Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико: Рейган ва сиёсати у

Дар охири солҳои 70-ум асри XX иrтисодиёти ИМА ба буҳрони нав ру ба ру гардид. Маъмурияти Ҷ. Картер пеши рохи бекурбшавии пулро гирифта натавонист, курби доллари амрикой дар бозорҳои молиявии байналмилалй хеле паст гардида, шумораи бекорон меафзуд. Маъмурияти Касри Сафед ба танкиди сахт гирифтор гашта буд. Иттифокхои касаба барои он норозигй мекарданд, ки барномаҳои ичтимой кам мегардидандИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО:
РЕЙГАН ВА СИЁСАТИ У

Дар охири солҳои 70-ум асри XX иrтисодиёти ИМА ба буҳрони нав ру ба ру гардид. Маъмурияти Ҷ. Картер пеши рохи бекурбшавии пулро гирифта натавонист, курби доллари амрикой дар бозорҳои молиявии байналмилалй хеле паст гардида, шумораи бекорон меафзуд. Маъмурияти Касри Сафед ба танкиди сахт гирифтор гашта буд. Иттифокхои касаба барои он норозигй мекарданд, ки барномаҳои ичтимой кам мегардиданд. Муҳофизакорон бошанд, роҳи сиёсии мамлакатро дуруст намешумориданд.
Дар сиёсати хоричии Картер низ душворихои зиёд вучуд доштанд, зеро мавк,еи байналмилалии ИМА ва кудрати ҳарбии он руз то руз паст мегашт.
Аз ин ру, дар интихоботи соли 1980 баргузоргардида Ч-Картер дастгирй наёфт ва намояндаи Хизби Ҷумхурихоҳон – Р. Рейган ба мансаби президенти сохиб гашт.
Хусусияти хоси солҳои аввали президентии р.рейган ин пастравие буд, ки тамоми сохахои иктисодиётро дар бар мегирифт. Мачмуи махсулоти милли соли 1982-ум 2.5% кам гардид, зеро бекорй зиёда аз 10% афзуд ва кариб аз се як кисми корхонахои Амрико аз кор монда буданд. Аз сабаби паст рафтани самаранокии истеҳсолот ракибони Амрико, мисли Германия ва Япония, кисми зиёди тичорати чаҳониро тахти назорати худ дароварданд. Хариди молҳои истеҳсоли мамолики хоричй дар Амрико хеле афзуд.
Сиёсати иктисодии маъмурияти ИМА дар давраи президентии Р.Рейган бо номи рейганомика машхур гардид, ки солҳои 1981- 1988 гузаронида шудааст. Самтҳои асосии ба амал баровардани ин сиёсат аз ин иборат буд:
• махдуд намудани дахолати давлатй ба иктисодиёт аз ҳисоби кам кардани харочот барои барномаҳои ичтимой ва барномаҳои дастгирии сатҳи зиндагй ва дар айни ҳол кам накардани харочот барои мудофиа.
• махдуд намудани танзими давлатии сохибкории хусусй.
• дастгирии амалиёти низоми захиравии федералй дойр ба нигоҳ доштани сатҳи афзоиши воситахои пулии муайяне, ки ба бекурбшавй роҳ надода, барои таъмини рушди иктисодй басанда бошад.
• кам кардани меъёри андози даромади шахсй ва андоз аз даромад (аз 50 то 28%).
Ба амал баровардани сиёсати «инкилоби неоконсервативй» низ бо номи президент Р. Рейган алокаманд аст. Р. Рейган аз усули собик президентҳои демократ-танзими давлатии иктисодиёт ва мусолихаи ичтимой даст кашида, сиёсати рушди истеҳсолотро бо роҳи фаъол гардонидани соҳибкорй дар шароити иктисоди озоди бозорй чонибдорй мекард.
Бо ин максад андозҳо аз даромад коҳиш ёфта, харочоти ичтимой ба сохаҳои маориф, тандурустй ва таъминоти нафака кам карда шуданд. Солхои 1981-1984 хиссаи онҳо дар бучети давлати аз 53,4%) то 48,9% поён бурда шуд. Вале ин тадбирҳои гайримаъмули ба пешрафти истеҳсолот мусоидат намуданд.
Неоконсерваторҳо мардумро ба он даъват мекарданд, ки бештар ба кувваи худ такя намуда, ба хамдигар ёри расонанд. Онҳо чунин мешумориданд, ки одам озодии худро бо фаъолияти муассисаҳои гайридавлати, ташкилотҳои сиёси, дини, этники, касби ва гайра, ки манфиати уро ифода мекунанд, амалй мегардонад.
Назарияи иктисодии неоконсерватизм ба акидаи олими машхур М. Фридман асос ёфта буд. Мувофики ин назария давлат на истеъмолкунанда, балки истеҳсолкунандаро дастгирй карда, андозхо аз даромад ва арзиши иловагиро кам кунад. Дар он сурат истеҳсолот рушд намуда, маҳсулот арзон мегардад ва сатҳи зиндагии мардум боло меравад.
