Контактная информация

Саволи №1. Менеҷмент дар бизнеси байналхалқӣ;
Саволи №2. Бизнес дар Амрико ва Аврупо;
Саволи №3. Бизнес дар Россия;
Саволи №4. Бизнес дар Осиё.

Ҷавоб ба саволи №1. Дар бизнеси байналхалқӣ системаи менеҷмент маҷмўи ташкилии воситаҳо, усул ва равандҳои идоракуниву қабули қарорҳо дар мавриди амалӣ гардондани фаъолият дар бозорӣ беруна мебошад, ки дар амали му­тақобил ва равобит қарор дошта, як воҳиди ягонаи динамикиро ба вуҷуд меоварад. Ин раванд аз бисёр ҷиҳатҳо бо гуногунии фарҳангҳову муҳити инсонӣ алоқманд аст.
Ба менеҷмент дар бизнеси байналхалқӣ як силсила хислатҳои фарқкунанда хос аст:
Хислати инкишофёбӣ (тағйирёбандагӣ), ки дар тағйирёбии муттасили раванди менеҷмент аз рўи самтнокӣ, масъалагузорӣ, хусусияти ҷараён, инчунин дар ди­намика будани ҳаракати марҳилаҳои мухталифи он ва амалиёт дар алоқмандӣ бо фаъолият дар мамлакатҳои мухталифи дорои фарҳангҳои гуногун зоҳир мегардад.
Хислати устуворӣ, – бо пайдо шудани каналҳои муайян тасдиқ меёбад, ки дар доираи ин каналҳо раванди менеҷмент вобаста ба самти бизнес ҷараён мегирад.
Хислати бефосилагӣ, ки низ ба ин навъи менеҷмент хос буда, зарурияти доиман ба амал бароварда шудани идораи истеҳсолотро инъикос мекунад.
Ба усули тайёриву қабули қарорҳо дар фаъолияти менеҷерӣ нақши ниҳоят муҳим хос аст. Маъмулан ҳалли проблемаҳои алоқаманд бо баромадану амал кардан дар бозори беруна афроди зерин иштирок мекунанд:
– менеҷерҳо – шахсоне, ки доир ба ҳукми қатъӣ баён кардан роҷеъ ба сифати қарорҳои омодашудаву тасдиқи он ҳуқуқ доранд;
– мутахассисони коршинос, ки ба сифати қарор баҳо медиҳанд ва барои координатсияю қабули дутарафи ҷиҳатҳои ҷудогонаи он масъуланд;
– мутахассисони таҳлилгар (аналитикҳо), ки ба омодагиву тарҳрезии қарорҳо (ҳисобу китоби планию иқтисодӣ, корҳои алоқаманд бо вариантҳои пешакии қарор алоқаманд кардану мувофиқ гардондани он) масъуланд;
– иҷрогарон – ашхос ё зерқисмҳое, ки дар тарҳрезии ҳуҷҷатҳои қабули қарорҳоро инъикоскунанда иштирок мекунанд, коркарди иттилоотро ба амал мебароранд.
Қайд мекунем, ки баъзе марҳилаҳои қарорро метавонанд айнан як шахсон ба ҷо оваранд, ки ба ҳайси кор­шинос, таҳлилгар ва иҷрогар баромад мекунанд.
Ҳар қадар сатҳи қабули қарорҳо дар ташкилот ба­ланд бошад, ҳамон қадар метавон онҳоро марказонида ҳисобид, ҳар қадар ин сатҳ паст бошад, ҳамон қадар онҳо ба ғайримарказонидашуда наздиканд. Проблемаи марказонидан ва ғайримарказониданро метавон аз мавқеи ширкат яклухт ё ҷузъҳои алоҳидаи он таҳлил кард, масалан, бо филиали мушаххас.
Менеҷер метавонад барои қабули қароре ваколат дошта бошад, вале ҳақ надорад бо дигар менеҷер машварат карда ризоят ба даст овардад, пеш аз он, ки аз ваколатҳои худаш истифода барад.


Ҷавоб ба саволи №2. Ба эътибори фарқ доштани фарҳангҳо дар раванди амалӣ гардонидани бизнес омўзиши баъзе хусусиятҳои муҳити инсонию фарҳангии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон зарур аст. Ҳар яке аз миллатҳо расму одат, оин, анъана ва хусусиятҳои фарқкунаидае доранд, ки дар анҷом до­дани муомилот бо онҳо зоҳир мегарданд. Бинобар ин шахси ба бизнес машғулшаванда дидаю дониста махсусиятҳои шарики тиҷорати бурунмарзиашро меомўзад.
