Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Сохторҳои асосии компютерҳои фардӣ

Блоки системавӣ қисми асоситарини компютер ба ҳисоб меравад. Дар дохили блоки системавӣ манбаи барқ, микропротсессор, хотира ва дигар элементҳои идоракунанда ва таъминкунандаи кори компютер ҷойгир шудаанд.Сохторњои асосии компютерњои фардї

Маќсади дарс: ба хонандагон додани маълумот оиди ќисмњои асосии компютерњои фардї.
Наќшаи дарс:
1. Ќисмњои асосии компютерњои фардї.
2. Блоки системавї ва таљњизотњои дохилии он.
3. Монтор. Мониторњои экранњояшон њамвор.
4. Клавиатура.
5. Муш ва намудњои он.
6. Принтер ва намудњои он.
Компютерњои фардии њозиразамон аз ќисмњои асосии зерин иборат аст:
1. Блоки системавї
2. Монитор
3. Клавиатура
4. Муш
5. Принтер

Блоки системавї ќисми асоситарини компютер ба њисоб меравад. Дар дохили блоки системавї манбаи барќ, микропротсессор, хотира ва дигар элементњои идоракунанда ва таъминкунандаи кори компютер љойгир шудаанд.
Манбаи барќ – барои љараёни электрики таѓйирёбандаро ба љараёни доимї додан хизмат мекунад.
Микропротсессор – элементи марказии коммпютер ба њисоб меравад, ки онро низ майнаи компютер њам меноманд.Микропротсессор барои иљрои амалњои арифметикию мантиќї, нигоњ доштани барномањо ва маълумоти ба онњо зарур ва идоракунии њамаи ќисмњои компютер истифода мешаванд.Дар компютерњо фардї асосан микропротсессорњои Intel 8088, Intel 80286, Intel 80386, Intel 80486, Intel Pentium 1,2,3,4 истифода бурда мешаванд, ки онро ширкати амрикоии Intel истењсол менамояд. Ба ѓайр аз ин ширкат боз дигар ширкатњо низ микропротсессорро истењсол менамояд. Моделњои гуноногуни микропротсессорњо аз њамдигар аз рўи суръати иљрокунии амалњои оддитарин фарќ мекунанд. Суръати иљроиши амалњоро зуддии тактї меноманд. Зуддии тактї бо мегагерс (МГс) чен карда мешавад.
Хотираи компютер барои сабт, нигоњдорї ва интиќоли маълумот кор фармуда мешавад.
Хотираи компютер пас аз микропротсессор элементи дуюми асосї ба њисоб меравад. Хотира ду хел мешавад: хотираи фаврї ва хотираи доимї.
Хотираи фаврї барои муваќатан нигоњ доштани маълумотњо хизмат мерасонад.Микропротсессор ахборотњоро мањз аз њамин хотира мехонад, бо онњо амалиётњои дар барнома пешбинишударо мегузаронад ва натиљањои њосилшударо боз ба њамин хотира равона месозад.
Хотираи доимї барои ба муддати дуру дароз нигоњ доштани маълумотњо ва барномањо хизмат мерасонад. Ба хотираи доимї дискњои ќаиш
(з,5 дюйм) ва мудаввар (CD – дискњо ), дискњои дурушт ва монанди инњо мансубанд.
Људокунии хотираи компютер ба хотираи фаврї ва хотираи доимї бо суръати коркарди маълумот алоќаманд аст. Дар хотираи фаврї суръати коркард тезтар ва дар хотираи доимї бошад, нисбатан сустар иљро мешавад. Дар хотираи доимї маълумот фаќат ба воситаи хотираи доимї сабт шуда метавонад.
Монитор. Монитор, ки онро баъзан дисплей низ иеноманд, барои инъикоси матни барномањо дар дисплей истифода шуда, яке аз ќисмњои хориљкунии компютер ба шумор меравад.Монитор ду рељаи корї дорад: рељаи матнї (рељаи кор бо рамзњо ва матнњо) ва рељаи графикї (рељаи кор бо нуќтањои хурдтарини «Пикселњо», ки имкон медињад расму графикањо тасвир шаванд).
Намудњои гуногуни мониторњо иављуданд, ки аз якдигар аз љињати имкониятњои худ ва рангњо фарќ мекунанд. Асосан мониторњо аз рўи рангњо ду намуд мешаванд: мониторњои сиёњу сафед ва ранга.
Дар компютерњои фардии њозиразамон бештар мониторњои ранга истифода бурда мешавад ва мониторњои сиёњу сафед бошад, ќариб аз байн рафтаанд.
Мониторњои ранга аз навъњои зерин иборатанд:
1. Мониторњои CGA(Color Graphics Adapter – Адаптери графики ранга, 4 хел намуди рангро дорад).
2. Мониторњои EGA (Enhanced Color Adapter – Адаптери рангаи васеъкардашуда, 16 хел намуди рангро дорад).
3. Мониторњои VGA (Video Graphics Array – Массиви видеографикї, 256 хел тобиши рангро дорад).