Неоконсерваторхо эхёи чунин институтхои ичтимой чун оила, мактаб ва калисоро чонибдорй мекарданд. Аз шаҳрвандон эхтироми к,онун, риояи тартибот, интизомнокй, тахаммул ва ватандустиро талаб мекарданд.
Барой мустахкам намудани заминаи сиёсати навсозй, барномаи омузиши касбу хунари нав барои кормандон к,абул гашта, сохахои нави шугли ахолй инкишоф меёфтанд. Кисми маблагхое, ки пештар хамчун кумак ба эҳтиёҷмандон дода мешуд, акнун хдмчун карзи кафолатнок ба сохибкорон ва точирони хурд барои ба рох мондани фаъолияти онхо дода мешуд. Ин имконият дод, ки кисми зиёди бекорон ба сохаи хизматрасонй чалб карда шаванд.
Сиёсати пешгирифтаи Р. Рейган имкон дод, ки дар ИМА сатхи бекурбшавии пул аз 12,5% то 4,5% паст гашта, зиёда аз 18 млн. Чои кори нав мухайё гардад. Р. Рейган дар давраи дуввуми президентиаш сиёсати дастгирии давлатии тачхизонидани истехсолотро идома дод. Дар сохахои гуногуни саноати мамлакат истехсол ва истифодабарии дастгоххои лазерй, роботхо, истехсоли мошинхои хисоббарорй, техникаи электронй, воситахои алока ва технологияхои мушакию кайхонй комёбихои назаррас ба даст омаданд.
Сиёсати хоричй. Дар солхои 80-ум низ вазъияти байналмилалй аз муносибатхои байни Иттиходи Шуравй ва ИМА алокаманд буд.
Маъмурияти К,асри Сафед бо мак,сади «мустахкам намудани иктидори мудофиавй» маблаги зиёдро сарф менамуд. Дар чавоб ба чо ба чо кардани мушакхои миёнапарвози ядроии Иттиходи Шуравй дар Аврупо, ИМА низ ба чойгир намудани чунин ракетахои худ дар ин к,итъа огоз намуд. Мохи марти соли 1983 аз чониби ИМА барномаи «Ташаббуси Стратегияи Мудофиавй» (ТСМ) бо максади истифодаи технологияи замонавй ба мукобили ракетахои балластикии байник,итъавй эълон гардид. Бо вучуди он ки бисёр олимон имкониятҳои технологияи ТСМ-ро зери шубха гузошта, маблаги зиёд талаб кардани барномаро таъкид мекарданд, маъмурияти Рейган барномаро огоз намуд. Дар бучаи мамлакат хачми харочоти харбй хеле зиёд гашта, соли 1987 ба 282 млрд. доллар расид.
Р. Рейган сиёсати хоричии худро дар заминаи усули «таъмини сулх ба воситаи кувва» ба роҳ монда буд. У аз Конгресс талаб намуд, ки маблаггузориро барои пурк,увват намудани артиш, тачҳизонидани он бо навъҳои нави силоҳ зиёд намояд, то ИМА дар мусобикаи мусаллаҳшавии бошитоб кафо намонад. Муассисаи харбии ИМА-Пентагон ба офаридани намудҳои замонавии хавопаймохои чосусй ва бомбаандоз (F-16), бомбаи нейтронй, мушакхои нави стратегии тамгаи MX шуруъ намуд.
Аз нимаи дуввуми солҳои 80-ум дар муносибати байни ИМА ва Иттиҳоди Шуравй тагйироти мухим ба амал омада, якчанд мулокоти сарварони ин мамлакатҳо баргузор гардид.
Моҳи ноябри соли 1985 дар Женева вохурии М.С. Горбачёву Р. Рейган, сарварони ду давлатй бузурги чаҳонй- Иттиҳоди Шуравй ва ИМА баргузор гардид. Дар натичаи ин гуфтушинидҳо ҳарду чониб ба чунин хулоса омаданд: чанги атомй набояд ҳеч вакт ОГОЗ гардад, зеро дар он хеч тарафе голиб буда наметавонад;
Иттиҳоди Шуравй ва ИМА бахри ба даст овардани бартарии хпрбй кушиш намекунанд.
Баъди ин вохурй дар муносибати ин давлатҳо тагйироти чиддй ба суи боварй ва ҳамкории судманд дар роҳи паст кардани шиддати вазъият ба амал омад.
Вохурии дуввуми рохбарони давлатхои ИМА ва Иттиходи Шуравй мохи октябри соли 1986 дар пойтахти Исландия – шахри Рейкявик баргузор гардид. Дар натичаи гуфтушунид ахднома дар бораи кам кардан ва минбаъд бархам додани силохи стратеги, инчунин мушакхои миёнапарвоз баста шуд.
Гуфтушуниди ин давлатхо идома ёфта, 8-уми декабри соли 1987 дар Ню – Йорк шартномаи бархам додани мушакхои парвози миёна ва наздик ба имзо расид.
Ин шартнома аз июни соли 1988 эътибори конунй пайдо намуда, амалан аввалин шартномаи байналмилалй буд, ки бархам додани ин ду навъи мушакро дар зери назорати тарафайн карор дод. Дар зарфи се соли оянда тамоми мушакхои дар шартнома нишондода шуда несту нобуд карда шуданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.