Пятница, Июль 19Вместе создадим светлое будущее!


Маънои калимаи “Тоҷик”

Дар атрофи ин масъала фикрҳои гуногун ва ҳатто ба ҳам зид вуҷуд дошт ва қисман ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Баъзе муаллифон вуҷуд доштани чунин аҳволро бо номи «тоҷик» умуман инкор мекарданд. Масалан, дар «Қомус-ул-аълом»-и Шамсуддини Сомӣ чунин омадааст, ки «тоҷик дар асл номи як қавмест аз туркҳо».
Намояндаи дигари туркони усмонӣ исбот кардан хост, ки Фирдавсии Тусӣ, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ аслан турканд. Чунин ақида баъд aз Инқилоби октябри соли 1917 низ ҷой дошт. Соли 1919 А.Фитрат дар мақолаи худ бо номи «Тилимиз» (забонамон), ки дар рӯзномаи «Иштирокиён» чоп шудааст, менависад: Дар дунё аз ҳама бой, аз ҳама хушбахт забон кадом aст, медонед? Баъд аз ин форсӣ ба қатори туркӣ ва арабӣ дохил гардид. Ҳоли забони форсӣ тамоман бад аст… Форсҳо забони худашонро партофтанд. Чашмонамонро калон кушода нигарем хоҳем дид, ки ҳакими машҳури дунё – Ибни Cинo турк acт. Дуввум Фаробӣ, ки Арасту ном гирифтааст, турк aст, Ҷалолиддин Румӣ турк аст ва асарҳояшонро ба туркӣ менавиштанд (Фарҳанг, 2002, ҷ.1-2, саҳ.15). Дар маҷаллаи «Раҳбари дониш», 1928, № 11-12 чунин омадааст: «Тоҷикзабонон дар асл турканд ва дар зери таъсири маданияти Эрон забон ва миллати худро гум кардаанд. Бояд онҳоро бoз турк гардонем ва аз тамоми онҳо миллати турк ба вуҷуд орем ва як давлати муаззами турк барпо созем. Дар таҳти таъсири ин мафкура ва барои амалӣ гардонидани ин мақсадҳо мо душмани забони тоҷикӣ будем».
Гурӯҳе aз пантуркистон солҳои 20-ум, 30-юм ва 40-ум даъво доштанд, ки точикон аслан форс буда, аз Эрон ба Осиёи Марказӣ омада бошанд. Чунин ақида дар байни баъзе зиёиёни ӯзбек то солҳои наздик вуҷуд дошт, ки ба ин иншои Муҳаммад Алй «Худро бишинос» (Ёш ленинчӣ, 1988, 30,31 август) мисол шуда метавонад. Ӯ аз ҷумла навиштааст: «… аз Эрон ба Туркистон кӯчонида оварда шудани одамони зиёде оғоз ёфт, ки ин ҳаракат дар маҳалҳо, алалхусус дар водии Зарафшон ранги оммавӣ гирифт…». Дар натиҷа дар Туркистон зери таъсири Эрон мадрасаҳо пайдо шуда, анъанаҳои забон ва адабиёти форс устувор гаштанд.
Гурӯҳи дигар даъво дошт, ки тоҷикон аслан араб мебошанд. Масалан, дар «Fиёс-ул-луғот», «Бурҳони қотеь» ва ғайра «тоҷик» чунин маънидод карда шудааст: «Тоҷик» авлоди араб, ки дар Аҷам бузург шуда бошад ва аксари онҳо савдогарон бошанд: «Лиҳозо аз тоҷик гуфтан гoҳo савдогар мурод аст». Ин маънидодҳоро устод С.Айнй «Суханҳои хавоӣ» номида, маъхазашонро ба шовинистони араб нисбат додааст. «Агар тоҷикон аслан авлоди араб бошанд, – менависад С.Айнй, – пас чаро онҳо соли аввали фатҳ шyдани Бухоро соли 94 ҳиҷрӣ (713 мелод) дар як сол забони худро гум карда, забони бегонаро аз худ карда, сураҳои Қуръонро ба забони форсӣ хонданд ва aз арабҳо дур шyданд».
