Саволи №1. Фалсафа ва одоби бизнес: моҳият ва таърифи предмети он;
Саволи №2. Кодекси (қоидаи) одоби бизнеси байналхалқӣ.

Ҷавоб ба саволи №1. Фалсафаи бизнесро аниқ баён кардан барои чӣ лозим аст? Асосан, барои он, ки агар касе майли пеш гирифтани кореро дошта бошад, ба иштибоҳе роҳ надиҳад, ки ўро ба муфлисӣ расонад.
Соҳибкори ба ҷодаи бизнес воридшаванда чиро ба сифати принсипҳои асосӣ бояд донад.
Принсипи нахустини комёб шудан дар бизнес ин қобилияти кас аст. Ҳар коре, ки ба қобилияти кас вобаста аст, дар он қатъият мебояд: яъне қисмат, сатҳи зиндагӣ, мақом дар ҷомеа, мубориза дар шароити рақобати беамон. Бидуни то ба охир хал кардани ин қабил масъалаҳо, ки кас сарвату мақомашро ба дасти таваккал месупорад, бизнес ба сомон намерасад.
Қатъият – ин пеш аз ҳама рафтори бошууронаи хуб андешидашудаи кас дар роҳи иҷроиши мақсад мебошад. Танҳо рафтори аниқ андешидашуда ба комёб гардидан имкон медиҳад ва бизнесро барои бизнесмен кори оқилонаву босамар мегардонад. Касро дар иқтисодиёти бозорӣ ба амали қатъии алоқаманд бо падидаи соҳибкорӣ танҳо як чиз таҳрик медиҳад – имкони назар ба маоши коргарону хизматчиён фоидаи бештаре ба даст овардан.
Фақат касе бизнесмени воқеӣ шуда метавонад, ки агар фалсафаи бизнесро аз худ карда бошад. Ҳол он, ки мафҳумҳои асосию умумии ин фалсафа ба ҳамаи бизнесменҳо дастрас аст, вале унсурҳои мушаххас ва хусусии он дастраси соҳибкорони ҷудогона буда сирри ко­ри онҳоро ташкил медиҳад.
Дар мунофиқат бо ҳамин фалсафа ба вазифаи идоракунандаи олии ширкати автомобилии дар ҷаҳон машҳури «Крайслер» менеҷери касбии на камтар шўҳратёфта Ли Яккоки соли 1981 ба ШМА даъват шуда буд. Моҳияти муомила аз он иборат буд, ки «Крайслер» соли 1980 ба маблағи 1,1 млрд. доллар ҳисора дида, анқариб бояд муфлис мешуд. Ли Яккоки бошад, аз рўи ҷамьбасти соли 1980 дар рўйхати бизнесменҳон идорагар чун бомаҳораттарин ва кордонтарин кас ҷои аввалро ишғол карда буд. Гуфтушунид хеле душвор пеш мерафт. Ли Яккоки ба гузаштан ба кори «Крайслер» ҳеҷ рози намешуд, сарфи назар аз музди кори гушношуниде, ки ширкат автомоби оламшумул ба ў пешниҳод карда буд. Ихтилофи назар асосан аз ваҷҳи ҳаққи аввалият доштан дар идора кардаии «Крайс­лер» буд. То даме, ки ин дархост қонеъ карда нашуд, Ли Яккоки ҳарфи ба «Краӣслер» гузаштанро шунидан намехост. Дар ниҳояти кор соҳибони «Крайслер» салоҳ ёфтанд, ки ба шахси кордон ҳуқуқи номаҳдуд бояд дод, то ширкатро аз ақибмондагӣ наҷот диҳад, вагарна ҳам эътибор аз даст мераваду хам ширкат. Ин кор чӣ натиҷа бор овард? Аҷоибот! Дар се соли баъди бўҳрон «Крайслер», ки корашро Ли Яккоки ба ўҳда гирифта буд, ба сатҳи баланди истеҳсолот ва сифати автомобилофаринӣ расид, ки дар тамоми муддати мавҷудияташ надида буд, вале аз соли 1985 cap карда, сол ба сол ба ҳиссаи иловагӣ дар бозори америкоӣ ва ҷаҳонӣ дастёб шудан гирифт. Вале аз ин ҳам тааҷҷубовартараш ин буд, ки аксарияти кули бизнесменҳо, олимон ва қаламдастони соҳаи матбуоти Америка чунин мешумориданд, ки ин дастовард – комёбии на худи ширкат, балки, қабл аз ҳама, аз касест, ки ба он сарварӣ мекунад, яъне Ли Яккоки ва командаи фароҳамовардааш.
