Пятница, Март 22Вместе создадим светлое будущее! ▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲▼▲


МАЪНОИ КАЛИМАИ ТОЧИК

Дар атрофи ин масъала фикрхои гуногун Ва хатто ба хам зид вучуд дошт ва кисман холо хам вучуд доранд. Баъзе муаллифон вучуд доштани чунин ахволро бо номи «точик» умуман инкор мекарданд. Масалан, дар «К, омус-ул-аълом»-и Шамсуддини Сомй чунин омадааст, ки «точик дар асл номи як кавмест аз туркхо».Дар атрофи ин масъала фикрхои гуногун Ва хатто ба хам зид вучуд дошт ва кисман холо хам вучуд доранд. Баъзе муаллифон вучуд доштани чунин ахволро бо номи «точик» умуман инкор мекарданд. Масалан, дар «К, омус-ул-аълом»-и Шамсуддини Сомй чунин омадааст, ки «точик дар асл номи як кавмест аз туркхо».
Намояндаи дигари туркони усмонй исбот кардан хост, ки Фардавсии Тусй Саъди ва Хофизи Шерозй аслан турканд. Чунин акида баъд aз Инкилоби октябри соли 1917 низ чой дошт. Соли 1919 А.Фитрат дар маколаи худ бо номи «Тилимиз» (забонамон), кн дар рузномаи «Иштирокиюн» чоп шудааст, менависад: Дар дунё аз хама бой, аз хама хушбахт забон кадом aст, медонед? Баъд аз ин форсй ба катори туркй ва арабй дохил гардид. Холи забони форси тамоман бад аст… Форсхо забони худашонро партофтанд. Чашмонамонро калон кушода нигарем хохем дид, ки хакими машхури дунё Ибни Cинo турк acт. Дуввум Фаробй, ки Арасту ном гирнфтааст, турк aст. Чалолиддин Румй турк аст. Ва асархояшонро ба туркї менавиштанд» (Фарханr, 2002, љ 1-2, сањ.15). Дар маљаллаи «Рањбари дониш», 1928, № 11-12 чунин омадааст: «тољикзабонон дар асл турканд ва дар зери таъсири маданияти Эрон забон ва миллати худро гум кардаанд. Бояд онхоро 6oз турк гардонем ва аз тамоми онхо мнллати турк ба вуљуд орем ва як давлати муаззами турк барпо созем. Дар тањти таъсири ин мафкура ва барои амалї гардонидани ин маќсадњо мо душмани забони тољикї будем».

Гурухе aз пантуркистон солхои бистум, сиюм ва чилум даъво доштанд, кн точикон аслан форс буда, аз Эрон ба Осиёи Марказй омада бошанд. Чунин акида дар байни баъзе зиёиёни узбек то солхои наздик вучуд дошт, ки ба ин эссеи Мухаммад Алй «Худро бишчнос» (Ёш ленинчй, 1988, 30,31 август) мисол шуда метавонад. У аз чумла навиштааст: «.., аз Эрон ба Туркистон кучонида оварда шудани одамони зиёде огоз ёсрт, ки ин харакат дар махалхо, алалхусус дар водии Зарафшон ранги оммавй гирифт…». Дар натича дар Туркистон зери таъсири Эрон мадрасахо пайдо шуда, анъанахои забон ва адбиёти форс устувор гаштанд.

Гурухи дигар даъво дошт, ки точикон аслан араб мебошанд. Масалан, дар «Fиёс-ул-луѓот», «Бурхони ќотеь» ва ѓайра «точик» чунин маънидод карда шудааст: «Точик» авлоди араб, ки дар Ачам бузург шуда бошад ва аксари онхо савдогарон бошанд: «лихозо аз точик гуфтан гoхo савдогар мурод аст». Ин маънидодхоро устод С.Айнй «Суханхои хавоякй» номида, маъхазашонро ба шовинистони араб нисбат додааст. «Агар точикон аслан авлоди араб бошанд, — менависад С.Айнй, — пас чаро онхо соли аввали фатх шyдани Бухоро соли 94 хичрй (713 мелод) дар як сол забони худро гум карда, забони бегонаро аз худ карда, сурахои ,Ќуръонро ба забони форсй хонданд ва aз арабхо дур шyданд».

Дар ќомусхои туркй бошад, маънидод шyдааст, ки «точик» дар асл номи як кавмест аз «туркхо» ва гайра.Садриддин Айнй бо далелхои эътимодноки таърихй галат будани даъвои шовинистони арабу туркро исбот кардааст.

Дар адабиёти илмй оид ба маънии истилохи «точик» акидахои мухталиф вучуд доранд. Ба акидаи баъзе олимон, аз чумла В.В. Бартольд, калимаи «точик» аз калимаи «тозй», «той» буда, ба маънои «араб» истеъмол мегардад. Туркони дашту сахрои apaбхopo, ки аз онхо дини исломро кабул карда буданд, «товй» номиданд. Азбаски мардуми форсизабони Мовароуннахр низ дини исломро пахн мекарданд, тyркхо онхоро «тозй» ном мегирифтанд. Вале баъдтар, пас aз фахмидани фарки байни арабу форсхо, форсиёни Осиёи Миёнаро барои aз арабхо фарк кардан «точик» ё худ «тожик» номиданд.

Фикри дигари олимон ин acт, ки гyё калимаи «точик» аз калимаи «тот» ба вучуд омада бошад, ки маънояш «раият» aст. Ба он «жик» хамчун пасоянди ифодакунандаи хурд истифода шуда, калимаи «тожик» ба вучуд овардааст. Кисми дигари олимон пайдоиши калимаи мазкурро ба калимаи хитоии «тяочжи» алокаманд мекунанд. Эхтимоле низ хаст, ки «тозик»-и пахлавй шояд баъд аз арабон ба тарзи «точик» талаффуз шуда бошад.