4. Мониторњои SVGA (Super Video Graphics Array – Массиви видеографики олї, аз 65 000 то 16 млн. хел тобиши рангро дорад.)
Мониторњои экранњояшон њамвор.Мониторњои экранњояшон њамвор аз рўи технологияи сохташон гуногун мешаванд. Масалан, LCD (моеъкристалї), PDP (плазмавї), LED (электронї – нурї), FED (электролюминессентї).
Мониторњои моеъкристалї лавњаи њамвори катакчадор «пиксел» Буда, дар байни ду шишаи њамвор моеи кристалї дорад. Ин монитор хосиятњои хоси худро дорад. Дар ваќти ба љараёни электрикї пайваст намудани монитор майдонњои электрикї таъсир карда рангњои гуногунро пайдо мекунанд. Ба воситаи катакчањои хурд шуоњои ранга баромада тасвир њосил мешавад. Мониторњои моеъкристалии њазиразамон зиёда аз 16 млн. тобиши рангњоро доро мебошанд.
Бартарии мониторњои њамвори њозиразамон инњо мебошанд:
_ Љарёни электрикиро на он ќадар бисёр истифода мебаранд.
_ Сифати баланди тасвирро доранд.
_ Нурафкании электромагнитї надоранд ва њоказо.
Дар мониторњои плазмавї тасвир дар натиљаи разряди газї, ки бо нурафканї њамроњ аст ба вуљуд меояд.
Дар мониторњои электролюминессентї тасвир дар натиљаи ба хокаи люминессентї, ки ба ќисми дохилии экран бо панљараи координатї пош дода шудааст, таъсир намудани майдони электрикї ба вуљуд меояд.
Дар мониторњои электронї – нурї тасвир дар натиљаи ба рўи люминофории экран бо нурњои борики электронњо нуръафканї намудан ба вуљуд меояд. Сатњи люминофорї се намуди нуќтањо ё порчањои пањнро дар бар дорад, ки ки бо рангњои сурх, сабз, ва кабуд равшан мешаванд. Онњо бо се нур нуръафканї мешаванд. Нурњои электрониро найчаи электронї – нурї њосил менамояд. Барои ин дар таљњизоти мазкур се нуръафкании электронї мављуданд, ки њар кадоме танњо нуќтаи як рангро равшан карда метавонанд. Интенсивияти њар як нурро таѓйир дода, равшании нуќтањои нуръафканї шударо таѓйир додан мумкин аст.
Клавиатура – таљњизоте, ки аз тугмачањо иборат буда, барои дохил намудани рамзњои алифбої, раќамї, китобатї ва инчунин, барои дохил намудани фармонњои идоракунии компютерњои фардї пешбинї шудааст
Дар компютерњои фардии муосир клавиатура тавассути бандари пайдарпай ба блоки системавї пайваст мешавад.
Миќдори умумии тугмачањо дар намуди базавии клавиатура ба 84 баробар Буда, дар намуди васеъкардашуда ба 104 баробар аст.
Тугмачањои клавиатураро асосан ба чор гурўњ таќсим мекунанд:
1. Тугмачањои асосї.
2. Тугмачањои функсионалї.
3. Тугмачањои раќамњои иловагї.
4. Тугмачањои махсус.
1. Тугмачањои асосї. Ба ин гурўњ тугмачањои дохил мешаванд:
Shift – барои гузариши курсор аз њарфњои хурд ба калон.
Caps Lock – барои пурра ба њарфњои калон гузаштан.
Пробель – фосила.

2. Тугмачањои функсионалї. Ба ин гурўњ тугмачањо аз F1 то F12 дохил мешаванд. Ин тугмачањо таъиноти аниќ надоранд. Дар њар як барнома функсияњои онњо иваз мешаванд.Дар аксарияти барномањо пахши тугмачаи F1 системаи маълумотдињии ёрирасон (Help) – ро ба кор медарорад. Тугмачаи F5 дар тањриргари матнии Ms. Word фармони «Заменить» – ро иљро менамояд ва F7 бошад формони «Правописание».
3. Гурўњи тугмачањои раќамњои иловагї. Ба ин гурўњ тугмачањое дохил мешаванд, ки дар тарафи рости клавиатура љойгир шудаанд. Ба ин гурўњ раќамњо аз 0 то 9, аломатњои амалњои арифметикї ва инчунин тугмачањои зерин дохил мешаванд: Home – гузариши курсор ба авали сатр , End – гузариши курсор ба охири сатр, Page Down – вараќгардонии экран ба поён, Page Up – вараќгардонии экран ба боло, Delete – нест кардани рамзи тарафи рости курсор, Insert – гузоштани љой дар байни калимањо ва
Num Lock – васлу хомўш кардани таъиноти тугмачањои раќамњои иловагї.
4. Гурўњи тугмачањои махсус – Ба ин гурўњ тугмачањои зерин дохил мешаванд: Esc – боз доштани иљроиши барнома, Tab – гузоштани љой аз авали сатр, Ctrl ва Alt – ин ду тугмачаро бо њамроњии дигар тугмачањои клавиатура истифода мебаранд. Масалан, Ctrl + F2 ё Shift + Alt.
