Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


ИМА дар охири асри ХIX – аввали асри ХХ

Тараққиёти иқтисодӣ. Баъд аз ҷанги мулкӣ иқтисодиёти ИМА босуръат тараққӣ кард. Ин чанд сабаб дошт. Якум, сохти ғуломдорӣ дар ҷануби мамлакат барҳам хӯрд. Дуюм, муносибатҳои демократӣ дар ҷомеа бештар амри воқеӣ мегардиданд. Сеюм, бозори умумимиллӣ ташаккул ёфтИМА дар охири асри ХIX – аввали асри ХХ
Тараққиёти иқтисодӣ. Баъд аз ҷанги мулкӣ иқтисодиёти ИМА босуръат тараққӣ кард. Ин чанд сабаб дошт. Якум, сохти ғуломдорӣ дар ҷануби мамлакат барҳам хӯрд. Дуюм, муносибатҳои демократӣ дар ҷомеа бештар амри воқеӣ мегардиданд. Сеюм, бозори умумимиллӣ ташаккул ёфт. Чорум, қонун дар бораи ҳомстедҳо, ки соли 1862 қабул карда шуда буд, имконият дод, ки кишоварзии ИМА бо роҳи фермерӣ пеш равад ва ин роҳ комилан ғалаба кард. Панҷум, дар саноату кишоварзӣ ва нақлиёту алоқа техника ва технологияи пешқадами америкавию европавӣ васеъ ба кор бурда мешуд.
Дар тараққиёти иқтисодии охири асри ХIX – аввали асри ХХ ИМА афзоши истеҳсоли чӯяну пӯлод ва ангишту нифт ёрии калон расониданд. Истеҳсоли чӯян аз 7,7 миллион тоннаи соли 1870 дар соли 1913 ба 517 млн тонна, ангишт аз 33 миллион тоннаи соли 1870 дар соли 1913 ба 270 миллион тонна расид.
Сифатан тағйирёбии коркарди маъдан барои пешравии соҳаҳои дигари саноат заминаи боэътимод гузошт. Дар солҳои 70 – ум ва 80 – ум мошинасозӣ барои заводҳо афзуд. Дар ин давра телефони Белл ба кор бурда мешуд, истгоҳи барқии бо бӯғ коркунандаи Эдисон ба кор даромад, тормози ихтироъкардаи Вестингауз дар техника ва найлиёт босамар кор мекард. Соли 1882 трамвайи аввалин ҳам бароҳ даромад. Дар аввали асри ХХ заводҳои Форд автомобилҳои бисёр истеҳсол мекарданд.
Ба тараққиёти пуравҷи иқтисодӣ, аз он ҷумла, саноат ва кишоварзӣ роҳҳои оҳан ёрии калон мерасониданд. То солҳои 90 – ум 4 роҳи оҳани дароз сохта шуд, ки он аз соҳилҳои Уқёнуси Ором сар шуда, то ба соҳилҳои Уқёнуси Атлантика рафта мерасид. Чунин роҳи оҳани дарози дигар то ба Канад сохта, ба истифода дода шуд. Баъди ин дарозии умумии роҳҳои оҳани ИМА ба 190 ҳазор мил расид. Ин аз дарозии роҳҳои оҳани ҳамаи мамлакатҳои Европа зиёдтар буд.
Дар 30 соли охир ба мамлакат 3 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд. Дар ҳамин мӯҳлат ба ИМА барои зиндагонии муқимӣ 14 млн нафар муҳоҷирон омаданд. Ин ҳам барои пешравии иқтисодиёти мамлакат сабаб шуд.
Фаъолияти тресту банкҳо. Дар охири асри ХIX бойгарии ИМА торафт бештар ба дасти трестҳо медаромад. Инҳисор гардидани нақлиёту роҳи оҳани мамлакат нисбат ба дигар соҳаҳо барвақттар доир гардид. Дар ин соҳа “ Иттифоқҳои роҳи оҳан” – и Вандербилт, Гулда, Хатигтон ба вуҷуд омаданд. Дар солҳои 80 – ум истеҳсоли пахта, равғани зағир, шароб, сурб, найшакар, гӯгирд ва тамоку инҳисорӣ карда шуд. Ин трест дар зарфи 30 сол аз он ҷойҳо ба маблағи 2 млрд доллар мис истеҳсол кардааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Америкаи ҳамонвақтаро мамлакати трестҳо меномиданд, зеро шакли маъмултарини инҳисорҳои сармоядорони ин мамлакат трестҳо буданд. Асосгузори трести аввалини ИМА Давид Рокфеллер мебошад. Ӯ дар солҳо ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳисоби фурӯши аслиҳа бой шуда, аз болои корхонаҳои нафтистеҳсолкунӣ ва тиҷорат ҳам назорат ҷорӣ намуд. То саршавии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ трести Рокфеллер “Стандарт ойл” ба яке аз корхонаҳои калонтарини нафтистеҳсолкунии ҷаҳон табдил ёфт. Он то 90 фоизи маҳсулоти нафтии мамлакатро истеҳсол мекард. Рокфеллерро “Ҷаноби миллиардер” меномиданд. Ин ном ба сарватмандии ӯ мувофиқ буд. Аз ин лақаб Рокфеллер ҳатто намеранҷид. Дар ибтидои асри ХХ аз чор се ҳиссаи истеҳсолоти саноатии ИМА – ро трестҳо назорат мекарданд.