Ҳар гоҳ аз Ли Яккоки мепурсиданд, ки у чӣ тавр дар бизнес ба чунин комёбии гўшношунид ноил гардид, ў бе он ки сирри корашро ошкор кунад, ҷавоб медод: «Ба туфайли фалсафаи бизнеси худам».
Дар ин ҳол, шояд чунин ба назар расад, ки биз­несмен ба масъалаи ҳукмравоӣ дар ширкат аз ҳад зиёд диққат медиҳад. Ин набояд боиси тааҷҷуб гардад. Охир бизнес – ин як соҳаи махсуси фаъолияти инсон аст. Ин ҷо бисёр нуқтаҳо ба шахсият, ба маҷмўи хислатҳои ў вобаста аст. Бизнесмени камҳаракати дар ҳолатҳои душвор сарҳисоби корро гумкунанда зуд аз бозор нопадид мешавад. Рақибон ғалат карданро намебахшанд: барои ислоҳи ғалатҳо касе фурсат намедиҳад. Маҳз ба ҳамин сабаб, касе ки бизнесашро ҳарҷониба андешидааст, нозукиҳои онро пай бурдааст, ба туфайли андешаҳои дурудароз дар вуҷуди худ эҳсоси махсус – ҳисси пешакиро ташакул додааст, ҳақ дорад ба роҳбарӣ кардани ба кор даъво кунад.
Аз фалсафаи нави бизнес бисёр ҷиҳатҳо аллакай дастраси умум гардида истодаанд, ки ин ба бизнесмен имкон медиҳад дар кори худаш рўҳи тоза гирад. Албатта, чунин принсипҳои бизнес аз қабили дурўғ, фиребгарӣ, рафтори пинҳонӣ ва ғайра ҳанўз аз назар соқит нашудаанд. Одоби муоширати корӣ, хушмуомилагӣ, тасмим гирифтану ба амал баровардани муомилот, амал кардан дар асоси нақшаи бизнес, рафтори куллан нав дар ташаккул додани муносибат миёни роҳбарияти фирмаю хидматчиён он ба мадди назар баромада истодааст.
Унсури ниҳоят муҳимми фалсафаи бизнес яке аз соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ чун муносибат карда тавонистан бо бонкҳо ба ҳисоб меравад. Як қисми умдаи истеҳсолот ва гардиши молҳо дар бозор дар шароити иқтисодиёти бозорӣ бо истеҳолот ва гардиши молҳо дар бозор дар шароити иқтисодиёти бозорӣ бо истифода аз ҳар гуна кредиту карзҳо ба амал бароварда мешавад. Дар муҳити бизнеси байналхалқӣ танҳо ба василаи маблағҳои нақд амалӣ гардонда шудани чунин корҳо нишонаи маданияти пасти коргарӣ ба ҳисоб меравад.
Мавҷудияти муносибатҳои кредитӣ бо бонк ё дигар институтҳои молиявӣ бозгўи он аст, ки бизнесмен ва ко­ру бораш аз боварии ташкилотҳои молиявӣ бархурдор аст, ки ин ташкилотҳо вазифаи ниҳоят муҳими иктисодӣ – ҳисобу китоб ва назоратро ба ҷо меоваранд. Бинобар ин ҳар як бизнесмени қадри худашро медонистагӣ саъй мекунад бо бонкҳову банкирҳо алоқаи мустаҳкам барқарор кунад.
