Пятница, Апрель 26Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Бизнеси байналхалқӣ

Бизнеси байналхалқӣ InfoPage.TJ

Муҳити инсонӣ ва фарҳангии бизнеси байналхалқӣ

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Менеҷмент дар бизнеси байналхалқӣ; Саволи №2. Бизнес дар Амрико ва Аврупо; Саволи №3. Бизнес дар Россия; Саволи №4. Бизнес дар Осиё. Ҷавоб ба саволи №1. Дар бизнеси байналхалқӣ системаи менеҷмент маҷмўи ташкилии воситаҳо, усул ва равандҳои идоракуниву қабули қарорҳо дар мавриди амалӣ гардондани фаъолият дар бозорӣ беруна мебошад, ки дар амали му­тақобил ва равобит қарор дошта, як воҳиди ягонаи динамикиро ба вуҷуд меоварад. Ин раванд аз бисёр ҷиҳатҳо бо гуногунии фарҳангҳову муҳити инсонӣ алоқманд аст. Ба менеҷмент дар бизнеси байналхалқӣ як силсила хислатҳои фарқкунанда хос аст: Хислати инкишофёбӣ (тағйирёбандагӣ), ки дар тағйирёбии муттасили раванди менеҷмент аз рўи самтнокӣ, масъалагузорӣ, хусусияти ҷараён, инчунин дар ди­намика будани ҳаракати марҳилаҳои мухталифи он ва

Бизнес ва одоби муошират

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Одоби муоширати корӣ; Саволи №2. Қоидаҳои рафтор; Саволи №3. Вазъи ҳассос дар гуфтушунидҳо: ҳадди имконпазири гузашткунӣ. Ҷавоб ба саволи №1. Меъёрҳову қоидаҳои рафтори баодобона дар муо­шират ба ҳампешагони худи кас, тартиботу шаклҳои муомила дар раванди бархурдҳои хидматӣ одоби муо­ширати корӣ номида мешавад. Одоби инзамонӣ ойину суннатҳои амалии қариб тамоми халқҳоро аз қадимтарин замонҳо то рўзгори мо ба мерос. гирифтааст. Қавоиди одоб асосан байналхалқӣ мебошад, зеро дар кулли кишварҳо беш ё кам як хел риоя карда мешавад. Ҳамзамон одоби муоширати ҳар як кишвар мумкин аст ҷаҳатҳои хеле муҳими ба худ хос дошта бошад, ки онро боист суннатҳову урфу одати таърихӣ, миллӣ, динӣ ва ғайра аст. Одоби муоширати корӣ қоидаҳои ба якдигар салом додану алек гирифтан, худро муаррифӣ к

Таассуроти аввал гузоштан ва дастфишурӣ дар бизнес

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Таассуроти аввал ва одоби сухан гуфтан бо телефон дар бизнес; Саволи №2. Муарифӣ намудан ва даст фишурдан дар бизнеси байналхалқӣ. Ҷавоб ба саволи №1. Муаррифӣ кардан - Одатан ҳангоми вохўриҳо дар бизнес бо тартиби муайян муарификунӣ, дастфишўрӣ ва мубодилаи карточкаҳои визитӣ ба амал меоянд. Ҳангоми муарифӣ кардан ном, насаб ва номи падарии шахси муарифишударо пурра ба забон овардан лозим аст. Баъзан ҳолатҳое пеш меоянд, ки худро муарифӣ кардан зарур аст. Дар ҳолатҳои зерин метавонед худро муарифӣ намоед: - ба вохўрие ҳозир шудаед, ки касеро намешиносед; - ҳангоме, ки Шуморо ҳеҷ кас муарифӣ намекунад; - ҳангоми хўрок хўрдан, агар дар паҳлўятон шахси ношинос нишаста бошад; - агар эҳсос кунед, ки номи Шуморо фаромўш кардаанд. Дастфишўрӣ - Баъди аз оне, ки худро муарифӣ нам