Дар қомусҳои туркӣ бошад, маънидод шyдааст, ки «тоҷик» дар асл номи як қавмест аз «туркҳо» ва ғайра. Садриддин Айнӣ бо далелҳои эътимодноки таърихӣ ғалат будани даъвои шовинистони арабу туркро исбот кардааст.
Дар адабиёти илмӣ оид ба маънии истилоҳи «тоҷик» ақидаҳои мухталиф вуҷуд доранд. Ба ақидаи баъзе олимон, аз ҷумла В.В. Бартолд, калимаи «тоҷик» аз калимаи «тозӣ», «той» буда, ба маънои «араб» истеъмол мегардад. Туркони дашту саҳрои apaбҳopo, ки аз онҳо дини исломро қабул карда буданд, «товӣ» номиданд. Азбаски мардуми форсизабони Мовароуннаҳр низ дини исломро паҳн мекарданд, тyркҳо онҳоро «тозӣ» ном мегирифтанд. Вале баъдтар, пас aз фаҳмидани фарки байни арабу форсҳо, форсиёни Осиёи Миёнаро барои aз арабҳо фарқ кардан «тоҷик» ё худ «тожик» номиданд.
Фикри дигари олимон ин acт, ки гӯё калимаи «тоҷик» аз калимаи «тот» ба вуҷуд омада бошад, ки маънояш «раият» aст. Ба он «жик» ҳамчун пасоянди ифодакунандаи хурд истифода шуда, калимаи «тожик» ба вуҷуд овардааст. Қисми дигари олимон пайдоиши калимаи мазкурро ба калимаи хитоии «тяочжи» алоқаманд мекунанд. Эҳтимоле низ ҳаст, ки «тозик»-и паҳлавӣ шояд баъд аз арабон ба тарзи «тоҷик» талаффуз шуда бошад.
Ба ақидаи А.Н. Бернштам номи «тоҷик» (дар талаффузи хитоӣ-дашӣ) дар давраи то истилои арабҳо аз охири acpи VII маълум аст. Бино ба маълумоти мутафаккири асримиёнагӣ Маҳмуди Қошғарӣ туркҳои ин сарзамин аҳолии эронизабонро «тат» мегуфтанд. Аввалин бор туркзабонон калимаи татро дар acpи VI дар вақти ба Ҳафтруд, Қошғар ва Хутан омаданашон истифода кардаанд.
Академик Н. Неъматов чунин ақида дорад, ки номи «тоҷик» дар як вақт бо ташаккули худи халқ, яъне дар асрхои IX-Х ба вуҷуд омадааст.
Устод Садриддин Айнӣ дар асари барҷастаи худ «Маънои калимаи тоҷик» ба таърихи пайдоиш ва маънии калимаи «тоҷик» ҷавоби ҳаматарафа додааст. Мувофиқи санадҳои таърихӣ С.Айнӣ собит кардааст, ки дар таълифоти аҳли Шарқ калимаи тоҷик ба тарзҳои гуногун: тоҷик, тозик, тозак, тожик омадааст. Шакли асосӣ, аввалин ва аслии ин калима «тоҷик» мебошад. Шакли «тоҷак» бошад, айби котибон ё ин ки барои дар вазн ғунҷидан бо хоҳиши шоирон пайдо шудааст. Шакли «тозик» бошад «ихтирои» муғулҳо ва туркҳои қадим мебошад, ки онҳо ҳарфи «ҷ»-ро талаффуз карда наметавонистанд ва мавриди ҳарф задан “ҷ” -ро бо «з» табдил мекарданд. Бинобар ин баъд аз шинос шудан бо тоҷикон ба ҷои «тоҷик» истифода кардани калимаи «тозик ё тозак» мушоҳида мегардад. Муаллифони баъд аз истилои муғулҳо ҳам аз забони онҳо шакли «тозик»-­ро шунида, чунин гуфтаанд ва навиштаанд. Устод С.