Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои он (Лоиҳаи дипломӣ)

Иттиҳоди Аврупо яке аз созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар муносибатҳои байналхалқӣ мавқеи муҳим ва устувор дорад. Ин ташкилоти байналхалқӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатҳои Аврупо нақши муассир мебозад. Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза аз ҷумла дар масъалаи таъмини сулҳ ва амният дар минтақаҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим дорадМ У Н Д А Р И Ҷ А

Сарсухан………………………………………………………………………………3-6
Боби I. Аз таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо………………………7-17
1.1. Заминаҳои бавужудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо……………….7-11
1.2. Марҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо…………..12-16

Боби II. Сохтори идоракунц ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо…………..17-48
2.1. Сохтори идоракунии сиёсц ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо……..…17-27
2.2. Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011………………28-34
2.3. Ҳамкории Жумҳурии Тожикистон бо Иттиҳоди Аврупо…..………35-42
Хулоса…………………………………………………………………………………43-46
Рӯйхати адабиёт…………………………………………………………………….46-48

Н а қ ш а:

Сарсухан
Боби I. Аз таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо
1.3. Заминаҳои бавужудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо
1.4. Марҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо

Боби II. Сохтори идоракунц ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо
2.1. Сохтори идоракунии сиёсц ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо
2.2. Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011
2.3. Ҳамкории Жумҳурии Тожикистон бо Иттиҳоди Аврупо
Хулоса
Рӯйхати адабиёт

С А Р С У Х А Н
Зарурияти омӯзиши масъала
Иттиҳоди Аврупо яке аз созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар муносибатҳои байналхалқӣ мавқеи муҳим ва устувор дорад. Ин ташкилоти байналхалқӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатҳои Аврупо нақши муассир мебозад. Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза аз ҷумла дар масъалаи таъмини сулҳ ва амният дар минтақаҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим дорад. Ба Иттиҳоди Аврупо 27 мамлакатҳои пешқадами Аврупо шомил буда, ин давлатҳо дар доираи қонунҳои қабулкардаи созмон амал карда, тамоми фаъолияти худро дар асоси ин қонунгузориҳо дар амал татбиқ мекунанд. Парлумони Аврупо яке аз бонуфузтарин мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар густариши робитаҳои байнипарлумонӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Стратегияи Иттиҳоди Аврупо бо мамлактҳои Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри XXI равиши нав пайдо намуд. Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба ин мисоли амиқ шуда метавонад. Имрӯзҳо дар асоси ин созишнома дар густариши ҳамкориҳо дар ҳама гуна соҳаҳо муносибатҳои дуҷониба – тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байни парлумонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамкорӣ ин ташкилот масъалаҳои муҳими рӯзмарра, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пешбурди равандҳои демократӣ ва ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ, доираи васеи мавзӯъҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ муҳокима шуда истодааст. Барои ҳамин ҳам омӯзиши таърихи ташкилёбӣ, сохтори он, мавқеи имрӯзаи ҷаҳонии ин созмон аҳамияти муҳим дорад. Рисолаи мазкур ба ҷабҳаҳои муҳими фаъолияти Иттиҳоди Аврупо бахшида шуда, дар он ба чунин масъалаҳо оиди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нагаронида шудааст.
1. Заминаҳои таърихии бавуҷудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон
2. Марҳилаҳои асосии ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо
Марҳилаи якум аз соли 1951 то соли 1959
Марҳилаи дуюм аз соли 1960 то1992
Марҳилаи сеюм аз соли 1992 то имрӯз
3. Сохтори идоракунии сиёсӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо, (Парлумони Аврупо, Суди Аврупо, Палатаи аудиторҳо, Бонки миллии Аврупо, Шӯрои идоракунӣ ва ѓайра)
4. Фаъолияти сохторҳои сиёсӣ ва қонунгузории Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011
5. Ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва байнипарлумонии Ҷумурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Иттиҳоди Аврупо дар солҳои истиқлолият (1992-2011)
Дараҷаи омӯзиши масъала
Масъалаи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо ва фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва байналхалқии онро аввалин бор аз тарафи донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқ ҳамчун рисолаи илмӣ иншо гардида истодааст. Мавзӯи мазкур дар омӯзиши фанни Таърихи нав ва навтарини мамлакатҳои хориҷӣ, Курс ва семинарҳои махсус аз фанни номбурда, ҳуқуқи байналхалқӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Имрӯзҳо дар тамоми донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик масъалаи муносибати Тоҷикистон бо мамолики ҷаҳон аз ҷумла бо мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шудааст. Рисолаи мазкур ба муносибатҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси маводҳои нав доир ба фаъолияти имрӯзаи Созмони Иттиҳоди Аврупоро пурра маълумот додааст. Бештар сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо нишон дода шудааст. Дар ҳақиқат барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки имрӯз аввалин қадамҳои худро дар арсаи байналхалқӣ гузошта истодааст, омӯхтани таҷрибаи мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим буда, омӯзиши мавзӯи мазкур аҳамияти калон дорад.
Рисолаи дипломӣ аз сарсухан, ду боб, чор қисм, хулоса ва аз рӯйхати адабиёт иборат аст. Дар қисми сарсухан оиди муҳим будани омӯзиши ин масъала, дараҷаи омӯзиши он, мақсади навиштани масъалаи мазкур таҷассум ёфта, ба манбаҳои истифодабурдашуда баҳо дода шудааст. Боби якуми рисолаи дипломӣ «Аз таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо» бахшида шуда, дар он заминаҳо ва марҳилаҳои бавуҷудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо ва ташаккулёбии он инъикос ёфтааст. Дар ҳақиқат ин ташкилот дар давоми панҷоҳ соли баъдиҷангӣ ташаккул ёфта, ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта, фаъолият бурда истодааст. Дар боби якум дар бавуҷудоии созмони Иттиҳоди Аврупо монеаҳо ва зиддиятҳо нишон дода шудааст.
Боби дуюми рисола ба «Сохтори идоракунӣ ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо» бахшида шуда, дар ин боб оиди парлумони Аврупо, Суди байналхалқии Аврупо, Комиссияи Аврупо, сохторҳои ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва фаъолияти онҳо маълумоти муфассал дода шудааст. Аз ҷумла, муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суханронии Президенти мамлакат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари парлумони Иттиҳоди Аврупо, сафарҳои кории Сарвари давлат ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо (Германия) нишон дода шудааст.
Дар қисми хулоса аҳамияти омӯзиши мавзӯи мазкур инъикос ёфтааст.
Дар навиштани рисола адабиётҳои навтарин, матбуоти даврӣ, маводҳо аз шабакаи интернет истифода бурда шудааст.
Асарҳои олимон Кашкин С.Ю., Стрежнева М., Борко Ю.А., Шемятенков В.Г., Владиславлева Т. Б., Кавешников Н.Ю., Родригес А.М. ва дигарон ба масъалаҳои ташкилёбӣ, ташаккулёбӣ сохторҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст. Китоби Кашкин С.Ю. «Основқ права Европейского союза» (М., 1997) ба масъалаи асосҳои ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст. Китоби Шемятенков В.Г. «Европейская интеграция» (М., 2003) ба масъалаи муттаҳидшавӣ ва ҳамкорӣ дар ҷабҳаҳои гуногуни мамлактаҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон бахшида шудааст. Дар китоби Борко Ю.А. «Что такое Европейский Союз» (М., 2000) масъалаҳои таъсисёбӣ, ташаккулёбӣ, сохторҳои идоракунӣ аз ҷумла, фаъолияти Парлумони Аврупо, Комиссияи Аврупо, Суди байналхалқии Аврупо ва ѓайраҳо маълумот муфассал дода шудааст. Асарҳое, ки ба таърих ва ҳаёти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст, ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудаанд. Ба гурӯҳи якум, китобҳои олимон, ки ба таърихи ташкилёбии ин созмони бонуфуз бахшида шудааст, шомил шудааст. Ба гурӯҳи дуюм асарҳои иқтисодчиён, ҳуқуқшиносон ва олимоне, ки доири фаъолияти институтҳои Иттиҳоди Аврупо маълумот додаанд, шомил шудааст.
Оиди масъалаи мазкур дар маҳфили илмии донишҷӯён «Таърихнигорони ҷавон» ва дар конфронси апрелии бахши донишҷӯёни кафедраи таърихи умумӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-солагии Ваҳдати миллӣ, 80-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров баромад намуда, соҳиби ҷойи намоён шудаас

Боби I. Аз таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо
1.1. Заминаҳои бавуҷудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо

Ѓояи муттаҳидкунии Аврупо, ки дар таърихи ин минтақа аз тарафи мутафаккирон ҳанӯз пеш баён шуда буд, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо як хусусияти баланд садо дода, ҳамовозони худро пайдо кард. Дар солҳои баъдиҷангӣ дар ин минтақа якчанд ташкилотҳо пайдо шуданд: Шӯрои Аврупо, НАТО ва Иттифоқи ѓарбиаврупоӣ.
Қадами аввалин дар ташкили Иттиҳоди Аврупо соли 1951 гузошта шуд. Ҳамон сол Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Белгия Нидерландия, Люксембург, Франсия ва Италия дар бораи таъсиси Иттиҳоди аврупоии ангишт ва пӯлод созишнома имзо карданд, ки аз моҳи июли соли 1952 ба ҳукми қонун даромад . Мақсади ин созмон муттаҳид кардани захираҳои аврупоии ангишту пӯлод ва истеҳсоли он буд.
Бо мақсади муттаҳид кардани боҳамоии иқтисодӣ ин давлатҳо соли 1957 Созмони иқтисодии Аврупо ва Созмони аврупоӣ доир ба энергияи атомиро таъсис доданд. Соли 1993 ин ташкилотҳо ба таври расмӣ ба Созмони Аврупо табдил дода шуданд. Раванди тараққиёт ва ба Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтани созмонҳои номбаршуда бо роҳи зиёд кардани шумораи аъзоёни интегратсия сурат мегирифт.
Баъди инқилоби Амрико фикри ташкили Иёлоти муттаҳидаи Аврупо пайдо шуд. Дар бораи зарурати он Уинстон Черчил 19-сентябри соли 1946 дар нутқи худ дар донишгоҳи Сюрих баён карда буд. Соли 1949 Шӯрои Аврупо ташкил дода шуд. Аммо он чун сохтори СММ фаъолияти худро бо доираи ҳалли масъалаҳои таъмини ҳуқуқи инсон дар ҳудуди мамлакатҳои аврупоӣ маҳдуд кардааст.
Созмони иқтисодии Аврупо дар ибтидо ҳамчун иттиҳоди гумрукии шаш давлат дар асоси шартномаи Рим дар соли 1957 ташкил шуда буд, ки аз 1 январи соли 1958 ба ҳукми қонун даромад. Соли 1959 аз тарафи аъзоёни Созмони иқтисодии Аврупо парлумони Аврупо-сохтори намояндагӣ, машваратӣ ва қонунгузорӣ ташкил дода шуд. Ин зинаи якуми барпошавии Иттиҳоди Аврупо буд.
Моҳи январи соли 1960 Англия ва якчанд давлатҳои дигар, ки аъзои Созмони Иттиҳоди Аврупо набуданд, созмони алтернативӣ-Ассотсиатсияи аврупоии савдои озодро ташкил доданд. Дертар Британияи Кабир иттиҳоди пурмаҳсултар будани Созмони Иттиҳоди Аврупоро дарк намуда, қарор дод, ки ба он аъзо шавад. Норвегия низ чунин қарор қабул кард. Кӯшишҳои аввалин дар солҳои 1961-1963 бенатиҷа монданд, чунки Президенти Фаронса Шарл де Голл ба Созмони Иттиҳоди Аврупо қабул кардани аъзоёни навро манъ карда буд. Натиҷаи гуфтушунидҳои солҳои 1966-1967 низ чунин буданд .
Соли 1967 ҳар се ташкилотҳои аврупоӣ ба Созмони Аврупо муттаҳид шуданд. Кӯшишои Британияи Кабир танҳо соли 1973 натиҷаи мусбӣ доданд. Соли 1972 барои дохил шудан ба Созмони Аврупо Ирландия, Дания ва Норвегия раъйпурсиҳо гузаронида шуданд. Аҳолии Ирландия ва Дания ин иқдомро ҷонибдорӣ карданд. Соли 1973 Исроил хоҳиши аъзо шуданро ба Созмони Аврупо баён намуд. Аммо дар соли 1975 вай ба ҷои аъзогӣ дар бораи ҳамкорӣ ба Созмони Аврупо шартнома баст. Юнон соли 1975 ариза пешниҳод карда, танҳо 1- январи соли 1981 аъзои Созмони Аврупо гардид.
Соли 1979 интихобот ба парлумони Аврупо доир гардид. Соли 1985 Гренландия аз ҳайати Созмони Аврупо баромад. Португалия ва Испания соли 1977 ариза дода, танҳо соли 1986 ба аъзогӣ қабул шуданд. Моҳи феврали соли 1986 дар Люксембург Акти ягонаи аврупоӣ имзо гардид .
Бо имзои Созишномаи Маастрихт дар соли 1992, ки асоси онро созишнома дар бораи ташкили Иттиҳоди Аврупо ташкил медод, марҳилаи сеюми муттаҳидшавии Аврупо оѓоз гардид.
Дар соли 1994 дар Австрия, Финляндия, Норвегия ва Шветсия райъпурсиҳо доир гардиданд. Аҳолии Норвегия бори дигар зидди дохилшавии он ба Иттиҳоди Аврупо баромаданд. Австрия, Финляндия ва Шветсия аз 1 январи соли 1995 аъзои Иттиҳоди Аврупо гардиданд. Танҳо Норвегия, Исландия, Швейтсария ва Рихтейнштейн чун аъзои Ассотсиатсияи аврупоии совдои озод боқӣ монданд. Соли 1997 аъзоёни Созмони Аврупо созишномаи Амстердамро имзо намуданд, ки мувофиқи он бояд сиёсати ягонаи дохилӣ, берунӣ ва бехатарӣ, ташкили муҳити озоди савдо ва тартиботи ҳуқуқӣ, муборизаи ҳамҷоя бар муқобили терроризм ва ҷинояткории муташаккилона амалӣ мешуданд.
9 октябри соли 2002 Комиссияи аврупоӣ барои қабули даҳ давлати нав ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар соли 2004 тавсия дод: Эстония, Латвия, Литва, Полша, Чехия, Словакия, Венгрия, Словения, Кипр ва Малта. Аҳолии ин мамлакатҳо қариб 75 млн нафарро ташкил медод. Ин васеъшавӣ яке аз лоиҳаҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо мебошад. Мақсад аз он ба Ѓарб пайваст кардани Аврупои Шарқӣ буд, ки солиёни зиёд дар зери таъсири ѓояҳои коммунистӣ меистод ва набояд, ки онҳо ба усулҳои кӯҳнаи идоракунӣ бармегаштанд .
Дар масъалаи мазкур Парлумони аврупоӣ 9 апрели соли 2003 қарор қабул намуд. 16 апрели соли 2003 байни ҳамаи 25 давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар бораи муттаҳидшавӣ созишнома имзо гардид. 1 маи соли 2004 Эстония, Латвия, Литва, Полша, Чехия, Словакия, Венгрия, Словения, Кипр ва Малта аъзои Иттиҳоди Аврупо гардиданд. 1-январи соли 2007 Булѓория ва Руминия ба аъзогии Иттиҳоди Аврупо қабул шуданд.
17-декабри соли 2005 ба Мақдуния мақоми расмии номзад ба аъзогии Иттиҳоди Аврупо дода шуд. 21 феврали ҳамон сол Иттиҳоди Аврупо бо Украина нақшаи амалиётро имзо карда буд. Ин натиҷаи он буд, ки қувваҳои нави сиёсии ба сари қудрат омадани Украина моили дохилшавӣ ба ҳайати Иттиҳоди Аврупоро доштанд .
Бояд қайд кард, ки ҳамаи мамлакатҳои Аврупо ният доранд, ки ба раванди муттаҳидшавии умумии минтақа ҳамроҳ шаванд.
Аҳолии Норвегия ду маротиба зидди дохилшавии он ба Иттиҳоди Аврупо баромаданд. Исландия аъзои Иттиҳоди Аврупо намебошад. Ҳамчунин Гренландия ва ҷазираҳои Ферер, ки дар ҳайати Дания мақоми мухторият доранд, аъзои Иттиҳоди Аврупо нестанд. Мухторияти финии ҷазираҳои Аланд, британии Гибралтар, англисии Мэн, Гериси ва Ҷерси ба ҳайати дохил нашуданд.
Аҳолии Дания танҳо баъди ваъдаҳои ҳукумат дар бобати нагузаштан бо асъори ягона-евро дар райъпурсӣ барои аъзошавии мамлакат ба Иттиҳоди Аврупо овоз доданд. Мӯҳлати оѓози гуфтушунидҳо ба Хорватия муайян шудааст. Гурҷистон дар бобати дохилшавии худ ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо якчанд маротиба изҳор карда буд. Аммо он бенатиҷа монд, чунки зиддияти ин давлат ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия бартараф наёфтааст. Чунин ҳолат низ дар Молдавия низ қарор дорад. Дурнамои дохилшавии мамлакатҳои нимҷазираи Балкан – Албания ва Босния бо сабаби тараққиёти сусти иқтисодӣ ва муҳити ноороми сиёсӣ номафҳуманд.
Дар масъалаи Сербия ҳаминро гуфтан лозим аст, ки музофоти Косовои вай дар зери ҳимояи НАТО ва СММ қарор дорад. Черногория, ки дар натиҷаи райъпурсӣ аз иттифоқ бо Сербия озод шуд, дар бораи кӯшишҳои худ барои ҳамроҳшавӣ ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт ва хеле дар ин масъала гуфтушунид идома дорад .
Арманистон, Ҷумҳурии Белорус ва Қазоқистон ягон хел кӯшиши ҳамроҳшавӣ ба раванди муттаҳидшавии Аврупоро накарданд. Озарбойҷон аз соли 1993 инҷониб дар бораи муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо кӯшиш мекунад. Русия ва Ҷумҳурии Белорус, ки давлатҳои иттифоқӣ мебошанд, наметавонанд, ки аъзои Иттиҳоди Аврупо бошанд. Аз мамлакатҳое, ки берун аз минтақаи Аврупо қарор доранд, давлатҳои африкоии Марокаш ва Кабо-Верде дар бораи хоҳиши худ бобати воридшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд.
Давлатҳои Тунис, Алҷазоир, Миср, Иордания, Ливан, Сурия, Фаластин ва Марокаш иштирокчии барномаи «шарикон-ҳамсоягон» мебошанд.
Дар шароити имрӯза барои аъзошавӣ ва Иттиҳоди Аврупо якчанд зинаҳои расмиро тай намудан лозим аст. Раванди асосӣ бастани шартнома ва тасдиқ шудани он мебошад, ки онро Комиссияи Аврупо назорат мекунад. Гуфтушунидҳои муҳимро давлатҳои аъзо ва давлатҳои номзад ба аъзогӣ мебаранд.
Аз рӯи назария ҳар як давлат метавонад аъзои Иттиҳоди Аврупо гардад. Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба Комиссияи Аврупо ва Парлумони Аврупо машварат намуда, дар бобати оѓози гуфтушунидҳо қарор қабул кунад ё рад намояд. Барои қабулшавӣ ба ин ҷиҳатҳо эътибор дода мешавад:
– давлати аврупоӣ будан;
– риоя намудани принсипҳои озодӣ, идоракунии халқӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун;
Барои аъзо шудан инҳо талаб карда мешавад:
– мутобиқ будан ба низомномаи Копенгаген, ки Шӯро соли 1993 эътироф кардааст;
– кафолати идоракунии халқӣ, волоияти қонун, ҳуқуқҳои инсон, эҳтироми аққалият;
– мавҷудияти иқтисоди бозории амалкунанда, ки қудрати ба рақобат тоб оварданро дорад;
– қобилияти қабул кардани аъзогӣ бо майли сиёсӣ, иқтисодӣ ва пулӣ бо иттиҳод;
Моҳи декабри соли 1995 Шӯрои Аврупо дар шаҳри Мадрид баъзе масъалаҳои дар боло номбаршударо аз нав дида баромад. Ба онҳо шарти нав ҳамроҳ карда шуд, ки мувофиқи он бояд қонунгузориҳои Иттиҳоди Аврупо ба қонунгузориҳои миллӣ сабт карда мешуданд .

