Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Муомилоти кори ва либоси кори

Саволи №1. Одоби хўрок хўрдан дар гуфтушунид ва вохўриҳо;
Саволи №2. Либос ва намуди зоҳирии марди соҳибкор;
Саволи №3. Либос ва намуди зоҳирии соҳибкорзан.

Ҷавоб ба саволи №1. Вақтҳои охир гузаронидани гуфтушунидҳо ё вохўриҳо дар сари мизи хўрокхўрӣ хеле маъмул гардидаанд.
Ҳангоми хўрок хўрдан чиро бояд донист ва риоя намуд?
– ба хўрок хўрдан он вақт оғоз намоед, агар шахси шуморо даъватнамуда ё шахси муътабари мизи хўрокхўрӣ ба хўрдан оғоз намояд;
– бо салфетка бозӣ накарда онро оҳиста ба сари зонуи худ гузоред;
– ором нишинед, оринҷи дастонро аз миз дуртар нигоҳ доред ва ё дастонро ба зону гузоред;
– бо даҳони ниҳоят кушод гап назанед ва хўрокро низ бо даҳони пўшида бояд хоид;
– ба даҳон хўроки ниҳоят зиёд нагузоред, хўрокро хуб хоидан лозим аст;
– хлеб ва булочкаро бо қисмати зиёд нашиканед ва ё ба тарелка (зарфи хўрокхўрӣ) мағз накунед;
– ҳеҷ чизро ғайр аз хлеб бо даст гирифтан лозим нест;
– устухон ва ё ягон чизи дигарро ба кафи даст нагиред;
– тарелкаи аз тарафи чапи тарелкаи асосӣ истода, барои хлеб гирифтан мебошад. Аз ин сабаб маскаро аз тарелкаи асосӣ аввал ба тарелкаи хлеб гузоред, на ин ки яку якбора ба болои хлеб молед;
– мағз накунед ва ё ба хўроки гарм ва нўшокиҳои гарм пуф накунед. Ҳеҷ гоҳ салфеткаро ба сифати дастмолчаи бинипоккунӣ истифода набаред. Вақте, ки Шумо хўрок хўрданро тамом кардед салфеткаро аз тарафи чапи зарфҳо ба миз гузоред. Агар шуморо зарур ояд, ки ба берун бароед, он гоҳ салфеткаро ба курсӣ гузоред;
– вақте, ки Шумо хўрок хўрданро тамом кардед тарелкаро аз худ дур накунед. Зарфҳои мизиро ба тарелка гузоред – сихқошуқро (вилка) дандонҳояш ба поён, кордро дами буришаш хобонда ва салфеткаро аз тарафи чапи тарелка;
– сумкаи занонаро мумкин аст ба пуштаки курсӣ аз тарафи чапи худ овезон намоед, портфелро бошад ба замин гузоред;
– ҳангоми хўрок хўрдан ба шарикон бисёр нигоҳ накунед;
– агар Шумо ягон чизро ба дастархон ё ба худ резондед – ба он аҳамият надиҳед. Салфеткаро гирифта ба болои чизи рехташуда гузоред, инчунин либоси худро бо салфетка тоза кунед;
– агар ба Шумо баромадан зарур бошад, метавонед узр пурсида бароед, агар каси дигар мебарояд напурсед ки ба куҷо?
– зарфҳои мизиро танҳо бо ангуштон истифода намоед, на балки бо даст;
– бо суръати миёна таъомро хўред, Шумо бояд дар якҷоягӣ бо ҳама оғоз намуда дар якҷоягӣ бас кунед;
– маскаро танҳо ба он қисмати хлеб молед, ки ба даҳон мегузоред;
– ба ҳар тараф ба одамони дар ҳамсоягӣ нишаста нигоҳ накунед;
– агар ногаҳон ба одами дар баратон нишаста ягон чиз резондед, кўшиш накунед бо ҳар чизе, ки ба дастатон афтид тоза кунед. Оҳиста бахшиш пурсед, ё пешниҳод кунед, ки маблағи шусташро пардохт мекунед ва ё салфеткаи худро пешниҳод кунед;
– дар сари мизи хўрокхўрӣ оиди саломатиам хуб ё бад аст гуфта сухан наронед, агар ба Шумо дору хўрдан лозим бошад – хўрдан гиред, зарурияти барои чӣ  хурдани доруро фаҳмонидан лозим нест.
