Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Инкишофи саноат. Комплекси ҳудудӣ – истеҳсоли тоҷикистони ҷанубӣ

Баъд аз пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди роҳбарияти нави Россия вазифаи идома додани раванди навсозии ҷомеа ва амалӣ намудани ислоҳоти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ меистод. Дар қадами аввал бояд мамлакат аз бӯҳрони шадиди иқтисодию сиёсӣ бароварда шуда, асосҳои нави давлатдорӣ ташкил дода мешуданд

Барои фанни таърихи умумӣ

Мавзуъ: Инкишофи саноат.
Комплекси ҳудудӣ – истеҳсоли тоҷикистони ҷанубӣ

Қабулкунанда: Раҳматов А

Иxрокунанда: Хонандаи синфи 11«А»
Қаҳҳорова Оиша

ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ:
ТАЛОШ БАҲРИ МАВҚЕИ САЗОВОР ДАР ҶАҲОН
Баъд аз пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди роҳбарияти нави Россия вазифаи идома додани раванди навсозии ҷомеа ва амалӣ намудани ислоҳоти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ меистод. Дар қадами аввал бояд мамлакат аз бӯҳрони шадиди иқтисодию сиёсӣ бароварда шуда, асосҳои нави давлатдорӣ ташкил дода мешуданд. 21-уми апрели соли 1992 номи нави давлати Россия расман
Федератсияи Россия эълон карда шуд. Дар ибтидои соҳибистиқлол гардидани Федератсияи Россия муносибати байни Президент, Шӯрои Олӣ ва Анҷумани вакилони халқ шиддатнок гардида буд. Сабаби вусъат пайдо кардани рақобат байни ду шохаи ҳокимияти давлатӣ- ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия муайян набудани салоҳияту ҳамбастагии фаъолияти онҳо буд. Аксарияти вакилони мардумӣ ва Шӯрои олӣ тарафдори барқарор намудани ИҶШС, роҳи пешинаи тараққиёти сиёсӣ ва маҳдуд кардани салоҳиятҳои президент буданд. Моҳи апрели соли 1993 бо ташаб- буси Анҷумани вакилони халқ дар саросари Россия раъйпурсӣ дар бораи боварӣ ба президент гузаронида шуд. Дар раъйпурсӣ 69 млн. нафар шаҳрвандони Россия иштирок намуданд, ки бештар аз 58% онҳо ба тарафдории президент овоз доданд. Натиҷаҳои раъй- пурсӣ бӯҳрони сиёсиро вусъат дод.

Вакилони халқ бинои Шӯрои Олии Федератсияи Россияро тарк менамоянд.

Г.А. Зюганов – роҳбари Ҳизби В.В. Жириновский – роҳбари Ҳизби Либералӣ – Демократии
Россия.
Коммунисти Россия.
Моҳи сентябри соли 1993 Президенти Россия Б.Н.Елсин дар бораи пароканда намудани мақомоти намояндагони ҳокимият- Шӯрои Олии ФР ва Анҷумани вакилони халқ қарор қабул намуда, дар таърихи 12-уми декабри соли 1993 гузаронидани интихоботи вакилони навро эълон намуд.
Як қатор вакилони халқ ба муқобили фармони президент баромада, рӯзҳои 23 октябр дар шаҳри Москва намоишҳои эътирозӣ ва ошӯбҳо ташкил доданд. Бо фармони Президент дар шаҳри Москва ҳолати фавқулодда эълон карда шуд ва қӯшунҳои низомӣ ба шаҳр ворид шуданд. Ҳукумат ба муқобили вакилони халқ, ки дар бинои Шӯрои Олӣ камин гирифта буданд, қувваи ҳарбиро истифода намуд. Дар рафти барқарор намудани тартибот садҳо нафар одамон кушта ва захмӣ гардиданд. Баъд аз пахш намудани муқобилияти вакилони халқ ва барқарор гардидани ҳокимияти президентӣ барои аз байн бурдани низоми Шӯравӣ ва ташкил намудани думаҳои маҳаллии ҳокимият қарор қабул карда шуд. Дар кори ташкил намудани сохтори нави давлатии Россия қабули Конститутсияи нав, ки он 12-уми декабри соли 1993 дар раъйпурсии умумихалқӣ дастгирӣ ёфта буд, аҳамияти калон дошт. Қонуни асосӣ дар ҷомеа барқарор гардидани сохтори сиёсии бисёрҳизбӣ, кафолати ҳуқуқ ба меҳнат ва моликияти хусусиро тасдиқ намуда, шароити заруриро барои расидан ба суботи сиёсӣ дар кишвар фароҳам овард. Баъд аз қабули Конститутсияи соли 1993 дар Россия интихоботи мақоми нави ҳокимияти давлатӣ – Маҷлиси Федералии Федератсияи
Россия, ки аз ду маҷлис: Шӯрои
Федератсия ва Шӯрои Давлатӣ (Думаи Давлатӣ) иборат буд, гузаронида шуд. Дар арафаи интихобот иттиҳоди сиёсии ҳизбҳои гуногун ба вуҷуд омаданд.

