Воскресенье, Февраль 17Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


Технологияи иттилоотӣ

Все бессплатно от InfoPage.TJ

Маълумот дар бораи Протокол

Маълумот дар бораи Протокол

Технологияи иттилоотӣ
Протоколи Интернет- ин як навъи алока, робита, рафтуомад, муносибат мебошад, ки мошинхо тавонанд бо хам дигар маълумотхоро доду гирифт кунанд ва ин хаст шархдихии конкретии протокол. Он хабархое, ки мо ба дигар шахс равон мекунем ин хам бо воситаи протоколхои Интернет равон карда мешавад. Истифодабарандагон дар Интернет аз руи коидаи ягона кор мекунанд. Хамчун забони умуми дар шабакаи Интернет барои доду гирифти додахо асосан протоколхо истифода бурда мешавад. IP(Internet Protocol)-протокол Протоколи IP интиколи информатсияро дар байни компютерхои шабака таъмин менамояд. Тарзи кори ин протоколро бо мукоиса бо интиколи информатсия ба воситаи почтаи мукаррари дида мебароем. Барои онки мактуб ба чои лозими рафта расад дар руи конверт сурогаи кабулкунанда (кому письмо) ва сурогаи равонкуна
Ноқилҳои шабакавӣ

Ноқилҳои шабакавӣ

Технологияи иттилоотӣ
Асосан се намуди интиколи маълумот мавчуд аст 1. Тавасути сигналхои электрики кабели STPва UTP. 2. Тавсути кувваи рушнои оптика. 3. Тавасути радио мавчхо алокаи бесим. Барои хонахои телекамуникатсиони мухити кори бо кабалхои таксимшаванда асосан аз кабели UTP истифода мебаранд. Дарозии ин кабел вобаста аз стандарт набояд аз 90 то 100 метр зиёд бошад. Барои мухити магистрали бошад асосан кабели оптики истифода бурда мешавад, дарозии ин кабел вобаста аз стандарт набояд аз 3000 зиёд бошад. Кабелхои таксимкунанда гуфта кабелхоеро мегуянд, ки хонаи телекамуникатсиониро бо мухити кори пайваст мекунад. Кабелхои магестралӣ хонаи телекамуникатсиониро бо дигар хонахои телекомуникатсионӣ, серверхо ва ё Интернет провайдерхо пайваст мекунад Факторхои асоси хангоми интихоби кабел инхо мебоша
Маршрутизатор

Маршрутизатор

Технологияи иттилоотӣ
Маршрутизатор ин таҷҳизоти шабакавӣ буда, барои пайваст намудани якчанд шабакаҳо истифода мешавад. Ба гайр аз ин маршрутизатор метавонад корҳои зеринро иҷро намояд. 1.Барои бурда расонидани пакет ба қабулкунанда роҳи оптималиро ёбад. 2.Ҳамчун DHCP сервер истифода шавад. 3.Иичунин маршрутизаторҳое мавҷуданд, ки нақши нуқтаи дастрастшавӣ (Точка доступь)-ро низ иҷро мекунад. 4. Маршрутизатор инчунин метавонад трафикро филтр намояд. Филтри трафики муайян мекунад, ки кадом пакет ба шабакаи дохили роҳ дода шавад ва кадомаш нест карда шавад. Инчунинр машрутизаторҳо дар худ воситаҳои барномавӣ доранд. Аз ҳама системаи оператсионие, ки бисёртар дар машрутизаторҳо истифода мешавад, барои таин кардани конфигуратсияи гуногуни машрутизатор аз режими командавӣ асосан истифода бурдааст. Д
Коммутатор

