Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ташкилшавии давлатҳои мустақил дар Амрикои Лотинӣ

Дар аввали асри 19 қисми зиёди давлатҳои Америкаи лотини мустамликаи ду давлати феодалии аврупои Испания ва Португалия буданд.Ҳудудҳои мустамликаҳои Испания аз инҳо иборат буд: Шоҳигарии Ла-Плата имрўза Аргентина, Уругвай, Парагвай ва Боливия, Испанияи нав (Мексика ва қисми Америкаи маркази), Гранади нав (Колумбия Панама, венесуэлла, Эквадор), Перу (Перу ва Чили)Мавзўъ: Ташкилшавии давлатҳои мустақил дар Америкаи Лотини

Нақша:
1. Вазъияти иқтисодию сиёсии Америкаи лотини дар аввали асри 19
2. Заминаҳои ҳаракатҳои озодихоҳи дар мустамликаҳои Испания
3. Чангҳои озодихоҳонаи мустамликаҳои испания дар солҳои 1810-1815
4. Торумори қушуни испания ва озод шудани мустамликаҳо
5. Чудо гардидани Бразилия аз Португалия

Адабиёт:
1. Новая история ч 1. М., 1972.
2. Новая история стран Европы и Америка М., 1986.
3. Аптекер Г.А. История американского народа. Колониальная эра. М., 1961.
4. Аптекр Г.А. Американская револютсия 1763-1783. М., 1902.
5. Фурсенко А.А. Американская буржуазная револютсия XVII века
М-Л., 1960.
6. Всеобщая истории том 6 М., 1959.

Дар аввали асри 19 қисми зиёди давлатҳои Америкаи лотини мустамликаи ду давлати феодалии аврупои Испания ва Португалия буданд. Ҳудудҳои мустамликаҳои Испания аз инҳо иборат буд: Шоҳигарии Ла-Плата имрўза Аргентина, Уругвай, Парагвай ва Боливия, Испанияи нав (Мексика ва қисми Америкаи маркази), Гранади нав (Колумбия Панама, венесуэлла, Эквадор), Перу (Перу ва Чили). Ба ғайр аз ин Испания дар ҳайати худ чазираи Куба, Пуэрто-Рико ва қисми Сан-Домингоро дар ихтиёр дошт. Португалия бошад Бразилия-ро дар ихтиёр дошт, ки қариб тамоми қисмати чанубии америкаи чанубиро дарбар мегирифт. Шумораи аҳолии мустамликаҳои Испания аз рўи гуфтаҳои сайёҳ Александ Гумлбодт тахминан 16 млнро дар бар мегирифт, ки аз онҳо 7,5 млн ҳиндуҳо, 5,3 млн таваллудшудагони омезишёфта аз никоҳи сафедпустон бо ҳиндуҳо ва сиёҳпустон ва 3 миллионашро креолҳо (Испаниҳое, ки дар он чо таваллуд мешуданд чунин меномиданд) ташкил медоданд. Худи мустамликадорон ҳамаги 200 ҳазорро ташкил медоданд. Инчунин тахминан 700-800 ҳазор сиёҳпуст мавчуд буд, ки онҳо асосан дар чазираҳо ва соҳилҳои чанубии баҳри караиб чойгир буданд. Аҳолии Бразилия бошад 3 млн-ро ташкил медод, ки аз он 1,5 миллионашро сиёҳпустон ташкил менамуданд.
