Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Индонезия

Республикаи Индонезия давлат дар Осиёи Ҷануби шарқӣ, дар галаҷазираи Малай воқеъ аст, ки ба он ҷазираҳои Зонди Калон, Зонди Хурд ва Момукк дохиланд. Қисми ғарбии ҷазираи Гвинияи нав (Ирани Ғарби) низ ба ҳайати Индонезия медарояд. Масоҳаташ 1904,4 ҳазор км² мебошад. Аҳолиаш 138,3 милион нафар. Пойтахташ –шаҳри Цараката. Конститутсияи ҷори Индонезия соли 1945 қабул шудааст
Сарсухан
Республикаи Индонезия давлат дар Осиёи Ҷануби шарқӣ, дар галаҷазираи Малай воқеъ аст, ки ба он ҷазираҳои Зонди Калон, Зонди Хурд ва Момукк дохиланд. Қисми ғарбии ҷазираи Гвинияи нав (Ирани Ғарби) низ ба ҳайати Индонезия медарояд.
Масоҳаташ 1904,4 ҳазор км² мебошад. Аҳолиаш 138,3 милион нафар. Пойтахташ –шаҳри Цараката.
Конститутсияи ҷори Индонезия соли 1945 қабул шудааст. Сардори давлат ва ҳукумат-президент, ки ӯро Конгреси консультативи халқӣ (ККХ) ба муҳлати 5 сол таъин мекунад. Президент ҳукумат ва аъзоёни Конгреси консултативии халқӣ органи Олии ҳокимияти давлатиро таъмин менамояд, дар Айни замон ӯ сарфармондеҳ мебошад. Вазифаи органи қонунбарор –парламентро совети намояндагони халқ ба ҷо меоварад, ки депутатҳои онро аҳолӣ интихоб мекунад.
Индонезия дар арзи экватории галаҷазираҳои Малай ҷой гирифта, қисми зиёди сатҳаш кӯҳсор аст (қуллаи баландтаринаш 5029м-к. цая дар Гвенияи нав), вулқонҳо бисёре дорад, аз ин ҷумла қариб 80 вулқон амалкунанда, ки баъзеи онҳо ба хоҷагии халқ зарари калон мерасонад. Дар ҷазираҳои Суматра, Ява, Калиматон ва қисми ғарбии Гвинияи нав ҳамвориҳои фарох ҳастанд. Иқлимаш экваторӣ ва субэкваторӣ аст.
1) Новая истории стран Азии (вторая половина XIX начало хх вв). М,1995.
2) Валиев С.А.История Востока –Т.2М.,1993
1. Аз ҷониби Ҳоландиҳо забт шудани Индонезия.
Индонезия дар асрҳои XVI-XVII. Индонезия дар чорроҳаи муҳими баҳр воқеъ гардидааст. Бинобар ин ҳанӯз дар аввали асри XVI дар байни давлатҳои мутарақии Аврупо мубориза барои ба даст овардани он оғоз ёфта буд. Ба Индонезия аввалин шуда партугалиҳо, баъд испаниҳо, англисҳо ва ҳоландҳо омаданд.
Ба Ҳоландия муясар мешавад, ки рақибони худро аз Индонезия даҳҳо давлатҳо вуҷуд доштанд. Ҳоландиҳо аз парокандагии феодалии Индонезия истифода бурда, тавассути шартномаҳои асоратовар аксарияти онҳоро ба худ тобеъ карда буданд. Ин давлатҳо ба ҳамин мустақилияти сиёси худро аз даст доданд.
Ширкати Ост-Инди Нидерланд дар Индонезия аз рӯи як қатор маҳсулот, пеш аз ҳама доруворӣ ҳуқуқи инҳисори (монополӣ) –ро дар даст дошт. Инчунин он бо роҳи аз аҳолӣ бо нархҳои ниҳоят паст харидани биринҷ ва равғани нахл ва бо нархи баланд фурӯхтани онҳо даромади ниҳоят калон мегирифт.
Муборизаи Ҳоландия ва Англия барои Индонезия.
Ширкатҳои Ост- Инд бо вуҷуди сахт истисмор кардани Индонезия охири асрҳои XVIII ба буҳрони шадид гирифтор шуд. Сабабҳои асосии он ба амали омадани шуриҳо дар Индонезия, суст шудани инҳисор дар тиҷорат ва ришвахӯрӣ дар ҳайати амалдорони он буданд.
1Январи соли 1800 мӯҳлати фаъолияти ширкати Ост-Инд дар Индонезия ба охир расид. Мувофиқи қонунҳои ҳамонвақтаи Ҳоландия ин ширкат барҳам хурда, тамоми амвол ва қарзҳои он ба ихтиёри ҳукумати Ҳоландия гузоштанд. Ҳукумат тавонист, ки тавасути пардохти 154 милион гулден (қарзи ширкат ҳамин қадар буд) империяи бузурги мустамликавиро ба даст дарорад. Акнун ба ҷои ширкати Ост-Инд Индонезияро дастгоҳи короли Недерландия истисмор мекард.
Аз соли 1975 сар карда, Нидерландия ба Фаронса тобеъ шуд. Бинобар ин сиёсати дохилию хориҷии он аз тарафи ҳукумати Бонопарт Напомон муаян карда мешуд.
Соли 1796 англисҳо ба баҳонаи мубориза ба муқобили Наполеон Малокка ва баъзе мулҳои Ҳоландияро дар Суматра ва ҷазираҳои малукка ишғол карданд. Наполеон хуб мефаҳмид, ки оянда дар шарқ ва хусусан, дар Ҳиндустон Индонезия барои мубориза бар зидди Англия такиягоҳи боэътимод шуда метавонад. Соли 1807 генерал-губернатори Индонезия мариали ҳоландӣ Данделс таъин мегардад.
1) Новая истории стран Азии (вторая половина XIX начало хх вв). М,1995.
2) Валиев С.А.История Востока –Т.2М.,199