Штатҳои Мутгаҳидаи Америка
Суръати рўзгори америкоиён аз суръати рўзгори дигар мамлакатҳо фарқ дорад. Бизнесменҳои америкоӣ ба сахтмуомилагӣ дар ҷаҳон шўҳрат доранд, вале бо вуҷуди ин аз ҳар ҷиҳат бо онҳо муомила кардан осонтар аст.
Дар мавриди мулоқот ба америкоиён чунин рафтор хос аст:
– онҳо фардгароянд ва ба онҳо мустақилона рафтор намудан маъқул аст ва барои амал кардан супориши роҳбарро интизор намешаванд, парвои роҳбар надоранд. Ҳар корро пеш гирифтанашон мумкин аст, агар ин кор манъ набошад.
– онҳо аз оғози вохўрӣ ғайрирасмӣ рафтор мекунанд- пиджакашонро мекашанд, касро ном гирифта муроҷиат мекунанд.
– онҳо худро ҳамчун мардуми оддӣ нишон медиҳанд, дар бораи ҳама чиз бо забони англисӣ сухан меронанда, ба воситаи ниҳоят хушмуомилагӣ боварибахшиашонро нишон медиҳанд.
– дар ҷое, ки имконпазир аст онҳо ҳазлу шўхӣ мекунанд, агар чи шарики онҳо дар ин ягон чизи хандаоварро набинад.
– аз ибтидои сўҳбат бемамоният «картаҳояшонро мекушоянд», сипас суҳбатро дар заминаи пешниҳодоту ва зидди пешниҳод давом медиҳанд. Онҳо дар бисёр ҳолатҳо ба душвориҳо дучор мешаванд, агар тарафи муқобил мақсадҳои худро пурра ифода накунад.
– дар вақти гуфушунид онҳо хомўширо дўст намедоранд ва зуд қарор қабул мекунанд.
– онҳо аксар вақт ба сифати далел қувваи худро нишон медиҳанд, масалан иқтидори молиявӣ ё мавқеи устуворашонро. Онҳо бе мамоният аз ҳуқуқи овози ҳалкунанда истифода мекунанд, агар чунин овозе дошта бошанд ва ба он фурсати зиёд сарф намекунанд, ки консенсус ба даст оваранд.
– онҳо ба гуфтушунидҳо чун ба раванди ҳалли проблема бо роҳи гузашткунии байни якдигарӣбо дар назардошти таносби қувваҳо муносибат мекунанд. Онҳо хуш надоранд, вақте тарафи муқобил фақат як варианта ҳалли масъаларо пешниход мекунад.
Бизнесменҳое, ки ба америкоиҳо корафтод мешаванд, афзалиятхҳои иловагӣ доранд. Онҳо маъмулан дар бораи америкоиён ва кишварашон хеле зиёд чизҳо медонанд, нисбат ба он ки америкоиён дар бораи онҳо ва кишварашон медонанд.
Британияи Кабир
Марди англис шахси якқавла аст, ҳалол бозиданро мехоҳад. Британиҳо дар муомила бо дигар мардуми англисизабон худро чун дар хонаи худ ҳис мекунанд, дар барқарор кардани муносибатҳои оддӣ, вале самарабахши алоқаи дутарафа душворие эҳсос намекунанд. Онҳо дар муносибат бо мардуми Скандинавия, Голландия ва Ҷопон низ дар ҳолати бо онҳо шинос шудан худро бароҳат ҳис мекунанд. Британиҳо ба табақаҳои гуногуни иҷтимои тааллуқ доранд ва бинобар ин дар вақти кор гирифтан бо онҳо ин ҳолатро ба эътибор гирифтан зарур аст.
Британиён дар гуфтугўҳои тиҷоратӣ дар ибтидо як дараҷа зоҳирӣ рафтор мекунанд, танҳо баъди як-ду мулоқот ҳарифро ном гирифта муроҷиат мекунанд, сипас чунин рафтор мекунанд: пиджакашонро мекашанд, остин бармезананд, шарикро ном гирифта гап мезананд – минбаъд ҳам чунин рафтор кардан мегиранд.