Аҳолии зиёди америкаи лотини асосан ба хочагидори машғул буданд. Дар Бразилия ва чазираҳои Вест-Индия ҳудуди зиёдро барои истифодабарии плантатсияи кофе, пахта, найшакар, нил (индиго) истифода мебурданд. Дар Испанияи нав, Перу ва Бразилия маъданҳои қиматбаҳо коркард мешуд, ки ба метрополия бурда мешуд. Дар Америкаи лотини муносибатҳои феодали ҳукумфармо буд, ки дар шароити сиёсати мустамликадори чори карда шуда буд. Қисми зиёди замин дар дасти шоҳзодагон. Ашрофон ва маъбадҳо буд. Аҳолии маҳалли ҳиндуҳо дар ашрофон ҳамчун ичорагирандагони безамин, ки бо меҳнати худ ичоракор менамуданд ё ин ки ҳамчун ғуломи қарздори мероси (пеон) фаъолият менамуданд. Қисми қабилаҳои ҳиндуҳо дар кўҳҳо мисли чамоаҳои ибтидои зиндаги мекарданд. Дар хочагиҳо асосан аз меҳнати ғуломони сиёҳпуст истифода мебурданд. Мустамликаҳо дар қитъаи америка барои ҳукумати Испания сарчашмаи даромад ба ҳисоб мерафт. Барои мустаҳкам намудани системаи тичоратии худ ҳукумати Испания атрофии мустамликаҳоро девори сунъи гирифт. Хоричиён бо мустамликаҳо ҳуқуқи тичорат карданро надоштанд. Дар ин давра миёни табақаҳои гуногуни мустамликаҳо хоҳиши озод шудан аз истисмори Испания пайдо гардид. Дар чоряки охирони асри 18 дар мустамликаҳои америкоии испания якқатор ошубҳои халқи ба амал омаданд. Соли 1780 ҳиндуҳои Перу бо сардории Хосе Габриэл Кондорканки, ки ба худ номи пешво Тупак Амару-ро (дар охири асри 16 бар зидди испанҳо мубориза бурда буд) гирифта буд ба амал омад. Ў кўшиш намуд, ки давлати Инкҳоро ташкил намояд вале аз тарафи испаниҳо торумор карда шуд. Соли 1781 дар Гранадаи нав дар шаҳри Сокоро аз сабаби баланд бардоштани андоз шуриш сар зад, ки ба онҳо ҳиндуҳои атроф муттаҳид гардиданд, ки ин ҳам аз тарафи испаниҳо пахш карда шуд. Соли 1797 бошад ошуби шаҳри Коро дар Венесуэла пахш карда шуд. Таъсири калон ба муборизаҳои онҳо чанги озодихона дар америкаи шимоли ва деклоратсияи истиқлолияти И.М.А расонд. Соли 1794 антонио Нарино Дар Боготе лоиҳаи деклоратсияи ҳуқуки инсон ва шаҳрвандро ташкил намуд ва қабул кард. Дар Буэнос Айрес Мариано Морено низ чунин амалро такрор намуд. Ҳокимияти Испанияро дар мустамликаҳои америкоии худ қувваи беруни низ таҳдид мекард. Мутлақияти заиф гардидаи Испания дигар бар зидди рақобатҳои хорияиён мубориза бурда наметавонист. Соли 1795 дар натичаи чанг бо Франсия мустамликаи худро дар Сан-Доминго (қисмати шарқии чазираро) аз даст дод. Соли 1800 Испания мачбур шуд, ки Луизианаро дар қисмати америкаи шимоли ба Франсия гузашт намояд. Точирони Франсия, Англия ва И.М.А ба номумкинии тичорат нигоҳ накарда ба бандарҳои америкаи испани ворид шуда тичорати ғайриқонуни менамуданд. Дар охири асри 18 дар шимолии мустамликаҳои испания хатари нав дар симои И.М.А пайдо гардид. Мақсади ғосибии И.М.А ба мустамликаҳои испания танҳо баъди соли 1803 аз Франсия харид намудани Луизиана буд ва даъвои Флоридаро намуд. Соли 1806-1807 Англия кўшиш намуд, ки Ла-Платаро забт намояд вале ҳамлаи он аз тарафи қушуни ихтиёрии аҳолии маҳалли баргардонда шуд.