Ҳукумати Ҳоландия ба ӯ супориш дод, ки Яваро аз ҳуҷум Англия муҳофизат намояд. Барои ин кор лашкар, лавозимоти ҳарбӣ ва пули зиёд лозим буд. Данделс дар Ява саросема роҳҳо, пойгоҳои ҳарбӣ ва истеҳкомҳои наздисоҳилӣ бунёд намуд.
Дар муддати 1 сол роҳе сохта шуд, ки он Яваро аз Ғарб ба Шарқ бурида мегузашт. Барои сохтани ин иншоотҳо Данделс бо роҳи зӯрӣ даҳҳо ҳазор нафар кишоварзонро сафарбар кард. Ҳазорҳо нафар аз меҳнати тоқатфарсо, гуруснагӣ ва вабо вафот карданд. Баҳри дифои Ява Донделс нисбати халқи Индонезия чораҳои дигари маҷбуркуниро низ истифода бурд. Вале ба ӯ муяссар нашуд, ки дифои боэтимоди Яваро таъмин намояд. Баръакс, ин чораҳо нисбати ӯ ҳиси бадбинии мардуми махали ба вуҷуд оварданд. Кишоварзони Бентама (Яваи Ғарбӣ) мусаллаҳ шуда, ба шуриш даст заданд. Данделс ин шӯришро пахш кард, вале дар ҷойҳои дигари Индонезия низ шӯришҳо оғоз ёфтанд. Норозигӣ ва хашму ғазаби халқ нисбати Данделс ниҳоят бузург буд.
Бинобар ин ҳукумати Нидерландия Данделсро бозхонд.
Моҳи августи соли 1811 дастаи 12-ҳазорнафараи англисҳо ба Ява дохил шуда, Батавияро ишғол намуданд. Пас аз як моҳ дар муҳорибаи ҳалкунандаи наздикии Семаранг анлисҳо холандиҳоро пурра торкмор карданд. 18 сентябр намояндаи Ҳоландия ба санади тасмимшавии мамлакати худ имзо гузошт. Акнун ба зери итоати мамлакати дигари империалистӣ Англия дохил гардид.
Индонезия дар зери ҳокимияти Англия. Губернатори Англия дар Ява Раффлз таъин мешавад. Сиёсати Раффлз ба манфиатҳои буржуазияи саноатии Англия пурра ҷавоб медод.
Мақсади ӯ Индонезияро ба бозори фурӯши мол ва манбаи ашёи хоми Англия табдил додан буд. Раффлз ҳуқуқҳои феодалҳои он мулкҳоеро, ки дар зери идораи англисҳо буданд, боз ҳам маҳдудтар кард. Онҳоро воқеан ба нимхизматгорони амалдорони анлисҳо буданд, боз ҳам маҳдудтар кард. Онҳоро воқеан ба нимхизматгорони амалдорони анлис дод. Ӯ бо зӯрӣ султонҳои Бентамоми Ғарбӣ ва Чиребонро ба мулкҳои англисӣ мутаҳид кард. Яке аз султонҳои пурқувват ва бой –Цаякарта сарнагун ва хазинаи ӯ ғорат карда шуд. Раффлз як қисми қаламрави цоякатраро ҷудо карда, дар он ҷо салтанати лухтакмонанди Пакуаламонро ташкил намуд. Султонҳои Ява ҳуқуқи лашкар доштанро аз даст доданд. Итифоқчигии англисҳо-султон Паленбанг низ зарар дид. Гуноҳи ӯ он буд, ки ҳуқуқи инҳисории англисҳоро марбут ба хариди қурғошим рад кард. Соли 1812 ба муқобили Паленбанг дастаи аксарони англис равон карда шуд. Султон Паленбанг гурехт ва бо ҳамин ҷазираҳои Банка ва Биллитон, ки аз захираҳои қурғошим бой буданд, ба ихтиёри англисҳо гузоштанд.
Чорабинии муҳимтарини Раффлз дар Ява ба амал баровардани ислоҳоти замин буд. Соли 1813 тамоми замин моликияти Ҳукумати Батав яъне моликияти яъне моликияти англисҳо эълон карда, баъд он ба кишоварзон ба иҷора дода мешавад. Кишоварзон аз замини ба иҷора гирифтаи худ ё рентаи пулӣ ва ё рентаи натуралӣ медоданд.
Ҳаҷми ин рента аз чор як то нисфи ҳосилро ташкил медод. Бо мақсади зиёд кардани даромад аксарияти феодалҳо заминҳояшонро ба иҷора медоданд. Раффлз чун Данделс фурӯши заминҳои давлатиро ба хориҷиён идома дод. Ғайр аз ин, бо мақсади рушди баҳрнавардӣ ва тиҷорати Англия Раффлз инҳисори тиҷорати хориҷиро бекор карда, бандарҳои Индонезияро барои хориҷиён кушод. Ӯ бовари дошт, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ягон давлат бо Англия рақобат карда наметавонад. Бинобар ин аз кушодани бандарҳои Индонезия фоидаи калон ба даст оварад.
Дар ҳақиқат ҳамаи ин чораҳо ба Индонезия ворид гардидани сармояи англисро осон ва даромади онро зиёд намуд. Дар баробари ин англисҳо ба рушди муносибатҳои тулию моли Индонезия мусоидат карданд.
Ба Индонезия баргаштани ҳоландиҳо Сарнагун кардани империяи Наполеон ба барқарор гардидани короли соҳибистиқлоли Нидерландиҳо оварда расонид. Моҳи августи соли 1814 барои ба Ҳоландия баргардонидани ҷазираҳои Индонезия шартнома ба имзо расид. Лекин англисҳо ба ҳар роҳ ҳаракат мекарданд, ки Индонезияро ба нидерландҳо надиҳанд. Раффлз, ки акнун губернатори Бенкулен таъин гардида буд, якчанд маротиба кӯшиши беҳуда ба харҷ дод, ки Суматраро дар ихтиёри Англия нигоҳ дорад. Ба ӯ муясар шуд, ки аз султони Цоҳор ҷазираи Сингапурро ба даст дарорад. 29 январи соли 1824 дар он ҷо парчами Британияи Кабир барафрохта шуд. Сингапур барои мустамликадорони англиӣ дар Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ такиягоҳи муҳимтарине гардид.
Муноқишаҳои Англияю Ҳоландия бо ба имзо расидани шартнома ба охир расид. Мувофиқи он Англия аз даъвои Суматра гузашта, Бенкулен ва ҷазираи Билитонро ба Ҳоландия бошад аз мустамликаҳои охирини худ дар Ҳиндустон маҳрум гардид. Аз баҳри Малакка ҳам гузашта, маҷбур шуд, ки истиқлолияти султони агераро, ки дар гардани шимоли Сумабра воқеъ гардида буд, эътироф кунад.
Ҳамин тавр, Индонезия аз нав мустамликаи Нидерландҳо гардид, ки он то соли 1945 давом мекунад.
Шуриш дар Ява. Дар солҳои 1825 -1830 дар Ява шӯриши халқӣ ба амал омад. Он дар моҳи июли соли 1825 оғоз ёфт. Сарвари шӯриши шоҳзодаи Цойякарта Дипонегоро буд. Дипонегоро норизогии худро нисбати ҳукумронии ҳоландиҳо дар шакли қасри худро тарк карда, кӯҳҳо рафтани истифода намуд. Вай медид, ки ҳоландиҳо чӣ тавр мамлакат ва халқи ӯро истесмор мекунанд.
Дипонегоро ба хулосае омад, ки вазифаи асосии ӯ-мубориза бар зидди зулми ҳоландиҳо мебошад.обрӯ ва этибори Дипонегоро дар байни халқ рӯз то рӯз баланд менамуд.
Ӯро рамзи озодӣ меномиданд. Гуё пайдоиши Дипенегороро қисаҳҳои қадимаи явагиҳо пешгӯи карда буданд. Ба мулкҳои Дипонегоро дохил шудани ҳоландиҳо барои оғози шӯриш баҳона шуд. Ҳаракати зиди ҳоландӣ қиматҳои марказӣ ва шарқии Яваро зуд фаро гирифт. Ин шуриш ҳамчун ҷунбишҳои дигари халқҳои Индонезия дар шакли динӣ ва исломро аз кофирон дифоъ кардан ба амал омад. Моҳи июли соли 1826 дастаҳои шӯришгарон пойтахти султони Цаякарта-шаҳри цокякартаро ишғол карданд.
Ба муқобили шӯришгарон ҳоландиҳо ба Ява гарнизонҳои худро аз ҷазираҳои дигари Индонезия оварданд. Бар замми ин аз Ҳоландия низ ёрӣ омад инчунин онҳо аз Индонезия зархаридҳо ҳамҷамъ карданд. Феодалҳои Яваро тавассути пулу ваъдаҳо ба тарафи худ мекашиданд. Ҳокимони Суракарта ва Мадура бошанд, ба муқобили Дипонегеро ба мубориза бархостанд. Ҳоландихо барои ғалаба аз ҳеҷ кирдори нангин ӯй намегардониданд.28 марти соли 1830 ҳангоми музокирот онҳо Дипонегорро дастгир намуда, ба Макасари Сулавси бадарға карданд. Ӯ дар ин ҷазираи дурдасти Индонезия то охири умр ҳамчун маҳбус зиндагӣ кард. Баъди дастгир карда шудани Дипонегорро нуқтаҳои охирини ин шуриш ҳам пахш карда шуданд.
Ҷангҳои минбаъдаи Ҳоландия дар Индонезия баъди аз нав барқарор кардани мавқеи худ дар Индонезия ҳукумати Ҳоландия қувваҳои худро барои ишғоли мулкҳои берун аз Ява равон кард. Мардуми Суматра алайҳи ҳоландиҳо муборизаи дуру дароз бурданд. Соли 1818 ҳоландиҳо салтанати Палембангро низ барҳам доданд. Шартномаи соли 1821 ба куҳансолони Минангкабау (Сумуртаи Ғарбӣ) бастаро вайрон карда, барои ишғоли ин вилоят қариб 25 сол ҷанг карданд. Инчунин онҳо заминҳои батаконро, ки болотар аз вилояти Минанглабау зиндагонӣ мекарданд. Ва баъзе вилоятҳои дар ҷануби ҷазира воқеъбударо забт намуданд. Ҳоландия ба худ султонҳои соҳилҳои шарқи Суматра Деҳлӣ, Лангкат, сердонг ва ғараро тобеъ намуд.
Аз соли 1875 сар карда ҳоландиҳо якчанд маротиба ба соҳилҳои ғарбии Камонтан сафари ҳарбӣ ташкил намуданд. Соли 1860 султони Барҷамасинро, ки дар ҷануби Камаонатан воқеъ гардида буд, шикаст дода, мулкҳои Ҳоландия ҳамроҳ карданд.