1.2. Марҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо

Ташкилёбии Созмони иқтисодии Аврупо якчанд марҳиларо аз сар гузаронидааст.
– ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо бекор кардани андозҳои гумрукӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар савдои байни давлатҳои аъзо бо нигаҳдошти мухторияти онҳо дар сиёсати гумрукӣ ва савдоӣ нисбат ба мамлакатҳои сеюм (1957-1968);
– созмон додани иттифоқи гумрук ба ҷорӣ кардани марҳилаҳои умумии гумрукӣ ва гузаштан ба сиёсати ягонаи савдоӣ нисбат ба мамлакатҳои сеюм (1968-1987);
– ташкили бозори ягонаи дохилӣ, ки ҳаракати озоди хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи қориро таъмин менамояд (1987-1992);
– ташкили иттифоқи иқтисодӣ ва асъор, ки ҷорӣ намудани воҳиди ягонаи пулиро пешбинӣ мекунад (1992-2002);
Лоиҳаи Созмони иқтисодии Аврупо дар худ элементҳои федералӣ (гумрукӣ, иқтисодӣ ва асъор) ва конфедералӣ (муҳити озоди савдо, бозори ягонаи дохилӣ)- ро таҷассум мекард. Зинаи баланди муттаҳидкунии Аврупо кӯшиши ташкили Созмони мудофиавии Аврупо ва Созмони сиёсии Аврупо буд. Созмони мудофиавии Аврупо соли 1952 аз тарафи Франсия, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Италия, Белгия, Люксембург ва Нидерландия ташкил карда шуд. Мувофиқи ин созишнома дар доираи Созмони мудофиавии Аврупо бояд қувваҳои ҳарбии шаш давлат дар зери фармондиҳии ягона муттаҳид карда мешуданд. Аммо дар соли 1954 маҷлиси миллии Франсия аз сабаби мавҷуд будани зиддиятҳо Шартнома дар бораи Созмони Мудофиавии Аврупоро рад кард . Баъди ин нақша Созмони сиёсии Аврупо низ барбод рафт ва дар солҳои минбаъда (нақшаҳои Фуше) (1961-1962) ва Тинрдемонс (1975)) низ амалӣ нашуданд.
Ба муқобилияти душманони муттаҳидшавӣ нигоҳ накарда ѓояи федерализм минбаъд низ равнақ ёфт. Комёбиҳои интегратсия дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳамчунин таѓйиротҳои глобалӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ шаклҳои нави ба ҳам наздик омадани давлатҳоро талаб мекард. Ин ҳолат дар Акти ягонаи Аврупоӣ (с.1987) инъикос ёфт . Акти мазкур ташкили Иттиҳоди Аврупоро эълон намуд, ки ҳамкориро дар ҳамаи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тадқиқотҳо ва инкишофи технологӣ, ҳифзи муҳити зист, сиёсати хориҷӣ дарбар мегирифт.
Созишномаи Амстердам (с.1997) мақсадҳои асосии иттиҳодро тасдиқ намуд ва дар масъалаи сиёсати умумии хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ боби махсусро дохил кард. Ба шартнома ҳамчунин дар бобати риояи принсипҳои демократия, ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, пурқувват кардани мубориза бо терроризм, наҷодпарастӣ, ҷинояткорӣ низ шартҳо илова гардиданд.
Шартномаи Нисса (с.2000) давоми минтақаи созишномаҳои Рим, Маастрихт ва Амстердам буд, ки ба се принсипи асосӣ такя мекард:
-ислоҳотҳои дохилии Иттиҳоди Аврупо (таѓйиротҳо дар принсипҳои асосии қабули қарорҳо бо аксарияти овозҳо ва маҳдудкунии ҳуқуқи истифодаи вето ба 35 соҳаҳои қонунгузорӣ);
– қабули мамлакатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ба Иттиҳоди Аврупо бо додани ҷойҳо ва овозҳо дар сохторҳои созмон;
– коркарди сиёсати умумии берунӣ ва мурофиавии Иттиҳоди Аврупо;
Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо аз рӯи шартномаи Нисса ба чунин роҳҳои сиёсати он паҳн мешавад: савдо, кишоварзӣ, мигратсионӣ, нақлиёт, рақобат, андоз, иқтисодӣ, асъор, гумрукӣ, саноат, иҷтимоиёт, сиёсати маданӣ, шуѓли аҳолӣ ва тандурустӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, инкишофи шабакаҳои нақлиёт ва энергетикӣ, тадқиқот ва инкишофи технологӣ, ҳамкории молиявӣ ва техникӣ бо мамлакатҳои дигар.
Ҳангоми таҳлили сиёсати Иттиҳоди Аврупо се равия мушоҳида мегардад:
– Иттифоқи иқтисодӣ ва асъорӣ;
Сиёсати умумии берунӣ ва сиёсати бехатарии Иттиҳоди Аврупо, ки дар он сиёсати аврупоии бехатарӣ ва мудофиа мавқеи асосиро дорад;
– Ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳуқуқӣ
Бо ташкили Иттифоқи иқтисодӣ ва асъорӣ сиёсати иқтисодии давлатҳои аъзо бо роҳи олотҳои савдоӣ ва сиёсати структурӣ (лоиҳаҳои умумиаврупоии ҳамлу нақл, экология, ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва тадқиқотҳо) амалӣ мешуд. Дар солҳои 90-ум маҷмӯи воситаҳои дигар ба кор андохта шуданд. Ташаккули ин иттиҳод ба ҷорӣ кардани асъори ягона-евро, ки асъори миллии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоро иваз кард, анҷом ёфт.
Сиёсати умумии берунӣ ва сиёсати бехатарӣ ба ҳамкории байнидавлатӣ тааллуқ дорад ва бо маҷмӯи ҳуқуқҳои созмон ба танзим дароварда намешавад. Аввалин ҳадафҳои сиёсати беруна дар шартномаи Рим нишон дода шудаанд. Онҳо хусусияти декларативӣ дошта, ба ду ҷиҳат такя мекард: изҳороти ҳамдилӣ бо собиқ мамлакатҳои мустамликавӣ ва хоҳиши таъмини равнақи онҳо дар асоси принсипҳои Низомномаи СММ; даъвати дигар халқҳои аврупоӣ барои муттаҳидшавии Аврупо.
Дар солҳои 70-ум мавзӯи тараққиёти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ аз нав аҳамияти муҳим пайдо кард. Дар анҷумани вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзо 27-октябри соли 1970 маҷмӯи ҳамкории сиёсии Аврупо таъсис дода шуд. Вай дар худ механизми байнидавлатии мубодилаи байниҳамдигарии ахборот ва машварати сиёсиро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ таҷассум мекард. Мақсади асосии сиёсати мазкур инҳо буданд:
– муҳофизати арзишҳои умумӣ, манфиатҳои асосӣ, мустақилият ва ягонагии Иттиҳоди Аврупо мутобиқи принсипҳои Низомномаи СММ;
– ҳаматарафа мустаҳкам кардани бехатарии Иттиҳоди Аврупо;
– нигаҳдошти сулҳ ва мустаҳкам намудани бехатарии байналхалқӣ дар асоси принсипҳои Низомномаи СММ, Акти Хелсинки ва хартияи Париж;
-ривоҷ додани ҳамкориҳои байналмиллалӣ;
-инкишофи демократия ва қонуният, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон;
Созишномаи Амстердам механизмҳои амаликунии сиёсати умуми берунӣ ва сиёсати бехатариро васеъ ва мушаххас намуд, ки чунин роҳҳоро дарбар мегирад:
– муайянкунии принсипҳои асосии сиёсати берунӣ;
– қабули қарорҳо аз рӯи дурнамои умумӣ;
-мустаҳкам кардани ҳамкории байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар амаликунонии сиёсати онҳо.
Барои таъмини амалигардонии сиёсати мазкур мансаби Котиби Генералии Шӯрои Аврупо-намояндаи олии сиёсати беруна ва сиёсати бехатарӣ таъсис дода шуд. Вазифаи асосии вай бурдани гуфтушунидҳо бо давлатҳои дигар мебошад.
Ибтидои ҳамкорӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳуқуқӣ соли 1975 бо ташкили гурӯҳи байниҳукуматӣ дар ҳайати вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо оѓоз ёфт. Вазифаҳои асосии он мубориза бо терроризм, назорати сарҳадӣ, ба танзим даровардани ҷараёни иммигратсионӣ, пешгирии ҳамлу нақл ва савдои маводи мухаддир мебошад. Аз миёнаи солҳои 80-ум давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи сиёсати дохилӣ ҳамкориро вусъат доданд. Соли 1985 созишномаи Шенген байни Франсия, Олмон, Белгия, Люксембург ва Нидерландия имзо шуд, мувофиқи он давра ба давра назорат дар сарҳади дохилии Иттиҳоди Аврупо бекор мегардид. Соли 1986 гурӯҳи махсуси корӣ доир ба муҳоҷират таъсис дода шуд.
Ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва корҳои дохилӣ дар асоси ҳамкории байниҳукуматии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бо чунин роҳҳо амалӣ мегардад:
– сиёсати пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ;
– назорат аз болои сарҳадҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо;
– сиёсати муҳоҷиратӣ;
– ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ;
-ҳамкории хадамоти миллии политсайҳо ва ташкили хадамоти политсоии Аврупо.
Дурнамои амалигардонии ҳамкориҳо дар соҳаи дохилӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои Созишномаи Амстердам ва саммитҳои Вена (с.1998), Тампер (1999) ва Брюселл (с.2001) мустаҳкам карда шуданд. Мувофиқи он дар масъалаи мубориза бо ҷинояткориҳои муташаккилона, савдои одамон, ҷиноятҳо бар зидди бачагон, савдои ѓайриқонунии яроқ ва маводи мухаддир, коррупсия ва терроризми байналхалқӣ ӯҳдадориҳо қабул карда шуданд. Бо ин мақсад дар соли 2004 ташкили хадамоти адлияи Аврупо дар ҳайати прокурорҳои давлатҳои миллӣ, судяҳои олирутба ва афсарони политсия пешбинӣ шуда буд

Боби II. Сохтори идоракунӣ ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо
2.1. Сохтори идоракунии сиёсӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо

Барои амалигардонии сиёсати худ Иттиҳоди Аврупо сохторҳои худро дорад, ки бо ду роҳ ташкил ёфтаанд: сохторҳое, ки аз шахсони ба сифати намояндагони расмии давлатҳои аъзо амалкунанда таркиб ёфтаанд; сохторҳое, ки ҳайати онҳоро ҳукуматҳои миллӣ пешбарӣ мекунанд ва ҳамаи аъзоён аз номи Иттиҳоди Аврупо амал менамоянд.
Органҳои асосии идоракунии Иттиҳоди Аврупо Шӯрои Аврупоӣ, Шӯрои Иттиҳоди Аврупоӣ, Парлумони аврупоӣ ва Суд мебошанд. Шӯрои аврупоӣ соли 1974 ташкил ёфтааст. Соли 1986 мақоми он ба таври расмӣ дар Акти ягонаи аврупоӣ мустаҳкам карда шуда. Ба ҳайати он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди аврупо ва ҳамчунин раиси Комиссияи аврупоӣ ва масъалаҳои муҳими сиёсии Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин вазъи иқтисодӣ ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналхалқӣ муҳокима шуда, роҳҳои фаъолияти Иттиҳоди Аврупо муайян мегарданд, барномаҳо ва қарорҳои хусусияти стратегӣ дошта қабул мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ доир ба масъалаи муайян маҷлиси ѓайринавбатӣ даъват мегардад. Маҷлис дар зери роҳбарии сардори давлат ё ҳукумати давлатӣ дар Шӯро раисикунанда мегузарад. Натиҷаҳои он мутобиқи хулосаҳои сиёсии тарафи раисикунанда ба ҳама расонида мешавад. Расман ин ҳуҷҷати сиёсӣ мебошад.
Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (Шӯрои вазирон)
Дастгоҳи олии сиёсии Иттиҳоди Аврупо Шӯрои Аврупоӣ мебошад, ки аз роҳбарони давлатҳо ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзо ва муовинони онҳо вазирони корҳои хориҷӣ иборат аст. Раисони Шӯрои аврупо Комиссияи Аврупо низ аъзои Шӯро мебошанд.
Шӯрои Аврупоӣ равандҳои асосии дурнамои тараққиёти иттифоқи Аврупоро муайян мекунад. Коркарди хаттии умумии иттиҳоди сиёсӣ вазифаи аввадлиндараҷаи Шӯрои Аврупоӣ мебошад. Дар баробари Шӯрои вазирон вай ҳамчунин вазифаи сиёсии таѓйир додани шартномаҳои иттиҳоди аврупоиро иҷро мекунад. Маҷлисҳои он на кам аз ду маротиба дар як сол дар шаҳри Брюссел ё дар мамлакати раисикунанда, ки дар ин вақт Шӯрои Иттифоқи Аврупо роҳбарӣ мекунад, гузаронида мешавад. Маҷлисҳо ду рӯз давом карда қарорҳои онҳо барои ҳамаи давлатҳои аъзо ҳатмист.
Аз вақти ба имзо расидани шартномаи Лиссабон аз моҳи декабри соли 2009 Шӯрои Аврупоӣ ба таври расмӣ ба сохтори Иттиҳоди Аврупо дохил гардид. Мувофиқи ин шартнома вазифаи нави раиси Шӯрои аврупоиро таъсис дода шуд, ки дар ҳамаи маҷлисҳои роҳбарони давлатҳо аъзои Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад.
Шӯро чунин вазифаҳо дорад: доир ба масъалаҳои муайян қарор қабул мекунад; сиёсати умумии иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоро таъмин менамояд; якҷоя бо парлумон ба амалишавии буҷет роҳбарӣ мекунад; шартномаҳои байналмиллалӣ мебандад.
Ҳайати он аз намояндагони доимии миллӣ, ки комитети намояндагони доимии давлатҳоро ташкил медиҳанд, таркиб ёфтааст. Онҳо вазирони ҳукуматҳои миллӣ мебошанд. Комитет масъалаҳоро пешакӣ муҳокима мекунад. Қарори Шӯроро котиботи генералӣ, ки дар Брюссел кор мекунад, мебарорад ва иҷроиши онро назорат мекунад.
Комиссияи аврупоӣ
Комиссияи аврупоӣ – дастгоҳи олии иҷроияи Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вай 27 аъзо дорад, ки ҳар яке намояндаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошанд . Ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ онҳо мустақил буда, танҳо ба манфиати Иттифоқи Аврупо кор мекунад ва ҳуқуқи ишѓоли ягон намуди фаъолияти дигарро доранд. Давлатҳои аъзо наметавонанд ба аъзоёни Комиссияи аврупоӣ таъсир расонанад.
Комиссияи аврупоӣ дар ҳар панҷ сол созмон дода мешавад. Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи роҳбари давлат ё хусусият номзади раиси комиссияи мазкурро пешниҳод мекунад, ки онро парлумони Аврупо тасдиқ менамояд. Шӯрои Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо номзад ба раиси комиссия ҳайати комиссияи аврупоро ташкил медиҳад, ки дар ин вақт хоҳиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ба инобат гирифта мешавад. Ҳайати комиссияро парлумони Аврупо ва баъзан Шӯрои Иттиҳоди Аврупо тасдиқ мекунад. Ҳар як аъзои комиссия равиши муайяни сиёсати Иттиҳоди Аврупоро назорат мекунад ва ба он ҷавобгар аст. Комиссия дар таъмини фаъолияти ҳамарӯзаи Иттиҳоди Аврупо нақши асосиро мебозад, ки мақсади он иҷроиши шартномаҳои асосии иттифоқ мебошад. Вай ҳамчун ташаббускори қонунгузорӣ баромад карда иҷроиши онҳоро назорат мекунад. Дар ҳолати қонуншиканӣ комиссия ҳуқуқ дорад, чораҳо андешида ба Суди аврупоӣ муроҷиат кунад.
Комиссия ҳуқуқи ташаббуси қонунбарориро дорад: вай таклифоти қонунбарориро кор карда баромада, ба Шӯро пешниҳод менамояд; раванди минбаъдаи қонунгузорӣ ва иҷроиши қарору қонунҳои аз тарафи Шӯро қабулшударо назорат мекунад; дар ҳолати қонуншиканӣ корро ба Суд медиҳад. Комиссия ҳуқуқ дорад, дар соҳаҳои кишоварзӣ, савдо, рақобат, нақлиёт, амали бозори ягонаи дохилӣ, ҳифзи муҳити зист мустақилона қарор барорад, фондҳо ва бужети Иттиҳоди Аврупоро иҷро кунад. Илова бар ин Комиссияи аврупоӣ ба воситаи намояндагон вазифаҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупоро иҷро мекунад.
Номзадҳо ба аъзогии комиссияро Парлумони аврупоӣ тасдиқ мекунад. Комиссия аз 27 директорати генералӣ иборат аст, ки ҳар яке равиши фаъолияти худро дар Иттиҳоди Аврупо дорад. Масалан директорати генералии XVI-ум бо масъалаҳои ривоҷи ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Африка, Баҳри Кариб, минтақаи уқёнуси Ором машѓуланд. Комиссия дар ҳайати худ 15 ҳазор хизматчиёни штатӣ дорад ва муассисаи калонтарини Иттиҳоди Аврупо мебошад .
Комиссияи аврупоӣ дар соҳаҳои гуногуни сиёсати аграрӣ, савдо, нақлиёт ва ѓайраҳо ҳуқуқҳои мухтор дорад. Вай ҳамчунин дастгоҳи иҷроия дорад, ки буҷет ва фондҳо ва барномаҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупоро идора мекунад. Забони асосии Комиссия англисӣ, франсавӣ ва олмонӣ буда, ситоди он дар Брюссел қарор дорад.
Парлумони аврупоӣ
Органи машваратӣ-қонунбарори Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вазифаҳои машварат ва назоратро иҷро мекунад, буҷетро тасдиқ менамояд, созишномаҳои байнидавлатӣ мебандад, бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва буҷет иловаҳо ва таѓйирот медарорад, онҳоро тасдиқ мекунад. Парлумон метавонад нисбати комиссияи аврупоӣ санксия бароварда, онро пароканда кунад. Масалан соли 1999 нисбати баъзе аъзоёни комиссия, ки аз вазифа сӯиистеъмол карда буданд, қарорҳои дахлдорро қабул карда, ҳайати нави комиссияро тасдиқ намуд .
Ба Парлумони аврупоӣ нақши таъини раис ва аъзоёни комиссияи аврупоӣ дода шудааст. Вай бо воситаи дар баромадани барномаҳо ва ҳисоботҳои давлатӣ дар Шӯро раисикунанда фаъолияти Шӯрои иттиҳоди Аврупоро назорат кунад.
Шартномаи Рим ба Парлумони аврупоӣ нақши машваратчигиро додаст. Равандҳои имрӯзаи қонунбарорӣ дар Иттиҳоди Аврупо иштироки парлумонро дар раванди қонунбарорӣ пешбинӣ мекунад. Се намуди фаъолияти Парлумони аврупоӣ вуҷуд дорад: машварат, қабули ҳамҷояи қарорҳо ва изҳори розигӣ.
Қабули буҷет, ки ду маротиба дар парлумон баррасӣ мешавад, имконият медиҳад, ки таѓйиротҳои аз ҷониби Шӯро коркардашуда ба он ворид гарданд. Дар баъзе ҳолатҳо парлумон метавонад буҷетро рад кунад ва хулосаи худро нисбати фаъолияти Комиссия, ки бо иҷроиши буҷет вобастаанд, баён намояд .
Парлумон 626 нафар намоянда дорад, ки дар гурӯҳҳои сиёсӣ муттаҳид гаштаанд. Ҷаласаҳои пленарӣ дар Страсбург, комиссияҳо дар Брюссел мегузаранд. Котиботи генералӣ дар Люксембург қарор дорад. Фаъолияти парлумон таҳти роҳбарии Бюро, ки аз раис ва 14 ноибони он иборат аст, амалӣ мешавад. Масъалаҳои ҷаласаҳоро Конференсияи раисон муайян мекунад. Намояндагон ба 20 комиссияҳо тақсим шудаанд, ки ҳар яке равиши фаъолияти худро дорад. Намояндагони байнипарлумонӣ бо парлумонҳои миллӣ алоқаи зич доранд.
Соли 1989 мутобиқи Акти ягонаи аврупоӣ Суди дараҷаи аввал ҳамчун мақомоти ёрирасон ба Суди Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шуд. Ба зиммаи вай баррасии даъвоҳои ба муқобили сохторҳои Иттиҳоди Аврупо вогузор карда шуд. Ин даъвоҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳо, ки ба масъалаҳои рақобат, баҳсҳои меҳнатӣ марбут буданд. Пешниҳод мешаванд. Мазмуни қарорҳои ин сохторро Суди Иттиҳоди Аврупо дида мебарояд .
Палатаи аудиторҳо
Соли 1975 барои тафтиши буҷети Иттиҳоди Аврупо ва муассисаҳои он ташкил дода шудааст. Ҳисоботҳоро дар бораи даромад ва хароҷоти Иттиҳоди Аврупо ва ҳамаи органҳои онро тафтиш мекунад. Аз рафти идоракунии молиявӣ назорат мебарад, баъди анҷоми ҳар соли молиявӣ дар бораи кори худ маърӯза тартиб медиҳад. Ба Пралумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулоса худро доир ба масъалаҳои алоҳида пешниҳод мекунад, ба Парлумон дар назорати иҷроиши буҷетии Иттиҳоди Аврупо ёрӣ мерасонад.
Палата аз намояндагони давлатҳои аъзо иборат буда, мувофиқи қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба мӯҳлати шаш сол таъин мешаванд ва дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ мустақил мебошанд. Палатаи аудиторҳо дар Люксембург амал мекунад.
Комитети иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
Комитети иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-органи машваратии Иттиҳоди Аврупо буда, дар асоси шартномаи Рим таъсис дода шудааст. Машваратчигии Шӯро ва Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ – иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Якчанд соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳҳои иҷтимоӣ- кордиҳанда ва хизматчиёну коргарони саноат, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиро намояндагӣ мекунад.
Комитет 222 аъзо дошта, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо мӯҳлати 4 сол таъин мекунад. Ҳар моҳ як маротиба дар Брюссел маҷлис мегузаронад.
Комитети минтақаҳо-органи машваратӣ буда, намояндагони маъмуриятҳои минтақавӣ ва маҳаллиро дар кори Иттиҳоди Аврупо таъмин мекунад. Соли 1994 дар асоси шартномаи Маастрихт таъсис дода шудааст. Номзадҳо ба аъзогии комитетро Шӯрои Иттиҳоди Аврупо тасдиқ мекунад. Аз ҳисоби аъзоён раиси комитет ва дигар шахсони мутасаддӣ интихоб мешаванд. Дар Брюссел дар як сол 5 маротиба маҷлис мегузаронад. Ба сохтори ташкилии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин Бонки марказии Аврупо, Бонки инвеститсионии Аврупо шомил мебошанд.
Суди Иттиҳоди Аврупо
