Суббота, Декабрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Дипломатия дар бизнеси байналхалқӣ

Саволи №1. Минтақаҳои ризоият (мувофиқат);
Саволи №2. Нақши гуфтушунидҳо дар бизнеси байналахалқӣ;
Саволи №3. Меъёри рафтори ширкатҳои бисёрмиллатӣ.

Ҷавоб ба саволи №1. Дар пешбурди бизнеси байналхалқӣ нақши на камтарро дипломатия мебозад.
Дипломатия – ин фаъолияти субъектҳои иқтисоди бурунмарзӣ доир ба анҷом додани вазифаҳову мақсадҳои худ дар шакли гуфтушунидҳо, мукотибот дар чаҳорчўбаи меъёрҳову қоидаҳои муайян ба вуҷуд оварда шудани намояндагиҳои хоричӣ мебошад. Дар мавридҳои муйян босамар пеш бурдани бизнеси байналхалқӣ ба рафтори дипломатона доштан ба шарик ё ҳукумати мамлакат вобаста аст, ки дар он ҷо фаъолияти иқтисоди бурунмарзӣ ба амал бароварда мешавад.
Қабл аз  ҳама, пеш аз он ки бизнеси байналхалқӣ ба роҳ монда шавад, ақди муомила кардан зарур аст. Аз ин ҳам пеш бургузор кардани гуфтушунидҳо бо шарикони тиҷорати хориҷӣ.
Қарордод дар раванди ақди муомила танҳо дар он маврид ҳосил мешавад, ки агар қарор дар минтақаҳои ба истилоҳ «митақаҳои ризоият»-и тарафҳо воқеъ гардад. Шарти муҳими гуфтушунид минтақаҳои майяни ри­зоият ё беризоият мебошад. Даме ки ин минтақаҳо ба ҳам мувофиқ меафтанд ё якдигаро мепўшонанд, ба даст омадани созишномаи самарабахш эҳтимол дорад. Агар мувофиқ омадани минтақаҳо имкон надошта бошад, дар он сурат натиҷаҳои мусбат шояд ба миён наоянд. Қарори қатъӣ ба ҳунари гуфтушунид бурда тавонистани ҳар кадоме аз тарафҳо, ба омилҳое, ки мавқеи онҳоро дар муомила мустаҳкам мекунад ва ба гузашт карда тавонистан дар раванди гуфтушунид вобаста аст.
Гап дар сари он, ки фирмаҳо дар хориҷа бизнесашонро пеш бурда истода, ба ҳолатҳое дучор мешаванд, ки дар ташаккул додани минтақаи ризоият мумкин аст ба душвориҳои муайяне расонад. Одатан инҳо ба тақсими ҳиссаи моликият дар корхонаҳои ташкилёбанда вобастаанд.
Минтақаи ризоият мумкин аст миқдоран ва сифатан ифода ёбад. Агар, масалан, дар корхонаи муштараки «Зарафшон» тарафи англисҳо 51% моликиятро гирифтанӣ бошаду тарафи Тоҷикистон омода бошад, ки ба 49% розӣ шавад, дар он сурат минтақаи ризоияти тарафҳо дар диапазони 49-51%  қарор хоҳад гирифт. Азбаски ҳар кадоме аз тарафҳо фақат тахмин карда метавонад, ки тарафи муқобил то кадом дараҷа дур рафта метавонад, тақсими фоизии ҳиссаи моликият, ғолибан, дар дохили минтақаи бавуҷудомада қарор хоҳ­ад гирифт. Ҳатто баъди ақди созишнома ҳам норавшан мемонад, ки аз ҷониби ин ё он тараф оё гузашти максималӣ ба даст оварда шудааст ё не.
Вақте ки ширкат ба умеди ноил гардидан ба як қатор гузаштҳо бо ҳукумати дигар мамлакат ба гуфтушунид мешинад, баъзе проблемаҳоеро боист дар хотир дошт, ки пайдо шуданашон мумкин аст.
Аввалан, ширкат шояд муносибатро бо иттифоқҳои касабаи мамлакати худаш мураккаб кунад, зеро онҳо изҳор мекунанд, ки содир кардани ҷойҳои кор ба хотири роҳ ёфтан ба қувваи коргари арзон аён аст.
Сониян, филиали хориҷиро метавонанд дар демпингӣ будани нархҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда аз боиси субсидияҳо айбдор кунанд.
Солисан, дар ҳоли мавҷуд будани субсидияҳо самаранок будани амали роҳбарияти филиалро тасаввур кардан мушкил.