Якчанд маслиҳат барои дуруст хўрдани хўрокҳо
Киви – агар он алакай ба ним тақсим карда шуда бошад, онро бо қошуқ мехўранд. Агар ба қисматҳои хўрд тақсим шуда бошад, дар ин ҳолат бо сихқошуқ.
Апелсинро – бо ёрии корд аз пўсташ ҷудо намоед ва бо даст хўред. Агар алакай ба қисматҳо ҷудо карда шуда бошад, бо сихқошуқ.
Ананас ва тарбуз – агар бо қисматҳои хўрд гузошта шуда бошанд, бо қошуқ ва агар ба тарзи давра бошанд бо сихқошуқ хўред.
Икра – каме ба болои тости худ гузоред ва тостро бо даст гиред.
Мурғ – танҳо бо ёрии сихқошуқ ва корд хўред.
Макарон – агар ҳаҷмаш кўтоҳ бошад танҳо бо сихқошуқ хўред ва агар дарозтар бошад бо сихқошуқ гирифта ба қошуқе ки бояд ҳатман дар дасти рост бошад  гузоред, тоб дода тез ба даҳон равон кунед.
Лиму – онро одатан бо моҳи меоранд. Як қисматашро ба моҳи гузоред каме бо сихқошуқ зер кунед ва сипас хўред. Агар лимуро бо чой биёранд онро ба чашкаи худ гузошта дигар бо дастон нарасед.
Ҷавоб ба саволи №2. Либоси эътирофшудаи соҳибкор дар бизнеси байналхалқӣ хоҳ ў зан аст ва хоҳ мард, костюми корӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин ҳангоми вохўрӣ бо мизоҷ ва ё вохўриҳои расмӣ джинс ва ё пойафзоли варзишӣ аз рўи одоби бизнес намебошад.
Либоси асосии марди соҳибкор костюм сегона (тройка) мебошад. Ба костюм ранги кабуди торик хеле мувофиқ мебошад. Инчунин ранги тавсияшуда – ин ранги кабуди торик, хокистарранги торик ва сиёҳ мебошад. Костюми хатдор мумкин аст, аммо хатҳояш бояд ниҳоят паҳм набошанд. Марди соҳибкор набояд аз 3-костюм кам дошта бошад.
Инчунин пиджак низ либоси расмӣ дар вохўрӣ ва гуфтушунидҳо ба ҳисоб меравад. Дар вохўрии расмӣ пиджак бояд тугмаҳояш гузаронида шуда бошад. Ҳама тугмаҳои онро танҳо дар вақти хўроки шом хўрдан кушода мемонанд.
Бо костюм куртаи рангаш сафед, хокистарранг ё кабуди паст пўшед, ки бо ранги костюм мувофиқат кунанд. Агар манжетҳои остини курта аз остини костюм 1,5 – 2 см намоён бошад, он гоҳ он базеб менамояд;
Шим – дарозии шими марди соҳибкор аз пеш каме ба болои пойафзол хобида аз қафо бошад, то саршавӣ ё миёнаи пошнаи пойафзол бошад. Тасмаи шим фақат бояд аз пўсти тозаи рангаш ториктар бошад.  Оҳани тасмаи шим бояд ҳар гуна расмҳо ба монанди калаи шер ё калаи гург надошта бошад.
Галстук – галстук бояд бо ранги курта ва костюм мувофиқат кунад. Расм дар галстук мувофиқи хоҳиш метавонад, хатҳои паҳмиаш гуногун, чоркунҷаҳо ё нуқтадор бошад. Аммо аз ҳама беҳтараш ин интихоби галстуки якранга мебошад. Барои он ки ин гуна галстук ба ҳар курта мувофиқат мекунад. Дарозии галстук бояд то оҳани тасмаи шим расида бошад. Барои галстук ранги нофармон ё сурхи садбаргранг мумкин нест.
Яке аз элементи муҳими либос ин дастмолча мебошад. Ба монанди курта рангаш равшан бошад. Ҳамавақт бо худ ду дастмолча гиред, яккумаш «корӣ», ки дар ҷайби шим бояд бошад, дуюмаш эҳтиётӣ – ҳамавақт бояд тоза дар ҷайби дохилии костюм бошад. Дастмолчаи дуюм барои ҳолатҳои фавқулода нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ метавонед онро ба занҳо пешниҳод кунед.
Пойафзол – пойафзоли рангаш сиёҳ ба маврид аст, ранги қаҳваранги торик бошад дар тобистон барои костюми хокистарранг мувофиқат мекунад. Пойафзол бояд танҳо бандакдор бо пошнаи тунук  ва аз пўст бошад. Дар бизнес пойафзоли замчӣ ё ки аз пўсти мору тимсоҳ мумкин нест.