Принсипи махсуси фалсафаи бизнес аз маҷмўи воситаҳо ва усулҳое иборат аст, ки бизнесмен барои ба фурўш расондани маҳсулоташ ба кор мебарад. Моли истеҳсолшударо ба фурўш расондан чандон кори осон нест. Пеш аз ҳама бизнесмен бояд ба қароре ояд: маҳсулоташро худаш мефўрушад, яъне ба василаи шабакаи савдои ба фирма тааллуқдошта, ё истифода бурданаш аз хидмати миёнаравон манфиатбахштар аст, ё шояд ба кор бурдани таҳвили мустақим аз ин ҳам беҳтар бошад. Бизнесмени мутамаддин фақат тамоми вариангҳоро андозу баркаш карда ба як қарор меояд.
Бизнесмен барои вазъи иқтисодиёти миллӣ, инкишофи бемайлони он ва афзоиш додани некўаҳволии кулли ҷомеа масъулияти зиёдеро дар ўҳда дорад.
Бевиҷдонӣ ва ҳалол набудан дар бизнес бештар барои давраи бармаҳали тавлиди кору бори соҳибкори хос аст ва пеш аз ҳама далели норасидаву нокуммал будани бизнес аст. Аммо, таҷрибаи бизнеси байналхалқӣ, ки таърихи чандинсола дорад, нишон медиҳад, ки соҳибкори нави аз бозорӣ ҷаҳонӣ баромада, бояд қоидаву меъёрҳои бизнеси ба камол расидаро риоя кунад. Дар акси ҳол, мумкин аст ў ба амалиёти байнал­халқӣ роҳ дода нашавад.Ҷавоб ба саволи №2. Ҳануз Арасту одобро чун донистани он ки чӣ бояд кард ва аз чӣ бояд худдорӣ намуд, муайян карда буд. Рафтори касоне, ки дар бизнеси байналхалқӣ иштирок мекунанд, бояд ба тавсияҳои оқилонаи дар ҷомеаи ҷаҳон қабулгардида мувофиқат дошта бошад.
Бизнесменҳои тарбиятнадидаи камсавод ба бозорӣ хориҷӣ баромада истода баъзан оддитарин меъёрҳои рафтори соҳибкориро намедонанд ва дар асари бемаърифатии худашон ин меъёрҳоро вайрон мекунанд.
Кодекси одоби бизнесмен чун маҳсули инкишофи таърихии тасаввурот дар бораи симои арзандаи ахлоқии соҳибкор ва нишонаҳои соҳибкори бавиҷдон, ҳалолкор ба ў мансуб ба миён омадааст.
Чунин принсипҳои анъанавии пешбурди фаъолияти соҳибкориро ҷудо кардан мумкин аст:

  • Ҳукумати мамлакате, ки дар он ҷо бизнеси худро ташкил мекунӣ ҳурмат намо.
  • Ҳалолкору ростқавл бош. Ҳалолкорию ростқавлӣ – таҳкурсии соҳибкорӣ, заминаи фоидаи ҳалол ва муносибатҳои мувофиқ дар корҳо мебошад.
  • Ҳуқуқи моликияти хусусиро эҳтиром намо, со­ҳибкории озод заминаи некўаҳволии ҳар гуна давлат.
  • Намояндагони ҳар гуна миллатро дўст дор ва ҳурмат кун. Дар чунин шароит мутобиқати манфиатҳо ба миён меояд, ки фазои мусоидро барои дар одамон ташаккул додани қобилиятҳои гуногун барқарор мекунад.
  • Ба сухани гуфтаи худ содиқ бош. Муваффақияти кор аз бисёр ҷиҳатҳо ба он вобаста аст, ки то кадом дараҷа атрофиёнат ба ту бовар мекунанд.