2.Истесмори мардуми Индонезия аз ҷониби ҳоландиҳо.
Сиёсати иқтисоди Ҳоландия дар Индонезия. Солҳои 50 ва 60-уми асри XIX дар Индонезия муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омаданд. Бо шарофати ҳамин дар зарфи солҳои 1850-1880 даромади Ҳоландия аз Индонезия хеле афзуда, сеяки буҷаи мамлакатро ташкил кард. Дар ин солҳо Ҳоландия аз Индонезия зиёда аз 850 млн гулден даромади холис гирифтааст.
Буржуазия саноатӣ оҳиста –ҳиста пурқувват шуда, бар зидди буржуазияи тиҷоратию молявӣ ба мубориза бархост ва аз ҳукумати ҳоландия талаб кард, ки монеаҳои ба ӯ халал расонанда аз байн бардошта шаванд.
Оқибат ин гурӯҳи буржуазияи Ҳоландия ба мақсад расид. Соли 1864 парламенти мамлакат «Қонун дар бораи ҳисоботро» қабул кард, ки мувофиқи он идораи Индонезия аз зери ҳокимияти якаю танҳои шоҳ бароварда шуд. Акнун буҷаи Ост-Индро парламенти Ҳоландия тасдиқ мекард.
Барои фаъолияти озодонаи буржуазияи саноатӣ ва молявии Ҳоландия дар Индонезия системаи «зироатҳои маҷбури» халал мерасонид. «Қонуни қанд»-и соли 1870-и Ҳоландия ба даст кашидан аз «Зироатҳои маҷбурӣ» ибтидо гузашт. Соли 1891 ин қонун бо пуррагӣ ба кор даромад. Соли 1870 «Қонуни замин» ҳам қабул карда шуд.
Мувофиқи ин қонун давлат, яъне Ҳоландия соҳиби оми ҳамаи заминҳои Индонезия мукарар гардид ва «заминҳои хусусӣ», ки ҳукумат ба ашхоси алоҳида туҳфа карда ва ё фурухтааст, истисно буданд. Аввал ин қонун асосан ба заминҳои Ява ва Мадура дахл дошт. Баъдтар соли 1875 он нисбат ба мулкҳои боқимонда ҳам татбиқ карда шуд.
Барои ҳоландиҳо моликияти хусусӣ эълон кардани шудани замин оқибат ба он оварда мерасонид, ки дар ин сарзамин хоҳ нохоҳ давлатҳои дигари империалистӣ ҳам соҳиби замин шуда, ҳукумронии Нидерландияро дар Индонезия ба зери хатар мегузоштанд.барои ҳамин соли 1875 ҳукумат фӯрухтанӣ заминро ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ қатъиян манъ кард.
Ҳамин тариқ, солҳои 70 асри XIX дар Индонезия инҳисори давлатӣ бар замин бекор карда шуд. Баъди ин сармояи хусусӣ ба Индонезия бо таври васеъ ворид гардид. Акнун ҷои инҳисорҳои то сармоядории Ост-Индия ва давлатию крепоснойи шоҳи Нидерландияро инҳисорҳои молявӣ гирифтанд.
Дар солҳои 70-ум ва 80-ум асри XIX барои ба корчалонҳои хусусӣ қарз додани банкҳо баҳри истифодаи самараноки бойгарии табии Индонезия дар ин ҷо ширкатҳои роҳи оҳан, трамвай, киштигардӣ саҳомӣ ва ғайра ташкил карда шуданд.
Агар системаи «зироатҳои маҷбури»-и дар соли 1830 чоригардида фаъолияти сармоядорон ва соҳибкоронро маҳдуд карда бошад, пас ислоҳоти солҳои 70-ум барои сармоягузорӣ ва корчалонию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ин ислоҳот пеш аз ҳама, ба мустамликадорони Нидерландия нафъовар буд.
Ба Ҳоландия пурратар тобеъ карда шудани Индонезия. Дар баробари Ҳоландия ба Индонезия сармояи давлатҳои дигари империалистӣ ҳам ворид мегардид. Ин раванд ҳукуматдорони Ҳоландияро ба ташвиш овард. Вале он ба фишори Англия тоб оварда натавонист. Ин буд, ки соли 1871 Ҳоландия ва Англия Созишномаи Суматраро ба имзо расониданд.

2) Вяка неравной борьбы начально –освободительное движения в Азии и Африке М:ИЗД-во ВЛ 1976
Индонезия: Исторический очерк II Индонезия –справочник. М:Мысл 1982