Такони навро барои муборизаҳои озодихона дар мустамликаҳои испания ҳодисаи соли 1808 дар Испания ба амал омада гардид. Ҳамлаи қушуни Франсия ба Испания ва аз ҳокимият дур намудани Фердинанди 7 ва барқарор намудани ҳокимияти Жозеф Бонапартро дар Испания буд. Дар байни ҳокимони мустамликаҳо дудилаги ба амал омад, ки ҳокимияти Жозефро эътироф намоем ё ин ки нигоҳ доштани садоқати Фердинандро, ки дар мустамликаҳо хунта (комитетҳои сиёси)-и худро ташкил намуда буд. Дар миёнаи соли 1809 ҳокимият дар тамоми мустамликаҳо ба дасти хунтаҳо гузашт, ки ин норозигиро дар байни клеолҳо ба миён овард. Хабари шикасти Испания ва қисми сарзамини он дар дасти Франсия буданаш аввали соли 1810 ба мустамликаҳо омад, ки ин сигнал барои сар задани шуришҳо дар музофотҳои гуногуни мустамликаҳо гардид. Баҳор ва тобистони соли 1810 дар марказҳои калони мустамликаҳо шаҳрҳои Каракас, Кито, Буэнос-Айрес ва дигар шаҳрҳо ҳокимияти испания сарнагун карда ҳокимият ба дасти хунҳои пешқадам гузашт. Дар моҳи сентябри соли 1810 ҳаракатҳои инқилоби дар Мексика ва Чили сар зад. Ҳамин хел чанг барои истиқлолият дар мустамликаҳои Испания оғоз гардид.
муборизаҳои озодихоҳона вусъати калон дар Мексика ба даст даровард, ки онро рўҳони калон мигел Идалго сардори менамуд. Ў тавонист дар атрофии худ қушуни бисёрҳазора махсусан аз ҳисоби деҳқонону ҳиндуҳо чамъ намояд. Идалго натанҳо барои истиқлолияи давлат мубориза мебурд инчунин барои заминҳое, ки аз ҳиндуҳо гирифта буданд ва ивази ғуломдори мубориза менамуд. Ошўбгарон якқатор шаҳрҳо калонро гирифта ба марказ шаҳри Мехико таҳдид намуданд. Вале соли 1811 мағлуб гардида Идалго ва дигар сардорони шуриш асир гирифта баъд қатл карда шуданд. Вале мубориза барои озодиро ҳамсафи Идалго-рўҳони Хосе Мария Морелос давом намуд. Бо ташаббуси Морелос соли 1813 конгреси мили даъват карда шуд ва истиқлолияти Мексикаро эълон намуданд ва соли 1814 сарқонунро қабул намуданд. Аммо соли 1815 қушуни Морелос аз тарафи испаниҳо торумор карда шуд ва худи ў аз тарафи онҳо паронда шуд. Дар Венесуэла 5-уми июли соли 1811 республика эълон карда шуд. Сардори қушун Мирандо интихоб карда шуд. Соли 1812 қушуни Испания ба ҳучум гузашта Каракасро забт намуданд. Миранда асир гирифта ба Испания равон карда шуд, ки баъд дар маҳбас ҳалок гардид. Аммо муборизаи озодихоҳонаи Венесуэла давом меёфт. Онро сарлашкари қушуни испания дар И.М.А барои истиқлолият Симон Боливар идора менамуд. Ў ба Каракас ҳамла намуда тобистони соли 1813 забт намуда маротибаи дуюм онро республика эълон намуд. Вале республикаи дуюми Венесуэла де давом накард. Кушуни савора дар шаҳр ба тарафи испаниҳо гузаштанд, ки ин боиси шикаст хурдани Боливар гардид. Ў мачбур шуд, ки давлатро тарк намояд.