Дар натиҷаи гузаронидани интихобот дар асоси усули бисёрҳизбӣ ба ҳайати парламент намояндагони 8 ҳизби сиёсӣ: «Интихоби Россия», Ҳизби либералӣдемократии Россия (ЛДПР), Ҳизби аграрӣ, Ҳизби Коммунистии Федератсияи Россия, «Яблоко» ва ѓайра интихоб гардиданд. Дар ҳайати мақомоти қонунгузори мамлакат интихоб гардидани намояндагони аҳзоб ва ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ барои мӯътадил гардидани ҳаёти сиёсии Россия аҳамияти калон дошт. Интихоботи соли 1996 дар ду марҳила шуда гузашт ва дар натиҷа Б.Н.Елсин боз ба вазифаи Президенти Россия интихобот гардид. Интихобот нишон дод, ки аксарияти аҳолии кишвар тарафдори сиёсати барпо кардани иқтисоди бозорӣ ва давлати демократӣ мебошад. Моҳи декабри соли 1999 интихоботи навбатӣ ба Думаи Давлатӣ шуда гузашт, ки боиси боло рафтани фаъолияти ҷамъиятии аҳолӣ гардид. Дар Думаи III Давлатӣ мавқеи асосиро иттиҳоди «Единство» («Ягонагӣ») ва Ҳизби Коммунисти Россия ишѓол намуданд. 31-уми декабри соли 1999 аввалин президенти Россия – Б.Н.Елсин ба истеъфо баромада, салоҳиятҳои худро ба сарвазири ҳукумат В.В.Путин вогузор намуд. Дар интихоботи президентии 26-уми марти соли 2000 баргузоршуда В.В.Путин президенти Россия интихоб гардид. Бо иваз гардидани роҳбарияти давлат солҳои 1999-2000 як давраи томи тараққиёти Россия ба охир расид, ки марҳилаи муҳими тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти нав таҷрибаи таърихии Россияро сармашқи фаъолияти худ намуда, тамоми имкониятҳоро баро барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва устувор гардонидани мавқеи Россия дар арсаи ҷаҳон равона намуд. Аммо дар ин самт Россия ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буд. Шиддат гирифтани муносибатҳои ҳукумати Россия бо Ҷумҳурии Чеченистон ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ин минтақа яке аз мушкилоти асосии сиёсати ҳукумати Россия дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Ин моҷаро соли 1994 оѓоз ёфт. Роҳбарияти Ҷумҳурии Чеченистон сиёсати рақобати низомӣ ва баромадан аз ҳайати Россияро пеш гирифт. Дар охири ҳамин сол қувваҳои мусаллаҳ ба хоки Чеченистон барои «барқарор намудани сохти конститусионӣ» дохил карда шуданд. Ҷанг ду сол идома дошт ва соли 1996 бо имзо шудани созишномаи Хасавюрт ба охир расид. Мувофиқи созишнома дар Ҷумҳурии Чеченистон бояд интихоботи президентӣ гузаронида шуда ба муддати 5 сол ҳаллимасъалаи тақдири сиёсии ҷумҳурӣ мавқуф гузошта мешуд. Соли 1997 дар интихоботи президентӣ Аслан Масхадов – собиқ полковники қувваҳои мусаллахи Иттиҳоди Шӯравӣ ѓалаба намуд. Ҳукумати А.Масхадов сиёсати таъмини истиқлолияти сиёсии ҷумҳуриро пеш гирифт. Марҳилаи дуввуми ҷанги Чеченистон соли 1999 оѓоз ёфт. Ҷангчӯёни чеченӣ дар шаҳрҳои Москва, Буйнакск, Волгодонск амалиёти террористӣ анҷом дода, моҳи августи соли 1999 ба Доѓистон ҳамла намуданд.