Мувофиқи он Ҳоландия ба ивази Англия вогузор кардани мустамликаи дар соҳили Африкаи Ғарбӣ воқеъ будаи худ (дар Аче –Суматраи шимолӣ, ки дар наздикии Малай ва Сингапур воқеъ аст), ҳуқуқи озодона амал карданро ба даст даровард. Ҳоландия ба Англия дар Суматра шароити хуби тиҷоратӣ муҳайё сохт.
Ҳукумати Ҳоландия аз султони Аче талаб кард, ки ӯ ба зери Созишномаи тобеияти худ ба Ҳоландия имзо гузорад. Лекин султон ҷавоби рад дод. Ҷавобан ба ин 26 марти соли 1873 Ҳоландия бар зидди Аче амалиёти ҷангиро Сар кард. Баъди ҷангҳои шадид моҳи декабри ҳамон сол Ҳоландия лашкари Ачеро торумор намуд. Ҳукумати саросемавор ба мулкҳои Ҳоландия карда шудани ачеро эълон кард.
Вале ҷанги мазкур бо ҳамин хотима наёфт. Дере нагузашта «ҷанги муқаддас» бар зидди «кофирон » қариб тамоми Индонезияро фаро гирифт.
Ҳоландия якчанд маротиба паси ҳам ба Аче сарбоз фиристонд.ба артиши Ҳоландия танҳо соли 1879 муясар шуд, ки ноҳияҳои наздисоҳилии султони Ачеро ба даст дароранд.
Дар байни роҳбарони шӯриши озодихоҳони султони Аче Пенгу Чикди Тиро имом Лонгбата, Теуку Ума рва ҳамсари умар –Чут Ния Дин буданд. Дастаҳои ҷанговари онҳо борҳо бор неруҳои душман дастболо шуданд. Ҳоландиҳо диданд, ки Ачеро бо роҳи зӯрӣ истило карда наметавонад, амалдорони мансабпараст ва молу сарватҳои маҳалиро тавассути ришваю тӯҳфа, имтиёзҳо ва вазифаҳои сердаромад ба тарафи худ кашонданд. Сарфи назар аз ин дар ин султонӣ мубориза ба таври муташаккил то соли 1913 давом кардааст.
Солҳои 70-ум ва 80-ум асри XIX ҳоландиҳо дар Индонезия князҳои зиёди дигарро низ ба итоати худ дароварданд. Бо вуҷуди ин то соли 1900 дар ин ч обоз кариб 350 князии феодалӣ, ё худ «свапраҷа» («мулкҳои худидорашаванда») мавҷуд буданд, ки онҳоро олирофони феодалӣ, ё ки пешвоёни авлоду кабилаҳо идора мекарданд. Лекин ин князҳо қудрат надоштанд, ки истиқлолияти худро ҳимоя кунанд. Соли 1898 ҳкумати Ҳоландия ба номи «Изҳороти мухтасар» санадеро муратаб сохт. Дар он гуфта мешуд, ки ҳокимони давлатҳои то ҳол «Худидорашаванда» ҳуқуқ надоранд мустақилона боя гон давлати хориҷӣ робита кунанд. Онҳо вазифадоранд ҳамаи он фармонҳои ҳукуматиро, ки ба корҳои дохилиашон марбутанд, бе чуну чаро иҷро намоянд. Дар зарфи 10 сол ҳамаи ҳокимони Индонезия маҷбур шуданд, ки ба зери ин санади асоратовар имзо гузоранд. Бо вуҷуди ин на дар ҳама ҷо халқи маҳалӣ ба ҳоландиҳо итоат мекард. Дар ҷануби ғарбии Сулавеси, дар Ҷамби, Банҷармасин, Аче, ҷазираи Ломбок ва баъзе ҷойҳои дигар имзогузории маҷбурӣ ба «изҳорот» шӯришҳоро ба амал овард.
Сарфи назар аз ин ба Ҳоландия муяссар шуд, ки аксарияти князхо ва султонҳои Индонезияро ба итоати худ дарорад. Танҳо як қисми онҳо насиби Англия шуд.
Ба Индонезия Сар даровардани сармояи хориҷӣ. Дар оғози асри XX тақсими Индонезия дар байни мамлакатҳои империалистӣ асосан анҷом ёфт.
Қисми бештари он ба Нидерландия (Холандия) насиб гардид. Қисми шимолии Камемантонро Англия соҳибӣ кард. Партугалия бошад, қисми шарқии Тиморро дар дасти худ нигоҳ медошт. Ҳоландия аз мухолифатҳои байни давлатҳои империалистӣ истифода бурда, ҳаракат мекард, ки ҳокимияти худро дар ин мустамликаи бой бох ҳам мустаҳкамтар кунад.
Лекин ба ин ҷо талоши ширкатҳои давлатҳои дигар империалистиро ба ҳисоб нагирифта наметавонист.
Агар Ҳоландия ба зидди онҳо муқовимат мекард, ҳокимияти он дар Индонезия ба зери хавф гузошта мешуд. Аз ҳамин сабаб соли 1905 ҳукумати Ҳоландия маҳдудиятҳоеро, ки дар Индонезия ба ширкатҳои хориҷӣ халал мерасонданд, бекор кард. Баъди ин дар Индонезия шумораи корхонаҳои хориҷӣ зуд зиёд мешуд. Дар ин ҷо майдонҳои нави парвариши қаҳва, найшакар, чой, тамоку, ва ғайра васеъ мешаванд.
Саноати истеҳсоли қалъагӣ ва нафт бо тезӣ тараққӣ мекунад. Соли 1890 ширкати шоҳигарии Ҳоландия «Роял Дотч» созмон ёфт. Соли 1907 он ба ширкати аглисии «Шелл» мутаҳид шуд. Дар натиҷа бо номи «Роял Датч –Шел» яке аз трестҳои инҳисори бузургтарини нафтии ҷаҳон ба вуҷуд омад. Барои ба Индонезия ворид гардидани сармояи хориҷӣ банкҳо мақоми калон доштанд, хусусан, бонки Ява, ки он аз соли 1827 арзи вуҷуд дошт. Солҳои 50-ум ва 60-ум ҳам дар Индонезия чандин банки дигар кушода шуданд.
Давлатҳои хориҷӣ халқи Индонезияро сахт истисмор мекарданд. Дар солҳои 70-уми асри XIX –аввали асри XX дар истисморшавии Индонезия ҳисаи мулкҳои берун аз Ява ва Мадура ва махсусан Суматраи Шарқӣ меафзояд. Ҳиссаи онҳо соли 1873 то 50 фоиз содироти Индонезиро ташкил кард.
Аз солҳои 70-ум номгӯи маҳсулоти барои содирот истеҳсолмекардагии Индонезияи мустамлика зиёд шуд. Муносибатҳои пулию маиши он ҳам васеъ гардиданд. Иқтисодиёти Индонезия воқеан моҳияти мустамликавӣ пайдо намуд.
Истесмори халқи Индонезия Болоравии ҳаҷми андозҳои пулӣ, вайрон шудани хоҷагиҳои натуралӣ, мавҷудияти баъзе шаклҳои меҳнати маҷбурӣ бори гароне буданд, ба дӯши аҳолии Индонезия. Заминаҳои беҳтаринро сармоядорони хориҷӣ ба муҳлатҳои дуру дароз ҳамчун иҷора кашида мегирифтанд.
Кишоварзон аз сабаби барои пардохти андоз пул надоштан, маҷбур мешуданд, ки қарз гиранд ва барои адои он ҳосили зироати ҷамънаоварда ва ҳатто ҳанӯз киштнашударо якчанд сол пешакӣ фурушанд. Ҳуқуқи хариду фӯруши замин, ки он тибқи конуни соли 1870 ҷорӣ карда шуда буд, ба кишоварзон ва зиёдшавии замини полишкан ва заминдорони кулакон оварда расонд.
Деҳқонони Индонезия ба истисмори ҳоландиҳо ва мустамликадорони дигар бо шӯришҳо ҷавоб мегардониданд. Оғози соли 1888 чунин шуриш дар маҳалли Серанги музофоти Яваи Ғарбӣ ба амал омад. Деҳқонони ин ҷо маҷбур шуданд, ки аслиҳа ба даст гиранд. Онҳо ҳатто шаҳри Чилегонро ба даст дароварданд. Ин шӯришро ҳукуматдорони мустамликавӣ бераҳмона пахш карданд. Баъди шӯриши мазкур дар солҳои 90-ум ба сардории Сомин ном ватандӯст деҳқонони Яваи Марказӣ шӯриши мардумро даъват кард, ки ба ҳоландиҳо байкот эълон карда шавад, мардум ба онҳо андоз ҳам насупорад. Оқибат ҳоландиҳо ин шӯришро пахш карданд. Самин соли 1914 дар бадарға вафот мекунад.
Соли 1889 К.Фан Дефентер ном озодандеши дар рузномае мақолаи «Қарзи шаъну шараф»-ро Чоп кард. Дар он ҷуста мешуд, ки буржуазия Ҳоландия аз истесмори Индонезия даромади фаровон ба даст медарорад. Биноан ӯ бояд нисбати халқи он «қарзи шаънк шараф»-и худро адо намояд. Яъне дар бораи некӯаҳволии халқи ин мустамлика ғамхорӣ кунад. Баъди ин дар доираҳои ҳукумрони ҳоландия нисбпт ба Индонезия бо номи «сиёсати ахлоқӣ» андешаи ба миён омад. Соли 1902 маликаи Нидерландия «Комисияи оид ба тадқиқи сабабҳои пастшавии некӯаҳволии халқи Ява ва Мадура»-ро созмон дод. Вале чорабиниҳои ин комиссия аҳволи халқи Индонезиро беҳтар накарда, баръакс, онҳо даромади ширкатҳои Ҳоландияро зиёд карданд.масалан аз соли 1900 то соли 1914 истеҳсоли қанд аз 700 ҳазор тонна то 1млн 400 ҳазор тона, ҷой 2 баробар, тамоку 1,5 баробар ва нафт аз 360 ҳазор тонна то 1млн 540 ҳазор тонна зиёд шуд. «Сиёсати ахлоқӣ»- Ҳоландия истесмори халқи Индонезияро боз ҳам зиёдтар кард.

3) Индонезия: Исторический очерк II Индонезия –справочник. М:Мысл 1982.
4) История стран Азии и Африки в новы время Ц.Б учебники, -м., Изд-во МГУ, 1991