Ҳаракатҳои нави озодихоҳи соли 1816 аз нав оғоз гардид. Январи соли 1817 Боливар ёрии ҳарбиро аз шоҳи Гаити Петион гирифта дар Венесуэла бо тарафдорони худ фуруд омад, ки дар ончо ба ў отрядҳои партизани ки барои озоди мубориза мебурданд ҳамроҳ гардиданд. Ў тавонист як қатор ноҳияҳоро дар ҳавзаи дарёи Ориноко озод намояд. Маркази муваққатии ошўбгарон шаҳри Ангостур гардид. Ин дастоварҳо имконият дод, ки дар атрофии ў деҳқонон ва ғулом чамъ гарданд. Инчунин дар қушуни Боливар ҳазорҳо нафар хоричиён англисҳо, франсузҳо, немисҳо ва дигарон ҳамроҳ гардиданд. Соли 1819 дар Ангостур конгресс кушошада шуд, ки дар он истиқлолияти Колумбияро эълон намуданд бо номи Колумбия, ки ба он бояд Венесуэла, Гранади нав ва музофоти Уито (Эквадор) ҳамроҳ мегардид. Ба сари ҳокимият дар республика Боливар эълон гардид. Дар зери зарбаҳои пай дар пайи ў Венесуэла гранади нав ва аз куҳҳо гузашта тобистони соли 1822 қушуни Колумбия Кито-ро озод намуданд. Ҳамин тариқ тамоми ҳудуди Колумбия озод карда шуд. Дар Мексика баъди торумори қувваҳои асосии озодихоҳи гурўҳҳои партизани муборизаро идома медоданд. Қисми зиёди ашрофон аз тарси деҳқонон мустамликадоронро дастгири менамуданд. Аммо баъди шуриши соли 1820 дар Испания онҳо дар ҳарос буданд, ки либералҳо дар Испания ба сари ҳокимият меоянд истиқлолияти Мексикаро дастгири намуданд. Сардори ин ҳаракат августин Итурбид (пешина сардори қушуни Испания дар чангҳои озодихоҳона). Соли 1821 қушуни Итурбид марказро забт намуда истиқлолиятро эълон намуданд, ки як иуддати кутоҳ Итурбид диктатураи худро бо номи Августини 1 чори намуд. Соли 1823 диктатураи Итурбидро сарнагун карда сохти республикавиро чори намуданд.
Дар қисмати Америкаи маркази истиқлолият дар як муддат баробари Мексика ба даст омад аммо баъд дар ҳайати империяи Итурбид ҳамроҳ гардид. Вале баъди барҳамхурии он республикаи мутаҳидаи федеративии Америкаи маркази ташкил гардид.
Соли 1816 конгресс дар Тукуман истиқлолияти давлати нав – Мутаҳидаи музофотҳои Ла-Плата (дар оянда Аргентина)-ро эълон намуд. Соли 1817 қушуни онҳо бо сардории Хосе Сан-Мартин кўҳҳои Андро гузашта ба хоки Чили ворид шуд. Якчоя бо отядҳои пешқадами чили, ки онро Бернардо О*Хиггинс Чилиро аз испаниҳо озод намуданд. Соли 1818 дар зери роҳбарии О* Хиггинс истиқлолияти худро эълон намуд. Кушуни Сан-Мартин аз Чили соли 1820 бо баҳрро гузашта ба Перу, ки такягоҳи асосии испаниҳо дар Америкаи чануби буд ворид гардида моҳи июли соли 1821 маркази давлат шаҳри Лиму-ро забт намуда истиқлолияти Перуэълон карда шуд. Вале қисми зиёди давлат аз он чумла тамоми болоии Перу дар дасти испаниҳо монд. Барои барҳам додани испаниҳо дар ин қисмат нақши асосиро қушуни Колумбия намуд. Тирамоҳи соли 1823 Боливар қушуни худро ба самти Перу равон намуда ва 6-уми августи соли 1824 дар муҳорибаи назди Хунин ва 9-уми декабри