Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Мохият ва мазмуни сугурта дар шароити иктисоди бозоргони

Нақша:
1. Пайдоиш, зарурият ва моҳияти суғурта;
2. Вазифаҳои асосии суғурта;
3. Нақши суғурта дар шароити иқтисоди бозоргонӣ.

1. Пайдоиш, зарурият ва моҳияти суғурта.
Мафҳуми суғурта аз калимаи лотини “страх” гирифта шуда, маънояш тарс, бим, воҳима аз ҳодисаҳои тасодуфи ва ғайричашмдошт мебошад. Нишонаҳои авалини суғурта ҳануз дар давраҳои қадим пайдо шудаанд. Аз рӯи сарчашмаҳои то ба мо расида дар ҷамъияти ғуломдорӣ созишномаҳо тартиб дода шуда буданд, ки ҳамаи шахсони манфиатдор хатари зарари имконпазирро ҳангоми дар хатар будани манфиатҳои якҷояи молу мулкро бо ҳам медиданд. Ҳануз 2000 сол пеш аъзоёни корвонҳои тиҷоратӣ байни худ шартномаҳои тиҷоратӣ мебастанд. Дар ин шартномаҳо гуфта мешуд, ки дар сурати аз дуздию ғоратгарӣ ба корвон зарар ё хатар расида зарари расида ҷуброн карда мешавад. Ҳамин тавр, пайдоиши суғурта ба давраи ҷамъияти ғуломдорӣ рост омада, то имрӯз мароми худро гум накардааст. Барои таъмин моддии маҷруҳ ва ятимон давлат аз фондҳои суғуртаи иҷтимоӣ истифода мебаранд.
Фондҳои суғуртавӣ бо се усул ҷамоварӣ карда мешавад:
1. Марказонидашуда – усулеро меноманд, ки бо иштироки давлат ҷаъм намудани аъзоҳақиҳои суғуртавӣ сурат мегиранд. Давлат ба таври марказонидашуда фондҳои суғуртавиро барпо мекунад ва истифода мебарад.
2. Ғайримарказонидашуда – ташкилотҳои суғуртавӣ аз ҳисоби фаъолияти суғурта дар фондҳои худ пайдо мекунанд ва истифода мебаранд.
3. Усули колективона – бо пардохти аъзоҳақии суғуртавӣ як коллектив барпо мешавад ва ин фонд танҳо барои ҳамин коллектив истифода бурда мешавад.
Мафҳуми суғурта фаъолиятест, ки ҳимояи манфиатҳои шахсони хуқуқӣ ва воқеиро аз оқибатҳои ҳодисаҳои ғайричашмдошт аз ҳисоби фондҳои пули пардохтҳои ташкилёфтаи онҳо таъмин менамоянд.
2. Вазифаҳои асосии суғурта
Моҳияти суғурта дар вазифаҳои он возеҳу равшан мегардад. Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ суғурта вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
1. Огоҳонидан – огоҳ менамояд, ки ҳодисаҳои суғуртавӣ мавҷуданд ва аз онҳо саломатӣ ва амволи худро эмин нигоҳ доред.
2. Таваккалӣ – фаъолияти суғурта дар асоси тавакал сурат гирифта, ҳатман яке аз тарафҳо фоида мебинанд.
3. Амонатӣ – ширкатҳои суғуртавӣ аъзоҳақии суғуртавиро ҳамчун амонат нигоҳ дошта дар мавридҳои ҳодисаҳои суғуртавӣ бо меъёрҳои баландтар бар мегардонад.
4. Назоратӣ – фаъолияти суғурта аз тарафи мақомоти назорати давлатӣ аз болои фаъолияти суғурта танзим карда мешавад.
3. Нақши суғурта дар шароити иқтисоди бозоргонӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузариш ба иқтисоди бозорӣ гуногуншаклии моликият пайдо шуд ва сабаби асосии пайдошавӣ ва рушди бозори суғурта низ дар ҳамин омил асос меёбад, зеро ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаҳои муштарак, корхонаҳои хусусӣ ба амалиёт ва амвол худашон масъулият доранд. Маҳс болоравии масъулият ба молу мулкдорӣ рушди сектори ғайридавлатӣ сабаби асосии болоравии нақши суғурта дар мамлакат гаштааст. Зеро дар ҳодисаҳои суғуртавӣ аз тарафи давлат дастгириҳои моддӣ ба корхонаҳо пас аз ғайридавлатикунонӣ кафолат дода намешавад.
Адабиётҳо:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти «Суғурта» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе -1994с.
2. Акобиров Ҳ.Н. Ашуров Ғ.Д. «Суғурта» Душанбе – 2006с.
3. Сафаров М. «Суғурта чист» Душанбе – 2001с.
4. Мирзоев И. «Суғуртаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Эфимов С.Л. «Деловое практика страхового агента и брокера» Москва -1996.
6. Алякринский А.Л. «Правовое регулирование страховой деятельность в Россией» – Москва 1994.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.