электронӣ муроҷиат намоед: (kennethsmithloancompany05@gmail.com) меҳрубонона шакли ариза қарз дар зер пур ва баргаштан. ном: кишвар: Нишонӣ: синну сол: Ҷинсии: Мард Шумораи шахсӣ: шуғл: Даромади моҳонаи: Маблағи лозим аст: Давомнокии қарз: 10 Бо эҳтиром Ҷаноби Кеннет Смит.

Каментарй дохил кард: Lance
Санаи дохилгардида: 2015-11-08

Ман як қурбонии қаллобӣ буд, то ки ман медонам, ки чӣ тавр ба он эҳсос ба даст пул ба қаллобон маслињати ман ин аст, ки ҷӯяндагони қарз ҷо берун бояд хеле ҳушёр ва парҳезгорӣ мардум онҳо муомила бо роҳи бошад, онҳо бисёр қаллобон дар Интернет доранд … ман қарз гирифта, аз ман Крис Барри Молия Plc бо онҳо тамос бигиред, агар шумо ту дар ҳама гуна мушкилоти молиявӣ, ба шумо лозим аст қарз барои тоза кардани қарзи худ ё ин ки шумо ба ҷустуҷӯи молия васеъ / бизнеси вай? Крис Барри Молия аст, албатта як ширкати қарз амркунандагон бо ниятҳои хуб кӯмак ба одамони онҳо quilt аз дигар қарздиҳанда фиребгарона норасоии ҳастанд, аз меҳрубонӣ chrisbarryloans@hotmail.com барои гирифтани қарз зуд ва шаффоф дар тамос дар меъёри фоизи бомулоҳиза аст. Ҳама эҳтиром, Джерри кирояи

Каментарй дохил кард: Shamshod
Санаи дохилгардида: 2015-11-14

sistemai

Каментарй дохил кард: Mr Fredrick
Санаи дохилгардида: 2015-11-27

Ин аст, ки ба иттилоотонии љомеа, ки оқои Fredrick Браун, як қарздиҳанда қарзи хусусӣ боз як имконияти молиявӣ барои ҳама ниёз ягон кӯмаки молиявӣ. Мо дод аз қарз 2% меъёри фоизӣ ба шахсони алоҳида, ширкатҳо ва ширкатҳои зери шартҳои ва ҳолати равшан ва фаҳмо. бо мо тамос гиред имрӯз тавассути почтаи электронии: (fedrickbrowninvestment@gmail.com) МАЪЛУМОТ қарзгир 1) Номи пурра: ………………………………………………. 2) Кишвар: ………………………………………………… .. 3) Нишонӣ: …………………………………………………. 4) давлатӣ: ………………………………… як ………………… .. 5) љинс: ………………………………………………………. 6) вазъи оилавӣ: …………………………………………. 7) машғулият: …………………………………………… .. 8) рақами телефон: ………………………………………… 9) мавқеи Айни замон дар ҷои кор: ………………… 10) даромаде, ки моҳона: ……………………………………… 11) Маблағи қарзӣ лозим аст: ………………………………. 12) қарзӣ ва анљомёбии лоиња: ………………………………………… 13) Маќсади қарзӣ: …………………………………… .. 14) Дин: ……………………………………………… .. 15) Оё шумо пеш бурда …………………………… шукр, Оқои fredrick

Каментарй дохил кард: mr jose
Санаи дохилгардида: 2016-04-27

Hola як todos лубиж feliz Тан que DA СММ vistazo як Mi Gran testimonio де Брюссел conseguí Mi préstamo deseo дел Sr. Хосе Луис quien ES El maneger де Хосе Луис préstamo ширкати quiero usar rápidamente esta oportunidad банди dejar que todo El mundo sepa де esto, AM D. Карлос Bulgheronic desde Айрес Agentina, yo estaba En busca де СММ préstamo банди iniciar Mi propio negocio En apoyo де Mi negocio де ла agricultura, Лос gastos, así que холис puso En línea En busca де préstamo cuando ман encontré НАК algunos prestamistas que hacen trampa Y estafado як Mi poco dinero En ese proceso дел tiempo холис confundió б Н.И siquiera холис qué СМваА hacer, porque El poco dinero que tenía НАК Mi fue llevado por esos bastardos fraudulentos que холис hacen llamar Лос prestamistas де créditos воқеӣ, que así Созмони Милали Муттаҳид дар ФБД fiel COMO yo estaba navegando як través де ла Интернет En busca де trabajo ман encontré НАК algunos testimonios comentarios En El foro де una D. Карлос, Y ла señora Мария Lin En ла проформа En que reciben в.ш. préstamo де banco де ла Сиудад де ла empresa почтаи электронии: joseluisloans@gmail.com, así que ман dije як Mi mismo que debo дорул як esto СММ juicio estaba porque yo Тан asustado НАК respecto як инак que Лос otros prestamistas hicieron як Mi, así que ман fui por delante-Томе в.ш. dirección де correo electrónico шахсӣ que холис encontraba En esos comentarios En El foro así que entré En contacto НАК El банди informarle де que yo estaba arbitrado як El por algunos clientes que recibieron в.ш. préstamo де в.ш. compañía, Д. Карлос, Y ла señora Мария Lin eso por, cuando oyó que estaba muy feliz por eso, por инак que Mi que estoy En ла compañía adecuada aseguró donde puedo recibir Mi cantidad дел préstamo deseo, dieron Mi El formulario де solicitud де préstamo prestatario банди presentar Y devolver, todo инак hice eso, dado que Сри Mi información necesaria acerca де Mi, así que ман dieron Лос términos Y condiciones де в.ш. compañía todo transcurrió problemas гуноҳ, tiempo гуноҳ perder, En нест menos де 24 horas que estaba informó que Mi préstamo SUMA válida де 9.000.000 де dólares га sido registrado Y aprobado por в.ш. хунтаи де préstamo де fiduciario, así que En ese proceso дел tiempo yo estaba Тан feliz cuando ман dijeron que debería enviarlos por ла banca detalles, pero estaba poco escéptico де hacer por инак que ле dije que tenemos confianza Y creo que банди este prestamista llamado Sr. Иброҳим Les Di cuenta bancaria por инак que ES sorprendente que recibo Y alerta де Mi banco que Mi cuenta га sido acreditado НАК ла SUMA де 9.000.000 dólares por El Sr. Хосе Луис. Así que НАК urgencia enviarle СММ correo electrónico que tengo recibir Mi préstamo НАК éxito, por Инак que НИИ queridos hermanos Y hermanas por ahí todavía En busca де compañía де préstamos genuina voy як avisarle que ла amabilidad де ponerse En contacto НАК El Sr. Хосе Луис НАК este mismo correo-д: joseluisloans@gmail.com Y Yo холис que El también ле ayudará НАК ла cantidad дел préstamo deseo bien, enviarlas por correo electrónico hoy En РКД Y usted será feliz де haberlo hecho. D. Карлос Bulgheronic desde Айрес Agentina


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.