Болоравии ҳаракати молию озодихоҳӣ. Ба Индонезия Сар даровардани европоиён, дар ин ҷо ба вуҷуд омадани муносибатҳои сармоядорӣ ва аз тарафи сармоядорону корчалонҳои аҷнабӣ истесмор карда шудани мардум ҳисси миллӣ ва истиқлолиятхоҳии оммаро ба вуҷуд овард.
Сабаби дар Индонезия дер оғоз ёфтани муборизаи милию озодихоҳи он аст, ки то охирҳои асри XIX милатҳои Индонезия ҳанӯз хуб ташакул наёфта буданд. Вале дар оғози асри XX марказҳои ташаккули миллат дар Ява (явагиҳо ва сундҳо) ва баъд дар ноҳияҳои дигар (минтақакабауҳо, ачеҳо, батакҳо ва ғайра) пайдо мешаванд. Дар як вакт ягонагии умумииндонезияги миллӣ ҳам ташаккул ёфтан мегирад.
Забони индонезӣ –забони малайҳои Суматра ва малай буд. Ин забон нисбат ба забонҳои дигар дар ҳамаи ҷазираҳои Индонезия бештар паҳн гардида, охиста-оҳиста ба забони умумидавлати табдил меёфт.Дар ягонагии умумимилии халқхои Индонезия
Забони малай наши бо сазо гузошта аст. Ташаббускорони аракати миллию озодихњоии халқи индонезия зиёиён буданд. 20 май соли 1908 бо ташабуси доктор Вахидин Судирохусодо, донишҷуён сутомо ва Гунаван Магун Кусмо ва бародпрӣ ӯ. Читто Магункусучо созмони аввалини «Буди утомо » («Мақсади олӣ») ташкил меёбад (дар Индонезия муосир њар сол 20-уми май њамчун Рӯзи бедоршавии мили Индонезиягињо ҷашн гирифта мешавад.) Ба «Буди утомо» дар як муддати кӯтоњ зиёда аз 10 њазор нафар одамон аъзо шуданд. Ин созмон ҷонибдорони роњњои осоиштаи муборизаи озодихоњӣ буд. Худи њамон сол донишҷуёни Индонезиягии дар Њоландия тањсилкарда. «Итињоди Индонезия »- ро ташкил намуданд, ки он дар мавқеи миллатчигии умумииндонезиягӣ меистод.
Солњои 1905-1907 дар мамлакати иттифоқњои касабаи коркунони трамвай роњњои оњан, почта, телеграф, киштзорњо ва коргарони заводњои қанд ташкил карда шуданд. Аввал ба он асосан мардуми Европа дохил буд вале аз солњои 20-ум сар карда аксарияти аъзои ин итифоқњои касабаро индонезиягињо муқимӣ ташкил мекардагӣ шуданд. Њаракати исломӣ њам васеъ мешуд. Соли 1912 созмони «Муњамадиён» ташкил карда мешавад. Созмонњои этникӣ ва минтақавии албонњо, манангњо, минахасњо, ачењо, батакњои масењӣ ва ғайра пайдо мешаванд. Њаракати сиёсии чиноињои булӣ низ пурзӯр мешавад. Ба онњо муяссар мегардад, ки дар Индонезия њуқуқњои корию тиҷоратии худро васеъ кунанд.
Моњи сентябри соли 1912 дар зери роњбарии Эрнест Дауэс-Деккер, Ки Хаҷар Девонатар ва Чипто Магункусимо дар Семаронг Њизби Индонезия ташкил карда мешавад. Ин њизби зиёиёни демократӣ манфиати њамаи индонезиягињоро њимоя мекард. Њукуматдорони мустамликавӣ Њизби Индонезияро этироф накарданд. Бинобар ин 31 марти соли 1013 яке аз роњбарони он Дауэс Деккер ин њизбро пароканда эълон кард. Њукумати мустамликавӣ роњбарон ва аъзои Њизби индонезияро таъқиб мекард. Моњи июни њамон сол се сарвари он ба Нидерландия бадарға карда шуданд.
Соли 1907 Њизби Инсуменде ташкил ёфт. Соли 1919 он Њизби Милли Индонезия ном гирифт. Аксари аъзои Њизби Индонезияи парокандашуда ба ин њизб дохил шуданд.
Дар Индонезия созмонњои дигари миллӣ низ ба вуҷуд омаданд. Аз ин ҷумла, соли 1912 «Саракат ислом» («Иттифоқи ислом») созмон ёфт. Он созмон омавитарини озодихоњии Индонезия ба њисоб мерафт. «Саракат ислом» то моњи январи соли 1913 80 њазор нафар аъзо дошт.
3. Муборизаи мардуми Индонезия барои озоди истиқлолият дар асрњои XX.
Воридшавии Индонезия ба даври муосир. Мамлакатњои империалистӣ ба Индонезия њамчун ба манбаи ашёи холи кишоварзӣ, бозори фурӯши молњои саноатӣ, нерӯи арзони корӣ ва ҷои муносиб маблағгузорӣ назар мекарданд. Аз њамин сабаб иқтисоди Индонезия ятарафа пеш мерафт.
Ин мамлакат на саноати сабук дошт ва на саноати вазнин. Баъд аз ҷанги якуми ҷањонӣ империализми Њоландия њокимияти худро дар Индонезия базӯр нигоњ медошт.
Дар истисмори халқи Индонезия ИМА ва ҷопон торафт фаъолонатар ширкат меварзиданд. Ин вақат талабот ба мањсулоти Индонезия, аз он ҷумла қалъагӣ, каучук, қанд, тамоку, чой ва қахва афзуд. Соли 1937 дар Индонезия ҷамъи маблағгузории мамлакатњои сармоядорӣ зиёда аз 2 милиарду 264 милион долларро ташкил намуд, ки қариб нисфи он аз Њоландия буд.
Коркарди аввалияи ашёи хоми Индонезия асосан ба сармоядорони давлати соњиби мустамлика таалуқ дошт. Танњо баъзе намудњои саноати анъавӣ аз он ҷумла корхонањои хурди истењсоли газворњои гуногуни миллӣ батика ба соњибкорони индонезия талуқ дошту халос.
Дар Ява қариб 60 фоизи ањолии индонезия зиндагӣ мекард.
Бинобар ин дар ин ҷазира сол то сол нарасидани замини кишт њис карда мешуд. Қисми зиёди кишоварзонро иҷоракорон ва батракњо ташкил мекарданд. Андозњои вазнин ва коркардадињӣ (баршина) онњоеро бештар қашоқ мекарданд ки њанӯз њам қитъањои хурди заминро аз даст доданӣ набуданд. Чунин њолат кишоварзонро ба њаракати фаъоли иҷтимоӣ водор мекард. Соли 1913 кишоварзони дењаи Чимарами Яваи Ғарбӣ аз пардохти андоз рӯй тофтанд. Соли 1920 шӯришчиён дар дењаи Гноли Толми Сулавесии Марказӣ мансабдорони мањалли њоландиро ба қатл расонданд. Маъмурияти мустамликавӣ ширкатчиёни баромадњои халқи мањалиро тавассути слоњ пахш мекард.
Сиёсати њукумати Њоландия дар Индонезия, Њукуматдорони њоландӣ ба созмонњои индонезиявӣ њушёрона назорат бурда, баъзе фаъолтарин шахсиятњои ин мустамликаи худро бадарға мекарданд.
Дар баробари ин мустамликадорон њаракат менамуданд, ки фъёну ашрофи мањаллиро ба тарафи худ кашанд. Њанӯз соли 1918 онњо шӯрои халқӣ парламенти њаҷвиро таъсис доданд. Як қисми вакилони факсраадро генерал губернатори индонезия ва қисми дигари онро намояндагони ваколатдори интихобкунандагон аз њисоби «шӯроњо»-и музофотњо интихоб мекарданд.
Мақоми «парламент» (факсраад) танњо маслињатӣ буд. Аз ин рӯ аз тарафи њукумат иҷро кардани қарорњои он шарт набуд. Дар факсараад аксариятро њоландињо ташкил мекарданд. Вале баъд мустамликадорони њоландӣ маҷбур шуданд, ки ба њайати вакилони «парламент» намояндагони ашрофони Индонезияро њам дохил намоянд.
Генерал- губернатор ваъда дод, ки минбаъд иттињодияњои милатгарои индонезияро таъқиб намекунад.
Њоландињо баъд аз ҷанги якуми ҷахонӣ њам њиллаю найрангро барои индонезия дароз кардани умри мустамликадории худ давом медоданд. Масалан, дар яке аз моддањои Конститутсия (дар санадњои расмӣ њоландињо Индонезияро њамин тавр меномиданд) қисми баробарњуқуқи империя номида шуда буд, ки ин дуруғи мањз аст.
Нерӯњои озодихоњии миллии Индонезия. Баъд аз анҷом ёфтани ҷанги якуми ҷањонӣ дар индонезия харакати миллию озодихоњӣ ба марњилаи нав қадам нињод. Бо роњи зӯрӣ фурӯ нишондани ин њаракат барои мустамликадорони Њоландия оқибатњои нохуш дошт. Бинобар ин ба њоландия лозим омад, ки дар ин мустамлика усули идоракунии худро камее тағйир бидињад. Дар натиҷаи ин дар Индонезия созмонњои касбию сиёсии истиқлолиятхоњ таъсис ёфтанд, созмонњои қабили миллию динӣ фаъолияти худро аз нави дома доданд. Соли 1919 аз тарафи коргарон маркази муштараки иттифоқњои касаба ташкил карда шуд, ки асоси инро иттифоқњои касабаи нақлиётчиён ташкил медоданд.
Фаъолияти иттифоқњои миллӣ њам рӯ ба густариш нињод. Соли 1917 созмони кӯњнатарини маданию маърифатии мамлакат «Буди Утамо» («Мақсади олӣ») бо барномаи сиёсии худ баромад кард. Дар он аз ҷумла гуфта мешуд, ки бояд њуқуқњои европавиён ва индонезиявињо баробар карда шаванд.
Ба ташкилёбии созмонњои калони миллии Индонезия мусулмон будани аксарияти ањолӣ (дар Индонезия кариб 90 фоизи ањолӣ мусулмон буд) ёрии калон мерасонд. Як навъи иттињоди нерӯњои зидиимпериалистии мардуми динӣ созмони Саракати Ислом (Иттифоқи Ислом) буд, ки то 2 миллион нафар мусулмонони Индонезияро мутањид мекард. Саракати Ислом барои бар зидди мустамликадории њоландӣ мутањид кардани халқи индонезия омили муњим буд.
Соли 1923 як гурӯњи калон аз Саракати Ислом ҷудо шуда, созмони Саракати Ракат (Иттињоди халқ)-ро таъсис намуд. Ғайр аз ин неруњо дар индонезия Њизби Комунистӣ њам фаъолият мекард.
Ин Њизб низ дар мавқеи истиқлолияти Индонезия меистод.
Солњои 1926-1931 дар Индонезия асосан ду њизби сиёсӣ фаъолият мекард Њизби Комунистӣ Њизби халқӣ соли 1931 ба Њизби ӣндонезия Партиндо табдил дода шуд. Дар авали њамон сол Њизби Ягонагии Халқи Индонезия њам таъсис ёфт. Дар солњои 30-юм яке аз њизбњои калонтарин Њизби Халқӣ буд. Он зиёда аз 20-њазор аъзо дошт. Аз соли 1933 сар карда ба ин њизб Сукарнаи аз њабс баромада роњбарӣ мекард.
Шуриши солхои 1926-1927. Дар Индонезия баъд аз ҷанги якуми ҷањонӣ муборизаи миллию озодихоњӣ оғоз ёфт.
Он дар баъзе мањалањо ба шӯриши мусалањона мубаддал гардид. Яке аз ин шӯришњо соли 1926 дар шањри Цакаратаи Ява ба амал омад.
Шуришгарон стансияи телефонии пойтахтро ишғол карданд. Вале кӯшиши ишғоли стансияи роњи оњан ва мањбас натиҷаи дилхоњ надод. Дар Бантан, ки дар ғарбтари Ява воқех гардидааст, ҷанги њақиқии чиркӣ ба амал омад. Шӯриши ноњияњои атрофии шањри Бандунг ва Яваи Марказиро њам фаро гирифт. Мустамликадорон ин шӯришро берањмона пахш карда, баъд артишро аз Цараката ба навоњии дигари шӯришбардошта бурданд. Дар ҷазираи Суматра њам шӯриш сар зад. Сипоњи мустамликавии Њоландия ин шӯришро њам пахш кард.
Мустамликадорон зиёда аз 200 нафар шӯришчиёнро қатл карданд, қариб 4500 нафар ба мањбасњо партофтанд, 3 њазор нафари дигарро ба болооби дарёи Дигул, ки дар Ирианаи Ғарбӣ воқеъ аст, ба бадарға якумра њукм карданд. Баъзе роњбарони шӯриш маҷбур шуданд, ки ба хориҷа фирор кунанд.
Шуришњои солњои 1926-1927 нишон доданд, ки мустамликадорони Њоландияро ба воњима овардан мумкин аст ва дар Индонезия тартиботи мустамликавӣ ободӣ нест. Худи мустамликадорон њам хуб мефањмиданд, ки дар Индонезия мавқеи мустањкам надоранд. Аз њамин сабаб ба халқи мањаллӣ гузаштњои нав карданд.
Оқибатњои бӯњрони иқтисодии ҷањонӣ дар Индонезия. Буњрони иқтисодӣ дар Индонезия аз соли 1929 то солњои 1936-1937 давом карда, ба халқи ин мустамликаи Њоландия зарари зиёд овард. Соњаи кишоварзии Индонезия муддати дурру дароз дар њолати бӯњрон қарор дошт. Нарњои ҷањонӣ ба каучук, доруворӣ, қалъагӣ, нафт ва қанд қадре поён рафта, боиси кам шудани истењсоли онњо гадид. Арзиши содирот 50 фоиз поён рафта, қарзи хориҷӣ афзуд.
Буржуазияи Нидерландия кӯшиш мекард, ки аз бӯњрони иқтисодӣ тавасути мењнаткашони мустамликањо халос шавад. Ин аст, ки дар солњои бӯњрон дар њолати 2 баробар камшавии хароҷоти иҷтимоӣ андозњо то 70-80 фоиз зиёд шуданд. Оилањое буданд, ки аз гуруснаги дар њолати марговар қарор доштанд. Ба њар сари аъзои чунин оилањо дар як рӯз њамагӣ 2-сенти рост меомад. Музди мењнати коргарон 25-30 фоиз ва маоши хизматчиён ду баробар кам шуд. Шумораи бекорон танњо дар корхонањои қандистењсолкунӣ ба 100 њазор нафар расид.
Индонезия дар арафи ҷанги дуюми ҷањонӣ. Солњои 1935-1939 дар иқтисодиёти Индонезия баъзе тағйиротњои мусбӣ ба амал омаданд. Қисми асосии маблағгузорӣ ба соњаи кишоварзӣ ва саноати коркарди аввалия равона карда шуд, нархи молњои стратегӣ боло рафт. Соли 1939 њиссаи Индонезия дар истењсоли ҷањонии каучук 37 фоиз, қалъагӣ 17 фоиз ва нафт наздики 3 фоизро ташкил мекард. Қариб 80 фоизи каучуки Индонезия ба ИМА ва Англия содир карда мешуд. Дар тиҷорат ба Индонезия мақоми ҷопон афзуд. Аз њамин сабаб њукуматдорони њоландӣ барои содироти мањсулоти аз Индонезия ба Ҷопон монеањо бунёд мекарданд.
Дар њолати наздикшавии ҷанги нави ҷањонӣ маъмурияти мустамликавӣ зӯровариро бар зидди њаракати миллию озодихоњии халқи Индонезия пурзур мекард. Генерал-губернатор Де Ёнг, ки дастимондаи инњисори нефти англисию њоландии «Шел» буд, эълон кард: «Њоландињо аллакай 300 сол Њиндустони Нидерландияро тавасути шамшеру калтак идора мекунанд ва мо дар ин ҷо боз сесад соли дигар њукумронӣ хоњем кард».
Дар чунин шароит нерӯњои сиёсии индонезия сафњаи худро мустањкам мекарданд. Соли 1935 созмонњои ислоњотхоњ дар Њизби Индонезияи Бузург (Паруандра) мутањид шуданд.
Вале аъзои ин њизб он қадар зиёд набуданд. Соли 1937 Њизби Гериндо, яъне Њаракати халқи индонезия таъсис ёфт. Ин њизб дар 37 бахши худ зиёда аз 10 њазор нафар аъзоро муттањид мекард. Вале азњоби хурд њар кадом дар алоњидагӣ ба мақсадњои сиёсии умумилӣ расида натавонистанд.
Бо њамин сабаб, моњи майи соли 1939 онњо Иттињодияи Сиёсии Индонезия (ИСИ)-ро таъсис доданд. Ин созмон дар амал федератсияи њамаи њизбњои асосии Индонезия буд. Ба он, аз он ҷумла Гериндо, саракати Ислом ва Гериндра њам дохил буданд.
Иттињоди сиёсии Индонезия ба маъмурияти мустамликавии Њоландия пешнињод кард, ки дар Индонезия ислоњоти демократӣ гузаронида шавад. Дар ин сурат тайёр аст, ки ба њамроњии њукуматдории њоландӣ ҷиду ҷањди худро алайњи таҷовузи зидди Индонезия, ки аз тарафи Ҷопон ба миён омадааст, равона кунад.
5) История стран Азии и Африки в новы время Ц.Б учебники, -м., Изд-во МГУ, 1991
6) Губер А-А.Лим Г.Ф Хайфсу АН. Новая история стран Азии и Африки: Наука.1982