Суди Иттиҳоди Аврупо дастгоҳи оли судии он ба ҳисоб меравад. Вай зиддият ва гуногунфикрии байни давлатҳои аъзо, давлатҳои аъзо ва худи Иттиҳоди Аврупо, сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, байни Иттиҳоди Аврупо ва шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқиро ба танзим медарорад. Бо ин мақсад трибунали хизмати шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Суди Идтиҳоди Аврупо ба шартномаҳои байналмилалӣ хулоса медиҳад ва аз рӯи талаботҳои судҳои миллӣ қарор мебарорад. Иҷроиши қарори суд дар марзи Иттиҳоди Аврупо ҳатмӣ мебошад. Дар асоси қарори шартномаи Маастрихт ба суди Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ дода шудааст, ки ба давлатҳое, ки аз иҷроиши қарорҳо саркашӣ мекунанд, ҷарима андозад. Суд 27 аъзо мутаносибан аз ҳар як давлати Иттиҳоди Аврупо ва ҳашт адвокат дорад. Онҳо ба мӯҳлати шаш сол таъин мешаванд ва имконияти дароз кардани ваколати худро доранд. Дар ҳар се сол нисфи аъзоёни суд нав карда мешавад.
Ҳуқуқ
Хусусиятҳои Иттиҳоди Аврупо ки онро аз дигар созмонҳои байналмилалӣ фарқ мекунанд, вуҷуд доштани ҳуқуқҳои шахсии он мебошад. Ин ҳуқуқҳо муносибати байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва шахсони ҳуқуқии шаҳрвандонро ба танзим медарорад.
Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо аз се қисм иборат аст; 1. шартномаҳои таъсисдиҳандаи Иттиҳоди Аврупо, шартномаҳои таѓйирот дохилкунанда, шартномаҳо дар бораи қабули аъзоёни нав ба Иттиҳоди Аврупо. 2. актҳое, ки органҳои Иттиҳоди Аврупо мебароранд, 3. қарорҳои Суди Иттиҳоди Аврупо ва дигар органҳои суди иттифоқ .
Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо дар тамоми қаламрави аъзои он амал мекунанд ва нисбат ба он қонунгузориҳои миллӣ боло меистанд. Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо ба ҳуқуқҳои созандагӣ (ташкили дастгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо) ва моддӣ, низомӣ, равандҳои амаликунии мақсадҳои Иттиҳоди Аврупо. Ҳуқуқҳои моддӣ ва ба соҳаҳои алоҳида тақсим мешавад: ҳуқуқи гумрукии Иттиҳоди Аврупо, ҳуқуқи экологӣ, андоз ва ѓайра.
Бартарияти асосии ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо ин ҳаракати озоди шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо дар тамоми марзи он ҳаракати озоди сармоя молҳо, хизматрасониҳо мебошад.
Забон
Дар марзи Иттиҳоди Аврупо 23 забонҳои аврупоӣ баробарҳуқуқ мебошад: англисӣ, булѓорӣ, венгерӣ, юнонӣ, даниягӣ, ирландӣ, испанӣ, итолиёвӣ, лаҳистонӣ, литовӣ, малтиягӣ, олмонӣ, нидерландӣ, полякӣ, португалӣ, руминӣ, словакӣ, словенӣ, финнӣ, фаронсавӣ, чехӣ, шведӣ ва эстонӣ. Дар сатҳи корӣ забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва англисӣ истифода мешаванд.
Молия ва ҳуқуқ
Олоти муҳимтарини молиявии Иттиҳоди Аврупо ҳуҷҷати он мебошад. Дар мадди аввал он аз ҳисоби ҳаққи аъзогии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ташкил ёфта буд. Минбаъд бо қарори Созмони иқтисодии Аврупо аз 21 апрели соли 1970 зоҳирҳои молиявии Иттиҳоди Аврупо бавуҷуд оварда шуданд, ки ду манбаъ доштанд: 1) андозҳои гумрукӣ ба молҳои воридотӣ ва 0,75 фоиз аз ҷониби андози ба арзиш замшуда; 2) пардохти давлатҳои аъзо, ки мувофиқи даромади миллии онҳо муқаррар карда шудааст. Дар солҳои 2000-2006 ин рақам 1,27 фоизро ташкил медод, ки мақсад аз он қатъиян риоя намудани тартиботи буҷетӣ буд .
Нисфи зиёди манбаъҳои буҷетӣ барои соҳаи кишоварзӣ масраф мегардад. Дар солҳои охир ин маҳдуд гардида, хароҷотҳои Иттиҳоди Аврупо ба сиёсати иҷтимоӣ ва минтақавӣ зиёдтар шуданд. Ба воситаи буҷети умумӣ дигар соҳаҳои сиёсати дохилӣ ва берунӣ маблаѓгузорӣ мешавад. Аз ин ҳисоб ба мамлакатҳои мӯҳтоҷ ёрии инсондӯстона расонида мешавад. Илова бар ин аз соли 2000 сар карда барои мамлакатҳое, ки ба Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шудан мехоҳанд, тақрибан 3 млрд. евро харҷ мегардад, ки 40 фоиз хароҷоти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад . Фоизҳои асосии Иттиҳоди Аврупо инҳо мебошанд:
– фонди кафолатҳо дар соҳаи кишоварзӣ, ки ба амаликунии сиёсат дар ин ҷода ваколатдор аст;
– фонди тараққиёти минтақавӣ, ки барномаи ёрӣ ба минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмондаро амалӣ мекунад;
-фонди иҷтимоӣ, ки азнавкасбомӯзии коргарон ва дараҷаи баланди бекориро дар минтақаҳо ба танзим медарорад;
-фонди мадад ба мамлакатҳои даромадашон ба ҳар сари аҳолӣ кам буда, ки мутобиқи созишномаи Маастрихт тартиб дода шудааст;
-фонди молиявии мадад ба моҳидорӣ, ки ҳамаи корхонаҳои бо моҳидорӣ алоқамандро, ки дар ноҳияҳои наздики соҳилии Иттиҳоди Аврупо ҷойгиранд маблаѓгузорӣ мекунад;
Дар доираи Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин соли 1958 Бонки авруапоии маблаѓгузорӣ таъсис ёфтааст, ки лоиҳаҳои гуногуни дарозмуддатро маблаѓгузорӣ менамояд.
Олоти ҳуқуқии амалигардонии сиёсати Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқи созмон-маҷмӯи ҳуҷҷатҳои амаликунанда ва принсипҳои умумии ҳуқуқ ва анъанаҳои байни сохторҳои созмон ва дастгоҳҳои ҳукуматии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Мавқеи асосиро дар ин масъала шартномаҳои имзошудаи Париж, Рим, Акти Ягонаи аврупоӣ, Маастрихт, Амстердам ва Нитса, ки дар онҳо мақсадҳои Иттиҳоди Аврупо, тартиби ташкил ва фаъолияти сохторҳои он, ваколатҳои созмон нишон дода шудаанд. Бо ин якчанд ҳуҷҷатҳои дигар аз қабили Шартнома дар бораи таъсиси Шӯрои ягона ва комиссияи ягона (с.1965), Акт дар бораи интихобот ба Парлумони Аврупо (с.1976), Созишнома дар бораи муҳити ягонаи иқтисодӣ (с.1994), шартномаҳо оид ба аъзошавӣ ба Иттиҳоди Аврупо шомил мебошанд .
Қонунгузории дуюм дараҷаи Иттиҳоди Аврупо актҳое мебошанд, ки сохторҳои созмон дар доираи ваколати худ қабул кардаанд. Шартнома дар бораи Иттиҳоди Аврупо панҷ намуди ҳуҷҷатҳоро нишон додааст:
-регламент-ҳуҷҷатҳое, ки характери умумӣ доранд ва ба ҳамаи сохторҳо таъсир мерасонад. Ба маънои дигар дар тамоми марзи Иттиҳоди Аврупо амал мекунад ва иҷроиши он ҳатмӣ мебошад. Вай ба иштирок ва розигии ҳукуматҳои миллӣ ба амал татбиқ карда мешавад ва масъалаҳои умумии ба ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо аҳамиятнокро ба танзим медарорад;
– директива- дар фарқият аз регламент хусусияти умумӣ надорад. Вай мақсад ва натиҷаҳои равиши қонунгузориро муайян мекунад. Роҳу усулҳои мушаххаси иҷроиши вазифаҳоро сохторҳои ҳукуматҳои миллӣ бо назардошти худ муайян мекунад. Директива аз он вақт ба ҳукми қонун медарояд, ки низоми он ба қонунгузории миллӣ дохил карда мешавад ва барои ин ба давлатҳои аъзо мӯҳлат медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо директива рӯирост, то он вақт ки ба қонунгузории миллӣ дохил карда мешавад, аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ барои ҳимояи манфиатҳои худ амалӣ мегарданд.
– қарорҳо, ки ба ҷо овардани амалиёти мушаххасро ба таври ҳатмӣ ба сохторҳои равонашуда пешбинӣ мекунад. Ин қарорҳо барои танзими масъалаҳои муайяни пайдошуда истифода мешаванд.
– тавсияҳо ва хулосаҳо, ки хусусияти ҳатмӣ надоранд. Онҳо ҳуҷҷатҳои тавсиявӣ мебошанд, ки мавқеи сохторҳои созмонро аз рӯи ин ё он масъалаи муайян менамоянд.
Созишномаҳои байналмиллалии Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ қисми таркибии ҳуқуқи он буда, барои ҳамаи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзо ҳатмӣ мебошад. Ин созишномаҳо дар як вақт бо шартномаҳои асосӣ ва дуюмдараҷаи қонунгузорӣ нисбат ба қонунҳои миллӣ бартарият доранд ва актҳое ба ҳисоб мераванд, ки таъсири руирост дошта, ба таври ҳатмӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин ҳолат созишномаҳое, ки байни Иттиҳоди Аврупо ва мамолики дигари беруна аз он басташуда, ки он дар доираи ваколатҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад аз созишномаҳои бо номи «омехта» байни созмон ва давлатҳои аъзо аз як тараф ва бо мамлакатҳои беруна аз дигар тараф имзо мегарданд, фарқ карда мешавнд. Барои ба ҳукми қонун даромадани созишномаҳои аввал тасдиқи он аз ҷониби сохторҳои Иттиҳоди Аврупо кифоя аст. Барои созишномаҳои дуюми «омехта» бошад тасдиқи ҳам сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам давлатҳои аъзо мутобиқи қонунгузории онҳо ҳатмӣ мебошад .
Иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо
Иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо дар худ бозори ягонаро таҷассум карда, дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун ташкилоти мустақил баромад мекунад. Дар ҳуҷҷат дар бораи ривоҷи иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳатҳои андозбандӣ барои дастгирии мӯътадил ва наздикшавии иқтисодӣ нишон дода шудааст. Евро асъори паҳншуда Иттиҳоди Аврупо буда, дар қаламрави 16 давлат гардиш мекунад. Дигар мамлакатҳо ѓайр аз Британияи Кабир ва Дания ӯҳдадор шудаанд, ки баъди иҷроиши талабномаҳои барои гузориш зарур бо евро муомилот мекунанад.
Ташкилоти омории Аврупо, ки дар Люксембург қарор дорад, бюрои омории иҷтимоии созмонҳои аврупоӣ мебошанд ва ҳар сол дар бораи даромади Иттиҳоди Аврупо маълумот медиҳанд.
Сиёсати молиявӣ-буҷетии Иттиҳоди Аврупоро ҳуҷҷат дар бораи ривоҷи иқтисодиёт назорат мекунад. Вай дар ҳамаи давлатҳои аъзо истифода мешавад. Ҳиссаи Иттиҳоди Аврупо дар бозори ҷаҳонӣ панҷяки муомлоти пулиро ташкил медиҳад. Иттиҳоди Аврупо захираи калони ангишт, тиллои сиёҳ ва гази табииро дорад. Дар байни мамлактаҳои Иттиҳоди Аврупо 6 давлат-Британияи Кабир, Дания, Олмон, Италия, Руминия ва Нидерландия истеҳсолкунандагони тиллои сиёҳ (нефт) мебошанд. Аз рӯи ин нишондод Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати истеҳсолоти нефт дар ҷаҳон ҷои ҳафтумро ишѓол мекунад.
Воридот ва содироти мол дар Иттиҳоди Аврупо хуб ба роҳ монда шудааст. Вай аз ҷиҳати содирот дар ҷои понздаҳум ва воридот дар ҷои дуюм меистад . Дар савдои дохилӣ набудани монеаҳо аз қабили назорати сарҳадӣ ва мавҷудияти пули ягона-евро ба ривоҷи он мусоидат мекунад. Иттиҳоди Аврупо дар Ташкилоти савдоии ҷаҳонӣ манфиати ҳамаи давлатҳои аъзои худро ҳимоя мекунад ва дар ҳалли баъзе масъалаҳои баҳснок аз номи онҳо баромад мекунад.
Дар иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо сохтори хизматрасонӣ яке аз ҷойҳои намояёнро ишѓол мекунад. Кишоварзӣ бо маблаѓгузории умумӣ дар доираи Сиёсати ягонаи кишоварзӣ дастгирӣ карда мешавад. Иттиҳоди Аврупо яке аз марказҳои бузурги сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан сайёҳии дохилӣ ривоҷ ёфтааст. Ҳамаи шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо имкон доранд, ки аз рӯи созишномаи Шенген ба гирифтани иҷозатнома ба давлати дилхоҳи аъзои Иттиҳоди Аврупо сафар кунанд .
Мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ватани ширкатҳои калонтарини дунё дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ, истеҳсоли аэробусҳо, техникаҳои хизмати маишӣ ва ѓайраҳо мебошанд.
2.2. Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011