ҳамин сол дар муҳорибаи назди Аякучо қушуни Испания бо сардории генерал Сукро бо пурраги шикаст дода шуда Перуи болои низ озод карда шуд, дар ин минтақа бо номи Боливар давлат – Боливия ташкил карда шуд. Соли 1826 охирон гарнизони испаниҳо, ки дар қалъаи Каляо дар Перу буд туромор карда шуд. Аз тамоми ҳудуде, ки Испания дар Америкаи лотини дар даст дошт танҳо Куба ва Пуэрто-Рико боқи монд. Испания дар муҳорибаҳои чанги шикаст хурда хост давлатҳои Аврупо ва иттифоқи муқаддасро ба ин минтақа чалб намояд вале он ба нокоми анчом ёфт. Душмани тачовузкорони Аврупо дар Америкаи лотини Ш.М.А низ ба ҳисоб мерафт. Соли 1822 ҳукумати Ш.М.А барои барқарор намудани тичорат ва баъдтар ба тобеъияти худ даровардани онҳо ин давлатҳоро расман шинохт. Чуноне, ки Президенти Ш.М. А Монро қайд намуда буд Америка танҳо барои америкоиҳо мебошад. Вале дар асл «Америка барои Ш.М.А» мебошад. Соли 1824 истиқлолияти давлатҳои навро Англия ва соли 1826 Франсия расман шинохта бо онҳо муносибатҳои тичорати барқарор намуданд.
Дар ин давра мустамликаи Португалия Бразилия мустақил гардид. Ҳанўз дар охири асри 18 дар Бразилия бо сардории Жозе да Силва Шавер бо тахаллуси Тирадентис сўиқасд ташкил карда шуд. Аммо ин сўиқасд ошкор карда шуда Тирадентис дастгир карда қатл карда шуд.
Соли 1808 ба Бразилия шоҳзода регент Жуан аз Португалия дар натичаи мағлуб гардидан аз Наполеон фирор намуд. Соли 1815 ў Бразилияро шоҳигари эълон намуд (муттахид бо Португалия) ва соли 1816 унвони шоҳи Жуана 6-ро гирифт. Дар солҳои ҳукумронии ў норозиги дар давлат зиёд гардид. Дар ин сол қисми Ла-Плата ва Уругвайро забт намуд. Соли 1817 дар музофоти Пернамбуко ошўб сар зада худро мустақил эълон намуд. Вале қушуни шоҳи ошўбро пахш кард. Баъди рафтани шоҳ ба Португалия соли 1821 ҳаракатҳои озодихоҳи дар Бразилия зиёд гардид. Соли 1822 шоҳзода – регент Педро Бразилияро мустақил эълон намуда қушуни португалияро аз давлат ронданд.
Дар муборизаҳои озодихонаи мардуми америкаи лотини қариб тамоми табақаҳои чамъияти – деҳқонони ҳинду, ғуломони сиёҳпуст, ҳунармандон, буржуазияи навташкилшуда, ашрофон, зиёиён ва табақаи поёнии рўҳониён иштирок намуданд. Нақши асосиро дар онҳо қувваҳои Боливар, Сан-Мартин, О*Хиггинс, Идалго, Морелос ва дигарон бозиданд.
Ҳамин тариқ дар континенти Америка давлатҳои нав – Мексика, Боливия, Колумбия (дар ҳайати он то соли 1830 Венесуэла ва Эквадор дохил мешуд), чили, Перу, Бразилия, Аргентина. Парагвай, Музофотҳои муттаҳидаи Америкаи маркази (баъдтар ба панч республика Гватемала, Гондурас, Коста-Рико, Никарагуа ва Салвадор чудо шуд). Уругвай, ки соли 1817 аз тарафи Бразилия забт шуда буд соли 1825 истиқлолият ба даст овард. Вале мустақилияти пурраро бошад танҳо баъди се соли чанги Аргентина бо Бразилия соли 1828 ба даст даровард.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.