4. Индонезия: рӯй ба сӯи истиқлолият.
Њифзи истиқлолият. Шикасти империализми Ҷопон дар ҷанги дуюми ҷањонӣ барои њаракати озодихоњии Индонезия шароити зарурӣ мухайё намуд. Ғосибони ҷопонӣ галаҷазирањои Индонезияро бо осонӣ дар зери назорати худ нигоњ дошта натавонистанд. Галандия бошад, алњол фурсати аз ҷопон ба зери њокимияти худ баргардонидани Индонезияро надошт. Голандия баъди ҷанг дар навбати аввал ба њалли мушкилоти дохилии худ машғул шуд.
Дар ин шароит 17 августи соли 1945 истиқлолияти давлатии Индонезия эълон карда шуд. Кумита оид ба тайёрии итиқлолият Конститутсияи Индонезияро тасдиқ намуд. Мувофиқи он Индонезия ҷумњурии яктаркиба эълон карда шуд. Сукарно президенти мамлакат эълон гардид. Замин, об, боигарињои зеризаминӣ моликияти давлатӣ эълон карда шуданд, давлат ба соњањои муњимтарини саноат назорат эълон намуд.
Муборизаи халқии Индонезия аз тарафи ҷомеаи тараққихоњи ҷањон дастгирӣ карда шуд. Таҷовузи њарбии Англю Голандия ба Индонезия дар СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин рӯ, Англия моњи ноябри соли 1946 маҷбур шуд, ки артиши худро аз Индонезия барорад. Голандињо низ маҷбур шуданд, ки бо намояндагони Индонезия паси мизи музокирот нишинанд.
Дар мањаллаи Лингаҷот байни Голандия ва Индонезия созишнома ба имзо расид. Мувофиқи шартњои созишномаи байни Голандия ва Индонезия басташуда Голандия њокимияти Ҷумњурии Индонезияро дар Ява, Суматра ва Мадура эътироф намуд. Индонезия маҷбур шуд, ки дахлнопазирии њуқуқ ва моликияти хориҷиёнро дар индонезия эътироф намояд. Созишномаи Лингаҷот шартњои вазнин дошта бошад њам, ба Ҷумњурии Индонезия фурсати дамгирӣ медод. Мустамликадорон созишномаи мазкурро њамчун роњ ба сӯй поракунии Индонезия медонистанд.
Онњо дар Индонезияи Шарқӣ, Каме-мантана, Суматра, ва Мадура давлатчањои хурд-хурд ташкил намуданд. Мустамликадорон дар Индонезия шумораи артиши худро афзоиш дода, ба 120 њазор нафар расониданд. Дар ихтиёри артиши Голандия њавопаймоњо, танкњо, ва силоњи оташфишони мавҷуд буданд. Бо мақсади ташкили бархӯрдњои нави њарбӣ голандиро барои нигоњдории тартибот ба Индонезия дароранд. Њукумати Индонезия ин талаби голандињоро қатъиян рад кард. Вазъияти дохилии Индонезия дар натиҷаи мушкилињои иқтисодию иҷтимоӣ аз нав тезу тунд шуд. Аз ин њолат истифода бурда, артиши Голандия 18 декабри соли 1948 амалиётњои њарбиро дар Индонезия аз нав оғоз намуда, њатто пойтахти он- шањри Царакатаро ишғол намуд. Ба ин нигоњ накарда, голандињо ба мақсади сиёњи худ нарасида, ба намояндагони Индонезия аз нав ба сари мизи музокирот нишастанд.
Моњи августи соли 1949 дар шањри Гаага бо иштироки намояндагони Голандия, Ҷумњурии Индонезия ва давлатњои лухтакмонанди дар Индонезия ташкилкардаи Голандия Конфронси «Мизи мудаввар» кушода шуд. 2 ноябри њамон сол созишномањое ба имзо расиданд, ки тавлиди Иёлоти Мутањидаи Индонезияро анҷом доданд.соњибистиқлолии Иёлоти Мутањидаи Индонезия қариб ба сифр баробар буд, зеро ба ин давлат шахси голандӣ сарварӣ мекард.
Дар сар то сари мамлакат мубориза бар зидди голандињо бањри истиқлолияти воқеи Индонезия пурзур шуд. Ба ин њаракат кули нерӯњои ҷамъиятию сиёсии миллӣ њамроњ шуданд. Дар натиҷа 17 августи соли 1950 ин мамлакат Ҷумњурии Индонезия эълон карда шуд.
Бањри густариши истиқлолият ва рушди демократӣ. Ба њукумат авали Ҷумњурии Индонезия раиси Њизби Мамуми Натсир роњбарӣ кард. Кабинети Натсир сиёсати кабинети Хаттаро давом дод. Он асосан ба ёрии Ғарб ва зиёд кардани андозу афзоиши додани сикказании пули коғазӣ умед мебаст. Ин сиёсат сатњи зиндагии халқро паст кард ва њаракати коргариро рӯ ба боло бурд, махсусан дар Ява ва Суматра.
Њама аз сиёсати хориҷии њукумати Натсир низ норозӣ буд. Бо ёрии Амрико Голандия баррасии масъалаи ба Индонезия баргардонидани Ирианаи Ғарбиро рад намуд. Ин буд,ки моњи марти соли 1951 Њукумати Натсир ба истисмор рафт.
Њукумати Натсирро њукумати намояндаи Њизби Машума Сукимоно иваз намуд. Њукумати мазкур бо ИМА созишнома «Дар бораи таъмини бехатарии њамдигарӣ»-ро баст, ки онро парлумон дастгирӣ накард. Бо њамин сабаб Њукумати Сукимоно моњи феврали соли 1952 ба истеъфо рафт.
Њукумати нав, ки ба он намояндаи њизби Миллӣ-Вилоно роњбарӣ кард, хост, ки юа индонезияи дигаргунињои демократӣ ворид созад. Ин њукумат қонуни интихоботӣ тањия кард, фаъолияти намояндагони њарбии Голандияро дар Индонезия манъ намуд. Бонки Яваро миллӣ кунонид, назорати давлатиро ба конњои қурғошим, ки ба Голандия талуқ доштанд, ҷорӣ кард.
Кабинети ҷадид дар масъалаи замин мавқеи мухолифи манфиатњои кишоварзонро ишғол намуд. Ин мавқеъ дар дењот ба низоъ тезу тунд сабаб шуд. Аз тобистони соли 1953 сар карда ба њукумат намояндаи Њизби Миллӣ- Алӣ Састроамиҷой роњбарӣ кард. Ин њукуматмуносибатњои иттифоқиро бо Голандия барњам дод. Аз дохилшавии Индонезия ба СЕАТО даст кашид. Бо мамлакатњои зиёди сотсиалистӣ, аз он ҷумла, бо ИҶШС алоқа барқарор кард. Индонезия яке аз ташаббускорони даъвати Конфронси якуми мамлакатњои Осиё ва Африкои моњи апрели соли 1955 дар Бандунг баргузорида мебошад. Сиёсати хориҷии мустақилона обрӯю эътибори Ҷумњурии Индонезияро дар арсаи байналхалқи зиёд кард.
Даромадњои иртиҷоии Индонезия, ки ба хориҷа робита доштанд, ба сиёсати мустақилонаи хориҷии Састроамиҷойо сахт муқобилият мекарданд. Низоъ дар ба истеъфои ин кабинет сабаб шуд. Њукумати Бурњониддин Ха-рахапа аз Њизби Машума ба сари қудрат омад.
Интихоботи аввалини парлумонӣ Маҷлиси Муассисони Индонезия моњи сентябри соли 1955 доир гардид. Дар он њамон њизбњое ба овозњои зиёдтари интихобкунандагон соњиб шуданд, ки тарафдори дигар-гунисозихои демократӣ дар Индонезия буданд.
Демократияи танзимшавандаи сукарно. Дар ин вазъияти нињоят мушкили ҷамъиятию сиёси Сукарно консепсияи «Демократияи танзимшаванда»-ро пешнињод намуд. Моњияти ин демократия аз он иборат буд, ки ваколатњои њокимияти иҷроия (њукумат) ва сардори давлат то њадди нихоӣ васеъ карда шаванд. Бо назардошти он, ки консепсияи мазкур бар зидди иртиҷопешагон равона карда шуда буд ва таъсиси њукумати ягонагии халқро ба иштироки њамаи гурӯњњои ватанпарвар дар бар мегирифт, аз ҷониби нерӯњои чапгарои ҷомеаи Индонезия дастгири ёфт.