Ба акидаи А.Н. Бернштам номи «точик» (дар талаффузи хитой-дашй) дар давраи то истилои арабхо аз охири acpи VII маълум аст. Бино ба маълумоти мутафаккири асримиёнагй Махмуди Кошгарй туркхои ин сарзамин ахолии эронизабонро «тат» магуфтанд. Аввалин бор туркзабонон калимаи татро дар acpи VI дар вакти ба Хафтруд, Кошгар ва Хутан омаданашон истифода кардаанд.

Академик Н. Неъматов чунин акида дорад, ки номи «точик» дар як вакт бо ташаккули худи халк, яъне дар асрхои IX-Х ба вучуд

омадааст.

Устод Садриддин Айнй дар асари барчастаи худ «Маънои калимаи точик» ба таърихи пайдоиш ва маънии калимаи «точик» чавоби хаматарафа додааст. Мувофики санадхои таърихй С.Айнй собит кардааст, ки дар таълифоти ахлн Шарк калимаи точик ба тарзхои гуногун: точик, тозик, тозак, тожик омадааст. Шакли асосй, аввалин ва аслии ин калима «точик» мебошад. Шакли «точак» бошад, айби котибон ё ин ки барои дар вазн гунчидан бо хохиши шоирон пайдо шудааст. Шакли «тозик» бошад «ихтирои» мугулхо ва туркхои кадим мебошад, ки онхо харфи «љ»-ро талаффуз карда наметавонистанд ва мавриди фарф задан \” љ \” -ро бо «з» табдил мекарданд. Бинобар ин баъд аз шинос шудан бо точикон ба чои «точик» истифода кардани калимаи «тозик ё тозак» мушохида мегардад. Муаллифони баъд аз истилои мугулхо хам аз забони онхо шакли «тозик»-­ро шунида, чунин гуфтаанд ва навиштаанд. Устод С.Айнй собит намудааст, ки калимаи «точик» ба сифати як халки форсизабон сараввал ба мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он нисбат ба хамаи форсзабонони руи дунё ба кор бурда шудааст. Тасодуфй нест, ки Саъдй худро aз ахли шахри Шероз хисобида, дар шеъраш хешро «точик» шуморидааст ва муаллифони дигари эронй низ аз ахди кадимтарин то адибони асри XIX калимаи «точик»-ро нисбати халкхои форсзабони Эрон хам кор фармудаанд. Халкхои форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонхои хеле кадим боз номи «точик» ба онхо дода шудааст, албатта, баробари ин ном ё аз он пеш пайдо нашудаанд, ё ин ки аз ягон чой наёмадаанд, балки инхо ахолии ин сарзаминанд, ки баъд аз исломия ба онхо номи «точик» ва ба забонашон «забони форсй» ё ин ки «забони точикй» дода шудааст.

Калимаи «точик» чй маънй дорад ва решаи он aз кучо пайдо шудааст? Мувофики тадкики С.Айнй калимаи «точик» aз се кисмат иборат аст: Точ-и-к. кисми якум «точ» аст, ки зинати сари шохон аст, дуввум харфи «и» нисбат аст. Масалан, Самаркандй, Бухорой ё Сталинободй гуем хамин «и» хамрох мешавад ва чизхо ё шахсхои ба ин шахрхо мансубро мефахманд. Саввум «к»-и исмй аст: даста-дастак, дона-донак, барг-баргак ва гайра. Номхои хос, ба монанди Равонак (дехае дар Самарканд), ки аз «Равон» гирифта шудааст. Тавсанак (дехае дар Бухоро аз «тавсан» гирифта шудааст). Равшанак (духтари Доро). Калимаи тољй ба хар чизе, ки ба точ мансуб: марвориди точй, ёкути тоий, лаъли точй. Вакте ки хостанд калимаи «точ»-ро ба халки форсзабони баландмаданият исми хос кунанд, дар охираш «к»-и исмиро хамрох карда, «точик» ryфтанд.

Точикон ва ачдоди онхо дар таърихи тамаддуни чахонй макоми хосеро дороянд. Точикон, забон ва фарханги онхо на танхо барои мардуми эронинажод, балки ба халкхои дигар низ таъсири мусбат расонидаанд. Забон ва фарханги точикон, давлати бузурги онхо дар хаёти моддию маънавй ва сиёсии мардуми Осиёи Марказй ва берун аз он осори худро гузоштааст. Точикон бо мехнатдустй, сулхчуй, бо тамаддуни кадим ва бой, бо хислатхои бехтарини инсонии худ дар байни чахониён макоми хосе пайдо кардаанд, ки дар ин бора бузургтарин мутафаккирони чахон шаходат додаанд.


Один комментарий

  • Илёсиддин Ҳомидӣ

    Ман ҳамчун тоҷики асил, тадқиқу далели домулло Садриддин Айниро тасдиқ намудаам ва аз шахсоне, ки қудрати муаллифӣ (авторӣ) доранд, хоҳиш мекунам, ки ҳамин далели Айниро ба ҷаҳон паҳну ифшо намоянд, то ин мардуми ҷаҳон бидонанд, ки ибораи “точӣ” ва ё худ “точик” ва билхусус миллати тоҷик, якчанд асрҳо пеш аз пайдоиши баъзе халқиятҳо буд ва вуҷуд доштем. Инчунин адади олимону шоирону мутафаккироне, ки мо тоҷикон доштем, дар ягон миллати дунё ин гуна адад вуҷуд надорад. Дар охир ба шумо, яъне ба ин сайт баҳои баланд ва ташаккури зиёд баён менамоям!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.