Ҳукумати Россия маҷбур гардид, ки нерӯҳои низомии 93-ҳазораро ба хоки Чеченистон ворид намояд. Сиёсати иқтисодӣ. Ислоҳот дар ин самт ва натиҷаи он. Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1991 Анҷумани V вакилони халқ ба президенти Россия Б.Н.Елсин барои гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ваколатҳои калон дод. Моҳияти асосии сиёсати иқтисодии ҳукумат барпо кардани иқтисодиёти бозорӣ буд. Яке аз вазифҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти иқтисодӣ озод намудани сиёсати нархгузорӣ аз зери назорати давлат ба шумор мерафт. Дар Россия гузаштан ба нархҳои озод аз 1-уми январи соли 1992 оѓоз гардид. Озод гардидани нархҳо суръати беқурбшавии пулро тезонид, дараҷаи некӯаҳволии аксарияти аҳолиро поён овард, баргардонидани пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои амонатгузор қатъ гардид. Самти дигари ислоҳоти иқтисодӣ ѓайридавлатикунонӣ (приватизатсия)-и моликият ба ҳисоб мерафт. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ мустаҳкам намудани бахши хусусӣ дар иқтисодиёт буда, дар қадами аввал муассисаҳои савдои чакана ва хизмати маишӣ ба шаҳрвандон фурӯхта мешуданд. Дар натиҷаи маъракаи ѓайридавлатикунонӣ бештар аз 110 ҳазор корхонаҳои саноатӣ ба ихтиёри соҳибкорони хусусӣ гузаштанд. Баъд аз гузаронидани ин маърака солҳои 1992-1994 сектори давлатӣ акнун дар сохтори иқтисодиёти Россия нақши ҳалкунандаи худро аз даст дод. Барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ гузаронидани ислоҳоти ҷиддии хоҷагии қишлоқро низ дар бар мегирифт. Дар сохтори аграрии иқтисодиёт шаклҳои нави муассисаҳо- ширкатхои саҳҳомии шакли кушода ва пӯшида, кооперативҳои хоҷагии қишлоқ ба вуҷуд омаданд, ки усулҳои нави замонавӣ ва самараноки ташкили истеҳсолотро дар деҳот ба роҳ меандохтанд. Соли 1999 ширкатҳои нав 65,8% тамоми муассисаҳои хоҷагии қишлоқро ташкил доданд. Моҳи августи соли 1993 вазъияти ногувори иқтисодӣ вабесалоҳиятии роҳбарияти кишвар ба сар задани бӯҳрони молиявӣ оварда расонд. Бӯҳрон дар муддати якчанд моҳ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифт. Фақат дар нимаи дуввуми соли 1999 оқибатҳои таъсири бӯҳрон бартараф карда шуда, тадриҷан болоравии истеҳсолот оѓоз ёфт. Бӯҳрони молиявию хоҷагидорӣ ба оммаҳои васеи аҳолӣ таъсирибад расонд. Соли 1999 дар кишвар қариб 9 млн. нафар бекорон бақайд гирифта шуда буданд, ки бештар аз 12% аҳолии қобили меҳнатро ташкил медоданд. Бӯҳрон ба вазъи демографӣ бе таъсир намонд, дар тӯли даҳ сол аҳолии кишвар 2 млн. нафар кам гардид. Баъд аз ба сари ҳокимият омадани В.