Ҷўроб – яке аз элементҳои дигари либос ин ҷўроб мебошад. Ранги онҳо ҳамавақт бо ранги пойафзол мувофиқат кунад, яъне ранги сиёҳ. Ҷўроб бояд расмҳои ранга надошта бошад.
Плаш ё палто – либоси болои марди соҳибкор, яъне палто ва ё плаш бояд бо костюм ё пиджак мувофиқат кунад, зеро дар вақти либоси болоиро кашидан, пиджак ё костюм намоён мешавад. Дар либоси болои низ ба монанди костюму пиджак нишонаҳои ҳарбӣ ва варзишӣ набошад. Ранги либоси болои низ қаҳваранг, кабуд ё сиёҳ бошад.
Шляпа – дар бизнес, аммо бояд боз  ҳам боэътидол.
Шарф (гарданпеч) – низ бояд бо дигар либосҳо мувофиқат кунад, аммо бояд дастӣ бофта нашуда бошад.
Аксессуар (лавозимот) – ба аксессуар сумка, визитка, папка, кейс, футляри айнак ва ғайра дохил мешаванд. Онҳо бояд аз пўсти ҳақиқӣ бошанд, аммо на аз пўсти мору тимсоҳ. Ранги тавсияшуда барои лавозимот ранги сиёҳ, хокистарранг ва торкитар мебошад.
Атриёт ва воситаҳои косметикӣ – онҳо бояд истеҳсоли як фирма бошанд, гарчанд аз ягон фирмаи қимати атриётӣ бошанд ҳам.
Ороиши мўи сар (прическа) – аз рўи мўд бошад, аммо боэътидол, масалан; агар мўи сари дароз бошад, бояд қафои мўи сар аз қисмати болои гиребони курта дароз набошад.
Барои марди соҳибкор гушпор мумкин нест. Инчунин аз рўи этикаи бизнес риш низ иҷозат дода намешавад, аммо муйлаб бошад, бояд қисмати болоии лаби мардро напўшонад.
Дар ҷайбҳои костюм- чӣ бояд дар куҷо ҷойгир бошад.
– ҷайби дарунии костюм: ручка, шона, предметҳои тунуки хурд (китобчаи бақайдгирии хурд, ҳомиёни тунук);
– ҷайби берунии сари синаи костюм: танҳо дастмолчаи декоративӣ, ки рангаш ба ранги галстук монанд набошад;
– ҷайби берунии дар бар будаи костюм: айнак ва визиткаҳо;
– ҷайби жилет: соатҳои ҷайбӣ.
Ҷайбҳои дар бар будаи шим: дастмолча, доруҳо (қутс), калидҳо (онҳоро дар ҳамён нигоҳ доред).
Якчанд маслиҳат барои интихоби дурусти либоси кории марди соҳибкор.
– ранги костюми корӣ ба хусус дар фасли зимистон ва ё аввали фасли баҳор, бояд ниҳоят равшан набошад.
– куртае, ки бо костюм пўшида мешавад, бояд остиндароз бошад.
– агар Шумо костюм пўшидед, ҳатман галстук бандед.
– ҳамавақт костюми истироҳатиро тозаю озода нигоҳ доред. Инчунин ҷуроб ва пойафзоли истироҳатии худро низ;
– ҳама тугмаҳои пиджакро танҳо дар вақти хўроки шом хўрдан кушоед;
– аз қафои муд надавед;
– ҳамавақт бо худ ду дастмолча гиред, яккумаш «корӣ», дуюмаш эҳтиётӣ.
Дар намуди зоҳирии марди соҳибкор бояд чунин чизҳо набошад:
– дастмолчаи кўҳна;
– костюми ҷинҷшуда;
– галстуки каҷ баста шуда;
– пойафзоли ғажд;
– жикет ва шарфи дастӣ бофта шуда;
Ҷавоб ба саволи №3. Либоси соҳибкории занона яке аз ҷиҳатҳои зарурии этикаи муосир корӣ ба ҳисоб меравад. Талаботҳое, ки ба либоси соҳибкорзан тааллуқ дорад қариб, ки аз талаботҳои ба либосҳои мардона тааллуқ дошта, фарқият надорад.