Маъмулан, мавқеи ширкат дар гуфтушунид то cap шудани амалиёти мушаххас дар мамлакат – ретсипиент – қавитар аст. Ҳамин ки сармояву технология ба кор даромад, шаҳрвандони маҳалӣ дар корхонаҳо кор ёд гирифтанд, фирмаи хориҷӣ пештара барин он қадар табъи дил намемонад. Дар натиҷа ҳукумати мамлакати ретси­пиент мумкин аст аз ширкат гузаштҳо талаб кунад. Дар чунин ҳолат проблемаи муайян карда шудани тарафҳои сифатии минтақаи ризоият ба миён меояд. Агар тарафи англисҳо дар раванди фаъолияташон ба азнавмаблағгузории фоидаашон шурўъ кунанд, он гоҳ тарафи Тоҷикистон мумкин аст ба гузашт дарояд. Дар акси ҳол, масъалаи дода шудани ҳиссаи моликият муттасил ба миён омада меистад.
Ҳалли масъала аз бисёр ҷиҳатҳо ба он вобаста аст, ки мамлакати ретсипиент дорои чи гуна иқтисодиёт аст. Агар иқтисодиёти  рў ба инкишоф ё иқтисодиёти давраи гузариш бошад – фирмаро афзалияти мутлақ ба миён меояд, зеро ин иқтисодиётҳо ба ҷалб кардани инвеститсияи хориҷӣ манфиатдор мебошанд. Агар ба мамлакат иқтисодиёти рушди устувор хос бошад, фирмаҳо метавонанд танҳо аз ҳисоби нишондиҳандаҳои сифатии амал кардани корхонаро муқарраркунанда бартарияти нисбӣ ба даст оваранду бас. Ин бартариятҳо аз ҳисоби технологияҳои навтарин, усули навтарини ташкил додану идора кардан, ба бозор молҳои нав псшниҳод кардан ва ғайра ба даст омаданашон мумкин аст. Бинобар ин тарафи сифатии минтақаи ризоият таҳлили, пеш аз ҳама, ҳолати иқтисодиётро дар назар дорад, ки дар он амали гардонда шудани бизнеси байналхалқӣ ба нақша гирифта мешавад.
Ҷавоб ба саволи №2. Гуфтушунидҳои корӣ – ин ҷараёни мураккаб аст. Дар назари аввал чунин менамояд, ки принсипҳои бетағйири аз тарафи ҳамагон қабул гардидаи гуфтушунидҳо ин дам мавҷуданд, ва ин дам дар нисбати он, ки шарикон дар гуфтушнунидҳо дар мавриди мулоқот чи гуна бояд рафтор кунанд, ин мулоқотҳо кадом марҳалаҳоро бояд тай кунанд ва мартабаии ҳадафҳову вазифаҳо чи гуна муқаррар карда шаванд, консенсуси байналхал­қӣ ба даст омадааст.
Албатта, метавон тахмин кард, ки иштирокдорони мулоқотҳои корӣ аз ваҷҳи ҳилаҳо, сратегияи хариду – фурўш, истифодаи далелҳои воқеии муқарраршуда, мавқеъҳо дар мавриди ақибнишинӣ кардан, техникаи ақди қарордодҳо, тарзи давр зада гузаштани маҳдудиятҳо ва қоидаҳои тактикии дар сатҳи байналхалқӣ қабулшуда, усули гирд овардани холҳо ва тақвият додани мавқеъҳо ба тасаввуроти умумӣ такя мекунанд. Ин «қоидаҳои бозӣ» ва бомуваффақият ба кор бурда шудани онҳо ағлаб дар гуфтушунидҳои миёни намояндагони як мамлакат пеш меоянд.
Аммо вақте ки гуфтушунидҳо дар сатҳи байналалқӣ баргузор мешаванд, дар он сурат ин корро пура тағйир медиҳад. Дар мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон гуфтушунидҳо комилан ба тарзи дигар мегузаранд. Ҳатто агар иттилоот ба ҳамаи иштирокдорон дастрас бошад ва то як дараҷа системаи умумии тайёрии тиҷоратию назариявӣ ба дараҷаи кофӣ мавҷуд бошад, дар он сурат ҳам проблемаҳо ба миён омаданашон мумкин аст.
Ин проблемаҳо ба ду сабаб пайдо мешаванд: аз боиси ба дараҷаи тахассусманд набудани иштирокдорони гуфтушунидҳо, инчунин аз боиси мавҷуд будани фарқиятҳо дар ҷиҳатҳои миллии гуфтушунидҳо.
Даме, ки аз тахассусмандӣ сухан ба миён меояд, бояд донист, ки ҳар гоҳ фирмаи на чандон калон бо шарикони хориҷӣ муносибат барқарор мекунад, ағлаб ин ҳайатро мудир ва ёвари ў намояндагӣ мекунанд.
Ширкати ҳаҷмаш миёна, эҳтимоли ғолиб ин аст, ки ба гуфтушунидҳо директори доир ба воридот, директори молиявӣ ва андак афроди техникиро ҳамроҳ мекунад.