Бизмеснҳои британӣ кўшиш мекунанд дар гуфтушунидҳо тарзе рафтор кунанд, ки онҳо хирадмандона гузашт карда, оқилона муомила бикунанд. Ба ҳисоб гирифтан зарур аст, ки британиён ҳатто дар ҳоли вуҷуд надоштани ихтилоф ҳам дар мулоқоти якум хеле кам ба қарори қатъӣ меоянд. Онҳо шитобкориро хуш надоранд. Ҳангоми гуфтушунид бо онҳо бояд пешниҳод кунед: «Оё мумкин нест, ки дар мулоқоти дигарамон ба як қарори катъӣ биёем?».
Британиён қодир ҳастанд ба муҳокимаи шартҳои қарордод дурудароз телефонӣ сўҳбат кунанд, вале қа­риб ҳамеша хоҳиш мекунанд ин шартҳоро баътар дар шакли хаттӣ пешниҳод бикунанд. Онҳо адатан парвандаҳои калонҳаҷмро дар бойгонӣ маҳфуз медоранд.
Фаронса
Фаронсавиён, ба мисли ҷопониҳо, ба беҳамто будани худ бовар доранд ва ҳеҷ вақт интизор ҳам намешаванд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ вақт ба стандартҳои онҳо мувофиқ бошад. Барои он ки ба натиҷаи дилхоҳ ҳангоми сару кор гирифтан бо фаронсавиҳо ноил шавед, боист психология ва тактикаи онҳоро дар вақти ташкил кардани амалиётҳои тиҷоратӣ омўзед. Онҳо дар гуфтушунидҳо тарзи соф фаронсавиро пеш мегиранд, ки он аз лаҳзаҳои зерин иборат аст.
– онҳо ба мулоқот либоси расмӣ пўшида меоянд, ба ин мулоқот чун ба як воқеаи расмӣ муносибат меку­нанд.
– онҳо насаби ҳарифро ба забон оварда муроҷиат кардану тавсияи расмиро ба кор мебаранд ва мувофиқи мақоми худ дар паси мизи гуфтушунид менишинанд.
– агар дар гуфтушунид фаронсавиён роҳбарӣ кунанд, расмият пурра риоя карда мешавад.
– дар далелҳои онҳо мантиқ афзалият дорад ва онҳо ба зуди сустии ҳама гуна сухани аз тарафи муқобил гуфта шударо истифода мекунанд.
– дар оғози мулоқот онҳо талаботи худашонро пешниҳод намекунанд, вале ба ёрии далеловариҳои мантиқии нуқтасанҷона тарҳрезишуда ба сари мақсад мео­янд.
– онҳо нияташнро дертар дар раванди гуфтушунид ошкор мекунанд.
– фаронсавиён аз оғози гуфтушунид кўшиш ме­кунанд, ки мақсаду талоботи ҷониби дигарро муайян ку­нанд.
– фаронсавиён барои барқарор намудани муносибатҳои дўстӣ аз оғози гуфтушунид бо тарс нигоҳ мекунанд ва ҳангоми суханронӣ гирифтани ном, кашидани пиджакҳо ё муҳокима кардани корҳои шахсиву оилавиро хуш надоранд.
– онҳо бо шуурнокии баланди худ мефахранд, вале хуш надоранд, ки онҳоро дар қабул кардани қаро­рҳо ба шитобкорӣ водор кунанд.
– онҳо қариб, ки қарорҳои асосиро дар вақти гуфтушунид қабул намекунанд. Дар бисёр ҳолат нафаре, ки барои қабули қарорҳо ҷавобгў ҳаст дар вақти гуфтушунид ҳозир надорад.
– онҳо дар ҳолати мантиқи худро нигоҳ доштан дар гуфтушунидҳо гузашт намекунанд. Ин аксари вақт дар назди шарикони ифодакунандаи якравии онҳо мебошад.
Аз ин ҷо бо  фаронсавиён сару кор гирифта ҳамеша бо онҳо бояд ба таври расмӣ муносибат намуд ва нисбати роҳбари воломақоми фаронсавиён хушмуомилагии қариб ки батаъкидро нашон дод.
Германия (Олмон)
Тавсифоти асосии маданияти кордории олмониён аз инҳо иборатанд:               
– майли ба анҷом расондани як силсилаи амалиёт, пеш аз он, ки ба дигараш гузаранд;
– боварии баланд доштан нисбат ба он, ки гуфтушунидро аз рўи виҷдон ва ошкоро пеш мебаранд;
– майли кушоду равшан ифода кардани норозигии худ ва истифода накардани дипломатия.