Муомилоти корӣ ва либоси корӣ

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Одоби хўрок хўрдан дар гуфтушунид ва вохўриҳо; Саволи №2. Либос ва намуди зоҳирии марди соҳибкор; Саволи №3. Либос ва намуди зоҳирии соҳибкорзан. Ҷавоб ба саволи №1. Вақтҳои охир гузаронидани гуфтушунидҳо ё вохўриҳо дар сари мизи хўрокхўрӣ хеле маъмул гардидаанд. Ҳангоми хўрок хўрдан чиро бояд донист ва риоя намуд? - ба хўрок хўрдан он вақт оғоз намоед, агар шахси шуморо даъватнамуда ё шахси муътабари мизи хўрокхўрӣ ба хўрдан оғоз намояд; - бо салфетка бозӣ накарда онро оҳиста ба сари зонуи худ гузоред; - ором нишинед, оринҷи дастонро аз миз дуртар нигоҳ доред ва ё дастонро ба зону гузоред; - бо даҳони ниҳоят кушод гап назанед ва хўрокро низ бо даҳони пўшида бояд хоид; - ба даҳон хўроки ниҳоят зиёд нагузоред, хўрокро хуб хоидан лозим аст; - хлеб ва булочкаро бо қисмати

Дипломатия дар бизнеси байналхалқӣ

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Минтақаҳои ризоият (мувофиқат); Саволи №2. Нақши гуфтушунидҳо дар бизнеси байналахалқӣ; Саволи №3. Меъёри рафтори ширкатҳои бисёрмиллатӣ. Ҷавоб ба саволи №1. Дар пешбурди бизнеси байналхалқӣ нақши на камтарро дипломатия мебозад. Дипломатия – ин фаъолияти субъектҳои иқтисоди бурунмарзӣ доир ба анҷом додани вазифаҳову мақсадҳои худ дар шакли гуфтушунидҳо, мукотибот дар чаҳорчўбаи меъёрҳову қоидаҳои муайян ба вуҷуд оварда шудани намояндагиҳои хоричӣ мебошад. Дар мавридҳои муйян босамар пеш бурдани бизнеси байналхалқӣ ба рафтори дипломатона доштан ба шарик ё ҳукумати мамлакат вобаста аст, ки дар он ҷо фаъолияти иқтисоди бурунмарзӣ ба амал бароварда мешавад. Қабл аз  ҳама, пеш аз он ки бизнеси байналхалқӣ ба роҳ монда шавад, ақди муомила кардан зарур аст. Аз ин ҳам пеш бургузор

Симои фирмаҳо: нуфуз ва усулҳои барқароршавии он

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Public relations ё муносибати мутақобила бо ҷомеа; Саволи №2. Самараи реклама (таблиғот). Ҷавоб ба саволи №1. Мафҳуми Public relations аз забони англисӣ маънои «муносибати мутақобил бо аҳли ҷомеа»-ро дорад. Ба як маъно дар ин мафҳум «фалсафаи ҳаёт»-и муайяни ин ё он ташкилот, қобилияти дар бозори истеҳсолот фурўши мол ё хадамот, ба таври бояду шояд худро собит кардани он ифода ёфтасст. Асосгузори назарияи муосири Public relations профессори бритонӣ Сэм Блэк мебошад. Барқарор кардани муносибати боваринок ба фирма шарти зарурии вуҷуд доштани Public relations мебошад. Фаъолият дар ин соҳа метавонад ҳам ба нафари ҷудогона ва ҳам ба фирмаи хурд, ширкати фаромилаллӣ ва ҳатто  ба давлат умуман паҳн карда шавад. Дар вақти ташкил кардани Public relations сухан дар бораи зарурияти риоя

Баъзе асосҳои фалсафаи бизнеси байналхалқӣ

Бизнеси байналхалқӣ
Саволи №1. Фалсафа ва одоби бизнес: моҳият ва таърифи предмети он; Саволи №2. Кодекси (қоидаи) одоби бизнеси байналхалқӣ. Ҷавоб ба саволи №1. Фалсафаи бизнесро аниқ баён кардан барои чӣ лозим аст? Асосан, барои он, ки агар касе майли пеш гирифтани кореро дошта бошад, ба иштибоҳе роҳ надиҳад, ки ўро ба муфлисӣ расонад. Соҳибкори ба ҷодаи бизнес воридшаванда чиро ба сифати принсипҳои асосӣ бояд донад. Принсипи нахустини комёб шудан дар бизнес ин қобилияти кас аст. Ҳар коре, ки ба қобилияти кас вобаста аст, дар он қатъият мебояд: яъне қисмат, сатҳи зиндагӣ, мақом дар ҷомеа, мубориза дар шароити рақобати беамон. Бидуни то ба охир хал кардани ин қабил масъалаҳо, ки кас сарвату мақомашро ба дасти таваккал месупорад, бизнес ба сомон намерасад. Қатъият - ин пеш аз ҳама рафтори бошууронаи хуб