Дар мавриди баргузор кардани гуфтушунид бо шарикони хориҷӣ на фақат масъалаҳои тиҷоратӣ, инчунин масъалаҳои хусусияти ташкилию протоколӣ дошта низ ба миён меоянд. Ба ҳал кардани ин қабил масъалаҳо донистани асосҳои протоколи корӣ ва марҳила ба марҳила босаводона ба нақша гирифтани гуфтушунидҳо ёрӣ медиҳад.
Банақшагирии гуфтушунидҳо муҳимтарин унсур ва марҳилаи баргузор кардани онҳо мебошад. Нақша масъалаҳои дахлдорро бояд бо камоли пуррагӣ фаро гирад. Тарҳи нақшаи гуфтушунид вобаста ба он, ки гуфтушунидро кӣ баргузор мекунад ва муҳокимаи кадом мавзўҳо дар назар дошта шудааст, ба тариқи инфиродӣ пеш гирифта мешавад. Маъмулан, нақшаи гуфтушунид чунин нуқтаҳоро дарбар мегирад:
а) сана, замон ва макони гуфтушунид;
б) ҳайати иштирокдорон;
в) масъалаҳои асосии барои муҳокима кардан бо мусоҳибон;
г) ашхоси масъул ба масъалаҳои протокол ва хусусияти пазироӣ баъди гуфтушунид.
Маъмулан тарафи муқобил масъалаҳоеро, ки ба­рои дар гуфтушунид муҳокима кардан ба нақша гириф­та мешаванд, пешакӣ хабар медиҳад. Ҳар гуна гуфтушунид бояд имтидоди маҳдуд дошта бошад, ки аз ин хусус тарафи дуюм саривақт огоҳӣ медиҳад.
Вақти гуфтушунидро таъйин  карда  истода, қоидаи ниҳоят    интишорёфтаро  бояд ба  ҳисоб гирифт: агар хотимаи гуфтушунид дар нисфирузӣ ба нақша гирифта шавад, шарики хориҷӣ тахмин карданаш  мумкин аст, ки ўро ба ланч мехонанд, агар  баъди  соати 1800 – он гоҳ ба хўроки  шом. Дар мавриди муҳокима кардани масъалаҳои доирааш танг ба сифати баранда дар гуфтушунид метавонад муовини директори генералӣ (ноиби президент) ё директории фирма (лоиҳа) ҳузур дошта бошад. Агар мавзўи гуфтушунид масъалаҳои ҷории алоқаманд ба иҷрои ўҳдадориҳои шартномавӣ бошанд, он гоҳ барандаи гуфтушунид мумкин аст мутахассиси пешбар (коршинос) бошад.
Марҳилаи гузаронидани гуфтушунидҳо баъди кори муқаддимотӣ сар мешавад. Пас аз он ки иштирокчиён дар сари мизи гуфтушунид ҷой мегиранд, даромадан ба утоқи мулоқот қатъ карда мешавад. Барномаро як нафар корманд аз лиҳози вазифа баландтар пеш мебарад.
Марҳалаи муҳокимаи ҷузъиёт (проблемаҳо). Дар ин шартҳои муомилаи оянда ҳамоҳанг карда мешаванд. Баъзан ин марҳилаи ҳалкунанда ба ҳисоб меравад.
Анҷом додани гуфтушунид, ҳатто агар вай натиҷаи мусбат надода бошад, ҳам ба лаҳни нарм бояд гузарад.
Ҷавоб ба саволи №3. Тағйирот дар хусусият ва самтнокии ҳаракати маблағгузориҳои байналхалқӣ натиҷаи мустақими қувват гирифта истодаи фаъолияти фирмаҳои бисёрмиллатӣ мебошад. Дар поёни асри ХХ дар ҷаҳон 40 ҳазор фирмаҳои бисёрмиллатӣ дар муқобили 7 – ҳазори соли 1970 амал мекарданд. Онҳо 250 ҳазор корхонаҳои духтариро зери назорат доштанд, ки дар тамоми қитъаҳои олам ҷойгир шуда буданд. Мувофиқи далелҳои маҷалали амрикоии «Форчун», фаъолияти фирмаҳои бисёрмиллатӣ асосан дар чунин соҳаҳо мисли электроника, истихроҷ ва коркарди нафт, кимиё, мошинсозӣ тамаркуз ёфтааст ва қисми асосии онҳо дар ШМА, кишварҳои Иттифоқи Аврупо ва Ҷопон ҷойгир шудаанд.
