Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Страхование

Страхование

Мохият ва мазмуни сугурта дар шароити иктисоди бозоргони

Страхование
Нақша: 1. Пайдоиш, зарурият ва моҳияти суғурта; 2. Вазифаҳои асосии суғурта; 3. Нақши суғурта дар шароити иқтисоди бозоргонӣ. 1. Пайдоиш, зарурият ва моҳияти суғурта. Мафҳуми суғурта аз калимаи лотини “страх” гирифта шуда, маънояш тарс, бим, воҳима аз ҳодисаҳои тасодуфи ва ғайричашмдошт мебошад. Нишонаҳои авалини суғурта ҳануз дар давраҳои қадим пайдо шудаанд. Аз рӯи сарчашмаҳои то ба мо расида дар ҷамъияти ғуломдорӣ созишномаҳо тартиб дода шуда буданд, ки ҳамаи шахсони манфиатдор хатари зарари имконпазирро ҳангоми дар хатар будани манфиатҳои якҷояи молу мулкро бо ҳам медиданд. Ҳануз 2000 сол пеш аъзоёни корвонҳои тиҷоратӣ байни худ шартномаҳои тиҷоратӣ мебастанд. Дар ин шартномаҳо гуфта мешуд, ки дар сурати аз дуздию ғоратгарӣ ба корвон зарар ё хатар расида зарари расида ҷуброн карда меша