Коммутатор

Технологияи иттилоотӣ
Коммутатор ин яке аз таҷҳизотҳои шабакавӣ буда, барои тақсим намудани нокилҳои шабакавӣ ба компютерҳо инчунин барои идора намудани кори шабака истифода бурда мешавад. Коммутаторҳо як чанд намуд ва дорои иқтидорҳои гуногун мебошанд. Аз руи иқтидори тақсим намудани нокилхо ва хуб идора намудани шабака комутаторхо 8-порта 16-порта 24-порта 36-порта ва 64 порта мешаванд. Дар ҳар яке аз ин портҳои таҷҳизот мо метавонем нокилҳои шабакавиро пайваст намуда ва тарзи кори ҳар яке аз ин компютерҳое, ки ба шабака пайваст аст идора намоем ё ин ки таҷҳизоти дигари шабаквӣ яъне HAB-ро низ ба яке аз портхои ин таҷҳизот пайваст намуда, миқдори компютерҳое, ки ба шабака пайваст мешаванд зиёд намоем. Комутатор метавонад ҳар як компютере, ки ба у пайваст аст, тарзи суръти кори уро яъне кори шабакаро тағир дих
Ҳимояи компютерҳо аз вирусҳо

Ҳимояи компютерҳо аз вирусҳо

Технологияи иттилоотӣ
Ба компютер насб кардани барномаҳои зиддивирус ҳатмист. Аз руи баъзе баҳодиҳиҳо зарари вирусҳо ба компютерҳо ба якчанд миллиард доллар баробар аст. Ба нобудсозии вирусҳо нигоҳ накарда, ҳар сол қариб 9% компютерҳо аз вирусҳо осеб мебинанд. Вирусҳои компютерӣ барномаҳои кодӣ мебошанд, ки мустақилона метавонад шумораашон зиёд шаванд. Яъне, ба файлҳо якҷоя шуда, дар папкаҳо аз нав нусхабардорӣ мешаванд. Вирусҳо зараррасон ва безарар мешаванд. Вирусҳои безарар дар вақти кор овозҳо ё тасвирҳоро ба файлҳо ҳамроҳ намуда, суръати кории компютерро суст мекунанд. Вирусҳои зараррасон маълумотҳоро метавонанд аз дискҳо, дискетаҳо нест кунанд. Баъзе вирусҳо якбора фаъол шуда, баъзеи онҳо пас аз як чанд вақт фаъол мегарданд. Дар коди барнома вирусӣ санаи тасодуфӣ ё ҳисобкунак ё ин ки сана ҷой дода шудаа

Таҷҳизоти хориҷкунии информатсия

Технологияи иттилоотӣ
Монитор таҷҳизоте мебошад, ки барои дар экрани худ тасвир кардани информатсияи компютерҳои фардӣ хизмат мерасонад. Ду меъёри корӣ бо мониторҳо ҷой дорад: - Меъёри матнӣ (меъёри кор бо аломатҳо ва матнҳо); - Меъёри графикӣ (меъёри кор бо нуқтаҳои хурдтарини «Пикселҳо», ки имкон медиҳад расму графикаҳо тасвир карда шаванд). Ҳангоми кор бо меъёри матнӣ тамоми экран ба ададҳои муайяни мавқеъҳо xудо карда мешавад. Экран дар ҳар яке аз ин мавқеъҳо метавонад аломатеро аз маҷмуи маҳдуд гирифта, тасвир кунад. Ба сифати аломатҳо – ҳарфҳо, рақамҳо ва аломатҳои дигари махсус қабул карда шудааст. Яъне як ҳарф, як адад ва як аломати махсус аломат номида мешавад.  Экран дар меъёри матнӣ дар худ сатрҳо xудо мекунад, ки аз мавқеъҳои зиёде иборат аст. Воҳиди информатсияии ба экран баровардашавандаи ме

Намудҳои компютерҳои фардӣ

Технологияи иттилоотӣ
      Дар бозори компютер, компютерҳои фардӣ ба чунин номгуйҳо тақсим шудаанд: 1. Стансияи корӣ «Work Station – Рабочая станция». Чунин компютерҳо компютери пурқуввати корӣ мебошад. Одатан ин гуна компютерҳоро дар корхонаҳои калон, электростансияҳо ва дар баъзаҳои ҳарбӣ истифода мебаранд. Ин компютер дорои платформаи ду протсессора буда, ғунҷоишашон максималӣ мебошад. Сураъти корӣ ва хотираи фавриашон бузург мебошад. Якчанд дискҳои дурушти ғунҷоишашон калон пайваст карда шуда, бисёр вақт ба шабакаҳои локалии корхона пайваст мебошанд. Стансияи корӣ вобаста аз гузориши масаъла, барои ҳисобкуниҳои илмӣ, сохтани графикҳо ё ин ки дигар таъинотҳо истифода мешавад. Ба қисмати графикии стансияи корӣ чунин таҷҳизотҳо дохил мешаванд: 3D- видеокартаи касбӣ, таҷҳизоти қабулкунии мавҷҳои телеви