Омори СММ дар ибтидо ба сифтаи ширкатҳои байналхалқӣ фақат фирмаҳои бузурги гардиши солонаашон бештар аз 100 млн. долл. бударо, ки дар баробари дар на камтар аз шаш мамлакати ҷаҳон филиалҳову ширкатҳои духтарӣ доштаро баррасӣ мекард. Ҳозир бошад ба нишондиҳандаҳое, ки мақоми байналхалқии фирмаҳоро тавсиф медиҳанд, ҳаҷми фурўши берун аз мамлакати истиқрор ба амал баровардашаванда, инчунин саҳми активҳои хориҷиашон дар таркиби умумии активҳо илова гардидааст.
Се гурўҳи ширкатҳои байналхалқӣ мавҷуд аст:

  1. Гуруҳи якум – ин ширкатҳои фаромиллатӣ (ШФМ), ки иборатанд аз бузургтарин компанияҳои асосан дорои сармояи саҳомии миллӣ ва мутаносибан ҷиҳати назоратгарӣ доштан бар фаъолияти кулли ширкатҳо. Онҳо фаъолияти кории худашонро дар дигар кишварҳо бо ёрии филиалҳову ширкатҳои духтарӣ ташкил додан дар он ҷо, ба роҳ мемонанд. Мисоли ба худ хоси чунин ширкатҳои байналхалқӣ фирмаҳои америкоии «Ҷенерал моторс», «Форд», «ИБМ (IBM)», «Экссон», консерни швейтсарии истеҳсоли хўрока « Нестле » ва дигарҳо мебошанд.
  2. Гурўҳи дуюм – ин ширкатҳои бисёрмиллатӣ (ШБМ)-е, ки аз иттиҳодияҳои истеҳсолӣ иборат буда, на фақат аз рўи фаъолияташон, инчунин аз ҷиҳати бар онҳо назорат карданашон фирмаҳои байналхалқӣ мебошанд. ШБМ ширкатҳои миллии ду ва ё зиёда аз он мамлакатҳоро дар заминаи истеҳсолию илмӣ-техникӣ фаро мегиранд, ки ба соҳиб моликиятии ин мамлакатҳо тааллуқ доранд. Мисоли ба худ хоси ШБМ консерни англисию голандии кимиёвию техники «Юнилевер», консерни италиявию фаронсавии автомобилбарории «Фиат-ситроен» ва ғайра мебошанд.
  3. Гурўҳи сеюм – ин иттифоқҳои байналхалқии корпаративӣ, ки маъмулан дар шакли ташкили консорсиумҳо пешниҳод шуда ва аз иттиҳодияҳои махсуси консернҳои саноатӣ, бонкӣ ва ғайраи мамклакатҳои гуногун иборат буда, барои ҳалли вазифаҳои азими иқтисодӣ ташкил карда мешаванд. Мисоли чунин иттифоқи байналхалқии консернҳо, консорсиуми Аврупои Ғарбӣ «Эрбас индастри», «ЭБИК» (ширкати байналхалқии бонкҳои аврупоӣ) ва ғайра шуда метавонанд.

Дар итминони бисёр солҳо фаъолияти ШФМ аз боиси он, ки манфиатҳои дохиликорпоративии онҳо дар бисёр мавридҳо бо манфиатҳои милливу иқтисодии бурунмарзии давлатҳои мустақил мувофиқат накардаанд, ба танқид гирифтор мешуданд.
Муҳимияти ин масъаларо ба инобат гирифта зери ҳимояи СММ «Кодекси рафтори ШФМ» тарҳрези шуда буд, ки меъёрҳои он хусусияти тавсиядиҳандагӣ доранд.
Мувофиқи ҳамини кодекс ШФМ вазифадор ҳастанд:

  1. Мустақилияти мамлакати истиқрорро ҳурмат кунанд;
  2. Ҳадафҳои иқтисодӣ ва вазифаҳои сиёсати пешгирифтаи давлатро дар кишвари истиқрор ба асос гиранд;
  3. Арзишҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва суннатҳои мам­лакати истиқрорро ҳурмат кунанд;
  4. Ба корҳои дохилии мамлакати истиқрор дахолат накунанд;
  5. Ба фаъолияти хусусияти сиёсидошта машғул нашаванд;
  6. Аз пеш гирифтани коррупсия худдорӣ кунанд;
  7. Қонунҳо ва қарорҳоеро, ки ба муқаррароти низомномаҳои маҳдуд кардани амали коргузорӣ дахл до­ранд, риоя кунанд;
  8. Низомномаҳоеро риоя кунанд, ки ба таҳвили технологияҳо ва муҳофизати муҳити атроф дахл доранд.

Аҳамияти сиёсию иқтисодии корпоратсияҳои фа­ромиллӣ чандон зиёд аст, ки дар замони таърихӣ қобили мушоҳидаи онҳо ба сифати яке аз омилҳои муҳими вобастагии мутақобили мамлакатҳову минтақаҳои ҷаҳон боқӣ хоҳанд монд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.