Бо мақсади татбиқи консепсияи «Демократияи танзимшаванда» моњи марти соли 1957 дар мамлакат вазъи фавқулодда эълон карда, баъд њукумати беруназпарлумонӣ таъсис дода шуд, ки он бевосита дар назди президент маъсул буд.
Мубориза бар зидди иртиҷо фаъолияти оммаро афзун мекард. Њукумат аз дастгирии халқ руњбаланд шуда, бар зидди исёнгарон бомуввафақият мубориза мебурд. Моњи май соли 1958 нерӯњои асосии исёнгарон торумор карда шуданд.
ПРЕЗИДЕНТ Сукарно соли 1959 татбиқи андешаи худро идома дод. Моњи июл Маҷлиси Муассисонро пароканда кард, чунки он њатто як масъала сохти сиёсии Индонезияро барои оянда њал карда натавонист. Ӯ ба ивази Кониститутсия амалкунанда Конститутсияи соли 1945-ро аз нав ҷорӣ кард, ки он марказонидани бештари идораи давлат, новобастагии њокимияти иҷроия аз њокимияти қонунгузорро дар назар дошт. Ба њукумати нави Сукарно намояндагони ба ин андеша норозӣ дохил нашуданд. Сукарно 17 августи соли 1959 нутқ эрод кард, ки он «Эъломияи сиёсӣ» ном гирифта, барномаи Њукуматро инъикос мекард. Дар Эъломия некуањволии халқ, таъмини бехатарирро давлат ва мубориза бар зидди империализм дар њамаи самтњо аз ҷумла вазифањои аввалиндараҷаи њукумат арзёби шуда буд. Соли 1960 Сукарно њайати нави парлумонро таъин кард. Ба њизби комунистӣ 30 ҷой ва ба њизби хақӣ 44 ҷой дод. Гуруњњои њарбию ҷамъиятӣ-артиши иттифоқњои касаба, созмонњои кишоварзӣ, занон, ҷавонон ва ғайра низ дар парлумон таъйинӣ ҷой гирифтанд. Њизби Машума ва Њизби сотсиалистии Ростгаро ба парлумон ваколатнома нагирифтанд. Онњо дере нагузашта боа мри президент пароканда карда шуданд, зеро гуё ки бо империалистон ва исёнгарон робита доштаанд. Ғайр аз ин, бо роњбарии президент ҷабњаи Миллӣ ташкил карда шуд. «Эъломияи сиёси» бо њамроњии 5 принсип барномаи ин ҷабња гардид:
Конститутсияи соли 1945, сотсиализми Индонезия, демократияи танзимшаванда ва махсусияти Индонезия.
«Њаракати 30 сентябр» соли 1965 дар индонезия овоза пањн шуд, ки «Шурои генералњо» ном гурӯњ нияти сӯиқасд зидди президент, Сукарноро дорад, ва тайёр аст, ки табодулоти давлатӣ ба амал барорад. Ҷавобан ба ин овоза гурӯњи афсарони ҷавон ки аз њайати посбонони президент иборат буданд якчанд генералро ба ин иқдом муттањам дониста, дастгир намуданд ва баъди чанде онњоро парронданд. Ин баромад «Њаракати 30 сентябр» ном гирифтааст. Афсарони мазкур эълон доштанд, ки њукумат пароканда карда шуда, тамоми њокимият ба дасти «Шурои инқилобӣ» Комунистӣ дастгирӣ намуданд.
Артиши зери фармондењи гкнерал Сукарто қӯшунњои камшумори дар ихтиёри «Шурои инқилобӣ»-бударо торумор кард. Бо сабаби он, ки дар ин сӯиқасд роњбарони Њизби комунистӣ ва қисми аз аъзоёни ин њизб даст доштанд, дар тӯли якчанд моњ дањњо њазор аъзои ЊКИ парронда шуданд. Њизби комунистии индонезия расман пароканда карда шуд. Конгресси Халқии Маслињатӣ дар мамлакат пањн шудани идеологияи марксистию лениниро манъ кард.
Дар пахши «Шурои инқилобӣ» ва комунистон генерал Сукарто нақши калон дошт. Аз ин рӯ, нуфкзи сукарто дар мамлакат нињоят баланд шуд. Бинобар њамин сабаб. Сукарто маҷбур шуд, ки ваколатњои худро дар њокимияти ӣчроия ба генерал Сукарто бидињад. Соли 1967 Конгресси индонезия Сукарторо аз вазифаи сардори давлат сабукдӯш кард. Генерал Сукарто иҷрокунандаи вазифаи президентиро ба ӯњда гирифт. Баъди як сол ӯ ба муњлати 5 сол президенти Ҷумњурии Индонезия интихоб шуд.
Конгресси Индонезия дар қонуну қарорњои худ сиёсати хориҷии Индонезияро њамчун кишвари «Соњибистиқлол ва фаъолона бар зидди империализм ва мустамликадорӣ дар њамаи шаклу зуњуроташон, ки иштирок дар муқарар намудани тартиботро дар назар доштанд ва ба истиқлолият, сулњ ва адолат асосёфта» қаламдод кардааст.
Вале тағйироти сиёсии дохили, ки дар индонезия соли 1965 ва баъди он ба амал омаданд, бегуфтугӯ ба вобастагии иқтисодиаш ба мамлакатњои бузурги Ғарб ва интихоби роњи сиёсати хориҷии Индонезия таъсир расонидаанд.
Аз нав барқарор кардани узвияти Ҷумњурии Индонезия дар Созмони Милали Мутањид (узвияти Индонезия дар СММ дар рафти аз нав тобеи Голандия шудани он канда шуда буд) ва муътадил гардонидани муносибатњои Индонезия бо Малайзия ва Сингапур (Сингапур аз њайати Малайзия ҷудо шуда буд) аз муваффақиятњои њукумати Сукарно мебошанд. Њамкорӣ бо ин давлатњо ба Индонезия имконият, дод, ки аз мамлакатњои Ғарб ёрии иқтисодӣ бигирад. Гап дар бораи он меравад, ки моњи августи соли 1963 собиқ мустамликањои Британияи Кабир –Малай, Сингапур, Сабах, Саврвак ва Бруней, ки бо Индонезия њамњудуд буданд, дар федератсияи Малайзия мутањид шуданд.
Ин федератсия дар зери таъсири Британияи Кабир буда, нисбати Индонезия сиёсати душманона мебурд.
Аз ин ру, он вақт њукумати Сукарно торумор кардани Федератсияи Малайзияро ба миён гузошт. Бо сабаби он, ки Малайзия узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ интихоб гардид.