Ин пеш аз ҳама ба ранги либос таалуқ дорад, гарчанд намуди либоси ҳаррўза барои зану мард ин костюм мебошад. Танҳо дар интихоби ранг занҳо нисбат ба мардҳо интихоби васеътар доранд. Соҳибкорзан метавонад барои костюми корӣ қариб, ки дилхоҳ ранг интихоб намояд, вале дар либоси корӣ рангҳои ниҳоят равшан бояд набошанд.
Боэътидолиро (боандозагиро) низ бояд дар интихоби ранги либоси занона риоя намуд.  Рангҳои кабуди торик, қаҳваранг, хокистарранг,  қаҳваранги торик тавсия дода мешавад. Либоси сурхро танҳо дар чорабиниҳое, ки дар он одамон зиёд ҷамъ меоянд пўшидан лозим аст, то ки Шумо ба чашм намоед.
Либоси ҳаррўзаи соҳибкорзан ин костюм, яъне пиджаки классикӣ ва юбка мебошад. Юбка бояд аз қафояш чок  ё бурида (разрез) шуда бошад. Буридаи юбка бояд аз 10 см зиёд набошад. Либоси зан бояд ба ҳамсўҳбат дар вақти гуфтушунид халал нарасонад. Аз ин сабаб мини юбка (юбкаи кўтоҳ) ва либосҳои зиёд бурида шуда тавсия дода намешаванд. Инчунин тугмаҳои пеши курта низ ниҳоят зиёд кушода набошанд.
Костюми кории соҳибкорзан метавонад сегона (тройка) низ бошад, аммо шарт ва зарур нест. Соҳибкорзан метавонад курта низ пўшад. Инчунин ў ғайр аз костюм метавонад боз аз дигар мудҳои баромада истифода намояд, аммо онҳо низ бояд аз чаҳорчўбаи расмият берун набошанд.
Пойафзол – пойафзоли соҳибкорзан бояд класикии рангаш сиёҳ бошад. Баландии пошнааш (каблук) набояд аз 5-6 см зиёд бошад. Қайд кардан зарур аст, ки пойафзоли фасонаш классикӣ бояд ягон намуд ороишотро дар бар нагирад, масалан бандак ё ягон намуди ороишоти оҳанин ва ғайра.
Пойафзоли соҳибкорзан бояд аз пўст, аммо на аз пўсти тимсоҳ, мор ва ё замч бошад.
Чулки ва ё колготкии – соҳибкорзан бояд танҳо чулки ва ё колготкии рангаш зарди паст, яъне ба ранги бадан монанд бипўшад. Ягон намуд расм дар чулки ва ё калготкии зан бояд набошад, масалан: расми гулҳо, хатҳои мор-морак ва ё расми ба тўр монанд. Чулки ва ё колготкии зан аз рўи қоидаи одоби корӣ новобаста аз фасли сол пўшида мешавад. Аммо дар бисёр ҳолатҳо иштибоҳи занҳо ин дар тобистон напушидани онҳо мебошад.
Ороиши мўи сар (прическа) – ороишоти мўи сар аз рўи мўд иҷозат дода мешавад, аммо баъзе маҳдудиятҳои муайян мавҷуданд:
– дарозии мўйҳои сардода шуда набояд аз китф поён бошанд;
– агар мўи сар дароз бошад, онҳоро бояд ҷамъ намуд ва ё бофта маҳкам намудан лозим аст.
Макияж – макияж ҳатмӣ намебошад, аммо манъ низ карда нашудааст. Дар ҷамъияти ҷаҳонӣ баъзе давлатҳо ва фирмаҳое ҳастанд, ки аз рўи анъанаҳои миллӣ ба соҳибкорзан маслиҳат медиҳанд, ки аз рўи самти муайян макияж кунанд, масалан: миҷаҳоро ранг кунанд, инчунин рухсораҳоро низ ҳатман (гарчанд агар рухсораҳояшон табии ҳам бошанд). Ба ин давлатҳо баъзе давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ, ба монанди Кореяи Ҷанубӣ, баъзе давлатҳои минтақаи Аврупо ва Амрико шомил мебошанд. Ягона талабот ба макияж – ин бояд макияж аз ҳад зиёд набошад ва маълум нашавад. Инчунин боэътидолӣ (боандозагӣ) дар макияж низ мавҷуд аст.
Маникюр – яъне нигоҳ доштани дастон бо тартиб ва озода ҳатмист, аммо ранг кардани нохунҳо бо лак ҳатмӣ намебошад. Агар соҳибкорзан хоҳад, ки нохунҳояшро лак кунад, бояд бо лаки рангаш оддӣ, яъне диққатҷалбкунанда набошад, то ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кунад.