Сиёсати дохилӣ
Рукни муҳими механизми баҳамназдикшавии давлатҳои Аврупо пеш бурдани сиёсати ягонаи соҳавӣ ва минтақавӣ мебошад. Муваффақиятҳои калон дар сиёсати ҳамҷояи аграрӣ ба даст оварда шуданд, ки чунин мақсадҳо дорад: бо маҳсулоти озуқавории дохилӣ таъмин намудани аҳолӣ, ҳифзи бозори дохилии озуқаворӣ, бозори тақсимоти меҳнат. Дар натиҷаи ин сиёсат ҳамаи давлатҳои Иттиҳоди Аврупо имконият пайдо карданд, ки маҳсулоти худро бо андозаи нархи миёнаи ҷаҳонӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ба дараҷаи 30% зиёд аз он ба фурӯш бароранд. Сиёсати ягона харидории мӯътадили маҳсулоти фермерҳо, дастгирии хоҷагиҳои хурд ва истеҳсоли изофаи аз талабот болоро таъмин мекунад. Қисми зиёди маҳсулоти воридшаванда ба андозҳо дучор гардида, баръакс содирот ба бозори ҷаҳонӣ маблаѓгузорӣ карда мешавад. Тартиби ин маблаѓгузориро Комиссияи Иттиҳоди Аврупо муайян мекунад.
Аз ибтидои солҳои 80-ум сиёсати фаъоли минтақавӣ бурда мешаванд, ки чунин хусусиятҳо дорад:
1. Ҷудо кардани маблаѓҳо аз буҷети Иттиҳоди Аврупо
2. Дасткашӣ аз системаи ҷубронпулии марказӣ ва истифодаи оқилонаи бонкии ҷудошуда;
3. Маблаѓгузории бонкии тиҷоратӣ;
Мадад ба тараққиёти минтақавӣ дар дохили Иттиҳоди Аврупо аз рӯи чунин равияҳои асосӣ ба роҳ монда мешавад:
1. минтақаҳое, ки даромадашон камтар аз 75% даромади миёнаи Иттиҳоди Аврупо мебошанд;
2. минтақаҳое, ки бӯҳронро аз сар гузаронида, бекорӣ вуҷуд дорад;
3. минтақаҳое, ки бекории бемайлон доранд;
4. минтақаҳое, ки бекории технологӣ доранд;
5. ноҳияҳои деҳот, ки аз нарасидани маблаѓҳо, бекорӣ, даромади паст ва кӯчиши аҳолӣ ба шаҳрҳо азият мекашанд;
6. ноҳияҳое, ки зичии аҳолӣ дар як километри мураббаъ 8 нафарро ташкил медиҳад. Маблаѓгузорӣ аз ҳисоби фондҳои сохтории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад. Ба ҳар як лоиҳаи пешниҳодшуда аз тарафи Иттиҳоди Аврупо на зиёда 85 фоиз арзиши он маблаѓ дода мешавад .
Ба лоиҳаҳое, ки дар он ѓайри Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ҳукуматҳои марказии давлатҳои аъзо, банкҳо ва маблаѓгузорони хусусӣ иштирок мекунанд, диққати махсус дода мешавад.
Дар шароити имрӯза Иттиҳоди Аврупо дар давраи мураккаби навшавии системаи муттаҳидшавӣ қарор дорад. Аз 1-январи соли 2007 Иттиҳоди Аврупо манфиатҳои стратегии 27 давлатҳои аъзои худро ба танзим медарорад.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо
Ҳуқуқ ва ӯҳдадории ҳар як давлати аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳатмӣ дар муайянкунӣ ва амалигардонии мақсад ва вазифаҳои дурнамо дар доираи сиёсати дохилӣ ва берунии созмон мебошад. Ҳар як давлати миллӣ имконият дорад, ки ба натиҷаҳои мушаххаси раванди қабули қарорҳо таъсир расонад, ки вай: 1) фаъолияти самараноки ҳамаи элементҳои бисёрзинаи механизми ба ҳамназдиконии Иттиҳоди Аврупоро таъмин мекунад; 2) ба дараҷаи ба рақобати сиёсӣ тобоварии Иттиҳоди Аврупо дар ҷаҳони глобалӣ таъсир мерасонад; 3) дар бехатарии дохилӣ, тараққиёти мӯътадил ва дараҷаи некӯаҳволии давлатҳои алоҳидаи миллӣ ҷавобгар аст; 4) ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои демократии шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо хизмат мекунад .
Сиёсати берунӣ
Дар охири моҳи маи соли 1997 Сарвазири Британияи Кабир Тони Блэр ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ барномаи сиёсати берунии лейбористонро пешниҳод намуд, ки аз чунин тамоилҳо иборат буд: 1) сиёсати фаъолу қатъии аврупоӣ; 2) иттиҳоди тавонои трансатлантикӣ; 3) мудофиаи пурмаҳули миллӣ; 4) савдои озод; 5) мустаҳкам намудан ва ривоҷ додани ҳамкории байналмилалӣ ва аврупоӣ бо мақсади муқобилият нишон дода тавонистан ба таҳдидҳои глобалӣ .
Тони Блэр ва кабинети вазирон ҳамчунин сиёсати дурнамои аврупоиро кор карда баромаданд. Бо масъалаҳои хусусияти глобалидошта, ки бо манфиатҳои сиёсии ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо буд, диққати ҷиддӣ дода шуд. Асоси ин лоиҳаро мубориза бо бекорӣ, зиддияти якҷоя ба муқобили ҷинояткорони муташаккилона, муҳофизати муҳими зист, ҳамкории фаъоли бурунмарзӣ, анҷом додани сохтмони бозори ягонаи дохилӣ, васеъ кардани Иттиҳоди Аврупо, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва моҳидорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати умумии берунӣ ташкил медоданд. Дар Брюселл ин масъалаҳо дастгирӣ ёфтанд.
Моҳҳои июл-декабри соли 2005 роҳбарии Иттиҳоди Аврупо ба зиммаи Британияи Кабир буд. Аз рӯи анъана ҳар як давлати ба Иттиҳоди Аврупо роҳбарикунанда дар оѓози фаъолият дар Интернет сайти махсуси худро кушода, дар он ҳуҷҷатҳои барномавии худро дар давраи роҳбарӣ ҷойгир мекунад. Дар он се роҳи асосӣ нишон дода шуда буд.
1. Адолати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ислоҳоти сохтори буҷети Иттиҳоди Аврупо ва соҳаи кишоварзӣ, назорати соати корӣ, мададрасонӣ дар ривоҷи бозорӣ хизматҳо ва системаи молия)
2. Бехатарӣ (муқобилият бо терроризми байналмилалӣ, мубориза бо муҳоҷирати ѓайриқонунӣ)
3. Нақши Аврупо дар арсаи ҷаҳонӣ (масъалаи ташкилоти байналхалқии савдо, ислоҳот дар Шарқи Наздик, сулҳу осоиштагӣ дар Балкан, ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Аврупо, ислоҳоти сиёсати воридоти қанд)
Сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ
Мақсади асосии сиёсати берунии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ гузоштани таъсири худ ба ин минтақа бо роҳи ҷорӣ намудани стандартҳои аврупоӣ дар соҳаи адоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ мебошад. Дастгоҳи асосии ин сиёсат ёрии молиявӣ, техникӣ ва сиёсиву дипломатӣ бо ворид намудани арзишҳои умумиаврупоӣ ба мисли демократия, ҳуқуқи инсон мебошад.
Аз як тараф консепсияи сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар муносибат бо давлатҳои Осиёи Марказцӣ чун қисми таркибии лоиҳаи глобалӣ бо сарварии ИМА буд ва мемонад, ки мақсади он ба созмони авро-атлантикӣ додани нақши ҷаҳонӣ буд. Аз тарафи дигар Иттиҳоди Аврупо дар симои ду давлати пешбари худ- Олмон ва Франсия кӯшиш дорад, ки сиёсати мустақилона бурда, Иттиҳоди Аврупоро ба қувваи мустақили ҷаҳон табдил диҳад. Дар Брюселл ба эътибор гирифта мешавад, ки ин комёбӣ танҳо дар сурати мустаҳкам кардани мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Авруосиё имконпазир аст . Бо маънии дигар сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар муносибат бо Осиёи Марказӣ ба воридшавии он ба ин минтақа нигаронида шудааст. Аммо муносибатҳои ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ҳавасманд мебошанд, дар шароити имрӯза сиёсати Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои назаррас надоранд ва худи мавқеи сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар минтақа ноустувор аст.
Ҳанӯз соли 1991, то барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аврупоиён барномаи ёрии техникиро ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тартиб дода буданд. Мақсади асосии он мадади техникӣ ва молиявӣ ба равандҳои нави сиёсӣ ва иқтисодӣ дар марзи собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин кафолати бехатарӣ мебошад. Барномаи мазкур дастгирии молиявии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва маъмурӣ, сохтори хусусӣ ва ёрӣ ба тараққиёти иқтисодӣ, дастгирии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар давраи гузариш ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои бехатариро пешбинӣ мекунад.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Иттиҳоди Аврупо дар бобати таъмини асосҳои ҳуқуқии сиёсати аврупоӣ дар Осиёи Марказӣ чораҳо андешид. Созишнома дар бораи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз он чораҳо мебошад. Солҳои 1994-1995 созишномаҳо бо Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирѓизистон ва Туркманистон имзо шуданд. Бо Тоҷикистон чунин созишномаҳо танҳо дар соли 2007 ба тавсиб расонида шуд . Аммо то ҳол самаранокии асосҳои ҳуқуқии сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Ин ҳатто ба Қазоқистон, ки сармоягузории ширкатҳои нафту гази аврупоӣ дар сатҳи баланд аст, дахл дорад.
Давлатҳои Осиёи Марказӣ баъди пошхӯрии ИҶШС дар назди худ мақсад гузоштанд, ки давлатҳои дунявии сохти аврупоӣ барпо мекунанд ва барои амалигардонии ин кор ба Иттиҳоди Аврупо умед мебастанд. Соли 1996 ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ (ба ѓайр аз Туркманистон) бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аъзо шуданд. Соли 1999 созишномаҳои солҳои 1994-1995 баъди тасдиқи парлумони Аврупо ба ҳукми қонун даромаданд.
Қадамҳои аввлини мушаххаси Иттиҳоди дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои байниминтақавӣ ва минтақавӣ буданд. Дар навбати аввал ин лоиҳаҳои ҳамлу нақл буданд, зеро Аврупо ба Осиёи Марказӣ сарҳад надошт ва барои ба роҳ мондани муносибатҳои инкишофи коммуникатсияҳои нақлӣ аҳамияти муҳим дошт. Дар ибтидои солҳои 90-ум ду лоиҳа пешниҳод шуданд: ТРАСЕКА (ташкили долон савдоӣ-нақлиётии «Осиёи Марказӣ – Кавказ-Аврупо» ва ИННОГЕЙТ (сохтмони хаттҳои лӯлагӣ, ки марзи Русияро убур карда ба Аврупо маҳсулоти энергетики Осиёи Марказиро мерасонад) .
Дар ибтидои асри XXI Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баъд ду лоиҳаи дигарро амалӣ намуд, ки онҳо CADAP (нақшаи амалиётҳои якҷоя бар зидди маводи мухаддир) ва BOMCA (барномаи идоракунии сарҳадҳои давлатӣ дар Осиёи Марказӣ) буданд.
Сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ду марҳила дорад:
1) то воқеаҳои 11 сентябри соли 2001, вақте, ки давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сиёсати мустақилона мебурданд;
2) баъди воқеаҳои 11-сентябри соли 2001, ки Иттиҳоди Аврупо сиёсати мухтор ва мустақилона маҳрум буда, аз рӯи доираи таъсири ИМА амал мекардагӣ шуд;
дар марҳилаи аввал Иттиҳоди Аврупо ба сиёсати «воридкунии демократия» ба Осиёи Марказӣ машѓул буд. Дар ҳолате, ки дар солҳои 90-ум зиддият дар Афѓонистон авҷ гирифта, радикализми исломӣ ва содироти маводи мухаддир бо воситаи минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо сурат мегирифт, дар Брюселл ба ин эътибор намедоданд. Сарварони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ (пеш аз ҳама Қазоқистон ва Ӯзбекистон) Аврупо аз хатари экстремизм, терроризм огоҳ мекарданд. Аммо ин ҳама сарфи назар мегардиданд. Илова бар ин кӯшишҳои Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки ба таври сунъӣ сурат мегирифтанд, барои минтақа бегона менамуданд ва оқибатҳои махфӣ доштанд. Ҷорӣ кардани «идеологияи бегона» дар сурати вуҷуд надоштани ҳамкории амиқ дар соҳаҳои мухталифи барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим мегузашт, ки он дар охири солҳои 90-ум бо авҷ гирифтани ҳаракатҳои динӣ ва миллӣ оварда расонд .
Воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 дар ИМА вазъиятро ба куллц таѓйир дод. Акнун сиёсати хориҷӣ дар зери ишора зидди террористии ИМА мегузашт ва Осиёи Марказӣ ба маркази сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Танҳо ҳамон вақт дар Иттиҳоди Аврупо муҳим будани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказиро дар соҳаи бехатарии минтақавӣ дарк намуданд. Коркард ва амалигардонии барномаҳои CADAP ва BOMCA натиҷаи ин мебошад.
Мақсади асосии барномаи аввал беҳтар гардонидани кори хизмати назоратӣ дар фурудгоҳҳои калони мамлакатҳои ин минтақа, мустаҳкам кардани ҳамкории сохторҳои қудратӣ дар мубориза зидди интиқоли маводи мухаддир, ташкили маркази ягонаи ахборотии сохторҳои хизмати махсус ва сарҳадӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва гумруки Осиёи Марказӣ буд.
Амалигардони барномаи BOMCA соли 2003 оѓоз ёфт, ки мақсади он давра ба давра ҷорӣ кардани усулҳои навини идоракунӣ дар сарҳадҳои давлатии Осиёи Марказӣ буд. Барнома амалигардонии чунин вазифаҳоро пешбинӣ мекард: таъмини вайроннопазирии сарҳадҳо, сабук кардани бехатарӣ дар савдои бурунмарзӣ. Бо ин мақсад усулҳои идоракунии сарҳадҳо аз рӯи стандартҳои аврупоӣ ба кор бурда мешуданд, ки ба се принсип асос ёфта буданд: амалиёти дохил, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ. То имрӯз 6 марҳилаи ин барнома аз сар гузаронида шуданд, ки дар доираи онҳо чорабиниҳо доир ба омӯзиши умумии имкониятҳои идоракунии сарҳадҳо дар минтақа амалӣ карда шуда, болобардории малакаҳои касбии хизматчиёни сарҳадӣ ташкил гардиданд.
Дар миёнаи даҳсолаи авали асри XXI Иттиҳоди Аврупо кӯшиш намуд, ки сиёсати берунии худро дар Осиёи Марказӣ пурзӯртар гардонад. Дар қатори коркард ва амалигардонии барномаҳои дар боло шарҳдодашуда, вазифаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин соли 2007 барномаи «Дастгирии стратегии минтақавии Осиёи Марказӣ» таҳия гардид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат маблаѓи ёрии молиявии Иттиҳоди Аврупо ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2007-2013 750 млн евроро ташкил медиҳад .