8) Индонезия: Исторический очерк II Индонезия –справочник. М:Мысл 1982.
9) История стран Азии и Африки в новы время Ц.Б учебники, -м., Изд-во МГУ, 1991

Хулоса
Индонезия мамлакати аграрӣ буда, саноати тарақикардаи маъдани кӯњӣ дорад. Дар мањсулоти умумиллӣ њиссаи хоҷагии халқ якҷоя бо моњидорӣ ва хоҷагии ҷангал 41% саноат 18% сохтмон-4%, савдо-20% нақлиёт4% мебошад. Солњои истиқлолият дар иқтисодиёти Индонезия сектори давлатӣ ба вуҷуд омад, аммо нуфузи капитали хориҷӣ њанӯз калон аст.
Қисми зиёди замин дар дасти заминдорони калон буда, аксарияти хоҷагињои сершумори хурд ва хурдтарин 0,5 1,0 га замин доранд. Як қисми замин аз они хоҷагињои калони капиталистӣ мебошад. Дењқонӣ назар ба чорводорӣ бештар тараққӣ кардааст. Аз тамоми заминњои хоҷагии халқ 18 млн га кишту кор мешавад, 10 млн га –марғзору чарогоњ аст. 6,8 млн га обёрӣ мешавад.
Индонезия аз ҷињати истењсол каучуки табиӣ дар ҷањон дар ҷои 2-юм меистад; норҷил, нахи равғандењ, чой, қањва, найшакар, тамоку, дарахти гинагина, дорувор, ва ғайра парвариш меёбанд.
Соњаи калони саноат истењсоли нефт буда, конњои он дар ҷазираи Суматра воқеанд. Ба миқдори зиёд қалъагӣ, бокист, никел истењсол мекунанд. Индонезия бештар бо Япония, ШМА, Сингапур хариду фурӯш дорад.
Воњиди пул-рупияи индонезӣ (1000 рупияи индонезӣ =1,07 сӯм; июни 1979).

Адабиётњои Истифодашуда

1) Новая истории стран Азии (вторая половина XIX начало хх вв). М,1995.
2) Валиев С.А.История Востока –Т.2М.,199

3) Вяка неравной борьбы наально –освободительное движения в Азии и Африке М:ИЗД-во ВЛ 1976
4) Индонезия: Исторический очерк II Индонезия –справочник. М:Мысл 1982.
5) История стран Азии и Африки в новы время Ц.Б учебники, -м., Изд-во МГУ, 1991
6) Губер А-А.Лим Г.Ф Хайфсу АН. Новая история стран Азии и Африки: Наука.1982
7) Зарождения идеологии национално –освободительного движения XIX-начало хх вв очерки по истории общественной мысли народов Востока. М,Наука 1973.(маълумотҳои дар бораи Индонезия).

8) Левин З.И.Развитии общественной мысли на Востоке (капитальный период xix-xx вв)-М.,1993

9) Новая история стран Азии.(вторая половина XIX начало XX вв). М, 1995

10) Века нравной борьбы национально-освободительное движения в Азии и Африке М:Изд-во ВЛ 1976

11) Индонезия: Исторический очерк IIиндонезия справочник. М:Мысл 1982.

12) История стран Азии и Африки в новы время Ц.Б Учебники,-М., Изд-во МГУ, 1991

13) История стран Азии и Африки в новые время Ц.Б Учебники,- м., Изд-во МГУ.1991

14) Губер А-А.пим Г.Ф.Хайфсу А.Н.Новая история стран Азии и Африки:наука, 1982

15) Левин З.И. Развитии общественной мвсли на Восток (колониальный период) XIX-XX вв –М.,1993.

16) Губер А-А.пим Г.Ф.Хайфу А.Н.Новая история стран Азии и Африки: Наука, 1982

17) Валиев С.А.История Востока –I.2 М,1993

18) Зарождении идеологии национално-освободительного движения XIXначало XX вв очерки по истории общественной мысли нардора востока М., наука 1973

19) История стран азии и Африки в ноыв время Ц.Б учебники -, М Изд-во МГУ, 1991.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.