Банкҳои калонтарини ИМА ба трестҳо пул қарз медоданд. Ин банкҳо бештар дар кӯчаи Уолл – Стрити Нию – Йорк дар биноҳои боҳашамату сарбафалаккашида ҷой гирифта буданд. Ин кӯча ба маркази аҳли тиҷорату саноатии мамлакат табдил ёфт.
Сармояи банкӣ ва сармояи саноатӣ ҳам бо тези марказонида мешуданд. Соли 1903 ду банки бузургтарине, ки ба Морган ва Рокфеллер таалуқ доштанд, ба 112 банкҳои роҳҳои оҳан, ширкатҳои суғурта ва соҳаҳои дигар назорат мекарданд. Ҳар ду банк дар бунёди банкҳои нав ва корхонаҳои саноатӣ фаъолона ширкат меварзиданд.
Ислоҳоти аввали асри ХХ. Ҳаракати ислоҳотхоҳӣ дар ИМА дар натиҷаи норозигии доираҳои васеъи аҳолии мамлакат аз фаъолияти инҳисорҳо оғоз ёфт. Қисми пешқадами буржуазия ба сиёсати ислоҳотхоҳӣ гузашт. Ба ин роҳ номзади Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон Т. Рузвелт дар интихоботи президентии соли 1904 ғолиб баромад. Ӯ баъди интихобот ислоҳот гузаронд. Ин ислоҳотна ба гурӯҳҳои алоҳида, балки ба нафъи ҳамаи аъзоёни ҷомеаи Америка нигаронида шуд буд.
Конгресс дар бораи захираҳои табиии мамлкат якчанд қонун қабул кард. То ин вақт захираҳои табиӣ, аз он ҷумла, заминро инҳисорҳо бераҳмона ғорат мекарданд. Мувофиқи қонунҳои нав 235 млн акр замин фонди дахлнопазири давлатӣ эълон карда шуд. Қонуни дигар дар бораи аз болои тайёр кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ ташкил кардани назорати давлатӣ буд. Бо инроҳҳо пеши роҳи корҳои ғайриқонунии ширкатҳои инҳисорӣ гирифта мешуданд.
Вале, вақте ки соли 1909 номзади дигари Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон Уилям Тафт дар интихоботи президентӣ ғолиб баромад, ислоҳоти саркардаи Т. Рузвелтро давом надод. Тафт имконият дод, ки ин инҳисорҳо даромади калон ба даст дароранд. Ин кор норозигии як қисми мардумро ба вуҷуд овард.
Ҳаракати ислоҳотхоҳии ибтидои асри ХХ – и ИМА мураккаб буд. Қисми пешқадами буржуазияи дар ин ҳаракат иштироккарда зидди сӯистеъмол кардани фаъолияти трестҳо буд.қисми дигараш баръакс, ҷонибдори озодии комили инҳисорҳо буд. Вале аксарияти ислоҳотхоҳони ин давра арзишҳои иҷтисоди бозоргониро ҳимоя мекарданд. Умуман ислоҳоти ибтидои асри ХХ имконият дод, ки ИМА аз рақибони асосии худ пеш гузашта, ба мамлкати пуриқтидори ҷаҳон табдил ёбад.
Системаи бисёрҳизбии ИМА. Дар ибтидои асри ХХ дар ИМА асосан 3 ҳизб барои дар мамлакат ҳукмрон шудан дар байни худ рақобат мекарданд: демократӣ, ҷумҳуриятхоҳон ва сотсиалистӣ. Фаъолияти онҳо махсусан дар давраи интихобот баланд мешуд.
Системаи бисёрҳизб ба интихобкунандагони ИМА имконият медод, ки номзади сазоворро президенти мамлакат интихоб кунанд, ба Конгресс ва мақомоти қонунгузории дигари марказию иёлот низ ашхоси сазоворро интихоб намоянд. Ҳамин хел ҳам мешуд, ки номзади ба мансаби президентӣ соҳибшуда ба ваъдаҳои пеш аз интихобот додааш вафо намекард. Ба ҳамин сабаб аз ҷумҳуриятхоҳ Уилям Тафт, ки соли 1909 ба иҷрои вазифаи президентӣ шурӯъ карда буд, интихобкунандагон норозӣ буданд. Ин ҳолати ҷумҳуриятхоҳон ба оппозитсияи демократӣ имконият медод, ки дар интихоботи дар пешистода дастболо шавад, ё ки ба ин мақом намояндаи ҳизби сотсиалистӣ соҳиб мешуд, яъне онҳо метавонистанд номзади худро ба мансаби президентӣ гузаронанд.
Сиёсати таҷовузкоронаи хориҷии ИМА. Сармоядорони Англия, Фаронса ва Германия дар охирҳои асри XIX ба хориҷа қариб 35 млрд доллар сармоя бароварданд, вале ИМА бошад, дар ҳамин давра ба хориҷа ҳамааш шуда 500 млн доллар бароварданд. Сабабаш он буд, ки ҳанӯз дар худи ИМА барои фурӯхтани мол имкониятҳои калон мавҷуд буданд. Аз ҳамин лиҳоз сармояро дар дохили худи мамлакат ҳам гузоштан мумкин буд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.