В.Путин ҳукумати Россия самтҳои асосии идома додани ислоҳоти сохтори иқтисодӣ ва сиёсии кишварро муайян намуд. Соли 2000 хароҷоти давлат барои пардохти нафақа, музди меҳнат бештар аз 1,2 баробар зиёд гардид. Дар кишвар афзоиши сармоягузориҳо ба соҳаи истеҳсоли барқ ва маводи сӯзишворӣ ба назар мерасид. Россия ба содир намудани маҳсулоти ѓалладона шурӯъ намуд. Буҷаи соли 2002 аввалин маротиба бопрофитсит (зиёд будани бахши даромад аз хароҷот ) қабул гардид. Аммо ҳанӯз ҳам афзоиши даромадҳои аҳолӣ суст буда, соли 2001 фақат 87% сатҳи соли 1997-ро ташкил доданд, аз чор як ҳиссаи аҳолӣ аз меъёри ҳадди ақалл камтар даромад доштанд. Сиёсати хориҷӣ. Барҳам хӯрдани ИҶШС вазъият, алоқаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Россияро дар арсаи ҷаҳонӣ дигаргун сохт. Баъд аз воқеаҳои моҳи августи соли 1991 ба расмият шинохтани давлати Россия дар арсаи ҷаҳон ба тезӣ ва фаъолона суръат гирифт. Булѓория, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бо Россия дар бораи беҳтар намудани муносибатҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд. Соли 1996 Россия аъзои Шӯрои Аврупо гардида, дар соҳаҳои фарҳанг, ҳуқуқи инсон ва ҳимояи муҳити зист ҳамкориҳо ба роҳ андохта шуданд. Алоқаи тиҷоратии Россия бо кишварҳои Аврупои шарқӣ, собиқ иштироккунандагони Шӯрои
Ёрии Байниҳамдигарӣ (ШЁБ) аз нав ба роҳ монда шуда, Полша, Венгрия, Чехия, Словакия, Руминия ва Булѓория чун пештара аз Россия нафту газ мегирифтанд. Инкишофи муносибатҳо бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вазифаи муҳими сиёсати хориҷии Россия ба шумор мерафт. Соли 1993 ҳайати ИДМ-Россия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озорбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирѓизистонро дар бар мегирифт. Дар нимаи аввали солҳои 90-ум ҳаҷми савдо бо давлатҳои ИДМ хеле ночиз буд. Аз Россия ба ин кишварҳо бештар нафту газ, маҳсулоти саноатӣ ва саноати химия содир гардида, аз он ҷо маҳсулоти талаботи рӯзгор ва озуқа ворид карда мешуд. Дар ин давра муносибати Россия бо як қатор давлатҳои ҳамсоя ба мушкилиҳо дучор гардида буд. Баҳсҳои доманадор бо Украина ба мақсади тақсим намудани флоти ҳарбӣ ва баҳрӣ дар Баҳри Сиёҳ ва тақдири ояндаи нимҷазираи Қрим давом доштанд. Зиддият бо давлатҳои назди Баҳри Балтика – Эстония, Латвия ва Литва сабабгори поймол гардидани ҳуқуқҳои аҳолии русзабони ин ҷумҳуриҳо гардид. Манфиатҳои иқтисодӣ ва стратегии Россия дар Тоҷикистон ва Молдавия сабабгори боқӣ мондани қувваҳои мусаллаҳи Россия дар ин давлатҳо гардид. Муносибатҳо бо Белорусия беҳтар гардиданд ва ду давлат дар бораи ташкил додани иттифоқи ягона аҳду паймон бастанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.