2.3. Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо

Таи солҳои охир робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сатҳи сифатан навро касб кардаанд. Идомаи татбиқи бештар фарогири Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва бахусус аз ибтидои соли гузашта пурра эътибор пайдо кардани Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар давоми як соли мавриди татбиқ қарор гирифтани Созишномаи мазкур як қатор кумитаву шӯроҳои ҳамкории дуҷониба ба фаъолият шурӯъ карданд, ки дар доираи онҳо имконоти васеътари густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои шомили рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи мо-тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсию амниятӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва байнипорлумонӣ фароҳам омаданд.
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Кумитаи ҳамкории байнипорлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо ташкил дода шудааст, ки ҷаласаи нахустини он моҳи марти соли 2011 дар Брюселл доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби вакилони ҳарду ҷониб дар баробари масъалаҳои рӯзмарраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пешбурди равандҳои демократӣ ва ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ, доираи васеи мавзӯъҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ муҳокима гардид.
Яке аз чунин соҳаҳо чун харвақта бахши энергетика боқӣ мемонад. Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро доро аст, ки наздики 530 миллиард киловатт соат буда, алҳол танҳо 5 фисади он истифода мешаваду халос. Мутмаинам, ки бештар ва фаъолтар ба кор андохтани онҳо дар баробари мусоидат ба таъмини рушди босуботи кишвар ва нафъи экологии минтақа, ҳамчунин ба манфиати кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Афѓонистону Покистон хоҳад буд.
Соҳаи дигари мавриди таваҷҷӯҳ ин инкишофи имкониятҳои коммуникатсионию нақлиётӣ ва бад-ин васила таҳким бахшидан ба робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан дар шароити ба бандарҳои баҳрӣ бевосита баромад надоштани аксари кишварҳои минтақа, маҳсуб меёбад.
Дар самтҳои зикргардида Ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯбаи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар як теъдод барномаву лоиҳаҳои иқтисодиро таҳия карда, амалӣ менамояд.
Як қатор аз ин лоиҳаю барномаҳо, ки ба рушди иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд, дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ мавриди татбиқ ва қисмати дигараш дар марҳилаи омӯзиш қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, Тоҷикистон ба иштироки ҳамшарикони аврупоии худ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикию коммуникатсионии пешниҳодшуда ҳавасманд мебошад.
Лоиҳаҳои таҷдид ва тармими нерӯгоҳҳои гидроэнергетикии дар Тоҷикистон амалкунанда, мавриди таваҷҷӯҳи Барномаи минтақавии инвеститсионӣ – Хазинаи Комиссияи Аврупо оид ба сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтаанд .
Аз ибтидои истиқлолият то ҳол саҳми Иттиҳоди Аврупо дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон қариб як миллиард евроро ташкил кардааст.
Барномаҳо ба монанди ТАСИС, дастгирии буҷети ҷумҳурӣ, кӯмакҳои макромолиявию техникӣ, БОМКА / КАДАП, «Темпус» ва «Эразмус Мундус» мисоли возеҳи саҳми Иттиҳоди Аврупо дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва таъмини амнияти Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Айни замон дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 124 лоиҳаи дуҷонибаву минтақавии Иттиҳоди Аврупо ба маблаѓи зиёда аз 170 миллион евро татбиқ гашта истодаанд .
Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои худ бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи амниятӣ, ки бахши муҳими муносибатҳои имрӯзаи моро ташкил медиҳанд, манфиатдор мебошад.
Идомаи барномаҳои БОМКА / КАДАП оид ба таҳкими сарҳадот ва танзими фаъолияти гумрукӣ, тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумлаи он иқдомоти шарикони аврупоии ҷумҳурӣ мебошанд, ки омили муҳими таъмини амнияту суббот натанҳо дар сарҳади Тоҷикистону Афѓонистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум арзёбӣ мегарданд.
Маълум аст, ки қисми зиёди даромади аз гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир бадастомада, бидуни шак, барои дастгирии молиявии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ истифода мешавад.
Тоҷикистон ба ҳукми мавқеи ҷуѓрофии худ дар саргаҳи интиқоли ѓайриқонунии мухаддирот ба кишварҳои пасошӯравӣ ва интишори минбаъдаи онҳо ба Аврупо қарор гирифтааст ва солҳои тӯлонӣ аст, ки дар мубориза алайҳи ин таҳдиди глобалӣ, ҳамчунин кочоқи аслиҳа ва хатару чолишҳои дигари муосир нақши буфериро иҷро мекунад .
Фаъолияти муваффақонаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, амал мекунад, мисоли возеҳи ҳамкории босамари кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Зарфи 10 соли охир дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Агентии мазкур ва дигар мақомоти қудратии кишвар беш аз 70 тонна мухаддирот, аз ҷумла зиёда аз 30 тонна героин, ки дар навбати худ қариб 152 миллион дозаи истеъмоли якдафъаинаи онро медиҳад, мусодира гардид .
Агар ин нишондиҳандаро дар муқоиса бо меъёрҳои барои гирифтори нашъамандӣ шудан зарур гирем, ин маънои наҷот бахшидан ба ҳаёти зиёда аз 37 миллион мардуми кишварҳои мухталифро дорад.
Ҳамзамон бо ин, бояд қайд кард, ки вазъият дар ин самт, сарфи назар аз чораҳои андешидашаванда, ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад. Аз ин бармеояд, ки раванди мубориза бар зидди кочоқи маводи мухаддир дурру дароз буда, андешидани чораҳои нави муассир ва дарёфти роҳу механизмҳои ҳамкориҳои бештар самараноки ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад.
Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он дар баробари дигар ҳамшарикони байналмилалии мо барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ин соҳа ва умуман дар дигар масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ азму талошҳои минбаъдаи худро дареѓ нахоҳад дошт.
Нисбати авзои Афѓонистон бояд таъкид кард, ки шароити имрӯза дар баробари амалҳои низомии муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои бештари ѓайринизомиро тақозо мекунад. Зеро, чуноне, ки таҷриба нишон медиҳад, роҳи сирф низомии ҳалли қазияи он вуҷуд надорад.
Дастгирии фаъолияти Шӯрои Сулҳ, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ҷиҳати эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афѓонистон аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо метавонанд дар онҳо ҳамкориҳои муассиртар дошта бошанд .
Ҳамзамон, ба эътидол овардани вазъ дар Афѓонистон ҳамкории васеи минтақавиро, ки онро ҷониби Тоҷикистон аз афзалиятҳои стратегии худ медонад, талаб мекунад. Алҳол дар Осиёи Марказӣ дарки масоили марбут ба фазои тафоҳум ва ҳамгироӣ дар сатҳи зарурӣ қарор нагирифтааст ва дар минтақа дар ин самт масоили муайяне мавҷуд аст, ки ҳаллу фасли худро интизоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 гуфта буд: «Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки онро бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ҳал кардан ѓайриимкон бошад» . Соли 2010 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, аз байни роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар парламенти Аврупо дар шаҳри Страсбург баромад карданд, ки ба ин баҳои баланд дода шуда барои гирифтани унвони «Пешвои асри XXI» муяссар гардиданд.
Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об қарор дорад ва дар қаламраваш тақрибан 60 фисади оби минтақа ташаккул меёбад, ҳамеша омодаи ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст.
Дар баробари он, норасоии захираҳои сӯзишворӣ яке аз омилҳои боздошти рушд ва болоравии иқтисодиёти кишвар гардидааст. Бинобар сабаби мавҷуд набудани захираҳои худи нафту газ мамлакат тамоми талаботи худро аз ҳисоби воридот аз дигар ҷумҳуриҳо таъмин манамояд.
Мавқеи принсипиалии Тоҷикистон иборат аз он аст, ки вай ҳеҷ гоҳ ҳамсоягони худро бе об намегузорад ва ҳатто пешниҳод карда буд, ки захираҳои кӯли баландкӯҳи Сарез, ки худ як хазинаи беназири оби аълосифати ошомиданӣ аст, барои таъмин намудани ҳамаи аҳолии Осиёи Марказӣ истифода шавад.
Вале дар айни ҳол мардуми Тоҷикистони дар тӯли 15 соли охир ҳар зимистон аз камбуди барқ азияткашанда, ки он дар давоми ҳар сол 6 моҳи зимистон фақат шашсоатӣ ҳар рӯз барқ мегиранд, ҳаққи истифода аз сарватҳои табиии худро дорад, ки ин нукта дар аксари асноди ҳуқуқи байналмилалӣ омадааст .
Ягон иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бар зарари ягон нафаре нахоҳад буд, балки як нигоҳи беѓаразона ва одилона ҳамеша исбот хоҳад кард, ки ҳамаи кишварҳо ва кулли минтақа аз онҳо фақат манфиат хоҳанд дид.
Соҳаи гидроэнергетика, ба ѓайр аз таъмини қувваи арзони барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин аз нуқтаи назари истифодаи захираҳои устувори табиии энергияҳои таҷдидшаванда дар оянда муҳим аст. Дар айни замон истифодаи он барои ба таври назаррас кам кардани партовҳои гази карбон ба фазо мусоидат менамояд.
Иттиҳоди Аврупо, минҷумла сохтори парлумонии он дар омода сохтани фазои мусоид барои чунин ҳамкорӣ метавонанд саҳми боз ҳам фаъолтар дошта бошад.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи татбиқи Стратегияи худ барои Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни кишварҳои минтақа, таҳким бахшидан ба фазои боварӣ ва эътимод, ба нерӯи тоза гирифтани муносиботи мутамаддин ва рафъи монеаҳо дар интиқоли молу сармоя, рафтуомади озоди одамон таваҷҷӯҳи фарогир ва бештар зоҳир намояд. Ҳамзамон бо ин, Парлумони Аврупо, ки имрӯз инъикоскунадаи таҷрибаи ѓании парламентаризми ин қитъаи ҷаҳон маҳсуб меёбад, метавонад кӯмаку мусоидати бештари худро дар самтҳои аъанавии ҳамкориҳои парламентарӣ расонад.
Амалияи пешбурди равандҳои демократӣ, ташаккули унсурҳои калидии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мо, такмили фаъолияти низоми парлумонӣ, беҳсозии қонунгузории миллӣ, инчунин таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои башар аз он соҳаҳое ба шумор мераванд, ки Иттиҳоди Аврупо метавонанд дар онҳо нақши боз ҳам васеътар дошта бошад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ, ба ҷумҳурии мо муяссар шуд, ки дар такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллӣ асосҳои ҷомеаи нави рӯ ба меъёрҳои демократӣ ниҳодаи худро гузошта, ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро пайгирона идома диҳад.
Дар Тоҷикистон, ки дар фазои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии худро бо раъйпурсии умумӣ қабул кард, ҷиҳати тақвияти давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ иқдомоти муассир амалӣ шудаанд. Бори аввал дар таърихи сиёсии кишвар Парлумони касбии дупалатагӣ таъсис ёфт .
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз ду ҳазору сесаду панҷоҳ созмони ѓайриҳукуматӣ амал мекунад, ҳол он ки дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар теъдоди онҳо ҳамагӣ ба 141 адад мерасид. Айни замон дар фазои сиёсии кишвар ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият дошта, панҷтои он дар порлумони кишвар намояндаи худро дорад.
Дар кишвар зиёда аз 400 рӯзномаву маҷалла, аз ҷумла 250-тоаш хусусӣ, ба табъ расида, 44 шабакаи радиотелевизионӣ, аз ҷумла 28 шабакаи ѓайриҳукуматӣ амал мекунад .
Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва воситаҳои ахбори омма бо мақсади таъмини шаффофияти иттилоот ва дастрасии кафолатноки иттилооти аз лиҳози ҷамъиятӣ муҳим чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Дар Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш зиёда аз ҳафту ним миллион аст, қариб 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, аз ин ҷумла 74-то иттиҳодияи ѓайриисломӣ, фаъолият мекунад.
Аз нигоҳи созмонҳои марбутаи ҷамъиятию байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дар соҳаи мазкур яке аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар сатҳи давлат ин ба тасвиб расидани Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, қабули Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин эълони моратория ба ҳукми қатл мебошад.
Таъсис ва ба фаъолият шурӯъ кардани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, Шӯрои миллӣ оид ба мубориза алайҳи коррупсия, Кумитаи байниидоравии мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон, барои ҳамкорӣ дар ин самтҳо ҷалб кардани ташкилотҳои ѓайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ аз ҷумлаи он иқдомҳое мебошанд, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баҳри рафъи ин падидаҳои манфии ҷомеа пиёда карда шудаанд.
Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи мубориза бар зидди зуҳуроти номбаршуда ба ҳамкориҳои бештар ва васеътар бо шарикони байналмилалии худ ниёз дорад.
Вобаста ба мавзӯи мубориза бо чолишҳои асри муосир, ки кишвари мо дар марҳилаи кунунӣ ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, проблематикаи дар минтақа шиддат гирифтани тундгароии диниро низ қайд кардан зарур аст.
Табиист, ки дар чунин шароит давлати Тоҷикистон наметавонад нисбати авҷ гирифтани тундгароии динӣ, ки ба асосҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии сохти дунявии кишвар таҳдид ба бор меорад, бетафовутӣ зоҳир намояд.
Мақсад аз чораҳои дар ин самт андешидашавандаи мо якто аст. Ин ҳам бошад, гирифтани пеши роҳи дар шуури шаҳрвандон ҷо кардани афкори номатлуби экстремизми динӣ ва зӯроварӣ, ки як оқибат дорад-даст задан ба ифротгароӣ ва амалҳои террористӣ.
Бо таъкиди содиқ мондани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи пурраи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар соҳаи волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷумҳурӣ ҳавасмандии худро ба ҳамкориҳои васеъ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешбурди зина ба зинаи равандҳои демократӣ дар кишвар нишон медиҳад.