Айнӣ собит намудааст, ки калимаи «тоҷик» ба сифати як халқи форсизабон сараввал ба мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он нисбат ба ҳамаи форсизабонони рӯи дунё ба кор бурда шудааст. Тасодуфӣ нест, ки Саъдӣ худро aз аҳли шаҳри Шероз ҳисобида, дар шеъраш хешро «тоҷик» шуморидааст ва муаллифони дигари эронӣ низ аз аҳди қадимтарин то адибони асри XIX калимаи «тоҷик»-ро нисбати халқҳои форсзабони Эрон ҳам кор фармудаанд. Халқҳои форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонҳои хеле қадим боз номи «тоҷик» ба онҳо дода шудааст, албатта, баробари ин ном ё аз он пеш пайдо нашудаанд, ё ин ки аз ягон ҷой наомадаанд, балки инҳо аҳолии ин сарзаминанд, ки баъд аз исломия ба онҳо номи «тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони точикӣ» дода шудааст.
Калимаи «тоҷик» чӣ маънӣ дорад ва решаи он aз куҷо пайдо шудааст? Мувофиқи тадқиқи С.Айнӣ калимаи «тоҷик» aз се қисмат иборат аст: Тоҷ-и-к. Қисми якум «тоҷ» аст, ки зиннати сари шоҳон аст, дуввум ҳарфи «и» нисбат аст. Масалан, Самаркандӣ, Бухороӣ ё Сталинободӣ гӯем ҳамин «и» ҳамроҳ мешавад ва чизҳо ё шахсҳои ба ин шаҳрҳо мансубро мефаҳманд. Саввум «к»-и исмӣ аст: даста-дастак, дона-донак, барг-баргак ва ғайра. Номҳои хос, ба монанди Равонак (деҳае дар Самарқанд), ки аз «Равон» гирифта шудааст. Тавсанак (деҳае дар Бухоро аз «тавсан» гирифта шудааст). Равшанак (духтари Доро). Калимаи тоҷик ба ҳар чизе, ки ба тоҷ мансуб: марвориди тоҷӣ, ёқути тоӣ, лаъли тоҷӣ. Вақте, ки хостанд калимаи «тоҷ»-ро ба халқи форсзабони баландмаданият исми хос кунанд, дар охираш «к»-и исмиро ҳамроҳ карда, «тоҷик» ryфтанд.
Тоҷикон ва аҷдоди онҳо дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми хосеро дороянд. Тоҷикон, забон ва фарҳанги онҳо на танҳо барои мардуми эронинажод, балки ба халҳҳои дигар низ таъсири мусбат расонидаанд. Забон ва фарҳанги тоҷикон, давлати бузурги онҳо дар ҳаёти моддию маънавӣ ва сиёсии мардуми Осиёи Марказӣ ва берун аз он осори худро гузоштааст. Тоҷикон бо меҳнатдустӣ, сулҳҷуӣ, бо тамаддуни қадим ва бой, бо хислатҳои беҳтарини инсонии худ дар байни ҷаҳониён мақоми хосе пайдо кардаанд, ки дар ин бора бузургтарин мутафаккирони ҷаҳон шаҳодат додаанд.

2 Комментарии

  • Илёсиддин Ҳомидӣ

    Ман ҳамчун тоҷики асил, тадқиқу далели домулло Садриддин Айниро тасдиқ намудаам ва аз шахсоне, ки қудрати муаллифӣ (авторӣ) доранд, хоҳиш мекунам, ки ҳамин далели Айниро ба ҷаҳон паҳну ифшо намоянд, то ин мардуми ҷаҳон бидонанд, ки ибораи “точӣ” ва ё худ “точик” ва билхусус миллати тоҷик, якчанд асрҳо пеш аз пайдоиши баъзе халқиятҳо буд ва вуҷуд доштем. Инчунин адади олимону шоирону мутафаккироне, ки мо тоҷикон доштем, дар ягон миллати дунё ин гуна адад вуҷуд надорад. Дар охир ба шумо, яъне ба ин сайт баҳои баланд ва ташаккури зиёд баён менамоям!

  • Бибичон

    Ман ба фикри шумо розиям, чунки калимаи “тоҷик” ва халқи тоҷик аз аввал вуҷуд доштанд, ин миллати бузург бо фарҳангу тамаддуни қадимааш аз дигар халқияту миллатҳо фарқ мекард, мекунад ва хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.