Атриёт – атриёт ё ки дигар воситаҳои косметикӣ набояд ба ҳамкорон, харидорон ва дигар шарикони бизнес халал расонанд. Мери Энн Сабат муаллифи китоби «Одоби бизнес» менависад: «агар бегоҳ Шумо бўи атриёти худро эҳсос кунед, донед, ки дигарон аллакай нафасгир шудаанд».
Сумка – сумкаи соҳибкорзан аз элементи комплект ( маҷмўи ) иборат мебошад, « сумка – пойафзол ва дастпўшак ». Яъне сумка бояд аз пўст (на аз пўсти тимсоҳ ва ё мор) истеҳсол шуда бошад. Чуноне қайд карда будем ранги пойафзол низ бояд ҳамин гуна бошад. Этикаи муосири корӣ аз сумкаи занона талаботҳои зеринро талаб мекунад: сумкаи соҳибкорзан бояд ҳуҷҷатҳое, ки аз рўи қоида формати А4 доранд, ғунҷонад. Элементҳои таъминоти корӣ – китобчаи бақайдгирӣ, папка барои визиткаҳо ва ғайра бояд арзон набошанд.
Агар нисбат ба ороишот сухан гўем, онҳо дар либоси зани соҳибкор иҷозат дода мешаванд.
Шадда (буси) – бояд калонҳаҷм набошад ва он қадр риштаи дароз низ надошта бошад.
Зинати сари синагӣ (брощ) – Беҳтар аст аз маводҳои ҳақиқӣ – нуқра, устухони фил ва ғайра истеҳсол шуда бошанд.
Ангуштарин – як ё ду адад ангуштарин мумкин аст, ҳатто нигиндораш, аммо бояд нигинаш калонҳаҷм набошад. Ангуштарини арўсию домодӣ дар ин маврид ба инобат гирифта намешавад.
Ҳалқа – бояд дароз, овезон ва гуногунранг набошад.
Гарданбанд – метавонад гарданбанди овезон бошад ва ё кўтоҳ.
Беҳтар аст, ки ороишот комплект бошад. Агар ороишот комплект набошад, зарур аст, ки маводҳо ва металҳое, ки аз онҳо ороишот истеҳсол шудааст, бояд ба ҳамдигар мувофиқат кунанд.
Инчунин либоси болоии соҳибкорзан низ бояд элементҳои варзиширо дар бар нагирад. Масалан куртка мувофиқ нест, зеро он ҳамчун либоси варзишӣ қабул шудааст. Палто ва ё плаш қобили қабул мебошад.
Шарф (гарданпеч) – шарфи дароз ва ё кўтоҳ фарқ надорад. Аммо бояд ҳатман фирмавӣ бошад, на ин ки дастӣ бофта шуда бошад.
Сарпўш – сарпўш бояд аз рўи обу ҳаво, мўд ва хоҳиши соҳибкорзан пўшида шавад. Этикаи корӣ ба соҳибкорзан маслиҳат медиҳад, ки аз фасонҳои серороиш даст кашад. Масалан шляпаҳои майдонҳои калон дошта, ороишоти зиёд шуда ё ранги ниҳоят равшан дошта.
Дастпўш – дастпўш бояд аз пўст истеҳсол шуда, рангаш сиёҳ ва ё қаҳваранг ё ки хокистарранг бошад.
Ҳамин тариқ намуди зоҳирии соҳибкорзан дар этикаи корӣ аз рўи хислати боэътидолӣ (боандозагӣ) дар ҳама чиз, яъне фасонҳои классикии либосу пойафзол, вуҷуд надоштани рангҳои ниҳоят равшан, ки диққати ҳамкорону мизоҷонро ҷалб кунад, макияжи на он қадар зиёд ва шумораи ороишоти боандоза баҳо дода мешавад.
Инчунин олими полшагӣ мегўяд, ки «аз ҳама ҳиссиётҳо, асосаш ин ҳиссиёти андоза мебошад».
Лавозимот
Яке аз элементҳои муҳими дигар дар этикаи бизнес ин лавозимоти кории Шумо мебошад; тасма, зажигалка, ручка, соат, тугмаҳои оҳанин (запонка), шона, айнак ва ғайра. Ҳар яке аз ин лавозимотҳо метавонад аз нархи костюми Шумо ҳам қиммат бошад. Ба занҳо дастмонаҳои ҷарангостӣ ва гушпорҳои дароз мумкин нест.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.