Х У Л О С А

Таърихи инкишофёбии Иттиҳоди Аврупо аз давраи анҷомёбии Ҷанги якуми ҷаҳон оѓоз меёбад. Роҳи тай намудаи Иттиҳодҳо ба таҳлили чуқур ва ҳамаҷониба сазовор аст. Дар баҳодиҳӣ ва хулосабарорӣ бояд аз хатогӣ кардан дурӣ ҷуст, то ки нақшаҳои он вақтаи иттиҳодҳо зарар набинанд. Мумкин ки ҳамаи ин ба як андоза ҳолатро шарҳ, диҳанд, лекин бешубҳа натанҳо мавқеъи расмӣ, балки асоси ҳудудии онро, ки ба охири солҳои 1940 ва оѓози соли 1960 хос буд, асоснок карда наметавонад. Гарчанде ҳамон вақт ҳам табиӣ буд, ки Аврупои баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз Аврупои то Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба куллӣ фарқ мекард.
Рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқӣ тамоми системаи байнидавлатӣ ва ѓайридавлатии аҳамияти муттаҳидшавии ҷаҳониву минтақавиро ба ҳаёт боз хонд. Болоравии хатари сулҳи ҷаҳонӣ, бавуҷудоӣ ва тезу тунд шудани проблемаҳои ҷаҳонӣ талаботҳои объективиро барои пурзӯр намудани муносибатҳои бисёрҷониба бениҳоят зиёд карданд ва ба васеъшавии ин фазо мусоидат намуданд. Бо назардошти гуногуншаклии ин соҳаҳо бешубҳа метавон гуфт, ки соҳаи ҳамкории сиёсӣ яке аз соҳаҳои марказӣ ва нисбатан муҳимтарин боқӣ монда истодааст. Масалан, проблемаи ҳамгироии сиёсӣ боз муддати зиёд чун масъалаи воқеӣ боқӣ хоҳад монд.
Яке аз натиҷаҳои баъди ҷаҳонбинии он давра берун аз нақша дида баромада шудани равандҳои ҳамгироии Аврупои Ѓарбӣ буд, ки эҳтимоли бавуҷудоии ҷангро дошт ва онро на ҳавасмандӣ ба муттаҳидкунии қувва, на инқилоби илмӣ-техникӣ ва на ҳамгироии иқтисодӣ наметавонист бартараф ё лоақал сусттар кунад. Чунин омил имконияти таҳлили чуқурро, ки барои муайян намудани ҷиҳати самаранокии фаъолият даъват шудааст, маҳдуд менамояд. Фикрҳое пайдо шуданд, ки Иттиҳодро дар зери фишордиҳии сахти сиёсӣ дар муқобилият бо «сустҳо» ба вуҷуд омадааст, мегуфтанд. Махсусан пешбарии харитаи зарурати «ҳимояи хурофоти давлатҳо», ки гуё дар зери фишороварии Иттиҳодҳо ва мубориза бо «суиқасди ҳукуқи аврупоӣ» ба «системаҳои ҳуқуқи миллӣ» авҷ мегирифтааст.
Ҳуқуқ ва институтҳои Иттиҳоди Аврупоро дарк кардан душвор, агар ба таърихи он аҳамияти ҷиддӣ надиҳем. Набояд фаромӯш кард, ки Иттиҳоди Аврупо дар як ҷояш намеистад, чун сохторҳои карахтшуда боқӣ намемонад, балки беист аз як зинаи дигараш гузашта тараққӣ меёбад.
Ҳамин тавр ду мафҳум вуҷуд дорад ва байни худ рақобат дорад, ки худи ҳамон як зуҳуротро дар назар дорад: «Иттиҳод» ва «Иттиҳодҳо» мебошад, ки баҳс мебарад. Дар ин ҷо бояд мафҳумҳои мазкурро муайян кард, дар Аврупо се сохторҳои расман махсусгардонишуда вуҷуд дорад: Иттиҳоди ангишт ва оҳани Аврупо (ЕОУС), Иттиҳоди иқтисодии Аврупо (ЕЭС) ва Иттиҳоди Аврупо оид ба энергияи атомӣ (Евроатом). Онҳо аз рӯи вақти ба вуҷудомадаашон ҷудо карда шудаанд: ЕОУС дар соли 1951 ташкил ёфтааст, ЕЭС ва Евроатом бошад дар соли 1957 таъсис ёфтаанд.
Фарқияти ин се шартномаҳои асосгузоранда бо мундариҷаи онҳо муайян карда мешавад. Инак, сохторҳои «Иттиҳоди Аврупо» расман ва қонунан эътироф нагардидаанд. Ҳамаи ин се Иттиҳодҳо то ҳол ҳуқуқи субъективии худро чи дар дохили давлатӣ, чи дар ҳуқуқи байналхалқӣ нигоҳ, медоранд ва аз ин ҷиҳат ҳам аз «Иттиҳоди Аврупо», ки то ин дам дорои ин гуна ҳуқуқи субъективӣ нест, куллан фарқ мекунанд.
– Институтҳои Иттиҳод Парлумони Аврупо, Шӯро, Комиссия, Суд, Палатаи аудиторҳо, ҳамчунин дигар макомотҳо дар шакли муосирашон бо тезӣ ба вуҷуд наомадаанд. Шартномаҳои асосгузоранда натанҳо манбаи ҳуқуқӣ барои ташкил ва фаъолияти онҳо, балки инкишофи ояндаи онҳоро муайян карданд.
Инкишофи системаҳои институтсионии Иттиҳод мафҳуми «ҳамгироии аврупоӣ»-ро баштар бо ақидаи муттаҳидшавии аврупоӣ алоқаманд мекунанд, ки метавонад ба конфедератсияи аврупоӣ табдил ёбад ва мувофиқи ақида ба он тамоми давлатҳои Аврупо бояд дохил шаванд (аз ҷумла Русия низ) ва зиддияти дохилӣ, ки мушкилотҳои ҷиддиро пеш меорад, душвориҳои худро дорад.
Вале барои ин заминаҳои зиёд барои муносибати сатҳи олии давлатҳо, ки дар минтақаи Аврупо Ѓарбӣ ва Шарқӣ ҷойгиранд, лозим аст.
Зинаи нав дар таърихи Иттиҳоди Аврупо 7.02.1992 дар шаҳри Маастрихт (Нидерландия) бобаста шудани шартнома дар бораи Иттиҳоди Аврупо ба вуҷуд омад. Ба ояндаи дур нигоҳ, накарда бовуҷуди он бо асоси пурра тасдиқ, кардан мумкин аст, ки ба имзо расидан ва тасдиқёбии Шартнома дар бораи Иттиҳоди Аврупо ба раванди серҳаракати ҳамгироии аврупоӣ матонати зиёд бахшид ва ба тадбиқнамоии бомуваффақияти демократияи консенсусӣ дар Иттиҳод имконияти калон дод.
Бо таѓирёбии таносуби қувваҳо дар арсаи байналхалқӣ равандҳои ҳамгироӣ авҷ гирифтаанд ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид, ки бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи бастани созишнома оид ба шарики ва ҳамкорӣ гуфтушунидҳоро оѓоз кард.
Дар солҳои охир робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сатҳи сифатан навро касб кардаанд. Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯбаи се ҳадафи стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар як теъдод барномаву лоиҳаҳои иқтисодиро дар ҳамҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо амалӣ менамояд.
Муносибат бо Иттиҳоди Аврупо имрӯзҳо хусусияти мунтазами корӣ пайдо кардааст: ивази рафтуомади дуҷониба дар сатҳи вазирон мутахассисони вазоратҳои гуногун аз ҳарду тараф, таҳлилгарон, ки инкишофи ҳамкории мунтазам имкон фароҳам меорад, гузашта истодааст ва мутобиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷорӣ саҳмияҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуда истодаанд.
Имрӯзҳо Иттиҳоди Аврупо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) фаъолона ҳамкорӣ карда, доир ба шарики ва ҳамкорӣ созишномаҳо баста истодааст ва оид ба тиҷорати молу маҳсулот шартномаҳо ба имзо расонида истодааст. Давлати Русия, ки аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, дар бисёр чораҳои коркард лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад.
Дар навбати худ Иттиҳоди Аврупо барномаи махсуси расонидани ёрии техникиро ба давлатҳои дар давраи гузариши иқтисодӣ қарордошта, махсусан барномаи ТАСИС- ро омода намуд.
Дар масъалаи пешгӯии тараққиёти сиёсӣ Иттиҳоди Аврупо бошад ин ҷо масъалаи дар пеш истодаи васеъгардонии Иттиҳоди Аврупо ба Шарқ, дида баромада мешуд, зеро мувофиқи ақидаҳои якдилонаи сиёсатшиносон ва мутахассисон ин васеъкунӣ аҳамияти чуқури сиёсӣ дорад. Вобаста ба ин як қатор баҳсу муҳокимаҳо оиди як шакли том доштани ин ақида ба вуҷуд омаданд. Бешубҳа васеъгардонии ҳамгироӣ дар сохтори Иттиҳоди Аврупо таѓиротҳои куллӣ ба вуҷуд меорад. Бисёрии шаккокони аврупоӣ чунин меҳисобанд, ки ин гуна «густаришёбӣ»-и васеъи Иттиҳод метавонад ба дараҷаи сифати Иттиҳоди Аврупо таъсири манфӣ расонад. Ин хавфу хатар беасос нестанд, зеро бо васеъшавии ҳудудӣ ва демографӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ он ягон хел муваффақияти бузург ба даст намеорад. Баръакс пулҷудокуниҳои нави зиёди давлатиро талаб мекунад. Агарчанде аз нуқтаи назари мутахассисони новобаста «васеъкунии дар пеш истодаи Иттиҳоди Аврупо зиёдтар ба пардохткунӣ монанд аст, на балки ба ҳамҷояшавӣ» мегӯянд онҳо. Ҳамчунин ба проблемаи муносибати дуҷонибаи васеъгардонии Иттиҳоди Аврупо ва хусусиятнокии бехатарии минтакавӣ бо назардошти манфиатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Руссия диққати махсус дода мешавад. Дар ҳолати пеш бурдани евро дар гумон аст, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мусобиқаи асъорӣ ба зарари сустшавии ҷиддиро гирифтор шаванд. Лекин дар васеъшавии Иттиҳоди Аврупо ба Шарқ, таҳдиди аниқу ҷиддӣ барои барқароршавии худи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вуҷуд меояд, зеро бисёрии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои аъзогӣ ба Иттиҳоди Аврупо аризаи номзадии худро доданд.

РӮ Й Х А Т И А Д А Б И Ё Т

1. Арах М. Европейский союз: видение политического Объединения. М., 1998
2. Борко Ю.А. Что такое Европейский Союз. М., 2000
3. Баскин Ю.А. Фелҳдман Д.И. История международного права. М., 1990Дюпюи Р.Э., Дюпюи Т.Н. История европейской интеграции (1945-1994). М., 1995
4. Борхардт К.-Д. Aзбyка права Европейского сообщества. / Серия «Европейский союз: Прошлое, настоящее будущее». Отв. ред. Борко Ю. А. -М.: Межд. изд. Группа «ПРАВО», 1994, с. 31
5. Графский В.Г. Всеобщая история права и государства. М.,2000
6. Договор о Европейском Союзе. Консолидированная версия. М., 2001
7. Европейский Союз. Путеводителҳ. М., 2003
8. История государства и права зарубежнқх стран /под ред. О.А.Жидкова. М., 1998. Т.2
9. Омелҳченко О.А. Всеобщая история государства и права. М., 1998. Т.2
10. Пономарев М.В., Смирнова С.Ю. Новая и новейшая история стран Европқ и Америки. Практическое пособие. В 3 ч. М., 2000
11. Основқ права Европейского союза./ Под ред.С.Ю.Кашкина. М.. 1997.
12. Сиджански Д. Федералистское будущее Европқ. От Европейского сообщества до Европейского союза. М., 1998
13. Современнқе международнқе отношения. М., 2000
14. Мировая экономика и международнқе отношения, № 9, 2000, с. 17.
15. Стрежнева М. Институционалҳное развитие ЕС // Европейский союз на пороге XXI века. / Под ред. Ю.А. Борко и О.В. Буториной. –Москва: УРСС, 2001, с. 263.
16. Родригес А.М. Новейшая история зарубежнқх стран XX век. М., 2004
17. Шемятенков В.Г. Европейская интеграция. – М.,
18. Борко Ю.А, Коргалова М.А, Юмашев Ю.М. Десятҳ уроков Европқ- Москва, 1994.
19. Саидов Зафар. Внешняя политика Рахмонова -Душанбе, 2006.
20. Партнёрқ по развитию: Сборник статей- Душанбе, 2005.
21. Назаров Талбак. Таджикистан: экономика, политика и международное сотрудничество – Душанбе, 2001.
22. Глухарев Л.И. Единқй Европейский Акт -Договор о ЕС.- Москва, 1994
23. Крқлова И.С Европейский Союз: видение политического объединения».- Москва. 1998
24. Топорин Б.Н. Европейский парламент.- Москва. 1987 .
25. Воронов К. Европейские сообщества: право и институтқ.- Москва. 1992
26. Ҷумҳурият. 10 июни соли 2011,
27. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20 апрели соли 2011
28. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20 апрели соли 2011
Сайтҳои электронӣ:
1. http://www.delkaz.cec.eu.int (санаи муроҷиат: 12 декабри соли 2010).
2. http://www.dvv-international.de (санаи муроҷиат: 7 январи соли 2011).
3. http://www.osce.org (санаи муроҷиат: 21 марти соли 2011).
4. http://www.yandex.ru (санаи муроҷиат: 6 январи соли 2012)
5. http://www.google.ru (санаи муроҷиат: 18 феврали соли 2012)
6. http://www.schoolar.ru (санаи муроҷиат: 1 марти соли 2012)


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.