Олмониён нисбат ба амвол ва моликият эҳтироми беандоза доранд. Онҳо ба иморатҳои қоматафрўхта, асосия (мебел), автомобилҳо ва либоси зебо хеле аҳамият медиҳанд ва кўшиш  мекунанд бо ин гуна чизҳои худашон ба дигарон таассурот бахшанд.
Ҳангоми ба олмониён реклама кардани маҳсулоти ширкати худ, бояд ҳар чи мумкин аст ба нашрияҳои чопӣ аҳмият дод. Ба олмониён рекламаи рангу бораш баланди телевизионӣ, шиорҳои чолокона ё тасвироти бадеӣ таассурот намебахшанд. Аҳамият надорад, ки рисолаҳои рекламӣ чӣ қадар тўлонианду дилгиркунандаанд – олмониён ҳамаашро мехонанд. Онҳо инчунин ҳаминро нигаронанд, ки мол бо тавсифномаи ба он замимагардида пурра мувофиқат дошта бошад.
Олмониён тарзи ба худ хоси гузаронидани вохўриҳо ва гуфтушунидҳоро доранд.Онҳо хеле ба расмият эътибор медиҳанд. Умуман ҳангоми вохўрӣ бо олмониҳо бояд усули расмиро истифода кард ва ба хислатҳои зерини олмониҳо эътибор бояд дод:
– олмониҳо хеле боодобанд ва ба гуфтушунид бо либоси шинам ҳозир мешаванд ва аз тарифи дигар низ ҳаминро тақозо мекунанд.
– онҳо барои риоя кардани мартабот дар вақти ҷой гирифтан аз паси мизҳо ва ба навбат суханронӣ  назорат мебаранд.
– онҳо аз ҳар он чи ба кор дахл дорад, иттилооти пурра доранд ва аз шарик низ ҳаминро интизор ҳастанд.
– онҳо хуш надоранд, вақте ки онҳоро шитоб медиҳанд.
Дар ҷиддияти худ онҳо кўшиш мекунанд тобеъи қонун, шаҳрвандони боинтизом бошанд.
Италия
Тафовути италиёвиҳо аз испаниҳо, олмониҳо ё фа­ронсавиён дар он аст, ки инҳо он қадар эҳросиву зудранҷ нестанд. Инҳо танқиди ба унвони худашонро қабул мекунанд ва дар муомила ниҳоят пурбардоштанд. Назар ба аксарияти аврупоиён бо инҳо хеле озодона метавон гуфтугў кард.
Италиёвиҳо  ба  мулоқоти  таъйиншуда сари вақт ҳозир намешаванд.
Пурбардошт будани италиёвиҳо дар бизнес ағлаб касро ба андешае мебарад, ки онҳо аз рўи виҷдон рафтор намекунанд. Онҳо ағлаб қоидаро тағйир медиҳанд, қонунро вайрон мекунанд ё «давр зада мегузаранд» ва баъзе созишномаҳоро хеле озодона тағйир медиҳанд, меъёру қарордодҳоро низ. Ин усули бизнеси онҳост ва бинобар ҳамин ҳам барои манфиат бардоштан аз чунин « пурбардоштӣ » фурсати муносиб муҳайёст.
Дар мулоқотҳо италиёвиҳо ба рўзнома чандон риоя намекунанд, чунон ки шимолиҳо риоят мекунанд. Онҳо аз нуқтаҳое гап мекушоянд, ки бояд баъдтар баррасӣ шаванд ё бори дигар ба он масъалаҳое бар мегарданд, ки алакай ҳалшуда ба ҳисоб мераванд.
Португалия
Дар соҳаи бизнес, португалиҳо – аз ваҷҳи гуфтушунид яке аз беҳтарин мутахассисони ҷаҳонанд. Тавсифоти зерини рафтори португалиҳоро дар боби гуфтушу­нид кардан метавон мисол овард.
– онҳо ба таври инфиродӣ ё дар ҳайати командаҳои камшумор гуфтушунид мекунанд. Аъзои гурўҳ якдигарро хуб мешиносанд ё хешованди якдигар буданашон мумкин аст.
– онҳо чолоку ҳассосанд ва аз фурсати муносиб баҳра бардошта метавонанд. Онҳо ниҳоят пурбардоштӣ зоҳир мекунанд. Услуби муоширати онҳо – фасоҳат- баёнӣ, ба эҳсосот дода шудан, вале нисбат ба италиёвию испониҳо худдорандатар мебошанд.