Компютерҳои фардӣ ва қисмҳои таркибии он

Технологияи иттилоотӣ
Компютер - ин як таҷҳизоти универсалие мебошад, ки қобилияти иҷрокунии кори мантиқиро дорад. Вай миллион ва миллиардҳо бор тезтар нисбати одам амалҳои математикию мантиқии вазнинро иҷро мекунад. Масалан, компютерҳои ҳозиразамон дар як сония даҳҳо миллиард амалҳои вазнинро иҷро мекунанд. Ин миқдори амалҳоро бо ёрии калкулятори руи мизӣ дар даҳсолаҳо иҷро карда шуданашон мумкин аст. Ҳоло бошад дар лабораторияҳои махсус мутахассисон суръати кории компютерҳоро дар як сония аз миллиард ба триллионҳо амал расонданианд. Компютер чун инсон дорои системаи хос мебошад, ки ба таври ҳайратангез «Ҷисм»-у «Ҷон»-ро бо ҳам мепайвандад. «Ҷисмӣ» - «Hardware» сахтафзор – компютер ин қисми таxҳизотии оҳанин аст. Васоити таҷҳизотии компютерҳои ҳозиразамон дорои механизми электронӣ, электромеханикӣ ва оптик

Наслҳои МЭҲ

Технологияи иттилоотӣ
Мошинаҳои насли якум гуфта мошинаҳоеро меноманд, ки дар сохтани онҳо лампаҳои электронӣ истифода бурда шудаанд. Хотираи ин гуна мошинаҳо хеле ҳам хурд ва суръати кориашон низ суст буданд. Дар як сония ҳамагӣ 10-20 ҳазор амалро иҷро мекарду халос. Барнома дар ин мошинаҳо бо забони коди мошинӣ навишта мешуд, ки кори барномасозро хеле душвор месохт. Дар байни мошинаҳои насли якум мошинаҳои М-3, М-20, МИНСК-2, 12, 14, БЭСМ, Стрела, Урал-1 паҳн шуда буд, ки истеҳсоли собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд. Аввали солҳои 60-ум ба сохтани мошинаҳои насли дуюм шуруъ карданд. Дар ин мошинаҳо нимноқилҳоро истифода бурданд, ки дар асоси онҳо транзисторҳо сохта шудаанд. Транзисторҳо лампаҳои электрониро иваз карданд, ки як қатор бартариҳо доштанд. Бартарии онҳо дар он буд, ки ин гуна мошинаҳо аз ҷиҳати вазн сабук,

Таърихи пайдоиши воситаҳои ҳисобкунӣ ва МЭҲ

Технологияи иттилоотӣ
Воситаҳои ҳисобкунӣ таърихи якчанд ҳазорсола дорад. Масалан, дар Хитой ва Япония ҳазорсол пеш аз солшумории мо воситаҳои ҳисобкуние мавҷуд буданд, ки шакли чути ҳозираро дошт. Якумин бор мошинаи ҳисобкунии ба таври механикӣ коркунандаро, ки ҳамагӣ ду амали арифметикӣ ҷамъ ва тарҳро иҷро мекард, олими франсуз Блез Паскаль дар соли 1642 ихтироъ карда ва соли 1645 сохт, ки онро «Паскалина» меномиданд. Маҳз аз ҳамин сабаб олими швед Никлаус Вирт забони алгоритмии навиштаи худро ба хотири якумин дар ҷаҳон ихтироъкори мошинаҳои механикии ҳисоб Паскалӣ номид. Соли 1673 математик ва философи немис Готфриду Вилгелм Лейбнитс мошинаи ба таври механикӣ коркунандаеро сохта баромад, ки бо воситаи он амалҳои ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро кор кардан мумкин буд. Якумин шуда соли 1821 Чарлз Беббиҷ профес