  • Ҳамеша имкониятҳои худатро ба ҳисоб гир. Мувофиқи дороиат (мамлакат) амал кун (Ба курпаат нигоҳ карда пой дароз кун).
  • Ҳамавақт дар назди худ мақсади муайян гузор.
  • Ҳеч гуна мақсад наметавонад ба арзишҳои ахлоқӣ халал расонад.

Таҷрибаи пешбурди бизнеси байналхалқӣ дар шароити муосир нишон медиҳад, ки принсипҳои анъанавии дар боло номбаршуда бо принсипҳои зерин пурра гардонида шаванд:

  • Боварӣ доштан ба бизнес, онро ҳамчун эҷодиёти дилпазир дарк кардан, ба бизнес чун ба санъат муноси­бат кардан.
  • Эътироф кардани зарурати рақобат дар ҳолати кўшиш ба харҷ додан барои ҳамкорӣ.
  • Бовар кардан нисбат ба дигарон, эътироф кардани ихтисосмандӣ (профессионализм) ва салоҳиятмандии дигар одамон.
  • Эътироф кардани арзишҳои маориф, илм, фарҳанг.
  • Эътибор додан ба масъалаҳои муҳити зист.
  • Кўшиш кардан барои навъовариҳо.
  • Одамдўстӣ (гуманизм).

Ба ахлоқу одоби бизнес фарҳанги он сахт алоқаманд аст.
Фарҳанги бизнес – тасаввурро дар бораи арзишҳо ва тарзи рафтори соҳибкорон ифода мекунад. Дар фарҳанг тарбият, таҳсилот, ҷаҳони маънавии одамон, қобилияти онҳо дар боби дарк карда тавонистани дасовардҳои тамаддуни инсоният ва барпо кардани муносибатҳои мутақобил инъикос меёбад. Фарҳанг сатҳи инкишофи маънавии ҷомеа идеалҳои он, қобилияти бо якдигар муносибат кардани одамонро тавсиф медиҳад.
Фарҳанги дохилӣ (ботинӣ) ва берунии (зоҳирии) фирма мавҷуд аст.
Фарҳанги дохилӣ – муносибати иштирокчиёни раванди корро дар байни худ, симо ва тарзи рафтори онҳоро дар муноси­батҳои байни якдигарии  дохили фирма тавсиф медиҳад.
Фарҳанги берунӣ – риоя намудани принсипҳои муно­сибатҳои фарҳангии соҳибкоронро бо шарикон, аз ҷумла аз мамлакатҳои хориҷӣ ифода мекунад.
Фарҳанги пешбурди бизнес умуман – ин эътирофи меъёрҳои рафтори соҳибкорӣ аз тарафи соҳибкорон дар бозорҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Ин се ҷиҳат дорад:
Якум – ин тасавуроти соҳибкор оид ба арзишҳои бизнеси байналхалқӣ ва мувофиқан бизнеси миллӣ. Ҳар як соҳибкор мақсади бизнесро ба тарзи муайян мебинад ва ба ҷадвали арзишҳову афзалиятҳои худаш соҳиб аст, ки мувофиқи онҳо вай доир ба истеъмолкунандагони хориҷиву миллӣ, мизоҷон, талабот ба моли ху­даш, қобилияти рақобатӣ доштани мол дар бозори байналхалқӣ, даромаду фоидаи чашмдораш қазоват мекунад.
Дуюм – ин ҳамаи он арзишҳое, ки аз тасавуроти соҳибкор барқарор мегардад ва вобаста ба он ҳар як соҳибкор барои худ қоидаю тартибот ва меъёрҳои рафторро дар вақти нақшагирӣ ва пешбурди амалиёти байналхалқӣ муайян мекунад.
Сеюм – ин рафтори мушаххаси соҳибкор дар вақти пешбурди амалиёти байналхалқӣ, ки дар раванди он соҳибкор дар амал қоидаю тартибот ва меъёрҳои рафтори қабулшударо тадбиқ менамояд.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.