Print Sсreen – нусхабардорї ва чопи экран, Scrol Lock – боз доштани функсияњои тугмачањои вараќгардонии экран, Pause – муваќќатан боз доштани рафти иљроиши барнома, Enter – дохил кардани сатр ё ин ки фармони барномањо ба хотираи компютерњои фардї, Backspace – нест кардани тарафи чапи курсор.
Муш – ин таљњизоти ба клавиатура иловагии идоракунї мебошад. Он ба блоки системавї тавассути бандари пайдарпайи PS/2 пайваст мегардад.
Муш дар ИМА дар маркази тадќиќотии ширкати Xerox дар Пало – Алто (PARC – Palo Alto Research Center) ихтироъ шудааст.
Муш ба ќуттичае монанд аст, ки аз ду тугмача ва як чархак иборат аст.
Тугмачаи тарафи чап асосан функсияи тугмачаи Enter – ро иљро намуда, тугмачаи рост менюи системавиро даъват мекунад. Чархак функсияи тугмачањои Page Up ва Page Down – ро , ки вараќгардонии экран ба боло ва поён мебошад, иљро мекунад. Њаракатдињии мушак дар љои њамвор њаракати объекти графикии экрани монитор – нишондињандаи мушакро ба вуљуд меорад. Барномае, ки кори мушакро идора менамояд ба таркиби системаи амалиётї дохил шуда драйвер муш номида мешавад.
Принсипи идоракунии мушак њодисавї мебошад. Дар ин љо њодиса гуфта љойивазкунии муш ва пахши тугмачањои он дар назар дошта мешавад. Њодисањои ба вуљуд омадаро драйвери муш тањлил намуда, ба барномаи корї барои иљро ирсол менамояд. Мушак барои кор бо элементњои графики экрани монитор ќулай мебошад.
Муш се намуд мешавад:
1. Мушњои механикї. Яъне он мушњое, ки дар ќисми поёнии он саќќочаи оњании бо резин рўпўш кардашуда доранд. Онро дар рўи ќолинчааш ба њаракат меорем, нишондињандааш дар экран ба худаш параллел њаркат мекунад.
2. Мушњои оптикї. Ин гуна мушњо ба љои саќќоча чароѓаке доранд, ки онро «светодиод» меноманд. Ба воситаи он мушро идора мекунад.
3. Мушњои беноќил. Ин гуна мушњо монанди он таљњизоте, ки дар оинаи нилгун њастанд ва бо ёрии он оинаи нилгунро идора мекунанд «Пульт» мебошад ва айнан монанди њамин асбоб истифодабаранда метавонад компютерро аз масофа идора кунад.
Принтер.Принтер таљњизоте мебошад, ки барои дар рўи ќоѓаз ба Чоп баровардани ахбори дар хотираи коммпютер сабтшуда хизмат мекунад. Принтерњо аз рўи амалиёташон матрисавї, рангпошанда ва лазерї мешаванд.
Дар принтерњои матрисавї амали чопкунї бо ёрии Сарак. Ки дар рўи ќоѓаз њаракат менамояд иљро мешавад. Дар Сарак сўзанњои борик воќеанд (диаметри онњо 0,2 мм) ва дар лањзањои даркорї ба њаракат дароварда мешаванд. Комбинатсияи муайяни сўзанњо ба тасмаи ранга зарба мезананд ва дар ќоѓаз тасвир њосил њосил мешавад; маљмўи нуќтањои чопшуда намуди ин ё он рамзро њосил менамояд. Сараки чопкунанда 9, 18 ё 24 сўзан дорад, ки ба намуди росткунља (матритса) љойгир шудаанд. Сифат ва суръати чопкунї аз миќдор ва андозаи сўзанњо вобаста мебошад.
Принтерњои рангпошанда ахборотро ба воситаи найчањои махсус ва ќоѓазњои махсус ба чоп медињанд. Суръати кори ин гуна принтерњо нисбат ба принтерњои матрисавї баланд буда, дар 1 даќиќа 8 – 10 вараќ матнро ба чоп медињанд. Сифати кориашон низ хуб аст ба шарте,ки ахборро бо вараќњои махсус чоп кунем. Ин гуна принтерњо ахборро њам ранга ва њам сиёњу сафед чоп мекунанд. Як рангдон (картрељ) – и рангаи принтерњои рангпошанда 150 сањифа ва сиёњу сафед 2000 сањифаро ба чоп медињанд.
Принтерњои лазерї ахборро ба воситаи нусхабардорї ва бо ёрии пошидани хокаи махсус ба чоп медињад.Суръати кори ин гунна принтерњо хеле њам баланд Буда дар як даќиќа 10 то 24 сањифаро ба Чоп медињанд.Сифати кориаш низ баланд аст. Принтерњои лазерї ахборро њам ранга ва њам сиёњу сафед ба Чоп медињанд. Як рангдони чунин принтерњо аз 2500 то 10 000 сањифаро чоп карда метавонад.Истењсолкунандагони асосии принтерњои лазерї Canon ва Helwett Packard мебошанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.