Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Суғурта дар Тоҷикистон баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ

Гарчанде, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ бунёди ҷамъиятҳои суғуртавии саҳомӣ, байниҳамдигарӣ ва кооперативӣ, ки бо ширкатҳои суғуртавии давлатӣ рақобат мекарданд, ҳанўз соли 1990 (Қарори Шўрои Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои ғайриинҳисорикунонии хо ҷагии халқ», аз 16-январи соли 1990) эълон шуда буд, дар амал ин раванд танҳо соли 1992 баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ татбиқи худро ёфт. Маҳз ҳамин сол дар Ҷумҳурии То ҷикистон ширкати мустақили инвеститсионии суғуртавии «Муин» ташкил шуд.Системаи ибтидоии муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи суғурта дар Ҷумҳурии То ҷикистон аз соли 1992 ву ҷуд дорад. Вале дар ин давра бозори хизматҳои суғуртавӣ ё тамоман ву ҷуд надошт ё бо суръати ниҳоят суст инкишоф меёфт. Гарчанде, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ бунёди ҷамъиятҳои суғуртавии саҳомӣ, байниҳамдигарӣ ва кооперативӣ, ки бо ширкатҳои суғуртавии давлатӣ рақобат мекарданд, ҳанўз соли 1990 (Қарори Шўрои Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои ғайриинҳисорикунонии хо ҷагии халқ», аз 16-январи соли 1990) эълон шуда буд, дар амал ин раванд танҳо соли 1992 баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ татбиқи худро ёфт. Маҳз ҳамин сол дар Ҷумҳурии То ҷикистон ширкати мустақили инвеститсионии суғуртавии «Муин» ташкил шуд. Ҳанўз соли 1991 дар ҷумҳурӣ назорати давлатии суғуртавӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии То ҷикистон (баъдан ин мақомот ба ихтиёри Вазорати молияи ҶТ дода шуд), ташкил гардид. Аммо заминаи қонунии танзими ҳуқуқии бозори миллии суғуртаро Қонуни Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар боари суғурта», ки 20 июли соли 1994 қабул шудааст, гузошт, ки тибқи он функсияҳои додани и ҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ, ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои суғуртшавандаҳо, суғуртакунандаҳо, давлат ва дигар шахсони манфиатдор ба зиммаи назорати давлатии суғуртавӣ вогузошта шудааст. Афзоиши миқдории ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии То ҷикистон ба солҳои 1993-1997 рост меояд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 15 ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ ташкил шуданд. Ин ширкатҳои суғуртавӣ статуси шахси ҳуқуқиро гирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии То ҷикистон номнавис шуданд ва аз Мақомоти назорати давлатии суғуртавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии То ҷикистон и ҷозатнома гирифта, ҳуқуқи гузаронидани амалиёти суғуртавиро пайдо карданд. Вобаста ба хислати ташаккулёбии Фонди оинномавӣ ҳамаи ширкатҳои суғуртавиро шартан ба ду гурўҳ тақсим кардан мумкин аст: саҳомӣ, кооперативӣ ва дигар ташкилотҳои суғуртавӣ, ки нисбати ташкилотҳои давлатии суғуртавӣ алтернативӣ буданд. Динамикаи афзоиши миқдории ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатии дар ҷумҳурӣ таъсисёфта, боиси умед бастан ба ташаккулёбии бозори суғурта мешуд. Ин ширкатҳо ба фаъолият оғоз карда, ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ шартномаҳои суғуртавиро мутлақо дар асоси ихтиёрӣ баста, хизматҳои суғуртавиро пешниҳод мекарданд. Гузаштани маблағҳои муввақатан озоди онҳо ба инкишофи иқтисоди ҷумҳурӣ сол аз сол меафзуд ва ба бу ҷети давлатӣ аз фаъолияти онҳо андозҳои муайян ворид мегаштанд. Афзоиши миқдори ширкатҳои суғуртавии ғайридвлатӣ ба фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ таъсири манфӣ мерасонидагӣ шуд, зеро онҳо дар муддати 70-соли мав ҷудияти инҳисории худ ба кор дар дар шароити рақобати сахт одат накарда буданд. Бинобар ин онҳо кўшиш карданд, ки ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатиро бо роҳи зиёд кардани Фонди оинномавӣ барои таъсис ва фаъолияти суғуртавӣ аз байн баранд. Баъди он, ки бо ташаббуси ширкатҳои давлатии суғуртавӣ ҳа ҷми Фонди оинномавӣ барои ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ ба таври сунъӣ зиёд карда шуд, аз 15 ширкати суғуртавии ғайридавлатӣ дар ҷумҳурӣ танҳо 2 ширкат боқӣ монд. Албатта, бо ин миқдор ташкили бозори мутамаддини суғуртавии бар рақобати мутамаддин асосёфта дар ҷумҳурӣ ғайриимкон буд. Баъди дар соли 1998 барҳамдиҳии ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ соли 1998 дар Ҷумҳурии То ҷикистон ҳатто дигар кўшише оид ба таъсиси ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ нашудааст ва боварӣ нест, ки он миқдори ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ дар ояндаи наздик барқарор карда шаванд. Чун пештара бозори суғуртавии То ҷикистон аз ҷониби ширкатҳои суғуртавии