Давлати Чини Қадим
Таърихи Чини қадим ба чор давра тақсим карда мешавад, ки ҳар кадоме аз ин давраҳо ба ҳукмронии сулолаи муайян алоқаманд аст. Давраи аввал -Шан (Ин)- аз асри 18 то милод то асри 12 то милод давом кард. Давраи дуюми- Чжоу- аз асри 12 то милод то соли 221 то милод давом ёфт. Давраи саюми-шоҳигарии Син- аз соли 221 то милод то соли 207 то милод. Давраи чорум- шоҳигарии Хан- аз соли 206 то милод то соли 220 милодӣ идома ёфт. Давраи чорум давраи гузаштан аз давлати ғуломдорӣ ба давлати феодалӣ аст.
ДАВЛАТИ ШАН (ИН)
ТАШКИЛЁБИИ ДАВЛАТИ ШАН (ИН)
Мутобиқи ривоятҳои чинӣ, пайдоиши давлат дар сарзамини Чин ба истило гардидани қабилаи Ся аз ҷониби қабилаи Шан бо сарварии Шан Чэн Тан ташкил ёфт. Шан сулолаеро асос гузошт, ки давлати он низ номи Шанро гирифт.
СОХТИ ҶАМЪИЯТӢ
Ҷамъият ва давлати