– онҳо ба гуфтушунид доир ба ҳама ҷиҳатҳои муомила иттилооти комил гирифта ҳозир мешаванд.
– онҳо таҷрибаи бизнеси байналхалқӣ доранд. Тиҷорати садсола бо Ҳиндустон, Африка, Шарқи Дур португалиҳоро ба пурбардоштӣ, маккорӣ, воқеъбин будан ва «ҳунари бой дода тавонистан » одат кунонидааст.
Испания
Барои ба испаниҳо маъқул афтодан хеле меҳнат кардан даркор аст. Агар кас аз ўҳдаи ин кор барояд, кор худ ба худ ҷараён мегирад. Ҳамин хел вонамуд кардан дар­кор, ки шарики онҳоро дил нарм аст ва боз ҳамин ки ин шарик хар чизро ҷиддӣ қабул намекунад.
Мачо («арбадаҷў, марди ҳақиқӣ») – вожаи испанӣ, ва мардонагии зотии бизнесмен ба вай дар ҷамъияти испаниҳо хидмати некро анҷом медиҳад.
Барои бисёре аз испанихо калимаи “шараф” дар забони онҳо муҳимтарин вожае мебошад.
Шветсия
Менеҷмент дар Шветсия ғайри мутамарказ ва демократист – ташкилоти муқаррарии компанияи шведӣ сохтори ниҳоят горизонтали дорад. Фосила миёни сатҳи ҳокимият чандон зиёд нест ва менеҷери компания маъмулан ба персонал дастрас аст ва барои баҳру талош кушод аст. Дар фирмаи шведҳо табақоти ҳокимият камтар аст нисбат ба, масалан, фаронсавӣ ё олмонӣ.
Бо бизнесменҳои шведӣ сару кор гирифта истода, лозим аст ин чизҳоро донист.
– онҳо ба он итминон доранд, касони поку шарофатманданд ва ростгўянд.
– онҳо бо ҳампешагони худ баҳс карданро дўст надоранд.
– ҳангоми мулоқотҳои корӣ онҳо аз дастҷунбонию имою ишора хеле кам истифода мебаранд, гарчи назар ба олмониҳову финҳо хеле бештар табассум мекунанд.
– онҳо ба мақому дараҷаи мусоҳиб эҳтироми хос доштанашонро нишон намедиҳанд ва ба афроди мўътабар чун ба абнои ба ҳама баробар рў меоваранд.
– онҳо ҳаргиз ба мусоҳиби худ зўроварӣ намекунанд ва ба дуруштӣ фишор оварданро пеш намегиранд, агар чи ҳатто дар ягон масъала афзалият дошта бошанд ҳам.


Ҷавоб ба саволи №3. Хислати соҳибкорони Россия ба мо ошнотар аст, назар ба аҳли дигар миллатҳо. Моро муносибатҳои бисёрасра ба ҳам мепайванданд, хусусан дар давраи бештар аз 70-солаи мавҷудияти системаи шўравӣ.
Хусусиятҳои зерини соҳибкорони Россияро дар гуфтушунидҳо метавон қайд кард:
– командаи Россия дар гуфушунидҳо ағлаб аз собиқадорону коршиносон иборат аст, ин чунин маъно до­рад, ки таҷрибаи зиёд доранд.
– онҳо гуфтушунидро тарзе пеш мебаранд, ки гуё шоҳмот мебохта бошанд, яъне чанд гаштро пешакӣ ба нақша мегиранд. Ҳариф бояд оқибати ҳар як гапро биандешад, пеш аз он ки онро пеш гирад.
– онҳо аз ин тактика танҳо даме даст мекашанд, ки агар тарафи муқобил матонати қатьӣ зоҳир кунад.
– тамоюли умумии рафтори онҳо аз ин иборат аст, ки онҳо сахт ҳамлаоварӣ мекунанд, даме ки гумон баранд, ки ҳарифашон худро ақиб кашида истодааст ва ақибнишинӣ мекунанд, агар ба муқобилати сахт рўбарў шаванд.
– онҳо ағлаб мулоҳизаҳояшонро мисле, ки дар саҳнаи театр бошанд, бо эҳсосот баён мекунанд, кўшиш мекунанд, мақсаду талаботашонро равшан ифода намоянд.