давлатӣ инҳисор шудааст. Намудҳои ҳатмии суғурта, ки ширкатҳои давлатии суғуртавӣ бо тарифҳои баланд и ҷро мекунанд, пардохти маблағҳои суғуртавиро пешбинӣ менамоянд, аммо ҷуброни суғуртавиро бо андозаҳои рамзӣ, яъне хеле кам, мепардозанд, ки ҳе ҷ гоҳ оқибатҳои ҳолати суғуртавиро намепўшонанд ва суғурташударо ма ҷбур месозанд, ки барои барқарор намудани амволи худ ё ҷуброни зарар ба шахси сеюм муро ҷиат кунад, то ў ин зарарро аз маблағи худ пардозад (масалан, суғуртаи ҳатмии масъулияти граждании соҳибони нақлиёт ва ғ.). Хислати хоси солҳои сипаришуда ин аз тарафи ширкатҳои давлатии суғуртавӣ зиёдкунии бемайлонаи миқдори намудҳои ҳатмии суғуртаҳои давлатӣ мебошад. Дар айни замон миқдори онҳо ба 19 расидааст (дар солҳои шўравӣ ҳамагӣ 2 намуд буд). Ширкатҳои мазкури суғурта 19 намуди суғуртаи ҳатмӣ, яъне ма ҷбуриро и ҷро карда ба дигар ширкатҳои ғайридавлатӣ майдони фаъолиятро танг карда, дар нати ҷа гузаронидани суғуртаи ихтиёриро душвор гардондаанд. Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки суғурта ва фаъолияти суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат ба талабот табдил наёфт. Бинобар ин агар дар айни замон офатҳои табиӣ – ба монанди замин ҷунбӣ, ярч ва дигарҳо сар зананд, ҷуброни онҳо пурра ба дўши давлат меафтад. Аз набудани талабот ба суғурта дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои суғурта маълумот кам аст. Дар матбуот оид ба фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ низ маълумоти тамоман кам чоп мешавад, ҳарчанд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар бораи суғурта» (моддаи-26) омадаст, ки суғуртакунандаҳо вазифадоранд ҳар сол маълумотро баъди тасдиқи аудиторҳо дар бораи баланси солона ва ҳисоби фоидаю зарраҳо нашр кунанд. Чунин фаъолияти ношафоффи ширкатҳои суғуртавӣ, махсусан – давлатӣ, имконият медиҳад, ки механизмҳои суғуртавиро барои беҳбудии ти ҷоратӣ ва идоравии худ пурра истифода баранд, ки он ба манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат ҳе ҷ умумият надорад. Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии То ҷикистон тағйироти амиқи иқтисодӣ ба амал омада истодааст, ҷамъият ба дарки нақш ва мавқеи механизмҳои бозорӣ дар тараққиёти иқтисодиёт расидааст. Аммо дар шуури ҷомеа то ҳоло фикри зарурати суғурта ҳамчун қисми ҷудонашавандаи зерсохторӣ иқтисоди бозорӣ пайдо нашудааст. Аммо дида мешавад, ки доираи таъсири давлат ба рушди иқтисодиёт ва тақсими неъматҳои моддӣ танг шуда, хусусигардонӣ ва саҳомикунии моликият бо суръати тез пеш рафта, миқдори зиёди субъектҳои хо ҷагидор пайдо шуда истодаанд, ки бо хавфу таваккали муфлисшавӣ дар нати ҷаи фаъолияти бесамари хо ҷагидорӣ дар шароити рақобати воқеӣ амал мекунанд. Чуноне, ки мо дар боло зикр кардем, набудани тулонии та ҷрибаи суғуртаи ихтиёрӣ дар соҳаи саноат ва дигар соҳаҳои хо ҷагии халқ дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ субъектҳои хо ҷагидориро ба он водор мекард, ки ҳамаи ҳадисаҳои фавқулода бояд аз ҷониби давлат ҷуброн карда шавад. Ҳоло ин тавр нест. Ҳангоми сар задани ҳолати суғуртавӣ субъекти хо ҷагидор бояд худаш ин ҳолатро рафъ созад, яъне ба кўмаки давлат интизор нашавад. Зеро ҳоло бисёр заводу фабрикаҳо ва дигар корхонаҳо ба моликияти давлатӣ муттааллиқ нестанд. Дар ин вазъият ташкилотҳои суғуртавӣ, махсусан давлатӣ, мебоист барандагон ва паҳнкунандагони фарҳанги суғуртавӣ дар байни омма бошанд. Ҳоло бошад, бо сабаби афзудани сатҳи таваррум, аҳолӣ аз бастани шартномаи суғуртаи дарозмуддати ҳаёт умуман даст кашидааст, чунки ин амал ба вай муфид нест. Зеро, ки аъзоҳаққии супурдаи суғурташаванда дар давоми 3, 5, 10 сол ва зиёда аз ин метавонад беқурб шавад. Дар ин ҳолат, яъне беқурбшавии давомнок ва бепойдории асъори миллӣ бастани шартномаҳои суғуртаи ҳолатҳои хатар (суғурта аз ҳодисаҳои нохўш, амвол) муфид асту халос, ки мўҳлати онҳо аз як моҳ то як сол аст. Дар чунин муддати кўтоҳ, дар ҳолати фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, беқурбшавии асъор чандон назаррас нест. Дар давраи беқурбшавии давомнок ва номўътадилии қурби асъори миллӣ бастани шартномаи суғуртаи ҳаёт бо шарти ғункунӣ ва баргардонӣ хубтар аст. Ин намуди суғуртаро бо нишон додани шартҳои баргардониши аъзоҳаққӣ ва фарорасии ҳолати суғуртавӣ (сину сол, фавт, маъюбшавӣ) бо ташкилоти суғуртавӣ дар асоси асъори устувор (масалан, доллари Америкоӣ) бастан ба манфиати суғурташаванда аст. Дидан карданд: 96 Мавзӯъҳои нав: Банакшагири Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира Ба намудҳои шиновари дохил мешавад Намудҳои туризми экологӣ Коментари дохил карданд: Коментарии худро дохил кунед! Номатон ва E-mail-и худро дохил кунед: Матни коментарй: Суммаи ин ададҳоро нависед:


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.