– мисли америкоиён онҳо бо қатъият гап заданро хуш доранд, агар мавқеи худашонро қавӣ ҳисоб кунанд.
– дар вақти мулоқот онҳо тартибро риоят меку­нанд, ва яккасӣ гап мезананд.”
– вале онҳо, метавонанд аз баъзе бандҳои талаботашон даст кашанд, аммо фақат дар ивази дасткашиданҳо аз тарафи муқобил.
– онҳо зудранҷанд ва ғами мақомашонро мехўранд, бинобар ин бо онҳо дар мақоми баробар боист гап зад ва ҳавобаландона рафтор кардан лозим нест.
Ҷавоб ба саволи №4. Ҷопон – агар ҷопониҳо бо шарикони хориҷӣ ақди муомила бастанӣ набошанд, инро рўирост намегўянд, ва минбаъд бо намояндагони тамосгари ин команда вохўрдан хеле душвор мегардад. Ин маънои дар оянда ба гуфушунид нанишастанро дорад.
Дар гуфтушунидҳо бо намояндагони бизнеси Ҷопон донистани нуқтаҳои зерин зарур аст:
– намояндаи якуми командаи ҷопонҳо, ки тамос гирифтан бо вай cap мешавад, дар гуфтушунид то ба охир расидани он иштирок мекунад.
– қарори онҳо хусусияти дарозмуддат дорад. Барои қабул кардани қарорҳои ҷиддӣ фурсати зарур лозим аст.
– дар гуфтушунид ҷопонҳо ҳамеша хушуомилаанд.
– агар тарафи муқобил аз ҳад зиёд бесабрӣ кунад ё протоколро риоя накунад, онҳо ба гуфтушунид хотима мебахшанд.
– агар ба ҷопонҳо эҳтироми кофӣ зоҳир карда нашавад, муомила барпо намешавад.
– агар онҳо бинанд, ки нисбат ба худашон дар ниҳояти эҳтиром муомила мекунанд, ва дархостҳои ақлона пешниҳод мекунанд, метавонанд талаботи худашонро хеле тағйир диҳанд.
– онҳо мулоқотро бас мекунанд, агар чунин ҳисобанд, ки шартҳои ба миёноварандаи он тағйир ёфтаанд.
– онҳо дар гуфтушунидҳо нисбат ба роҳбари асосӣ муносибати эҳтиромкоронаи махсус зоҳир мекунанд ва умед доранд, ки шумо низ ба роҳбари онҳо хамчунин муносибат мекунед.
– ҷопониҳо худро халқи бесобиқа меҳисобанд, вале тайёр ҳастанд аз дигарҳо биомўзанд. Дар Ҷопон ба хориҷиён муносибати хуш мекунанд. Меҳмоннавозии онҳо мислу монанд надорад.
Хитоӣ
Иқтисодиёти давраи гузариши Хитой аз бисёр ҷиҳатҳо рафтори намояндагони бизнесро дар гуфтушунидҳо му­айян мекунад.
– онҳо мутобиқи силсилаи маротиби хидматиашон ҷой интихоб карда мешинанд, карточкаҳои визитиашонро мубодила мекунанд.
– ба сардори даста боист доиман эҳтироми махсус зоҳир карда ва дикқат дода шавад, агарчи дар гуфтушу­нидҳо иштироки фаъол надошта бошад ҳам.
– онҳо ҳамеша боадабона рафтор мекунанд, кўшиш менамоянд, аз муқобилат барканор истанд.
– хитоиҳо хеле кам «не» мегўянд ва дар лаҳзаҳои душвор фақат ба ин ишорат мекунанд.
– дар гуфтушунидҳо миёни онҳо руҳияи коллекти­визм бартарӣ дорад ва ҳаргиз «ман» намегўянд, балки фақат «мо» мегўянд.
– Онҳо сарфакор, боэҳтиёт ва пуртоқатанд. Дар гуфтушунид бо онҳо ҳамин гуна сабру тоқатро пеш гирифтан зарур, вагарна муомила мумкин аст қатъ гардад.
Аз ваҷҳи ба нақша гирифтани мулоқотҳо бошад, ағлаб зарур аст, ки дар ин бобат пешакӣ ба қарор оянд: – бо маъмурони расмӣ як – ду ҳафта пеш, вале бо соҳибкорон як рўз ё каме зиёдтар кофист. Ба мулоқот саривақт омадан лозим.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.